Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмон Юсуф,
Ба Прокурори вилояти Суғд, муҳтарам Воҳидов Ҳабибулло
Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки санаи 16-уми ноябри соли 2019 кормандони ШВКД-и шаҳри Истиқлол ба 2 гуруҳ тақсим шуда, дар дохили Бозори марказии шаҳри Истиқлол бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба гузаронидани санҷиш машғул шуданд. Ман ба кори онҳо ягон дахолат накардаам, аммо бо супориши роҳбарияти ҷамъият ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ороиши бозор, Парчам, нишон ва ҷойҳои заруриро ба акс бардоштан машғул шудам. Ногаҳон кормандони милитсия ба назди ман омада, гуфтанд: «Барои чӣ ту моро расм мегирӣ?». Ҳол он ки, ман онҳоро акс набардошта будам, балки аз паси иҷроиши супориши роҳбарияти бозор будам. Дар ин асно, корманди шуъбаи кофтукови ҷиноятии ШВКД-и шаҳри Истиқлол, ки номаш Кишвар будааст ва корманди шуъбаи минтақавии ШВКД, ки ӯро Беҳзод ном бурданд, маро таҳдид карда ва суханҳои қабеҳ гуфтанд. Ягон айбамро эълон накарда, Кишвар ва Беҳзод маро хеле муштзанӣ намуданд. Дар ҳамон лаҳза ман аз дасти онҳо гурехта ба берун баромадам, ки рафтори ғайриқонунии онҳо дар камераи назоратии бозор сабт гардад ва деҳқононе, ки дар назди бозор савдо карда истода буданд, бинанд, ки чи тавр кормандони милитсия маро латукӯб карда истодаанд. Дар беруни бозор сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии ШВКД-и шаҳри Истиқлол ва якчанд нафар кормандони дигари милитсия бо либоси гражданӣ латукӯби маро тамошо карда истода буданд. Барои он ки латукӯби маро мардум набинанд, ману назоратчӣ Ҷӯраев Ихтиёрро бо зӯрӣ ба идораи бозор дароварда, боз латукӯб намуданд. Ба сари Ҷӯраев Ихтиёр бо ҳисобкунаки идора зада, ҳисобкунакро шикастанд. Ман бошам, аз зарбаи пайдарҳами онҳо худамро хеле бад ҳис кардам, фишори хунам баланд шуд, ба болои ҳамаи ин касалии қандам боло баромад. Аз онҳо хоҳиш кардам, ки ёрии таъҷилиро даъват намоянд, онҳо рад карданд. Сипас, ман ба раиси ҶДММ «Бозори марказии Истиқлол» Ҷӯраев Бақоҷон занг зада, ҳолати корро фаҳмонида гуфтам, ки оҷилан мошини ёрии таъҷилиро ҷеғ зананд ва фавран ба идора биёянд. Муовини сардори ШВКД-и шаҳри Истиқлол Қосимзода, Кишвар ва Беҳзод аз мо талаб карданд, ки ҳамаи сабтҳои камераи назоратии бозорро, ки дар он ҳамаи воқеаҳо, яъне латукӯби мо дар берун сабт шуда буд, тоза кунем. Мо гуфтем, ки мутахассиси соҳа нестем, бинобар ин, сабтҳоро тоза карда наметавонем.
Сипас, чор — панҷ милитсияи ШВКД-и шаҳри Истиқлол моро зӯран ва бо муштзанӣ аз идора берун бароварда, маҷбуран ба мошини сабукрави “Опел Хачбек”, рақами давлатиаш 6222ВВ 02 савор карданд. Нимтанаамро аз танам кашида, аз дарунаш калиди сейфу кабинети кориро гирифтанд. Дар набудани мо 3-4 нафари дигари кормандони милитсия дар идора монда, бо калиди тасарруфкардаашон дари кабинету сейфро кушода, базаи камераи назоратӣ бо блокпитаниашро канда гирифтаанд. Кормандони милитсия инчунин аз даруни сейф 50500 (панҷоҳ ҳазору панҷсад) сомониро гирифтаанд.
Дар роҳ ману Ихтиёрро кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ Кишвар ва Беҳзод зада, ба ронанда масхараомезона гуфтанд, ки “ин дастгиршудагон ба мо муқобилият карда, моро заданд”. Кишвар ва Беҳзод сипас ба мо таҳдид карда, гуфтанд, ки “15 сол маҳкам мекунем, аз ин ҷо дигар намебароед”.
Ҳамин тавр, моро ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурда, дар баромадани зинапояи дуввум хеле муштзанӣ карданд. Кишвар ба мо гуфт, ки “шуморо ба ҳуҷраи “отработка” дароварда, “накалени” мемонам”. Дар ин асно ман аз дасти Кишвар як бало карда гурехта ба кабинети сардори ШВКД-и шаҳри Истиқлол даромадам. Пас аз фаҳмонидани воқеа назоратчии «Бозори марказии Истиқлол» Ҷӯраев Ихтиёрро ҳам даъват карданд. Ҳангоми дар назди сардори ШВКД буданамон, ҳамон Кишвар ба мо боз таҳдид карда, бо суханҳои қабеҳ дар ҳаққи мову роҳбарамон дашномҳои болохонадор фиристод. Сипас, ман ба сардори ШВКД рӯ оварда гуфтам, ки “дидед сардор, кормандонатон дар назди худи Шумо ба мо таҳдид карда истодаанд”. Аммо сардор масхараомез ба зердастонаш назар карда, гуфт: “Оё Шумо шунидед?”. Зердастонаш бо як овоз “не” гуфтанд. Дар ин асно, назоратчии «Бозори марказии Истиқлол» Ҷӯраев Ихтиёр ба сардор муроҷиат карда гуфт, ки “дари идораи бозор кушода аст. Ба ман иҷозат диҳед, ки дарро маҳкам карда биёям, сипас суҳбатро давом диҳем. Сардори ШВКД иҷозат дод. Ихтиёр бо ҳамон Кишвар аз ШВКД берун шуда, сӯи бозор рафтанд.
