Даҳҳо падару модари хонандагони муасссиаҳои таълимии минтақаи Бохтари вилояти Хатлонро пастсифат будани либосҳои мактабӣ ва ҷамъоварии пули таъмир ба ташвиш овардааст.

Бибигул, сокини шаҳри Бохтар, мегӯяд ду фарзанди мактабхон дорад, вале шароити зиндагиаш вазнин аст, дар баробари ин, ӯро барои ҷамъоварии пули таъмири мактаб ва ҳам барои харидории сарулибоси мактабӣ маҷбур кардаанд. “Ду фарзандам мактабхон ҳастанд, гарчанде шароити зиндагиам сангин аст, барои таъмири бинои он 25 сомонӣ додам. Ба ҷуз ин, боз ҳоло моро маҷбур кардаанд, ки барои фарзандонамон сарулибоси мактабиро бо нархи 150 то 170 сомонӣ аз мактаб харидорӣ кунем”.

Ҳамзамон ӯ афзуд, ки либоси ягонаи мактабӣ хуб аст, аммо матоаш худ набуда,  духташ низ пастсифат аст.

Рухшона, сокини дигари ҳамин шаҳрро, ки фарзандаш имсол ба синфи якум меравад, низ маҷбур кардаанд, ки барои фарзандаш либоси ягонаи мактабӣ харидорӣ намояд. Ҳамсуҳбати мо гуфт, ӯ аллакай барои фарзандаш аз бозор либоси мактабӣ харидорӣ намудааст ва барои аз мактаб бори дигар харидорӣ намудан маблағ надорад.

— Барои фарзандам ман алакай либосҳои мактабиро харидорӣ кардам, аммо дигар маблағ надорам, ки либос харам, зеро шавҳарам дар муҳоҷират аст ва барои зиндагиамонро пеш буран базӯр маблағ меёбем, — гуфт Рухшона.

Ӯ мегӯяд агар маҷбурият ва сахтгириашон ҳамин гуна идома ёбад, маҷбур аст, қарз карда ба фарзандаш либос харад. Барои дақиқ кардани ин вазъ мо рӯзи 7-уми августи соли равон ба шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар муроҷиат намудем ва хостем бо масъулон сари ин масъала суҳбат кунем. Мудири шуъбаи маорифро дар утоқи кориаш пайдо кардем ва интизори он будем, ки бо мо суҳбат мекунад, аммо Қурбонзода Қурбоналӣ мудири шуъбаи маориф ба мо гуфт: “ман ҳукумат меравам, саростема ҳастам” ва ба сармутахассиси шуъбаи маориф Саъдулло Раҷабов супориш дод, ки “бо рӯзноманигор суҳбат кунад”. Саъдулло Раҷабов низ дар посух чунин гуфт: “Ман ягон маълумоти аниқ надорам ва бо шумо суҳбат намекунам, ҳоло интизор, шавед мудир меояд ва бо худаш суҳбат кунед”.

Ҳамин тавр дар утоқи сармутахасиси маорифи шаҳр як соату 30 дақиқа интизор шудем ва ҳеҷ кас ба наздамон наомад ва инҷо маълум шуд, ки мудир ҷонашро аз суҳбат халос кардаву рафтааст. Мутахассис бошад бо баҳонаи “ман намедонам” бо мо суҳбат накард.

Ин рафтори кормандони шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар зидди қонунҳои амалкунандаи Ҳукумати кишвар мебошад, зеро дар модаи 23-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма» омадааст, ки “Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор, тибқи тартиби муқарарнамудаи Қонунгузории ҶТ гирифтани ахборро доранд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор ба ВАО маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам меоранд”.

Аммо қонуни мазкур аз тарафи бархе аз роҳбарон сарфи назар шуда, аз ноогоҳиашон аз қонунҳои амаликунандаи кишвар шаҳодат медиҳад. Кормандони шуъбаи маориф аз суҳбат бо кормандони ВАО худдорӣ кунанд, пас аз дигар ташкилоту идораҳо чӣ ҷойи гила?

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here