Вақте тафтишот, суд ва… бонк муттаҳид мешаванд
Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳмон Юсуф Аҳмадзод,
Ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рамазон Раҳимзода,
Ба раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Шермуҳаммади Шоҳиён,
Ба раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷамшед Нурмуҳаммадзода
Ҷанобони муҳтарам!
Ин баҳсро бо шумо ба миён намегузоштем, агар ниҳодҳои поёнии корҳои дохиливу суд ва бонкӣ вазифаҳои худро дуруст иҷро мекарданд ва як масъалаи мисли офтоб рӯшану аёнро он қадар торику мураккаб намуда, ҳалли онро ба моҳҳову солҳо намекашиданд. Қабл аз ҳама дар таассуфем, ки расидан ба адолати судӣ дар Тоҷикистон як кори мушкил, ҳатто сангин шудааст. Намедонем, мушкил дар қонунҳои мо бошад, ё онҳое, ки қонунҳоро бояд татбиқ ва ҳимоят кунанд.
Банда, Абдуазиз Ахмедов, дар ин синну соли ҷавони худ аз он руҳан азият мекашам, ки мехостам бо тақозои ҷавонмардии тоҷикӣ ба наздиктарин дӯстам кӯмак кунам, аммо ҳоло бало ба паси моли дунё, ҳамон дӯстамро ҳам аз даст додаам. Мутассифона, дар ин амр ниҳодҳои корҳои дохилаву суд ҳам мусоидат мекунанд.
Ман бо Файзуллоҷон Аминҷонов ҳамкурсам. Чор сол дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар Хуҷанд таҳсил кардем. Пас аз хатми донишгоҳ аз ҳам ҷудо нашуда, роҳи тиҷоратро пеш гирифтем. Соли 2015 Файзуллоҷон нияти хонадоршавӣ карду аз ман хост, ки барои харидани хона кӯмак расонам. Маблағи кофӣ, ки надошт, маҷбур шуд аз бонк қарз гирад. Бонк гарав (залог) талаб намуд. Файзуллоҷон ба ман муроҷиат кард. Ман розӣ шудам, ки кӯмак кунам. Бо падару модарам маслиҳат карда, ба ин қарор омадем, ки хонаамонро барои қарзи Файзуллоҷон ба гарав монем.
“Кори хайр”
Ҳамин тавр, Файзуллоҷон 13 октябри соли 2015 аз номи падараш Раҳимҷон Аминҷонов ба филиали ҶДММ ташкилоти амонатии қарзии хурди «Арванд» дар шаҳри Исфара барои 125 ҳазор сомонӣ қарз дархост кард. Дар дархост омадааст, ки ин қарзро барои харидани манзил мегирад ва муваззаф шудааст, ки ба мӯҳлати то 2 марти соли 2022 онро дар ҳаҷми 125 ҳазор сомонӣ бармегардонад. Бино ба ин дархост, Раҳимҷон Аминҷонов мехоҳад аз шаҳри Исфара, маҳаллаи Афғон манзили истиқоматӣ харад ва қарзро бо «амволи ғайриманқул» таъмин мекунад. Дархостро эксперти қарзӣ Лолахон Ҳамроева қабул кардааст.
Баъди ду рӯз — 15 октябри соли 2015 кормандони “Арванд” — Фирдавс Солиев, танзимгари экспертони қарзӣ, Лолахон Ҳамроева – эксперти қарзӣ ва Шукурҷон Аминҷонов, мутахассиси қарзӣ (бародари қарзгир, амаки Файзуллоҷон) барои додани 125 ҳазор сомонӣ мониторинги қарзгиранда Р. Аминҷоновро гузаронида, варақаи назоратиро таҳия намуданд. Дар варақаи назоратӣ омадааст, ки дар ихтиёри Аминҷонов амволи манқул — 50 ҳазор сомонӣ пули нақд мавҷуд асту қарзгир барои нигаҳдории оила харҷи кофӣ дорад ва ин ҳолатро мутахассиси “Арванд” оид ба хавф Толиб Фаёзов тасдиқ намудааст.
Ҳамон рӯз санади нархгузории амволи ғайриманқул низ тартиб дода шуд. Сехонагии мо, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 34, бинои 4, ҳуҷраи 39, ки ба номи модарам Марҳамат Шаидова сабт шудааст, бо ҳузури шоҳидон (Файзуллоҷон, Шукурҷон Аминҷонов, Толиб Файёзов) 161 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ гардид. Санад навишта, имзо шуд.
