Дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик бо Ҷовид Муқим — журналист, публитсист, нависанда ва профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суҳбати ихтисосӣ анҷом додем ва он манзури шумост.
ГУФТОРИ АВВАЛ
«Онҳо аз мо нестанд»
Бисёр бад аст, вақте ки аз як ҳаво нафас мегирем, аммо аз он сӯ садое меояд: «Онҳо аз мо нестанд».
(Аз қайди роҳ)
— Таърифҳои зиёде ҳастанд, ки мафҳуми журналистро мефаҳмонанд. Мехостем бифаҳмем, ки профессор Ҷовид Муқим журналистро чи гуна таъриф медиҳад?
— Журналист нафарест, ки барои беҳбудии ҷомеа умрашро сарф карда, пайи ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта мешавад ва манфиати миллиро аз манфиати шахсиаш боло мегузорад. На ҳар нафаре, ки барои пулкоркунӣ ба идораи ВАО меравад, журналисти асил аст. Ба қавли устоди шодравон, профессор Асадулло Саъдуллоев, «кормандони матбуот ва ё радиову телевизион зиёданд, вале журналисти ҳақиқӣ ангуштшумор».
— Чаро як қисми мардум журналистонро дӯст медоранду онҳоро истифода кардан мехоҳанд ва қисми дигар бошанд, онҳоро бад мебинанд?
— Пӯшида нест, аксари қудратмандон мехоҳанд, ки ВАО ва журналист ба онҳо хизмат карда, манфиатҳои ин тоифаро ҳимоя намояд. Дар баробари ин, ҳастанд нафароне, ки онҳоро бад мебинанд. Ва ҳатто дар мушкилоти ҷомеа журналистонро гунаҳкор медонанд. Гӯё журналистон мушкилотро расонаӣ намуда, дарди сар эҷод кардаанд. Ҳол он ки, мушкилотро журналистон ба вуҷуд наовардаанд, онҳо воқеиятро мегӯянд, то мушкилот ҳал гардад. Ба назари баъзе аз мансабдорон, агар мушкилот расонаӣ нашавад, пас ин мушкилот вуҷуд надорад. Магар метавон офтобро бо доман пӯшонид?! Мутаассифона, онҳо дар симои журналистони асилу ҳақгӯй душман мебинанд, вале тавсифгари тамаллуқкору чоплӯсро дӯст медоранд. Ҳол он ки, дӯст гӯяд табарвор, душман гӯяд шакарвор.
— Журналист кай метавонад пурра ба халқу ватан хизмат кунад?
— Ҳамон вақте ки побанди касе, гуруҳе, ҳизбе, вазорате, ташкилоте набошад. Журналисти воқеӣ нафаре шуда метавонад, ки сидқан Худову Ватан дошта, ба манфиати миллӣ эҳтиром гузорад.
— Ҳанӯз чанд сол пеш Шумо аз вуҷуд надоштани ҳамрайъии касбӣ миёни журналистонамон шиква карда будед. Лутфан бигӯед, ки ҳоло ҳам ба ҳамон назар ҳастед?
— Бале. Дар Тоҷикистон ҳамрайъии касбӣ вуҷуд надорад. Аввалан, бояд гуфт, иқтисоди бозорӣ аст, ки миёни нашрияҳо рақобатро ба вуҷуд овардааст ва аз баста шудани нашрияи дигаре рақибон ба ҷойи ҳамрайъӣ хурсанд мешаванд. Дуввум, дар мо созмони воқеӣ ва озоде нест, ки журналистонро ба ҳамрайъии касбӣ даъват кунад. Ин боис гаштааст, ки журалистон дар ҷомеа аз ҳама табақаи ҷабрдида ва камҳимояшаванда гарданд.
— Кор дар расонаҳои хориҷӣ барои журналистони мо хуб аст ё бад?
— Ҳам хубу ҳам бад. Хуб барои он ки расонаҳои хориҷие, ки имрӯз дар мо намояндагии худро доранд, ба журналистон маоши нисбатан хуб медиҳанд ва дар шароити имрӯз як журналист метавонад ҳадди ақал беқарз зиндагӣ кунад. Аммо тарафи манфии кор дар он аст, ки журналистони мо маҷбур мешаванд дар ҷойи аввал манфиати хоҷаҳои худро гузоранд.
— Оё дар журналистика метавон бо тақлид “ман”—и хешро ёфт?
