Ясмина шаш сол дорад. Хеле духтараки шӯху гапдон аст. Ӯ мехоҳад ба мактаб равад, аммо, мутаассифона, маъюби модарзод асту мустақилона роҳ рафта наметавонад.
Модари Ясмина — Фарангис Кӯчова ҳафтаи гузашта ба идораи ҳафтанома омада буд ва аз вазъи бади иқтисодию иҷтимоияшон, ки бо модари маъюб доранд, бо ашки бари рухсор қисса кард. Номбурда гуфт, ӯ соли 1990 дар оилае ба дунё омадааст, ки волидайн маъюби модарзоданд. Онҳо на гап зада метавонанду на мешунаванд. Ба қавли мардум, кару гунг ҳастанд. Фарангис бо ишора ба бузургии Худованд мегӯяд, ӯ се бародари аз худ калон ҳам дорад, ки комилан солиманду соҳиби хонаву дар ва зиндагии алоҳида ҳастанд, вале ягон нафарашон, бо баҳонаи вазнинии рӯзгорашон, ба модар дасти ёрию кӯмак дароз намекунанд.
— Мо дар маҳаллаи «Ҳаёти нав», кӯчаи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев, гузаргоҳи 1-ум зиндагӣ мекунем. Боми хонаамон то ҳадде фарсудааст, ки ҳангоми боронгарӣ мечакад. Касе аз бародарон ба додамон намерасад. Солҳои кӯдакӣ, вақте ки бо бибиямон мезистем, ҳавлиямон калон буд. Ман бо бародари калониям Рақибов Маҳмадалӣ, ки айни ҳол тариқи суд як қисми ҳавлии модарамро гирифту аз байн девор бардошта, хонаашро ҷудо кардааст, падарҷудо ҳастем, яъне ӯ аз шавҳари қаблии модарам мебошад. Замони зинда будани бибиям ӯ ҳавлиро қисм-қисм карда, ба одамони бегона фурӯхт ва акнун дар ҳавлиямон ҷои бозии кӯдакон ҳам вуҷуд надорад. Ӯ, ки дар тарбияи бибиям калон шуд, ҳеҷ гоҳ ба модарам меҳр надошт ва ҳоло ҳам ба ягон кори модарам кӯмак намекунад. Аз бародари дигарам Рустам Кӯчов, ки каме поёнтар зиндагӣ мекунад, ҳоҷати гап ҳам нест. Агар модарам набераҳояшро ёд кунаду ҳоҳад ба дидорбинияшон равад, онҳо дарвозаро ба рӯяш намекушояд. Суҳроб Кӯчов, бародари аз ҳама хурдӣ бошад, бо падар дар маҳаллаи 102-юм зиндагонӣ мекунад. Ӯ дар ширкати «Рахш» — «33-33» таксиронӣ мекунад,- гуфт Фарангис Кӯчова.
Шикояти хоҳар аз бародарон дар ҳолест, ки Маҳмадалӣ Рақибов ин ҳама иттиҳомотро рад карда, мегӯяд, ки ба мардикорӣ машғул аст ва то қадри имкон ба модар ёрӣ мерасонад.
— Шароитам вазнин аст. Аз пули барқу коммуналӣ қарздорам. Саломатиам хуб нест, нури чашмам кам шудааст. Чор фарзанди хурдсол дорам, ки сетояш мактабхонанд. Мардикорӣ мекунам, то қадри имкон ба модарам кӯмак мерасонам,- мегӯяд Маҳмадалӣ.
Ба гуфтаи Фарангис Кӯчова, ӯ феълан 29 сол дорад ва ҳамагӣ сесола буд, ки падараш оиларо тарк кард. Ӯро ба хона-интернат дар маҳаллаи 82-юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доданд ва тӯли се сол он ҷо иқомат дошт. Баъдан ӯро бибияш, барои он ки дар интернат азоб накашад, ба тарбияи худ гирифтааст. Ӯ мегӯяд, солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ бо сабабҳои маълум мактабро то синфи шаш хондааст ва маълумоти миёна ҳам надорад.
— Соли 2011-ум маро ба як ҷавоне аз ноҳияи Ҳамадонӣ, ки дар маҳаллаамон иҷоранишин буд, ба шавҳар доданд. Ҷавонро нағз намешинохтам. Маро ба хонаи падарии шавҳарам келин карда бурданд. Ҳаёти якҷояи мо дер напоид. Аз рӯзҳои аввали зиндагӣ муносибати хушдоман ва хоҳарони шавҳарам бо ман хуб набуд. Онҳо ҳар замон дар назди ман ба шавҳарам аз маъюбии падару модарам ёдовар шуда, ӯро маҷбур мекарданд, ки ҷавобамро диҳад. Онҳо мегуфтанд, ки фарзандони шумо низ гунгу кар ба дунё меоянд. Ман бо азоби зиёд 4-5 моҳ тоқат кардам. Дар ин миён шавҳарам ду маротиба маро ба хонаи модарам оварда партофт, вале бо нияти зиндагии хуб дар оянда, бибиям маро боз ба он хона бармегардонд. Ҳамин тавр, баъди он ки бори сеюм шавҳарам маро ба хонаамон овард, дигар ман баргаштан нахостам ва бибиям ҳам маро набурд. Мо ақди никоҳи расмӣ надоштем. Бародаронам барои ҷиҳози арӯсиям рафтанд, вале хонаводаи шавҳарам онро надоданд. Дигар мо суроғ накардем. Ҳатто барои рӯёнидани алимент ҳам ба суд муроҷиат накардем,- ба ёд меорад лаҳзаҳои талхи зиндагиро Фарангис.