Ҳамин тавр, 30 октябри соли 2015 падари ҳамкурсам — Раҳимҷон Аминҷонов аз филиали бонки «Арванд» дар шаҳри Исфара 110 ҳазор сомонӣ ба номаш қарзи бонкӣ гирифт.
Як кори хайр шуд. Дар оғоз чунин фикр доштам. Хеле хурсанд будам. Ман ду ҳафта ба давлати Чин рафтам. Баъди бозгашт ҳис кардам, ки дӯсти ман тағйир хӯрдааст. Ин ҷо гапҳо зиёданд, ки оварданашро лозим намедонам. Аммо маълум буд, ки дӯсти ман дигар он касе набуд, ки қаблан буд. Ҳатто як бор вақте ҷанҷол кардем, маро ба милиса дод. Дере нагузашта, ҳамкориро бо ман қатъ кард ва ба шаҳри Маскав рафт. Қавлу қарорамон ин буд, ки қарзи бонкро дар Русия кор карда, хоҳад фиристод. Чунин нашуд. Худам 8 моҳ қарз (зиёда аз 30 ҳазор сомонӣ) – ро то моҳи июни соли 2016 пардохт кардам, аммо аз дӯстам хабаре набуд. Мешунидам, ки пули қарзро на барои хариди хона, балки дигар корҳо харҷ кардаанд. Маҷбур шудам ба назди падараш равам, ки қарзашонро худашон мепардозанд, ё чӣ кор кунем? Он кас гуфтанд, ки худат пардохт кардан гир. Ба назди амакаш – Шукурҷон Аминҷонов, ки эксперти қарзии филиали “Арванд” дар Исфараву ташаббускори додани қарз буд, низ рафтам. Он кас рӯшан гуфт, ки қарзро пардохт кун, вагарна хонаатро кашида мегирем. Масъулини “Арванд” ба ман пешниҳод карданд, ки ҳуҷҷатҳои қарзро ба номи ман гардонанду ман пардохтани қарзро идома диҳам.
Тасаввур кунед, ки қарзро онҳо гирифтанду ман хонаамро ба гарав гузоштам ва ҳоло бояд худам қарзро диҳам, ки хонаам аз даст наравад! Ин ҳол масали мардумӣ “дузди зӯр соҳиби говро бастааст” – ро ба ёд меорад. Фаҳмидам, ки ба доми фиреб афтодаам. Аз идомаи пардохти қарз даст кашидам, чун қарз қарзи падари ҳамкурсам Файзуллоҷон буду масъулияти пардохташ ҳам ба зиммаи ӯ. Ба маслиҳатхонаи ҳуқуқии “Фариза” дар вилояти Суғд рӯ овардам.
“Шоҳкории ҳуҷҷатсозӣ”
Омӯзиши ҳуҷҷатҳои бонкӣ, ки заминаи додани қарзро фароҳам карда буданд, як қатор корҳои ғайриқонунии ҳам қарзгир ва ҳам қарздиҳанда – кормандони бонки “Арванд” – ро ошкор кард. Ин ҳуҷҷатсозиро мешавад як “шоҳкорӣ” номид. Маълум шуд, ки:
1) 110 ҳазор сомониро Раҳимҷон Аминҷонов на барои хариди манзил (ин дар дархост зикр шудааст ва бонк ҳам маҳз барои хариди хона пул додааст), балки барои а) пӯшидани қарзҳо пеши ашхоси дигар, б) фаъолияти соҳибкории писараш Файзулло Аминҷонов, в) ниёзҳои додараш сарф намудааст, г) як қисми маблағ номаълум, ки куҷо харҷ шудааст ва ин ҳама нишонаи тасарруф бо роҳи исрофкориро доранд;
2) қарз ғайриқонунӣ гирифта ва дода шудааст ва ин ҷо мавриди тасарруфи пулӣ ба тариқи кредити додашуда ба назар мерасад;
3) қарз бе риоя намудани Дастурамали № 186 — «Дар бораи тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоиз дар ташкилотҳои қарзӣ» — и Бонки миллии Тоҷикистон гирифта ва дода шудааст. Тибқи ин санад, қарздиҳанда, дар мавриди мо, филиали ҶДММ ТАҚХ “Арванд” дар шаҳри Исфара бояд имкониятҳои пардохт ва ҳадафҳои ӯро дақиқ карда, баъд қарз диҳад. Раҳимҷон Аминҷонов дар дархосташ аз 13 октябр а) ба мӯҳлати 86 моҳ ба андозаи 125 ҳазор сомонӣ қарз пурсидааст. Ҳадаф хариди манзил аз шаҳри Исфара, маҳаллаи Афғон нишон дода шудааст, аммо пул комилан барои аҳдофи дигар харҷ шудааст; б) дар санади аввал таъминот ё гарави қарзро «амволи ғайриманқул» нишон додаанд, ки суроғааш нест. Ин дархостро огоҳона ё ноогоҳона эксперти қарзӣ Лола Ҳамроева қабул кардааст.
