Панч моҳ пеш табибони тоҷик муайян карданд, ки Ҳамза гирифтори маризии саратон аст. Ва барои табобати вай ҳар коре ки тавонистанд, анҷом доданд. Дар марҳалаи аввал маризии саратон табобат дорад. 

Чаро ту панҷ моҳ пеш барои набераат бонги изтироб набардоштӣ? Чаро ту маҳз баъди он ки дар Дортмунд бори дигар шарманда шудӣ, набераат ба ёдат омад? 

Магар ин, ончуноне ҳамкосаҳоят мегуянд, баҳонае барои «пиар» (таблиғ) буд?

Муҳиддин! 

Бе шаф-шаф аз шафтолуи гап сар мекунем. Аввал ин ки набераат Ҳамзаро Яздони пок шифои комил ва оҷил диҳаду умраш дарозу босаодат бошад. 

Ҳоло мехоҳам бо чанд суоле ба ту муроҷиат бинамоям. 

Суоли якум. Се сол қабл, аз рӯи гуфтаи ту, сохторҳои қудратии Тоҷикистон паспортхои келинҳои туро аз дасташон гирифта будаанд. Чаро ҳамон вакт шуру ғавго набардоштӣ, нагуфтӣ ки ин ҷавонзанҳо ҳеҷ гуноҳе надоранд, талаб накардӣ, ки онҳо бе мамониат тарки Тоҷикистон кунанд? 

Ту ку зиракона, аҳли оилаатро, хешу хешовандони хешонатро ҳануз шаш моҳ қабл аз кушиши табаддулоти моҳи сентябри соли 2015 аз Тоҷикистон баровардиву барои онҳо дар Русия, Эрон, Туркия ва кишварҳои дигар барояшон зиндагии орому амн ташкил кардӣ, ширкату корхонаҳои тиҷоратӣ сохтӣ. Келинҳои ту чӣ гуноҳ доштанд, ки онҳоро дар Тоҷикистон мисли гаравгон гузоштиву рафтӣ? Оё ин ҷо ягон розе пинҳон аст?

Суоли дуюм. Панч моҳ пеш табибони тоҷик муайян карданд, ки Ҳамза гирифтори маризии саратон аст. Ва барои табобати вай ҳар коре ки тавонистанд, анҷом доданд. Дар марҳалаи аввал маризии саратон табобат дорад. Чаро ту панҷ моҳ пеш барои набераат бонги изтироб набардоштӣ? Чаро ту маҳз баъди он ки дар Дортмунд бори дигар шарманда шудӣ, набераат ба ёдат омад? Магар ин, ончуноне ҳамкосаҳоят мегуянд, баҳонае барои «пиар» ( таблиғ) буд?

Идеологҳои камсаводу ноуҳдабарои ту ин дафъа хуб кор карданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ петитсия ташкил намуда, 140 000 имзо ҷамъ оварданд. Ман ҳам ба ин петитсия имзо гузоштам. Дар давоми ду рузи аввал гаштаву баргашта ба сафорати Тоҷикистон дар Остона занг мезадам, хоҳиш мекардам, ки мушкили Ҳамза ҳарчи зудтар ҳал шаваду вай бо модараш ба хориҷ сафар карда тавонад.

Дувоздаҳ рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ борони санги маломат ба сари Ҳукумат мерехт. Дувоздаҳ рӯз ҳама фаромӯш карданд, ки бобои Ҳамза дар асл кист? Ва шармандагӣ ва шикасти ту дар Дортмунд, тамоман аз ёди ҳама рафт. Зеро муҳим барои ҳама наҷоти Ҳамза буд. 

Ту дар он рузҳо изҳорот додӣ ки «мо қазияи Ҳамзаро сиёсӣ намекунем!». Дуруғ гуфтӣ! Барои ту Ҳамза сад дар сад қазияи сиёсӣ буд! Ту ва шариконат тавонистед, ки шармандагӣ ва русиёҳиятон як муддати кутоҳ фаромуш шавад. Ту аз сохторҳо барои кашолкориашон дар ҳалли мушкили Ҳамза бояд сипосгузор бошӣ. Аммо ту ва косалесони ту бонги пирузӣ мезаданд: 

«Fалаба муборак! Миёни режимро шикастем! Ҳукуматро дар тамоми дунё шармсор сохтем!»

