Якбора то 20-25 сомонӣ боло рафтани нархи як халта орд дар рӯзҳои охир боиси нигаронии аксар сокинони кишвар, аз ҷумла вилояти сераҳолитарин — Хатлон гардидааст. Масъулон сабаби ин “ҷаҳиши ғайриинтизор”-ро дар болоравии қурби доллар ва афзоиши начандон ками нархи гандум дар Қазоқистон — кишвари асосии таъминкунандаи гандуму орди Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.

Аз ҳисобот то мушоҳида

Мувофиқи ҳисобукитоби Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, рӯзи 10-уми сентябри соли 2019 нархи як килограмм орди навъи якум 4 сомонӣ ва 50 килограмми он 200-205 сомонӣ будааст.

Тибқи мушоҳидаҳои мо, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта як халта орд аз 15 то 20 сомонӣ қимат шудааст. Ва воқеият ин аст, ки ҳамон рӯзи зикршуда дар бозору фурӯшгоҳҳои вилоят 50 кило орди навъи якуми “Зар-Замин” 215 сомонӣ арзиш дошт. Орди “Фатир” ва “Ҷонон”, ки тақрибан моҳе қабл ҳамагӣ 185-190 сомонӣ арзиш доштанд, ҳоло 205-210 сомонӣ фурӯхта мешаванд.

Таъсири нарх ба кисаи мардум

Ҳанифа — сокини шаҳри Бохтар, ки дар як идораи давлатӣ кор мекунад, мегӯяд, баробари то 210 сомонӣ қимат шудани арзиши як халта орд ташвишҳои молиявиаш бештар шудааст. “Маоши моҳонаи ман ҳамагӣ 600 сомонӣ аст. Намедонам бо ин маош чи гуна рӯз гузаронам. Пулам агар ба ду халта орду андак маводи ғизоии дигар расад, барои пардохти пули иҷораи квартира намерасад,- таассуф хӯрд ин бону.

Омӯзгоре аз ноҳияи Кӯшониён айни суханҳои болоро такрор карда, бо шарти ифшо накардани ном афзуд, ки бо 700 сомонӣ маош охири ҳар моҳ маҷбур аст аз фурӯшгоҳҳои ҷойи истиқомат бо қарз маводи ғизоӣ дарёфт кунад.

Ба мисли ин мусоҳибон боз даҳҳо нафари дигар дар баробари изҳори ташвиш аз болоравии нархи орд, аз ин ҷониб хостанд, то хоҳишашон дар хусуси поин овардани арзиши маҳсулоти мавриди назар ба гӯши мутасаддиён расонида шавад.

То 20 дарсад боло наравад, дахолат карда наметавонем?

Фирдавси Маҳмадсаид — муовини сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон яке аз омилҳои боло рафтани нархи ордро дар бозору фурӯшгоҳҳои вилоят баланд шудани қурби доллари амрикоӣ арзёбӣ кард.

— Сабаби дигар гарон шудани нархи орд, яъне 21 фисад боло рафтани як тонна гандум дар Қазоқистон аст. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми майи соли 2018, №257 «Дар бораи номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешавад», агар нархи 16 номгӯи маҳсулоти дар қарори мазкур зикршуда то 20 дарсад боло наравад, мо ҳуқуқи дахолат кардан надорем,- гуфт намояндаи ниҳоде, ки як самти фаъолияташ танзими нархи маҳсулоти муайян аст.

Тадбирҳое, ки ҳанӯз камтаъсиранд

Дар ҳамин ҳол, таҳлилҳои коршиносона ҳокӣ аз онанд, ки истеҳсоли гандум дар вилояти Хатлон дар қиёс ба солҳои қабл тамоюли афзудан дорад.

Ба қавли Аъзамҷон Алиқулов — корманди Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, деҳқонон имсол дар майдони 116 ҳазору 600 гектар гандум киштанд. “То 1-уми сентябри соли ҷорӣ 400 ҳазору 568 тонна ё худ 100 дарсади дурнамо ҳосили гандум ҷамъоварӣ шудааст, ки ин аз ҳамин давраи соли гузашта 27 ҳазору 845 тонна зиёд аст”,- гуфт ӯ.