4) Баъди ду рӯзи дархост барои гирифтани қарзи бонкӣ се корманди “Арванд” — Фирдавс Солиев, танзимгари экспертони қарзӣ, Лола Ҳамроева ва Шукурҷон Аминҷонов, мутахассиси қарзӣ, ҳамзамон бародари қарзгиранда, барои додани 125 ҳазор сомонӣ мониторинги қарзгир Р. Аминҷоновро гузаронида, варақаи назоратиро таҳия намуданд. Дар варақаи назоратӣ омадааст, ки дар рӯзи гузаронидани мониторинг Раҳимҷон Аминҷонов гӯё амволи манқул ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ пули нақд дораду хароҷоти оиларо таъмин карда метавонад. Мутахассис оид ба хавф Толиб Фаёзов ин ҳамаро тасдиқ намудааст. Савол: чаро дороиҳои Р.Аминҷонов дар дархост зикр нашуда буд?
Онҳо дар варақаи мониторингӣ 50 ҳазор сомонӣ пули нақди Аминҷоновро ҳамчун амволи манқул нишон доданд, аммо арзиши молу мулкро, ки дар рӯйхат омадааст, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» ва ҳам чораҳои таъмини баргардонидани қарзро мушаххас накардаанд.
5) Ҳамон рӯз — 15 октябри соли 2015 — санади нархгузории сехонагии мо дар маҳаллаи 34-и шаҳри Хуҷандро дар асоси шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ, аммо бе иштироки гаравдеҳ Марҳамат Шаидова 161 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуданд. Аммо дар ҳуҷҷатҳо Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии манзили истиқоматӣ рӯзи 19 октябри соли 2015 ба қайд гирифта шудааст. Тибқи моддаи 243 – и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 38, 39 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ҳуқуқи моликият ба молу мулки ғайриманқул аз лаҳзаи аз қайди давлатӣ гузаштанаш пайдо мешавад. Ҷолиб аст, ки масъулини бонк 15 октябри соли 2015 дар асоси кадом қонунгузорӣ ба Марҳамат Шаидова тааллуқ доштани манзили ба гарав мегузоштаро муайян намудаанд, дар ҳоле ки манзил 19 октябри соли 2015 аз қайди давлатӣ гузаштааст?
6) Созишномаи қарзӣ 30 октябри соли 2015 баста шуд. Дар он омадааст, ки миёни «Арванд» ва Марҳамат Шаидова шартномаи гарав баста шудааст. Онро эксперти қарзӣ Фирдавс Солиев ба имзо расонидааст. Дар асл шартномаи ипотека 31 октябри соли 2015 баста шуд. Суол ин аст, ки шартномаи гараве, ки ҳанӯз баста нашуда буд, чӣ тавр дар созишномаи қарзӣ рӯзи 30 октябри соли 2015 сабт шудааст?
Оё рӯзи 15 октябри соли 2015 масъулини бонк, ки санади нархгузории гарави амволи ғайриманқулро тартиб медоданд, медонистанд, ки рӯзи 19 октябри соли 2015 хонаи минбаъд ба гаравмемонда ва рӯзи 31 октябри соли 2015 шартномаи гарав баста мешавад?
