Телевизиони Sky News бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки дар боғчаи консулгарии Арабистони Саудӣ пораҳои ҷасади рӯзноманигори кушташуда Ҷамол Хошуқчӣ пайдо гардидааст.
Манбаъҳои Sky News тасдиқ мекунанд, ки ҷасади рӯзноманигор пора-пора шудааст.
То кунун тасдиқи расмии ин хабар вуҷуд надорад. Пештар аз ин расонаҳои Туркия бо такя ба сиёсатмадор Догу Перинчек хабар доданд, ки пораҳои ҷасади рӯзноманигор дар корези ҳудуди консулгарӣ пайдо шуд. Ин хабар ҳам расман тасдиқ нашуд.
Арабистони Саудӣ гуфт, хабарнигори мунаққиди ҳукумати Арабистон ва бижа валиаҳди ин кишвар Муҳаммад, рӯзи 2 октябр дар консулгарӣ кушта шудааст. Мақомоти Арабистон ваъда доданд, ки омилони ин куштор муҷозот мешаванд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Арабистон мегӯянд, қатли рӯзноманигор қаблан тарҳрезӣ нашуда буд.
Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон бовари дигар дорад. Дар як суханронӣ рӯзи сешанбе вай қатли рӯзноманигорро сиёсӣ унвон кард ва гуфт, ин қатл қаблан тарҳрезӣ шуда буд.
Кишварҳои Ғарб сарфи назар аз шарҳи Риёз талаб доранд, ки таҳқиқот анҷом ва ҷузъиёти қатли Хошуқчӣ ошкор шавад. Дар ИМА талаб доранд, ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ бозбинӣ шаванд.