— “Ман”-и худ аз навиштани «ман» ҳосил намешавад. Барои ин шабу рӯз бояд заҳмат кашид, то маҳбуби мардум гардӣ. Бо жожгӯиву тавсифи дурӯғин ва тақлидкорӣ ба нафаре наметавон гули сари сабад бошӣ. Мутаассифона, дар расонаҳои мо тавсифгарону тақлидкорон зиёд шудаанд. Тақлидкунандагон вақти худро сарфи кори беҳуда мекунанд ва онҳоро дар аслашон намешиносанд.
— Журналисти роҳгумзада метавонад роҳкушо бошад?
— Мумкин дар дигар соҳаҳо як роҳгумзада роҳкушои дигарон шавад. Бо он сабаб, ки дигарон хатои ӯро дида, онро такрор намекунанд, вале ба ҳеҷ ваҷҳ журналисти роҳгумкарда ситораи қутб буда наметавонад, зеро вай бо дурӯғгӯӣ ва рафтори ноҷояш пеши мардум беобрӯ шудааст. Барои роҳнамо будани журналист ӯ бояд поку бовиҷдон ва инсони намунавӣ бошад.
— Журналист ва вазифа, ин ду калима бо ҳам созиш карда метавонанд?
— Ман ба он назар ҳастам, ки журналисти асил ҳаргиз аз паси вазифа намегардад ва вазифахоҳу мансабталаб нест. Нафароне, ки вазифа гирифтанду гирифтанианд, мисли дигар мансабдоронанд, мактабу оини ҳамаи мансабхоҳон як аст. Онҳо аз тоифаи мо нестанд.
ГУФТОРИ ДУВВУМ
Сабзиши журналистика
Ба ҳеҷ ваҷҳ сабзидани ниҳолеро дар биёбони беоб наметавон дид.
Ба ҳеҷ ваҷҳ озодии нафареро дар зиндон наметавон дид.
Ба ҳеҷ ваҷҳ рушди журналистикаро бидуни озодӣ наметавон дид.
— Журналистика ва ҷомеа бе ҳам буда метавонанд?
— Набояд фаромӯш кард, ки журналистика як институти иҷтимоии ҷомеа аст ва он бе ҷомеа вуҷуд дошта наметавонад. Зеро журналистика талаботи иҷтимоии ҷомеаро баррасӣ ва инъикос мекунад. Аз ҷониби дигар, бе ҷомеа журналистика ҳам буда наметавонад. Барои ҳамин ҳам, инҳо бо ҳам алоқаманданд. Воқеан, ҷомеаи муосирро бе ВАО тасаввур кардан ғайриимкон аст. Барои он ки ҳамагон мехоҳанд иттилоъ гиранд. Иттилои саривақтӣ ва беғараз. Аммо, мутаассифона, на ҳамеша ва на дар ҳамаи кишварҳо журналистика рисолати асосии худро, ки пахши иттилои воқеӣ ва беғараз аст, иҷро карда истодааст. Ин аз он вобаста аст, ки рушди журналистика ба рушди ҷомеа иртиботи зиёд дорад. Агар давлат демокративу рушдкарда бошад, албатта, журналистика дар он кишвар рушд мекунад. Бояд дар хотир дошт, ки яке аз унсурҳои асосии ҷомеаи демократӣ вуҷуд доштани ВАО-и озод ва мустақил аст. Ва аз ҳамин меъёр баҳо медиҳанд, ки кишвар демократӣ аст ё не?
— Пешрафти журналистика аз чӣ вобаста аст?
— Рушди журналистикаи муосир аз омилҳои зиёде вобаста аст. Вале омили асосӣ сохти давлатдорӣ аст. Имрӯз вақте ки Шумо ба ВАО-и кишварҳои рушдкарда таваҷҷуҳ мекунед, ба ҳамон кишварҳое, ки демократия дар сатҳи баланд қарор дорад, мебинед, ки журналистика ҳам пешрафта аст ва озодии баёну мустақилияти ВАО ба чашм мерасад. Дар кишваре, ки демократия нест ё он худкома аст, наметавон журналистикаи демократӣ ва озоду мустақилро интизор шуд. Наметавон аз журналистон ва ВАО пахши хабарҳои воқеӣ ва беғаразро талаб кард. Дар чунин кишварҳо ВАО олоти тарғиботи синфи ҳукмрон аст ва ба онҳо хизмат мекунад.