Кормандони “Арванд” – и шаҳри Исфара, вақте ҳуҷҷатҳоро омода менамуданд, инро ҳам ба назар нагирифтанд, ки Раҳимҷон Аминҷонов аз «Бонки Эсхата» зиёда аз 29 ҳазор сомонӣ қарзи бонкӣ дошт. Ба бовари мо, онҳо дар ин бора ба хубӣ огаҳӣ доштанд, вале худро ба нодонӣ зада, саросемавор дар таҳияи мониторинги қарзӣ ба сохтакорӣ роҳ доданд.
Як нуктаи дигар. Прокуратураи шаҳри Исфара инчунин муайян кардааст, ки қарзи бонкӣ хилофи Тавсияҳо оид ба тартиб додани қарзи ипотекии манзил дар ташкилотҳои қарзӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 14 аз 30 январи соли 2014 тасдиқ шудааст, ба Р. Аминҷонов дода шудааст, яъне маблағи қарзи бонкӣ бояд ба суратҳисоби амонатии Р.Аминҷонов гузаронида мешуд. Ба дасти қарзгиранда додани маблағро дар ин маврид Бонки миллӣ қатъиян манъ кардааст.
Ҳамаи ин иштибоҳҳои оддӣ шояд аз он сабаб сар заданд, ки баъзе аз кормандони филиали «Арванд» дар шаҳри Исфара маълумоти олии нопурраи муҳандиси соҳаи хӯрокворӣ, маълумоти олии соҳаи технологӣ ва муҳандисии барқӣ доранд ва кори худро намефаҳманд? Ҷалби Шукурҷон Аминҷонов, бародари қарзгир Раҳимҷон Аминҷонов, ки табъан шахси манфиатдор ба шумор меояд, чӣ маъно дорад?
Муфаттиш Олимов
Ин ҳама амалҳои ғайриқонунии қарзгир Раҳимҷон Аминҷонов ва қарздиҳанда – кормандони “Арванд” – ро дида, зарур шуморидем, ки ба прокуратураи вилояти Суғд муроҷиат кунем. Дар ҳамин вақт, чун ман аз пардохти қарз даст кашидам, “Арванд” низ шояд ба таҳлука афтод, ки Раҳимҷон Аминҷонов ва гаравдеҳ Марҳамат Шаидова, модари маро моҳи декабри соли 2016 ба суд кашид. Мо барои расидан ба адолат роҳе ба ҷуз муроҷиат ба мақомот надоштем. Аз прокуратура талаб кардем, ки алайҳи Раҳимҷон Аминҷонов ва кормандони “Арванд” парвандаи ҷиноӣ боз кунад.
Прокуратураи шаҳри Исфара алайҳи Р.Аминҷонов парванда накушод, вале барои ғайриқонунӣ додани қарзи бонкӣ алайҳи кормандони масъули филиали бонки “Арванд” аз рӯи моддаи 265 – и Кодекси ҷинояти ҶТ – ғайриқонунӣ додани қарз — 10 марти соли 2017 парванда оғоз намуд. 11 марти 2017 мо дар ин бора хабар ёфтем, аммо ба мо нусхаи қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятиро бе ягон сабаб надоданд.
Тавре зикр кардам, дар ин давра аз суди шаҳри Хуҷанд парвандаи гражданӣ бо даъвои филиали ҶДММ ТАҚХ “Арванд” – и шаҳри Исфара ба ҷавобгарии Раҳимҷон Аминҷонов ва гаравдеҳ Марҳамат Шаидова баррасӣ мешуд. Даъво мешуд, ки қарзи бонкӣ бо фоизҳояш ба маблағи 122 446,76 сомонӣ аз Раҳимҷон Аминҷонов рӯёнда шавад, вале аз ҳисоби манзили багарав гузошташуда. Маълум буд, дар ин баҳси судӣ ҳамоно ҷонибе, ки зиён медид гаравдеҳ, яъне мо будем ва қарзгиру қарзгиранда фоида медиданд, на зиён.
Муҳтарам ҷанобон!
Акнун худатон бинед, ки кормандони тафтишоту суд чӣ як бозии бесобиқа ва пинҳониро бо мо карданд.
