Таҷзия ва таҳлили геномҳои намунаҳои коронавирусе, ки дар бозори яклухти Синфади Пекин пайдо шудааст, нишон додааст, ки онҳо аз штаммҳои мавҷудаи Аврупо пиртар мебошанд. Дар ин бора эпидемиологи чинӣ Лю Сзюн изҳор доштааст.

«Тибқи натиҷаҳои омӯзиши аввалияи геномӣ, ин вирус [дар бозори Пекин] аз Аврупо ба вуҷуд омадааст, аммо он аз штаммҳое, ки дар кишварҳои Аврупо паҳн мешаванд, фарқиятҳо дорад. Вай аз штаммҳои ҳозиразамонаи Аврупо пиртар аст”, — гуфтааст ӯ.

Муҳаққиқ қайд кардааст, ки пайгирӣ кардани роҳи дақиқи ворид шудани ин коронавирус ба бозори Пекин душвор аст.

“Масалан, вирус метавонад ба як миқдори хӯрокҳои яхкардашуда паноҳ барад ва ҳамроҳи он аз хориҷа омада, зинда монад. Ҳангоми интиқол, дар ҳолати яхкардашуда, вирус наметавонад таҳаввул кунад, аз ин рӯ мутатсия накардааст”, — гуфтааст Лю Сзюн.

Барои маълум кардани синни вирус нахуст геноми вирус тартиб дода мешавад, пас аз он равишҳои таҳлили биоформатикӣ истифода мешавад. Ду вируси мутафовитро мегиранд ва мебинанд, ки кадом яке бештар мутатсия кардааст. Одатан, оне, ки  бештар мутатсия кардааст, вируси нав ҳисобида мешавад ва баракс, вирусе, ки камтар пешрафт кардааст, пир ба ҳисоб меравад.

Сода карда гӯем, агар замони гардиши он ба маротиб зиёд аст, пас синнаш низ бештар аст. Илова бар ин, дар муайян кардани синни вирус баҳодиҳии моделҳои риёзӣ бо алгоритмҳои хос низ вуҷуд доранд.

Ба ин тартиб, олимони чинӣ эҳтимоли ворид шудани вирус ба бозори Синфадиро аз Аврупо медонанд. Пештар низ сироятшиносои чинӣ иддао карда буданд, ки вирус ба бозори Пекин шояд аз кишварҳои аврупоӣ ворид шуда бошад, зеро ин вирус назар ба “вируси уханӣ” сироятноктар аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here