Бубин, ҳамин ки мушкили Ҳамза ҳал шуд, сохторхои кудрати барои аксияи нав ба ту боз як маводи «пурарзиш» пешкаш карданд – ба модари Шабнам Худойдодова ва набераи даҳсолааш иҷозат надоданд ки Тоҷикистонро тарк намоянд. 

Ана Худо дод ба таблиғгарони ту! Зери шиори «Зинда бод Шабнам!» пиар-компанияи нав шуруъ шуд. Дар ҳоле ки ин зани зиндагиномааш …пурмуаммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бар зидди Ҳукумат танҳо барои он чанд матлаби фачу лач пахш мекард, ки паноҳандагии сиёсиро дар Аврупо ба даст орад. Ва комёб ҳам шуд. Ту аз ман дида хубтар огоҳ ҳастӣ ки ҳамин паноҳандагии сиёсӣ барои баъзе ҳамватанони мо (ва ту истисно нестӣ) тиҷорат шудааст. Ин пиар-компания, ки ту сахт мехостӣ, давомдор шавад, аммо Ҳукумат ба модари Шабнам ва духтараш иҷозати берун шудан аз Тоҷикистонро доданд. 

Ман аз саргузашти Шабнам зиёд медонам, аммо намегуям. Танҳо шарм намедоред, ки ӯро ҳомии ҳуқуқи башар меномед? Ҳомии ҳуқуқи башар ин як унвони муқаддас аст. 

Шабнам бошад…биё, нагӯям)))

Магар ҳамин Шабнам духтарашро партофта ба Русия нарафта буд? Чаро 8 соли расо хомуш буд? Бале, шумо ин мазҳакаро ба роҳ андохтед, ки ба дӯстмарди нави Шабнам, ки дар як созмони бонуфуз кор мекунад, маъқул шавед! Шариъатро низ аз ёд бурдед! 

Чанд суоли дигар. Дар давоми 25 сол хоҷахои ту ба хулосае омаданд, ки танҳо тавассути ҷунбиши мазҳабӣ дар Тоҷикистон инқилоби навро роҳандозӣ кардан, имкон надорад. Аз ин рӯ, дар назди ту вазифа гузоштанд, ки эътилоф бояд аз ду қанот иборат бошад – ҳизби наҳзат ва зиёиёну нирӯҳои демократӣ. Ва агар ту ҳамин гуна эътилофи воқеӣ насозӣ, боварии хоҷаҳоятро аз даст медиҳӣ. Худат низ сахт мехохӣ, ки ҳамаи мухолифин дар зери дасти ту бошанд ва ту ягона лидери оппозитсия бошӣ. Гумон накун, ки касе макри туро дарк намекунад. 

Ончуноне, аз расонахо дарёфтем, Анҷумани нируҳои созандаи Тоҷикистон (роҳбараш Додоҷон Атовуллоев) «Гурӯҳи 24» ( рохбараш Сӯҳроби Зафар) туро бо эътилофат на танҳо напазируфтанд, балки эълон доштанд, ки ба киштии шикаставу сурохи ту нахоҳанд нишаст. 

Паст чаро шарикони тиҳимағзи ту, ки таассуб дар мағзи устухонашон ҷой гирифтааст, мунтазам нафрати беандозаи худро нисбати зиёиёну дигарандешон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба намоиш мегузоранд, онҳоро таҳқир мекунанд, дашном медиҳанд, кофир эълон менамоянд? Ана ба ин навиштаҳои як шарикат таваҷҷӯҳ кун: «Инҳоро хуб мешиносем. Ҳатто инҳоро худояшон Ленин мешинохт ва гуфта буд: «интеллигенция – это говно». Инҳо ҳамон зиёиёнанд. Яъне ҳамон чойхонаи Роҳат рафтан ва ҳамон шишаи хабисро (яъне шароб – С.М.) бо ду самбуса хӯрда, нишинанд. Тамом».