Азбаски парвандаи ҷиноӣ алайҳи кормандони бонк боз шуда буд, суд бояд баррасиҳояшро то ба охир расидани таҳқиқи он бозмедошт. Ба суд нусхаи қарори прокуратура бояд пешниҳод мешуд, аммо онро намедоданд. Рӯзи 6 апрели соли 2017 маслиҳатхонаи ҳуқуқии “Фариза” маҷбур шуд ба суди шаҳри Хуҷанд муроҷиат намояд, ки аз прокуратураи Исфара нусхаи қарорро талаб кунад. Прокурори шаҳри Исфара бо баҳонаи дар тафтишоти пешакӣ қарор доштани парванда нусхаи қарори боз кардани онро намедод. Мо хабар ёфтем, ки таҳқиқи парванда дар ихтиёри шӯъбаи корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара аст, ба сардори он муроҷиат кардем. 5 рӯз пас муфаттиш Фирдавс Олимов ҷавоби рад дод. Ин ҷавобро маслиҳатхонаи ҳуқуқии “Фариза” 3 май (!), яъне 15 рӯз баъд гирифт.
Ҳарчанд дар шаҳри Исфара парвандаи ҷиноятӣ таҳқиқ мешуд, Абрунисо Мирасилзода, судяи суди шаҳри Хуҷанд парвандаи гражданиро боз намедошт, баръакс, ба мурофиаҳои нав омодагӣ медид. Дида мешуд, ки мехост даъвои бонкро қонеъ кунад.
Дар ин миён мо аризаи муқобили даъво дар бораи бекор кардани шартномаи ипотекаро ба суд пешниҳод намудем ва барои исботи хилофи дастуру тавсияҳои Бонки миллӣ ва қонунгузории ҷумҳурӣ ба гарав гирифтани манзил дар шаҳри Хуҷанд далелу ваҷҳоямонро якояк манзур намудем.
Хилофи интизориҳо 10 майи соли 2017 муфаттиш Ф. Олимов бо баҳонаи он, ки мӯҳлати тафтишоти пешакӣ гӯё ба охир расида бошад, парвандаро ғайриқонунӣ боздошт. Инро дастак карда, суди шаҳри Хуҷанд чанд бор баррасии парвандаро таъин кард. Бубинед, то замоне, ки таҳқиқи парванда дар мақомоти тафтишотии шаҳри Исфара идома дошт, суд онро ба назар нагирифт, акнун ки онро боздошт, ба қавле, гӯё ҷонаш даромад. Инро чӣ гуфтан мумкин аст? Оё ин ҳама найрангбозиҳо пешакӣ маслиҳат шуда буданд?
Мо маҷбур шудем дар бораи ғайриқонунӣ будани қарори боздошти парванда ба прокурори вилоят шикоят нависем. 23 июни соли 2017 қарори муфаттиш барои ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шуд. Мо такроран 30 июн ба суди шаҳри Хуҷанд дар бораи боздоштани парванда дархост додем. Муфаттиши милитсия Фирдавс Олимов 23 июл бо баҳонаи муайян нашудани шахсоне, ки барои ғайриқонунӣ додани кредит ба Раҳимҷон Аминҷонов айбдор мешаванд (ҳоло ки онҳо маълум буданд!), парвандаи ҷиноятиро боз ҳам ғайриқонунӣ ва такроран боздошт, дар ҳоле, ки дар бораи гунаҳкор будани шахсоне, ки қарзи бонкӣ доданд, дар парванда маълумоти зарурӣ ҷамъоварӣ шуда буд.
Мо 7 август боз ба прокурори вилоят шикоят бурдем, ки 9 август ин шикоятро ба шаҳри Исфара барои санҷиш фиристод. Дар ин миён, 2 август, ба судя А. Мирасилзода дархости такрорӣ дар бораи боздоштани парванда додем ва ҳам тақозо кардем, ки қарори оғози парвандаи ҷиноятӣ аз 10 мартро нисбати корманди бонк талаб карда гирад.