Мувофиқи назарияи “Либертарианӣ” мегӯянд, ки журналистика — ин «ҳукумати чорум» аст ва он метавонад ҳатто аз болои ҳукумат назорат барад. Албатта, ин ба кишварҳое дахл дорад, ки онҳо демократӣ ҳастанд. Яъне, дар ин давлатҳо демократия дар сатҳи баланд ва ба маънои аслиаш ҳукмрон аст. Лекин дар кишварҳои дигар ин ғайриимкон аст. Бояд гуфт, ки то ҳанӯз фаҳмиши давраи Шӯравӣ, ки ВАО ҳизбӣ буд, дар сари мансабдорон ва баъзе журналистони мо боқӣ мондааст. Онҳо ба назаре ҳастанд, ки ВАО бояд ба касе хизмат кунад: ба ҳукумат, ҳизб, гуруҳ, сармоядор, нафарони қудратманд… Аммо дар асл, чи тавре ки гуфтем, рисолати журналистика ҷамъоварӣ, таҳия ва пахши иттилои воқеӣ, беғараз ва саривақтӣ мебошад. Барои ҳамин ҳам, бояд журналисти асил ба касе хизмат накунад, озод бошад! Аз касе манфиатдор набошад, ба касе тобеъ нашавад. Вале дар шароити кунунӣ, ки журналистон тобеи қудратҳои гуногунанд ва ВАО ба тиҷорату таблиғот машғул аст, амалӣ гардидани ин принсип хеле мушкил аст.
ГУФТОРИ САВВУМ
Зуҳури фикрҳо
Вақте ки буғз дар дил ҷамъ шуд, бо қалам, бо садо, бо симо, бо ишора… ба берун мебарояд, ки онро ба таври дигар зуҳури фикрҳо гӯянд.
— Устод, Шумо дар факултаи журналистикаи ДМТ ба ҷуз дигар фанҳо, аз фанни “ВАО—и муосири хориҷӣ” дарс мегӯед. Лутфан, мегуфтед, ки умри нашрияҳои чопӣ чӣ қадар аст?
— Пайдоиши технологияи нави иттилоотиву иртиботӣ ба мардум дар интихоби расонаҳои иттилоотӣ имкони бештаре дод. Имрӯз аксаран ҷавонон барои дарёфти иттилоот ба шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат мекунанд, ҳатто таваҷҷуҳ ба сомонаҳои интернетӣ камтар аст. Бояд гуфт, ки матбуоти чопӣ дар кишварҳои аврупоӣ ва Амрико нисбати 10 соли пеш маъруфияти худро аз даст дода истодааст. Зеро тиражи рӯзномаҳо кам шудааст. Аз соли 1996 аллакай дар Амрико расонаҳо ба пахш кардани маводи худ ба шакли электронӣ дар сомонаҳояшон шуруъ карда буданд. Имрӯз дар мо ҳам расонаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки дар Интернет сомонаи худро дошта бошанду дар ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо саҳифаҳои худро ташкил кунанд, то сафи мухотабонашон зиёд гардад. Ин раванди табиӣ буда, аз он роҳи гурез нест. Аз ҷониби дигар, бо гароншавии нархи коғазу хидмати чоп қимати нашрияҳо боло рафта, муҳтавои он талаботи хонандаро қонеъ намегардонад. Ва хоҳем нахоҳем, нашрияҳои коғазӣ ба шакли имрӯза аз байн мераванд. Агар мо раванди тағйирёбии 10 соли охирро ба назар гирем, гуфта метавонем, ки дар даҳ соли оянда мумкин аст, ки расонаҳои чопӣ дигар хонандагони худро аз даст диҳанд ва оҳиста-оҳиста ба шакли имрӯза аз миён раванд. Ҳамин аст аст, ки ҳоло қисме аз расонаҳо матолиби худро дар платформаҳои гуногун пешниҳод мекунанд. Аз ҷумла, шакли барномаҳои телефонӣ дастрас аст ва хонандагон бе ягон мушкилӣ аз онҳо истифода карда метавонанд. Ин навгониҳо ба мо ҳам омада истодаанд ва ҳамон сомонаҳое, ки дар мо маъруфият доранд, замимаашонро дар “Pley Market” ва “App Store” ҷой кардаанд. Ин омилҳоро бояд моликони нашрияҳои чопӣ ба назар гирифта, огаҳ бошанд, ки мо дигар ҳеҷ гоҳ ба асри XX барнамегардем.
