ШСХК «Барқи Тоҷик», таъминкунандаи асосии нерӯи барқ ва сохторҳои маҳаллии он ҷорӣ шудани маҳдудияти нерӯи барқро рад карда, набудани онро ба  корҳои профилактикӣ дар ин самт то 15-уми март арзёбӣ мекарданд.

Гуфта мешуд, ки то иди Наврӯз сокинони минтақаҳои Тоҷикистон бо қувваи барқ таъмин мегарданд, аммо то ҳол мардум аз набудани барқ шикоят доранд. Норасоӣ ва набудани барқ як гурӯҳ сокинони ноҳияи Рӯдакиро нигарон кардааст:  “Аз ваъдаи додаашон қариб 10 рӯз гузашт, 25-уми март ҳам шуд, мо иди Наврӯзро бе қувваи барқ гузаронидем. Агар якчанд рӯз пеш қувваи барқро барои гузаронидани корҳои профилактикӣ танҳо шабонарӯзӣ хомӯш мекарданд, аммо ҳоло дар давоми рӯз низ хомӯш мекунанд” — зикр карданд сокинони ин ноҳия.

Аз моҳи марти соли равон дар қаламрави Тоҷикистон маҳдудияти барқ оғоз ёфта, ҳамин тариқ, сокинони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Файзобод ва як қатор ноҳияҳои дигари кишвар аз набудани қувваи барқ шикоят карданд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи омори расмӣ, истеҳсоли нерӯи барқ дар ду моҳи аввали соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 10,8 дарсад афзудааст. Дар ин давра тақрибан 3,8 млрд. кВт / соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.

Миқдори содироти нерӯи барқ дар ин давра беш аз 7,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли 2018-ум 2,7 баробар бештар аст.

“Барқи тоҷик” ҳанӯз изҳороти расмӣ надодааст ва сабабҳои набудани барқро то ҳол дуруст шарҳ надодааст.  Маълум нест, ки маҳдудият то ба кай идома хоҳад ёфт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here