Дар баробари мардуми тоҷик, дигар халқу миллатҳо ва пайравони дигар адён дар шаҳри Панҷакент зиндагонӣ мекунанд, ки барои гузаронидани ин ё он маърака, расму оин ва анъанаҳои якдигар бо нигоҳи “каҷ” наменигаранд.

 

Шаҳри Панҷакент дорои 300 000 аҳолӣ буда, бино ба маълумоти Саидҷон Шодиев, раиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар шаҳри Панҷакент, асосан пайравони дини ислом ва православҳо кору зиндагӣ намуда, анъана, расму оин ва ҷашну маросимҳои хешро бе ягон мамоният доир менамоянд.

Саидҷон Шодиев мегӯяд, гарчанде теъдоди правосалвҳо дар Панҷакент зиёда аз 50 нафар бошад ҳам, онҳо қабристони худро доранд ва баъзе мардуми маҳаллӣ дар ҷанозаи онҳо иштирок мекунанд ва онҳо ҳам дар маросимҳои мардуми бумӣ ширкат меварзанд. Зеро тӯли солҳо мо бо онҳо якҷоя зиндагӣ кардем ва бо якдигар унс гирифтаем.

Ба андешаи ҷаноби Шодиев, ҳатто дар шанбегиҳо сокинони маҳаллӣ барои тоза кардани гирду атрофи қабристони русҳо ширкат меварзанд ва ягон маротиба ҷангу хархаша ва ё таҳқиру фишори ғайримусалмонҳо барои парастиши дин ва ё иҷрои маросимашон аз тарафи мусулмонон ба қайд гирифта нашудааст.

“Мусулмонон дар паҳлуи моянд”

Ахмедова Мая Эргашевна, роҳбари ҷамъияти русзабонҳои водии Зарафшон низ дар суҳбат изҳор намуд, ки мусулмонҳо бо мардуми русзабон муносибати ҳасана доранд.

— Ман аз тоҷикону мусулмонҳо хеле розиям, ягон эрод, камбудӣ, нигаронӣ аз тоҷикҳо надорам. Баръакс ташаккур мегӯям, ки дар бисёр маврид моро кӯмак мекунанд, дар паҳлуи мо ҳастанд. Ҳатто боре барои ҳамвор кардани як роҳи қабристонамон илтимос кардем ва мардони саховатпешаи тоҷик бароямон ройгон нақлиёт фиристоданду баҳри ободии қабристонамон ба мо кӯмак карданд,- гуфт Мая Эргашевна.

Ин дар ҳолест, ки барои сохтани як ибодатгоҳе барои пайравони дини православӣ дар Панҷакент ҷамъияти русзабонҳои водии Зарафшон тасмим гирифтааст. Дар расми гузоштани санги асос руҳониёни маъруфи ин дин ба Панҷакент омада буданд.

Гуфта мешавад, агар ибодатгоҳи мазкур сохта шавад, ин ягона ибодатгоҳ барои пайравони дини насронӣ дар водии Зарафшон хоҳад буд.

 

“Маро тариқи мусалмонӣ гӯронед”

Рӯзноманигори муқимии шаҳри Панҷакент Шоҳини Равшан мегӯяд, ки “дар шаҳри Панҷакент ҳисси бадбинӣ ва ҷудоиандозиву тафриқасозӣ оид ба дин, мазҳаб ва расму русум то ин замон байни мусулмонону насрониҳои мустақар дар водӣ набуд, нест ва гумон дорам, нахоҳад буд. Зеро дӯстӣ ва рафоқату муҳаббат то ба дараҷае расидааст, ки занони русе, ки ба мардони мусулмон хонадор шудаанд, пас аз вафоти шавҳар дини исломро қабул намуда, хоҳишу васият кардаанд, ки баъди маргашон онҳоро назди шавҳаронашон тариқи расму русуми мусулмонӣ ба хок супоранд. Ман шоҳиди чандин ҳолатҳо будам”.

Ба андешаи соҳибназарон, ин ҳолатҳо далели онанд, ки дӯстиву рафоқат, ҳамдигарфаҳмиву муҳаббат боиси он шудааст, ки тафриқаву кина нисбати динҳои вуҷуддошта байни мардумони ин водӣ аз байн рафтааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз рӯи хабарҳои расонаҳо, дар баъзе аз манотиқи кишвар муносибати мардуми ба қавле “фанат” бо насрониҳо он қадар хуб набудаасту ғайримусулмонҳо ҳатто аз тарафи ин гуна “фанатикҳо” таҳқир мешудаанд.

Хуршед ФОЗИЛОВ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here