— Шумо сабабҳои пайдоиши журналистикаи шаҳрвандиро гуфта метавонед?
— Журналистикаи шаҳрвандӣ он вақте зуҳур кард, ки эътимоди мардум ба журналистикаи касбӣ коҳиш ёфт. Ба он хотир, ки имрӯз расонаҳо бештар тарғиботӣ ва тиҷоратӣ шудаанд. Ва рисолати аслии худро, ки пахши иттилооти беғараз ва саривақтӣ аст, фаромӯш кардаанд. Онҳо фақат ба хотири тарғибот ё ба хотири тиҷорат фаъолият карда истодаанд. Яъне, ҳар нафаре, ки газета мехонад ва ё телевизиор тамошо мекунад, ба хубӣ ин ҳолатро дарк мекунад. Вақте мардум мебинанд, ки дар расонаҳо аз як нафар тоҷир, ки барои ободии кишвар як сомонӣ ҳам сарф накардааст, шахси саховатманд метарошанд ва ё шахси ноарзандаро тавсиф мекунанд ва умуман воқеиятро таҳриф карда, дурӯғ мегӯянд, дигар эътимод ба ВАО намемонад. Пайдоиши Интернет ва технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ имрӯз имкон медиҳад, ки ҳар кас хабари худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш бикунад. Ин боиси пайдоиши журналистикаи шаҳрвандӣ шуд. Акнун ҳамагон имконияти мондани матну садо ва навори худро доранд ва фикрҳои дигар зуҳур карданд.
— Бо ин ҳама далоил оё журналистикаи шаҳрвандӣ ҷойи журналистикаи касбиро гирифта метавонад?
— Он чизе, ки нафари ғайри журналист, масалан, духтур, деҳқон, коргар, говҷӯш ё дигаре пахш мекунад, маънои онро надорад, ки он ҳирфаӣ аст ва факту далоилаш санҷидашуда ҳастанд. Онҳо асосҳои журналистика, масъулияти касбӣ ва меъёрҳои одоби журналистиро намедонанд. Бисёр хато карданашон мумкин аст ва камбудиҳои хеле зиёд доранд. Лекин, ба ҳар ҳол, онҳо чизҳое мегӯянд, ки дигарон намегӯянд ё гуфта наметавонанд. Албатта, дар чунин ҳолатҳо таҳриф зиёд мешавад. Блогерҳое ҳастанд, ки онҳо ҳам ба тиҷорат даст заданд. Барои ҳамин мо гуфта наметавонем, он чизе, ки намояндагони журналистикаи шаҳрвандӣ пахш мекунанд, сад дар сад иттилои беғараз ва дуруст аст. Ба ҳар ҳол, журналистикаи касбӣ ҷойгоҳи худро дорад ва фикр мекунам онро аз даст намедиҳад.
ГУФТОРИ ЧАҲОРУМ
Мушкилоти имрӯз
— Метавонем бигӯем, ки имрӯз матбуот инъикосгари ормонҳои мардум аст?
— Дар солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон нашрияҳои зиёде арзи ҳастӣ карданд. Ба ҳисоби миёна имрӯз дар ҷумҳурии мо зиёда аз 600 номгӯи рӯзномаву маҷаллаҳо сабти ном шудаанд. Албатта, на ҳамаи онҳо чоп мешаванд, аммо як шумораи муайян дар маркази ҷумҳурӣ мунтазам нашр мешаванд. Агар мо сатҳи муҳтавои онҳоро баррасӣ кунем, ба ҳама маълум аст, ки муҳтавои онҳо ба талаботи хонандагон ҷавобгӯ нест. Ба ғайр аз нашрияҳои хиёбоние, ки барои аввом ҳастанд. Мумкин аст, ки муҳтавои онҳо ба талаботи хонандагонашон ҷавобгӯ бошад, зеро қариб ки тиражашон тағйир наёфтааст. Лекин ҳолати нашрияҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ бисёр бад аст. Ҳоло ягон нашрияи чи давлатӣ ё чи хусусие нест, ки сад дар сад ормонҳои мардумро пайгирӣ кунад. Бештар дар чунин расонаҳо тиҷорат ва тарғиби ҳадафнок ҷойи рисолати аслиро гирифтааст.