Аммо ин қиссаи бозӣ бо мо гардишҳои нав ба нав мекард. 2 август судя А. Мирасилзода бо баҳонаи он, ки 23 июл тафтишоти пешакӣ боздошта шудааст ва ҳам ин, ки нисбати тарафҳо парванда оғоз нашуда бошад, бо маслиҳати Манзурахон Латифзода, муовини раиси суди вилояти Суғд дархости моро ғайриқонунӣ рад намуд. Санаи 11 август нисбати ин таъинот шикояти хусусӣ бурдем ва суди шаҳри Хуҷанд баъди гузашти зиёда аз як моҳ (15 сентябр соли 2017) онро барои баррасӣ ба суди вилоят фиристод. Баррасии шикояти хусусӣ рӯзи 3 октябр таъин шуда буд, аммо М. Латифзода 2 октябр бо баҳонаи он, ки аз болои таъинот шикоят карда намешавад, парвандаро бо маводи шикоятӣ ба суди шаҳри Хуҷанд баргардондааст. Инчунин мо хабар ёфтем, ки моро огоҳ накарда, ба кормандони суд маълум кардаанд, ки 28 сентябр парвандаи ҷиноятӣ қатъ шудааст ва бехавотир онро баррасӣ кардан гиранд.
Ҳамон муфаттиш Ф. Олимов 28 сентябр бо баҳонаи он, ки Раҳимҷон Аминҷонов барои ғайриқонунӣ гирифтани кредити бонкӣ иқрор шудааст, парвандаи ҷиноятиро алайҳи кормандони бонк қатъ мекунад. Тавре ба мо маълум шуд, 27 сентябр муфаттиш Раҳимҷон Аминҷоновро бо қисми 2, моддаи 264 – и Кодекси ҷиноии ҶТ – барои ғайриқонунӣ гирифтани қарз муттаҳам карда, ба парвандаи ҷиноии кормандони бонк, ки бо моддаи 265 – и Кодекси мазкур – барои ғайриқонунӣ додани қарзи бонкӣ муттаҳам мешуданд, ҳамроҳ мекунад. Ҷолиб аст, ки муфаттиш Ф.Олимов чаро ин корро ҳанӯз 10 марти соли 2017 накарда буд? Магар ӯ нав хатояшро фаҳмид?
Рӯзи дигар – 28 сентябр — Р. Аминҷонов бо қисми 2 – и моддаи 264 КҶ ҶТ айбдор дониста мешавад. Аҷобат дар он аст, ки худи ҳамон рӯз муфаттиши милитсия Фирдавс Олимов бо баҳонаи татбиқ намудани Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” парвандаи ҷиноятиро қатъ намудааст! Яъне Аминҷоновро, ки қарзи бонкиро умуман рӯйпӯш накардааст, авф кардааст…
Аҷобати дигар дар он аст, ки нусхаи қарори мазкур ба суди шаҳри Хуҷанду суди вилояти Суғд ҳамон замон манзур шудааст. Чаққониро бинед, ҳамин ки илоҷи корашонро ёфтанд, акнун гӯё роҳи қонуниро пеш гирифтанд. Чаро Ф. Олимов қарори парвандаи ҷиноиро аз 10 март ба суд нафиристод? Мешудааст ку!
Банда аз ин қарори муфаттиш ба прокурори вилояти Суғд шикоят навиштам. Рӯзи 11 октябри соли 2017 қарори қаблан баровардаи муфаттиш Ф. Олимов бо қарори ёрдамчии калони прокурори шаҳри Исфара Саъдизода А. С., бекор ва ба тафтишоти иловагӣ ба мақомоти милитсия баргардонида шуд.
20 октябр ба Абрунисо Мирасилзода, судяи суди шаҳри Хуҷанд мо дархост пешниҳод намуда, нусхаи ҳамаи қарорҳои бекору оғозшударо пешниҳод кардем ва боздоштани баррасии парвандаро пурсидем. Судя 10 ноябр, рӯзи эълони ҳалнома, бинобар гуё пешниҳод нашудани далелҳои боэътимод дархостро рад ва парвандаро худи ҳамон рӯз ба охир расонида, ҳалномаро эълон намуд. Ҳамин тавр, суди шаҳри Хуҷанд ба мақсад расид: даъвои “Арванд” – ро қонеъ кард.
Мо танҳо рӯзи 21 декабр матни пурраи ҳалномаи судиро гирифтем ва нисбати он ба суди вилояти Суғд 27 декабр шикояти кассатсионӣ навиштем. Дар як вақт ба прокурори вилоят дар бораи ғайриқонунӣ қатъ шудани парвандаи ҷиноятӣ боз шикоят бурдем, фаҳмидем, ки рӯзи 1 ноябри соли 2017 муфаттиш Ф. Олимов тафтишоти пешакиро ғайриқонунӣ боздошта будааст.