Ба гуфтаи номбурда, пас аз таваллуд 6 сол мешавад, ки Ясмина падарашро надидааст ва гоҳ-гоҳе мепурсад, ки «оча, дадам канӣ?».
Фарангис Кӯчова дар ҳоле, ки аз хурсандӣ дар кӯртааш намеғунҷид, бо хушҳолӣ мегӯяд, ба қабули вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа рафтааст. Вазир пас аз шунидани арзи ӯ ба масъулин супориш додааст, ки фавран барои табобати Ясмина дар бемористони «Шаҳраки шифобахш» чора андешанд. Инак, Ясминаи хурдакак дар шуъбаи ҷарроҳии бачагонаи ин дармонгоҳ бистарӣ аст ва ҷарроҳию табобаташ ҳам ройгон сурат мегирад.
— Ман аз вазири муҳтарами тандурустӣ Олимзода аз замин то осмон миннатдорам, ки барои табобати духтараки ягонаам дасти ёрӣ дароз намуданд. Боварӣ дорам, ки аввалан бо хости Худованд ва баъдан бо кӯмаки кормандони ин бемористон роҳгардон мешаваду соли янда ба мактаб хоҳад рафт,- аз хушҳолӣ меболад Фарангис.
Табибон муайян кардаанд, ки Ясмина дар тифлӣ фалаҷи майнаи сарро гузаронидааст. Ба гуфтаи онҳо, фалаҷи майнаи сарро дар Ясмина ва дар тифлони монанд ба ӯ модарзодӣ гуфтан мумкин нест. Чунин беморӣ се марҳила дорад: Дар батни модар, ҳангоми таваллуд ва баъди он.
Табиби ҷарроҳи шуъбаи бачагонаи бинои 4-уми «Шаҳраки шифобахш» Бахтиёр Шерматов, ки айни замон Ясмина зери назорати ӯ қарор дорад, мегӯяд, ки таҷрибаи 25-солаи корӣ дорад ва тӯли ин муддат кӯдакони зиёди чунин беморӣ доштаро табобат ва волидонашонро хурсанд кардааст.
— Чунин ҷарроҳиҳо дар кишвар ҳамон тавре гузаронида мешаванд, ки дар хориҷа гузаронида мешаванд. Барои ин ҳама таҷҳизоти тиббии замонавӣ ва мутахассисони хубу ботаҷрибаи ватанӣ ҳастанд. Ман дар ИМА таҷрибаомӯзӣ кардаам. Шаҳрвандони мо бехабар аз он, ки мутахассони хуби соҳа дар ватан ҳастанд, ба хориҷа мераванд ва маблағҳои зиёд масраф мекунанд. Мо тайёрем ҳама корафтодагонро дастгирӣ кунем ва ба беморон хизмати беғаразонаи худро дар сатҳи олӣ расонем,- гуфт табиби тоҷик Бахтиёр Шерматов.
Нарзулло Ҳоҷимуродов, навраси 13-сола, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аст. Бо ӯ ва падараш дар шуъбаи ҷарроҳии бачагона дар ҳоле ҳамсуҳбат шудем, ки бо гузашти чор моҳ аз ҷарроҳӣ барои миннатдорӣ ба назди табиб омадаанд.
— Зиёда аз 11 сол азоб доштам, бо нӯги пой роҳ мегаштам. Туфлиҳоям тез-тез медариданд. Падарам маро ба Душанбе ба назди духтур Шерматов овард. Он кас маро ҷарроҳӣ карданд ва тавре ки мебинед, акнун роҳгардиям хеле беҳтар шудааст. Ман аз табиби ҳозиқу соҳибкасб Бахтиёр Шерматов хеле миннадорам,- гуфт хушҳолона Нарзулло.
Шаҳлои СОДИҚЗОДА
P. S. Хонандаи гиромӣ, замоне, ки матлаб омода мешуд, модари Ясмина ба мо занг заду хабар дод, ки ваъдаи ҷарроҳии духтаракашро дар рӯзҳои наздик гирифтаанд. Ӯ аз сокинони хайрхоҳи Тоҷикистон умеди дуо ва дасти хайр дорад. Бо умед ба он, ки шаҳрвандони саховатманду хайрхоҳ дар кишвар кам нестанд, суратҳисоберо, ки модар дар бонк кушодааст, ба нашр мерасонем. Фарангис барои табобати ояндаи фарзандаш кӯмак мехоҳад, зеро Ясмина ҳамагӣ 270 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегираду модар ба хотири нигоҳубини ӯ ҷое кор карда наметавонад. Суратҳисоби муштарӣ чунин аст:
Бо сомонӣ:
ҶСП «Спитамен Бонк»
БИК350101808, ҳ/м №20402972418081
Кучова Фарангиз Бекмуродовна
20216972080800009615
Бо доллари ИМА:
CJSC Spitamen Bank
Кучова Фарангиз Бекмуродовна
20218840280800006551