— Чаро матбуоти мо бештар хусусияти тиҷоратиро касб кардааст?
— Ба маблағгузорӣ вобаста будани ВАО тақозо мекунад, ки роҳҳои гуногуни гирифтани даромад пайдо карда шаванд. Дар кишварҳои Ғарб аксари даромади расонаҳо аз ҳисоби реклама ба даст меояд. Дар мо бозори реклама байни чанд расонаи давлатӣ ва хусусӣ тақсим шудааст. Дар ин ҳолат даромади аслӣ аз ҳисоби фурӯши нашрия аст. Вақте ки муҳтаво ба талаботи хонанда ҷавобгӯ нест, тиражи газета коҳиш меёбад, реклама кам мешавад. Дар ин ҳол масъалаи ғайриқонунӣ пахш кардани тарғибот ба вуҷуд меояд. Яъне, дар бораи як нафар маводи таърифӣ менависанд, ки ба хонанда мақбул нест.
— Дар ин раванд омили аслӣ чист?
— Медонем, ки на ҳамаи расонаҳо худкифо ҳастанд. Аз ҳисоби реклама ҳам наметавонанд даромад ба даст оранд. Барои он ки рекламадиҳандагон ба расона реклама диҳанд, бояд расона тиражи хуб дошта бошад. Барои он ки расона тиражи хубро соҳиб бошад, бояд матолиби хуб чоп кунад. Аммо расонаҳои мо худсонсурӣ карда, матолиби хубу дарди ҷомеаро нашр намекунанд. Воқеан, бояд гуфт, ки тибқи моддаи 30-юми Конститутсияи Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода шуда, сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.
Дар моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» омадааст, ки:
- Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд.
2. Ҳар шахс ҳуқуқи озодона ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани ахбор, изҳори ақида ва дар шаклҳои бо ҳамин Қонун муқарраршуда паҳн намудани онҳоро дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дорад. - Ҳама гуна поймол кардани озодии матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма аз ҷониби шахс, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, аз ҷумла дахолат кардан ба фаъолияти касбии редаксияи воситаи ахбори омма, ғайриқонунӣ боздоштан ва ё қатъ намудани фаъолияти он тибқи қонунгузорӣ боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегарданд.
- Сензура ва таъқиб барои танқид манъ аст.
Дар моддаи 6-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» низ «Дахолати мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдори онҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандони алоҳида ба фаъолияти эҷодии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, ҳамчунин сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст». Яъне, қонунан дар Тоҷикистон фаъолияти ВАО озод буда, сонсури давлатӣ манъ аст.
— Яъне мушкилии дигар аз сонсур пайдо мешавад?
— Бале, проблемаи дигар худсонсурии муҳаррирон ва журналистон аст. Масалан, журналист хуб медонад, ки агар як нафарро танқид кунад, муҳаррир онро сонсур карда, чоп намекунад. Зеро муҳаррир хуб медонад, ки нафари танқидшуда бо муассис манфиати якҷоя дорад. Ва ё барои чопи ин матлаб расонаро саркӯб мекунанд ва ӯ аз ҳамин як бурда нон ҳам мемонад. Дар ин шароити мавҷуда касе ҷои гармашро хунук кардан намехоҳад. Аз ин худсонсурӣ аз ҳама бештар хонанда зиён мебинад. Зеро ҳуқуқи қонунии ӯ — дастрасӣ ба иттилои воқеӣ коҳиш меёбад.
— Ба андешаи Шумо, мушкилии дигари журналистикаи мо чист?
— Коҳиш ёфтани ҳирфаият. Эҷодкори асил кам мондааст. Баъзе кормандони расонаҳо бе хато навишта наметавонанд, ҷаҳонбиниашон хеле танг аст. Ҳамин аст, ки дар матлабашон хулосабарории нодуруст мекунанд. Нашрияҳо, ки зиёд шуд, тасодуфиҳо ҳам зиёд мешаванд.