Чаро шарикони ту ба ҳар як матлаби танқидӣ танҳо бо таҳдид дашному ҳақорат ҷавоб мегардонанд? («Дар ҳалқат мезакам, забонгумкардаи кофир!»). Ин дашному таҳдид нисбати ман буд. 

Танҳо барои таҳқири Ҳафиз Бобоёров ҳамарӯза садҳо нафар тоҷики бомаърифат ба туву шариконат лаънат мехонанд. Ӯ ҳамчун олим ва таҳлилгари боистеъдод дар як матлаби кутоҳ мазмуни як рисоларо ҷой додааст ва назари шахсии худро нисбати ҷунбишу ҳаракатҳои мазҳабӣ изҳор кардааст. Ҳафиз ҳам аз Ҳукумат ва ҳам аз наҳзат интиқод кардааст. Лекин як фанатики ту дар ҳол ӯро «пири бехудоҳо» унвон карда, ба гарданаш тамғаи «агенти Саидмумин Ятимов» -ро зад. 

Пас чаро то рузи охирин ин «пири бехудоҳо»-ро нафарони ту боисрор даъват мекарданд, ки дар ҳамоиши мазҳакавии Дортмунд иштирок намояд ва ҳатто номи ӯро дар руйхати сухангуён ҷой доданд?

Боз як мисол аз эҷодиёти муридони муллои галстукдор — Қорани Кова: «Шиъа модари ғарат!! Кабирӣ аз ҳама зоту бунёди ту боимонтару боинсофтар аст. Кабирӣ оҳангар аст!!! Акнун исбот шуд ки Коваи тоҷикон, кӣ будааст. Зинда бод Коваи тоҷикӣ! Зинда бод Устод Кабирӣ!!!»

Даҳшат! Ҳамин Қорани Коваи фейкӣ ҳаммаслаки туст? Ту киҳоро дар гирдат ҷамъ овардаӣ? Ин маддоҳи ту чиро дар назар дорад? Куштори ваҳшиёнаи туристҳои хориҷиро дар Данғара? 

Ту шарму ҳаё дорӣ? Худатро воқеан Коваи тоҷикӣ мепиндорӣ? Хиҷолат намекашӣ?

Ба Худо, ки ҳамаи шумо аз Толибони Афғонистон заррае фарқ надоред! Солхои 1990 Толибон як муддат Мазори Шарифро зери тасарруфи худ дароварда, дар ин шаҳри қадимаи тоҷик разолату ваҳшонияти худро аз қабристон шуруъ карданд. Қабри арбобони давлатӣ, фарҳангӣ, қумандонҳои шаҳидро, ки аксаран тоҷикон буданд, тарконда хоки онҳоро ба дарёи Ому рехтанд. 

Метарсам, ки агар шумо ба сари қудрат биёед, ними Тоҷикистонро кофир эълон карда, сар мебурред. Баъд ба мурдаҳо дармеафтед. Аксари онҳое ки дар қабристони Лучоб хобанд, узви ҳизби коммунист буданд. Аз ҷумла, роҳбарони Тоҷикистони Шӯравӣ. Шумо гӯри ҳамаи онҳоро тарконида, хокашонро ба дарёи Варзоб мерезед. 

Ту «Ҳукумати худкома» мегуиву худат худкомаву худпарасте беш нестӣ. Шариконат аз ту бут месозанд, пешво месозанд, ту қабат- қабат гӯшт мегирӣ. 

Яке аз дӯстонам гуфта буд: «Вақте ки Муҳиддин Кабириро гӯш мекунӣ, хоби одам мегирад ва ягон ҳарфи наве дар хотири бинанда ва шунаванда намемонад. Хуб нест, ки беҳтараш хомӯш бошад?» 

Воқеан чанд рӯзи охир ту бесаводии худатро дар ФБ ду маротиба ба намоиш гузоштӣ. Аввал бо муроҷиати аблаҳонаат ба чанд давлати Аврупо, баъд бо мизи мудавварат. 