“Шодиева Марҳолат”
11 январи соли 2018 қарори рӯзи 1 ноябри соли 2017 қабулшуда ба ин далел, ки бармаҳал ва ғайриқонунӣ аст, бекор ва ба тафтиши иловагӣ баргардонда шуд. Ин қарорро прокурори вилоят қабул кард. Муфаттиш Ф. Олимов ҳам кам наомад. Дар асоси хулосаи экпертизаи хатшиносии давлатӣ аз 29 январи соли 2018 парвандаи ҷиноятӣ алайҳи кормандони бонк ва Раҳимҷон Аминҷоновро умуман қатъ кард. Албатта, боз бо ҳамон услуби хоси худаш – хаппу дам ва пинҳонӣ. Мо аз он моҳи марти соли 2018 аз суди шаҳри Хуҷанд хабар ёфтем. Бубинед, тақдири моро ҳал мекунад, аммо моро дар ҷараён намегузорад. Оё ин кори муфаттиш қонунӣ аст? Хеле дар тааҷҷубем, ки ӯ ҳамчунин як қудратро дорад ва аз ҳама ҷолиб аз куҷо? Оё ин сӯистифода аз мақоме, ки давлат ба ӯ додааст, нест?
Чизи ҷолиб ин аст, ки ин дафъа муфаттиш Ф. Олимов як роҳи хеле ҷолиби қатъи парвандаро ихтироъ кардааст. Асоси кори ӯ ташхиси судӣ-хатшиносӣ ва хулосаи экспертони судӣ-криминалистии ШТК РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд капитани милитсия Усмонов М. М., ва Ёров Ҳ. А., аз 22 январи соли 2018 шудааст, ки пур аз иштибоҳҳои усуливу ҳатто имлоӣ аст. Масалан, ба ҷои Марҳамат Шаидова номи дигар кас — “Шодиева Марҳолат” навиштаанд. Ё хилофи талаботи қисми 5, моддаи 208 – и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ муфаттиш Ф.Олимов аз қарораш дар бораи таъин намудани экспертизаи судӣ-хатшиносӣ то фиристонидани он ба шӯъбаи ташхиси (эксперти) криминалистии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Марҳамат Шаидоваро огоҳ накардааст. Боз бо ҳамон усули кораш – пинҳонӣ ва хаппу дам. Ӯ танҳо пас аз тайёр шудани хулосаи ташхиси судӣ Шаидоваро даъват карда, дар протоколи шиносшавӣ бо хулосаи ташхиси судӣ имзо хост. Яъне аз ӯ ҳаққи эътирозашро гирифт ва ба озодии як шаҳрванди кишвар беэҳтиромӣ кард. Ӯ ҳатто нусхаи натиҷаи экспертизаро надод. Ихтисоси коршиносон Усмонов М.М., ва Ёров Ҳ.А., дар санад зикр нашудааст. Аз ҳама ҷолиб, коршиносон чӣ тавр муайян кардаанд, ки “Шодиева Марҳолат” ва Марҳамат Шаидова як одам ҳастанд ва дар санади нархгузории гарави амволи ғайриманқул аз 15 октябри соли 2015 кӣ имзо гузоштааст: Шодиеваи муфаттиш Олимов ё Шаидоваи воқеӣ? Агар он имзои Шаидова аст, пас чаро номаш дар хулосаи экспертиза нест?
Хулоса, ҳар қадар ки муфаттиш мехоҳад аз як дурӯғ як рост дуруст кунад, ҳамон қадар ба дурӯғҳои дигар мепечад. Ҳамин гузаронидан ва омода намудани хулосаи ташхиси судӣ-хатшиносӣ, ки бидуни талаботи қонунгузории амалкунанда иҷро шудааст ва маълум нест, ки оё коршиносон донишҳои махсус ва дар таҳқиқи масъалаҳои гузошташуда салоҳият доранд ё не, инро собит мекунад. Дар хулосаи ташхиси судӣ гуфта мешавад, ки дар таҳқиқ заррабини тамғаи МБС – 10 — 1 истифода шудааст, чизе, ки ҳоло истеҳсол нашудаасту дар амалу таҷрибаи гузаронидани ташхиси судӣ истифода намешавад!