Бояд гуфт, ки коҳиш ёфтани касбият ба кам будани маоши рӯзноманигорон ҳам иртибот мегирад. Мутаассифона, дар расонаҳои мо маош ниҳоят паст аст. Бо маоши кам журналистони ҳирфаӣ кор намекунанд. Бо он чанд пуле, ки барои чандрӯза хӯрок базӯр мерасад ва мо онро маош мегӯем, донишҷӯ ва ё нафароне, ки намояндаи дигар касбанд, дар расонаҳо фаъолият доранд. Ҳеҷ гоҳ журналисти соҳибқалам дар шароити имрӯза бо 800 сомонӣ кор намекунад. Зеро 800 сомонӣ баробар ба чанд соат заҳмати фикрии эҷодкор шуда наметавонад.
— Шумо чи гуна маош мегирифтеду мегиред?
— Дар давраи Шӯравӣ маоши ман ҳамчун мухбир 150 рубл ва аз сармуҳаррир 210 рубл буд. Ман боз камаш то 200 руби дигар ҳаққи қалам кор мекардам. Имрӯз бошад, маоши сармуҳаррир аз маоши хабарнигор 2-3 маротиба баландтар аст. Дар ҳоле, ки кори асосиро мухбир мекунад. Пас куҷост адолати иҷтимоӣ?
Дар солҳои аввали истиқлолият дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» кор мекардам ва маоши ман 6 ҳазор рубл буд, ки муовини сармуҳаррир аз ман камтар маош мегирифт. Ҳоло дар ягон ВАО фаъолияти расмӣ надорам, вале бо расонаҳои давлативу хусусӣ ҳамкорӣ мекунам. Албатта, барои ин гонорар нагирифтаам. Зеро ҳаққи қалам талаб бикунӣ, дигар маводат чоп намешавад.
— Дар охири ин қисмат бигӯед, ки кадом омилҳо метавонанд ВАО—и моро ба нестӣ баранд?
— Вақте ки худсонсуркунӣ ба вуҷуд омад, муҳтавои матбуот ба талаботи хонанда ҷавоб дода наметавонад. Вақте ки муҳтаво паст шуд, хонанда кам мешавад. Вақте ки хонанда кам шуд, тираж меафтад. Вақте ки тираж афтид, даромад кам мешавад. Ва ин ҳама нашрияро ба нобудӣ мебарад.
ГУФТОРИ ПАНҶУМ
Насли нав
— Устод, тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, солҳои охир ба факултаву бахшҳои журналистӣ омадани донишҷӯёни тасодуфӣ хеле зиёд аст. Шумо сабабро дар чӣ мебинед?
— Аз соли 2014 довталабон тариқи қабули ягонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ дохил мешаванд, ки дар як вақт имкони интихоби 12 ихтисосро медиҳад. Ба гуфти як нафар намояндаи муассисаи мазкур дар ҳамоиши Академияи ВАО «Дурнамои омода намудани мутахассисони медиа дар шароити муосир», ки 1-уми марти соли равон доир гардид, соли гузашта ҳамагӣ 7 нафар аз 100 нафар довталабони рӯзноманигорӣ дар интихоби ихтисос ин касбро дар аввали рӯйхат ишора кардаанд. Яъне, ҳамаи 7 фоизи довталабон воқеан ҳам журналист шудан мехоҳанд. Аз ҷониби дигар, ҳоло ҳангоми қабул довталабони ихтисосҳои рӯзноманигорӣ имтиҳони маҳорати эҷодӣ намесупоранд. Ҳол он ки, рӯзноманигорӣ касби эҷодӣ аст. Ба ғайри ин, имрӯз журналист бинобар маоши кам гирифтанаш он обрӯю эътибореро, ки қаблан дошт, аз даст додааст. Ин омилҳо сабаб мешаванд, ки тасодуфиҳо ба факултаву бахшҳои рӯзноманигорӣ зиёд оянд.
— Пас аз тасодуфӣ омадан, дигар роҳи баромад нест?
— Ҳар донишҷӯе, ки тасодуфӣ ҳам ояд, агар ба тақдир тан дода, кӯшиши журналист шуданро кунад, ҳатман ки корманди расона мешавад. Агарчи барои журналисти муваффақ шудан истеъдоди табиӣ низ лозим аст. Аммо бисёриҳо ҳамин гуна ҳадафро пеши худ намегузоранд. Бояд гуфт, ки ҳоло худ талабот ба журналисти ҳирфаӣ нест. Талабот, ки набошад, пешниҳод ҳам намешавад. Воқеан, имрӯз вақте аксари роҳбарони ВАО ашхоси соҳибкасб ва дар риштаи худ беҳамто нестанд, онҳо худ барои кор кардан бо рӯзноманигорони ҳирфаӣ мушкилӣ доранд. Зеро намехоҳанд зердастонашон аз эшон дида соҳибкасбу соҳибмаърифат бошанд. Ҳамин аст, ки дар расонаҳо журналистони ҳирфаӣ ангуштшуморанд.