Ту худат ҳамон мизи мудавваратро тамошо кун. Ту мегуӣ, ки ҳизби наҳзат 40 000 аъзо дорад. Дар ҳамон видео ду нафар дар паҳлуи ту нишаста буданд ва кроссовкаҳои нави худро намоиш медоданд – якеи онҳо аз ҳизби сотсиал-демократи Раҳматулло Зоиров ва дигаре аз «Гуруҳи 24». 

Ин ҳамсуҳбатҳои ту на забони сиёсат, на забони одамият ва на забони модарии худро намедонанд. Яке аз онҳо мегуфт: «Дар паспорти Фотима (духтари Шабнам – С.М.) навиштаанд «аннулировать». Русии ман каме суст шудааст. Ҳамин аннулировать бо «а» навишта мешавад ё бо «о»?». Маълум ки ин «сиёсатмадори маъруф», «фарзанди фарзонаи миллат», «муборизи роҳи озодӣ», «шери нар» мехост дар ҳамин калима камбудие ёбад, лекин худро фош кард. «Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад!». Хандаовар ин буд, ки барандаи мизи мудаввари ту, ки боз мисли чорабиниҳои пешинаат ба мазҳака табдил ёфт, на русиро медонист, на тоҷикиро. Лекин кибрашро ҳатто уштури бобояш намебардошт.

Номҳои ин «устодони суханро» боз як бор наворро тамошо кардаму ёфтам. Он яке — Олим Шерзамонов буд, ва он дигаре Вайсуддин Кимчиев. Яке — дабири кулли «озодандешон» дигаре сухангуи кадом ситоде. Маълум, ки аз эҳтиёҷ ва нодошти онҳо ҳизб ва гуруҳи худро тарк кардаанд ё дар ду майдон «футболбозӣ» мекунанд. Ин муҳим нест. Муҳим он буд, ки онхо бозёфтҳои беназири туянд. 

Наход як ҳизбе, ки 40 сол дораду 40 ҳазор аъзо рӯзаш ба ҳамин тутилаҳои оҷиз аз гуфтор, монда бошад? 

Ту ҳадди ақал Равшани Темуриён, «рӯзноманигори нестдарҷаҳон»-ро аз Канада даъват карда, баранда мемондӣ, ин қадар шарманда намешудӣ. Боз ҳамон мумсикиат бар зарари худат шуд. Як билети ҳавопаймо харидан мушкил дошт? Меомаду каме дами беғам мезад. Ва моро ҳам механдонид бо афсонаҳои «нестандарҷаҳонаш».

Муҳиддин!

 Ту ҳамон се — чор нафари шармандаву русиёҳе, ки номхояшонро намехоҳам ба забон бигирам, ба ҳайси нухбагонат ба хоҷаҳоят муаррифӣ кардаӣ. Ба номи онҳо иттиҳодияҳои фейкӣ ҳам сохтаӣ. То ба кай ба чашми хоҷаҳоят хок мепошӣ? Наметарсӣ, ки як руз сирру асрорат фош мешаваду туро ҳамчун қаллоби сиёсӣ аз майдони сиёсат барканор мекунанд? Ба ҳуш биё! Ба хоҷаҳоят росташро гӯй! Иқрор шав, ки ту ҳеҷ вақт эътилофе, ки онҳо мехоҳанд, сохта наметавонӣ! Тоҷики баномус, рӯшанфикр, тоҷике, ки ба сарнавишти Тоҷикистон бетараф нест, ҳеҷ вақт ба ту намепайвандад. Вассалом! 

 

Саломиддин Мирзораҳматов

 

P. S. Медонам, ки ту пустғафсӣ, мисли фил ё каркадан. Тавони ба суолҳо ҷавоб гуфтан ҳам надорӣ. Боз медонам, ки шайкаи ту ба таҳқир ва тавҳин мепардозад. Барои ҳамин, пешопеш тамоми дашному ҳақораташонро ба унвони худат ва худашон мефиристам. Ҳар чӣ гӯед, ман ҳам ҳамту!!!

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here