Бо ҳамин далелҳои сохтаву бофта ва ғайриқонунӣ муфаттиш Ф.Олимов парвандаро нисбати кормандони бонк, ки гуё қаблан бо моддаи 264 – и КҶ ҶТ — барои ғайриқонунӣ гирифтани кредит — оғоз шуда бошад, бинобар дар кирдорашон набудани аломатҳои таркиби ҷиноят барои гирифтани қарзи бонкӣ парвандаи ҷиноятиро рӯзи 31 январи соли 2018 боз қатъ ва онҳоро аз ҷавобгарӣ озод намудааст.
14 март аз ин корҳои ғайриқонунии муфаттиш боз ба прокурори вилоят шикоят бурдем. Қариб чор моҳ натиҷаи баррасии ин шикоят маълум набуд. Санаи 10 июли соли 2018 ба прокурори шаҳри Исфара муроҷиат кардем. Маълум шуд, ки ҳанӯз 2 апрели соли 2018 қарори муфаттиш Ф.Олимов бекор ва парванда барои тафтишоти иловагӣ бори дигар пешниҳод шуда будааст. Аммо ин дафъа ҳам аз додани нусхаи қарор саркашӣ карданд.
Суди манфиатдор ё…?
Дар ин байн шикоятамонро марҳилаи кассатсионии суди вилояти Суғд бо роҳбарии боз ҳам муовини раиси суди вилоят Манзурахон Латифзода 17 апрели соли 2018, яъне баъди зиёда аз 3 моҳ пешниҳод шудани он, бе иштирок ва даъватамон ба суди вилоят баррасӣ намуда, ҳалномаи судиро бетағйир ва шикоят беқаноат мононида шудааст, ки дар ин бора охирҳои моҳи майи ҳамин сол бохабар шудем, аммо боз ҳам ба мо нусхаи қарорро надода, пинҳон медоштанд.
Баъди давутозҳо ва сарсониҳои хело зиёд маҷбур шудем 1 июн ба раиси суди вилоят Бахтиёр Оқилзода ариза нависем. 12 июн нусхаи қарори коллегияи судиро ноилоҷ ба мо доданд.
Маълум шуд, ки суди вилоят ҳолатҳои кор ва далелҳои шикоятамонро насанҷида, ҳарф ба ҳарф ва бетағйир ҳалномаи суди шаҳри Хуҷандро дар қарораш рӯйбардор намудаасту халос, ҳатто тибқи қонунгузории мурофиавии гражданӣ (м. 355 КМГ ҶТ) ваҷҳу далелҳои шикоятамро насанҷида рӯякӣ хулоса ва санаду амалҳои ғайриқонунии судя А. Мирасилзодаро пинҳон намуданд.
Маълум аст, ки тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ алайҳи кормандони масъули бонк барои ғайриқонунӣ додани кредит ва Р. Аминҷонов барои ғайриқонунӣ гирифтани қарзи бонкӣ идома дорад, аммо суди шаҳри Хуҷанд ва ҳам суди вилояти Суғд мекӯшанд тавассути судиҷрочӣ Ш. Тошпӯлотов манзили ба гаравгузоштаро гиранд, ки ин хилофи Қонуни ҶТ “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” аст. Магар суд ягон манфиат дорад?
Ҷанобони муҳтарам!
Боварӣ дорам, Шумо аз он чӣ бо мо гузашт ва кирдорҳои ғайриқонунии парвандаҳои марбут ба кори моро дуруст фаҳмидед. Умедворам ба он расидагӣ мекунед ва Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи бекор кардан ва боз доштани Иҷозатномаи фаъолияти филиали ҶДММ ТАҚХ “Арванд” дар шаҳри Исфараро дида мебарояд. Зеро эҳтимол масъулони филиали бонки мазкур бо додани кредити ғайриқонунӣ ба мисли мо, боз чанд нафар шаҳрвандонро сарсону саргардон ва хонахароб карда бошад.
Ман, ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон, барқарор кардани адолатро мехоҳам. Банда некии ба як дӯстам кардаамро ҷуброн мекунам, аммо мехоҳам кормандони бонк, муфаттиш ва суд ҳам ба кирдорҳои ғайриқонунии худ ҷавоб гардонанд. Воқеан, вақте онҳо муттаҳид мешудаанд, адолат ҳам намешавад ва як найранги бузург халқ мешудааст…
Абдуазиз Ахмедов,
сокини шаҳри Хуҷанд