Гузашта аз ин, Акмал Иброҳимиён — муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон таъкид кард, ки ба хотири бештар таъмин карда тавонистани талаботи аҳолӣ ба маҷмуи маҳсулоти нонӣ имсол дар муқоиса ба соли гузашта киштзорҳои гандумро ба андозаи 4 ҳазору 897 гектар васеъ кардаанд.

Истеҳсоли орд дар дохил. Таваҷҷуҳи соҳибкорон кам?

Яке аз омилҳои баланд шудани нархи орд дар вилояти Хатлон, ба қавли соҳибназарон, ба таври бояду шояд фаъолият накардани корхонаҳои истеҳсоли орд дар қаламрави вилоят мебошад.

Ба иттилои Бобоҷон Алихонов — сардори Раёсати омори саноат, сохтмон, савдо, хизматрасонӣ ва робитаҳои хориҷии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, феълан дар ҳудуди вилоят ҳафт корхонаи истеҳсоли орд амал мекунанд. Онҳо дар тӯли ҳашт моҳи соли равон ҳамагӣ 5 ҳазору 352,4 тонна орд истеҳсол кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди ҳамин манбаъ, 885 осиёбҳои хурди дарқайдбудаи вилоят дар ин давра ба миқдори хеле бештар, яъне 119 ҳазору 400 тонна орд истеҳсол кардаанд. Дар маҷмуъ, 224 ҳазору 752,9 тонна орд истеҳсол шудааст, ки сари ҳар як сокини вилоят дар ҳашт моҳ 68,6 килограмм ва дар як рӯз 0,28 килограмм мерасад. Корхонаҳое, ки аз фаъолият бозмондаанд, «Орди Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Агентии захираҳои давлатӣ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва “Орди рушди Хатлон”-и шаҳри Левакант мебошанд. Инро ҳамсуҳбати боло ва Мансур Юсуфов — иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши саноати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант зикр карданд.

Воридот — содирот. Ҳоло кадом заруртар?

Ҷолиб ин аст, ки тибқи таҳлилҳои оморӣ, соҳибкорони хатлонӣ дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба ҳудуди вилоят ҳамагӣ 4 ҳазору 332 тонна гандумро ба маблағи 805 ҳазору 264 доллари амрикоӣ ворид кардаанд. Воридоти орд сурат нагирифтааст, вале содироти он аз ин ҷо ба Афғонистон ба андозаи 60 тонна, ба маблағи 16 ҳазору 740 доллари амрикоӣ дар рӯзҳои қимат будани он анҷом шудааст.

Оё ба содироти орд зарурат буд ё не, суолест, ки ба он посухи дақиқ ва холис дарёфт кардан дар як мақола муҳол аст.

Тазод: афзоиши истеъмол, болоравии нарх

Мутобиқи ҳисобҳои оморӣ, то 1-уми сентябри соли 2019 шумораи аҳолии вилояти Хатлон ба 3 миллиону 274 ҳазору 900 нафар расидааст. Ва тибқи меъёр ҳар як сокини вилоят дар як сол ба ҳисоби миёна бояд 78 килограмм орд истеъмол намояд. Аммо аҷиб ин аст, ки новобаста ба болоравии нархи ин маҳсулоти аввалияи ғизоӣ як фарди хатлонӣ аз меъёр хеле зиёд — 126 килограмм орд истеъмол карда истодааст. Яъне 48 килограмм бештар.

Биноан, аз манфиат холӣ намебуд, агар мутасаддиёни ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, корхонаҳои ордбарорӣ ва доираҳои дахлдори соҳибкорӣ талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба орд ва имконоти иқтисодии эшонро ба инобат гирифта, сари истеҳсоли бештари гандум, воридоти қабл аз дигарон барои мо судовари гандуму орд ва мувофиқсозии нархҳои онҳо ба кисаи мардум жарфтар андеша мекарданд.

 

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, «ФАРАЖ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here