Дар ин асно ман аз сардори ШВКД илтимосу илтиҷо кардам, ки мошини ёрии таъҷилиро даъват кунед, чунки фишори хунам баланд шуда, худро хеле баъд ҳис мекардам. Сардори ШВКД мошини ёрии таъҷилиро бо тариқи телефон даъват намуд. Баъди 10-15 дақиқа ҳамшираи тиббӣ омада, фишори хунамро чен карда, 180 ба 130 гуфт, сӯзандору гузаронидан мехост, ман рад кардам, гуфтам, ки аллергия дорам, сипас ҳамшира ба ман дору дод.
Баъд аз гузашти чанд вақт, сардори ШВКД-и шаҳри Истиқлол Кишварро ба наздаш даъват намуд ва аз ман бахшиш пурсид ва Ихтиёрро аз утоқи кории Кишвар берун бароварда, ба мо гуфт: “Ба шумоён ҷавоб”.
Ҳангоми аз долони ШВКД ба поён фаромадан Ихтиёр ба ман дар назди онҳо гуфт, ки дари сейфи идора кушода, тамоми анҷоми кабинет бетартиб ба ҳарҷо партофта шуда, базаи камераи назоратӣ ҳамроҳи блокпитанияш нест. Мо дигар чизе нагуфта, бо ҳамин ба поён фаромадем.
Сипас Кишвар бо мошини сардори ШВКД ману Ихтиёрро ба назди идораи бозор оварда, фаровард. Ману Ихтиёр ба идора даромадем.
Дар ҳақиқат дар идора ҳама анҷом бетартибона ба ҳар куҷо партофта шуда буд. Дари сейф кушода, ҳуҷҷатҳои идора дар замин мехобиданд. Базаи камераи назоратӣ бо блокпитаниаш низ набуд.
Дар вақти кашокашӣ бо кормандони милитсия, ман телефонамро ба поёни мизи корӣ монда будам. Он ҳам дар ҷояш набуд. Ман ба Ихтиёр гуфтам, ки ба телефонам занг занад. Лекин телефонам хомӯш буд. Дар ҳамин вақт, Кишвар омада телефонамро доду расмҳоро “удалит” кун гуфт. Ман рад кардам, ӯ аз дастам кашола карду расмҳоро аз телефон удалит кард ва гуфт, ки ба ҳуҷраи кории нозири минтақавӣ ҳозир шаветон ва бо ҳамин аз дари идора берун шуд. Калиди сейфро дар кисаи нимтанаам монда будам, лекин онро аз рӯи мизи корӣ дарёфт намудам. Дар даруни сейф бошад, 50500 (панҷоҳ ҳазору панҷсад) сомонӣ, ки 50 ҳазор сомониаш барои сохтмонҳои дӯконҳои гӯшт аз тарафи муассиса дода шуда буд ва 500 сомониаш чиниши яквақтаи бозорро ташкил медод, дар дохили сейф ҳамаи ин маблағҳо набуданд. Ману Ихтиёр ба назди Кишвар ба ҳуҷраи нозири минтақавӣ рафтем. Кишвар ба ҳардуямон коғази сафедро дода гуфт, ки мо бояд дар он нависем, ки аз кормандони милитсия ягон даъво надорем. Мо бошем, рад карда, баромада рафтем.
Аз ин лиҳоз, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба рафтори ғайриқонунии кормандони милитсияи ШВКД-и шаҳри Истиқлол баҳои ҳуқуқӣ дода, мутобиқи қонунҳои амалкунандаи кишвар гунаҳкоронро ба курсии айбдорӣ шинонда, зарари расонидаи онҳоро ба ҶДММ «Бозори марказии Истиқлол» барқарор намоед, то ҳақ ба ҳақдор бирасад.
Кормандони милитсияи ШВКД-и шаҳри Истиқолол бо ману Ихтиёр ҳамчун бо як ҷинояткор муносибат намуданд. Оё кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳақ доранд, ки беасос моро латукӯб намуда, воситаҳои пуливу молии ҶДММ «Бозори марказии Истиқлол»-ро тасарруф намоянд?
Аз Шумо илтиҷову хоҳиш менамоем, ки муроҷиатномаи моро ба Прокуратураи шаҳри Истиқлол нафиристонед, чунки ба Прокуратураи шаҳри Истиқлол бовар надорем.
Бобобев Саидҷон Шарипович,
истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ 43, ҳуҷраи 57, собиқадори Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон аз соли 1994, иштирокчии сохти Конститутсионии Тоҷиикистон, корманди ҶДММ «Бозори марказии Истиқлол»