— Оё мантиқ гум намешавад, вақте ки донишҷӯён имтиҳони фанни суханварӣ ё эҷодиро тариқи тест месупоранд?
— Аслан бояд имтиҳон дар факултаву бахшҳои суханварӣ шифоҳӣ бошад. Тест барои имтиҳонгирии муаллим осон аст. Аммо барои донишомӯзӣ душман аст. Зеро илмомӯз танҳо тестро аз ёд мекунад ва доир ба фанни таълимӣ фаҳмише надорад. Тест донишҷӯро тамбал мекунад. Дар ин бобат мушкилии дигар он аст, ки барои омода кардани саволҳои имтиҳонӣ на ҳама аъзои гуруҳ, балки ду-се нафари фаъол кор мекунанду халос, вале дар охир ҳама баҳои хуб ва ҳатто аъло мегиранд. Барои ҳамин ҳам донишҷӯён имрӯз кӯшиши таҳсили ҷиддиро намекунанд, зеро хоҳ нохоҳ баҳо мегиранд.
— Оё тағйир ёфтани муҳлати таҳсил ба ҳирфаӣ омода кардани донишҷӯён мушкилӣ эҷод карда метавонад?
— Бале, ин ҳолат ба раванди таълим таъсири манфӣ мерасонад. Аввал муҳлати таҳсил барои журналистшавандаҳо 5 сол буд, ҳоло бошад, он 4 сол аст ва баъзе фанҳои даркорӣ аз барномаи таълимӣ берун мемонанд. Ба ғайри ин, замона тақозо мекунад, ки донишҷӯ илмҳои навро омӯзад. Ва бояд гуфт, ки дар ин шароит омода кардани журналисти ҳирфаӣ кори хеле сангин аст.
— Ҳоло метавонем бигӯем, ки макотиби олии мо аз меъёр зиёд журналист омода мекунанд? Дар Иттиҳоди Шӯравӣ чи гуна буд?
— Дар замони Шуравӣ баплангирӣ буд. Ҳамон қадаре, ки талабот ба кадр бошад, макотиби олӣ ҳамон қадар омода мекарданд ва касе бекор намемонд. Ҳоло аз сифат ба миқдор гузаштаанд ва ҳамасола ҳудуди 500 нафар дипломи журналистӣ мегиранд. Масалан, тибқи ҷадвали ихтисосҳои муассисаҳои олии касбии Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон барои солҳои таҳсили 2019-2020 қабули довталабони риштаҳои гуногуни рӯзноманигорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо теъдоди умумии 514 нафар донишҷӯ дар назар аст. Албатта, аксари онҳо журналист намешаванд.
— Аз ин чанд мушкилие, ки дар омода кардани насли нави журналистӣ ёдрас шудед, чи гуна метавон халос шуд?
— То агар қабул ба ихтисосҳои рӯзноманигорӣ аз рӯи майлу рағбат ва маҳорати эҷодӣ сурат нагирад, дар самти журналистика дастгирии бевоситаи давлатӣ набошад, ҳамаи ихтисосҳои журналистиро буҷавӣ накунанд, омода кардани кадри хуби журналистиро интизор шудан беҳуда аст. Вақте ки базаи моддӣ — техникиро бо ҳама шароитҳояш таъмин карда, таҳсилро буҷавӣ кунем, дигар ҳама талаботҳоеро, ки аз як журналистшаванда мехоҳем, роҳандозӣ мекунем. Зеро он вақт ба ин соҳа нафароне меоянд, ки барандаи телевизион ё ровии тӯй не, балки журналист шудан мехоҳанд. Айни ҳол бошад, барои маблағи шартнома ва холӣ намондани мизу курсии макотиби олӣ аз чалласавод ҳам журналист тайёр кардан мехоҳем…
— Хулосаи Шумо аз ин суҳбат…
— Гуфтаниҳо зиёданд, вале барои сонсур нашудан, он суханро гуфтам, ки ба иззати нафси касе нарасад ва имкони чопаш бошад.
Мусоҳиб: Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