Шахсони бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна умр ба сар мебаранд?

 Қиссаи зане, ки ба тоҷик ба шавҳар баромад ва аллакай 30 сол боз бидуни шаҳрвандӣ зиндагӣ мекунад

Давлатеро бо аҳолии 10 миллион нафар тасаввур кунед, ки ҳеҷ гуна дар харитаи ҷаҳон қайд карда нашудааст, гӯё ки он вуҷуд надорад. Имрӯз ҳамин миқдор одам дар тамоми ҷаҳон вуҷуд доранд, ки берун аз майдони ҳуқуқӣ, дар ҳолати «бешаҳрвандӣ» қарор доранд. Онҳо дар ҳаёти воқеӣ вуҷуд доранд, вале аз ҷониби ҳеҷ давлате эътироф нашудаанд; шахсони бешаҳрвандӣ ҳамчун «одамони ноаён» аксари вақтҳо дар канораи ҷомеа, дар байни одамони аз ҳама камбизоат, осебпазир қарор мегиранд ва ҳар рӯз бо табъиз ва поймолшавии ҳуқуқ ва озодиҳои худ рӯ ба рӯ мешаванд. Бешаҳрвандӣ мумкин аст аз насл ба насл, аз волидайн ба фарзандон интиқол шавад ва душвориҳои бештарро барои баромадан аз вакууми ҳуқуқӣ эҷод менамояд.

“19 сол мешавад, ки ман ҳуҷҷат надорам ва наметавонам ба Ӯзбекистон сафар кунам ва бародару хоҳарони худро бубинам, ба хонаи падариам равам. Дар давоми ин муддат бародари ман мурд ва баъд аз ӯ модарам аз дунё гузашт, вале ман натавонистам дар маросими хоксупории онҳо иштирок кунам…”,- сухани худро қатъ мекунад Зайнаб ва ашкҳои чашмони худро бо гӯшаи рӯймолаш пок менамояд. Ба хотири ҳис кардани дарди асосии ин зан равоншинос будан зарур нест.

Сокини вилояти Сурхондарёи РСС Ӯзбекистон, зани 46-сола Зайнаб дар соли 1992 шавҳар кард ва ба хонаи шавҳар дар деҳаи ноҳияи наздисарҳадии Турсунзодаи Тоҷикистон кӯчида омад. Он замон Зайнаб дар давоми ним соат пойи пиёда то хонаи падар мерафт, вале бо мурури замон вазъияти ҳуқуқии ӯ барои ӯ монеаи бартарафнашаванда ҷиҳати нигоҳдории робитаҳои хешовандӣ дар Ӯзбекистон шуд.

Чунин қиссаҳо дар Тоҷикистон кам нестанд. Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, издивоҷҳои байни миллатҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, аломатгузории марзҳо, коллизияҳо (номувофиқатиҳо) дар қонунгузории кишварҳои ҳамсоя — ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ — падидаи бешаҳрвандӣ, яъне ҳолатеро эҷод карданд, ки ҳеҷ як давлат инсонро шаҳрванди худ ҳисоб намекунад. Миқёси воқеии бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон то ҳанӯз омӯхта нашудааст, вале ташаббусҳои муштараки Ҳукумат ва Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо аз васеъ паҳн шудани масъала дар кишвар гувоҳӣ медиҳад.

“Дар соли 2000-ум паспорти шӯравии худро ба паспорти шаҳрванди Ӯзбекистон иваз кардам ва ҳамзамон аз қайди Ӯзбекистон бо мақсади қайд гузоштан барои иқомати доимӣ дар Тоҷикистон хориҷ кардам. Худи ҳамин сол ҳангоми гузаштан аз сарҳад ман паспортамро гум кардам ва кӯшишҳои хешовандон барои барқарор кардани паспорти ман дар Ӯзбекистон ноком монданд, чун ман аз қайд хориҷ будам ва дигар сокини ватан ҳисоб намешудам”,- нақл мекунад Зайнаб. Ҳамин тавр, зан дар доми ҳуқуқии ду давлат гирифтор шудааст.

Мувофиқи маълумоти Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо, дар байни шахсони бешаҳрвандӣ дорандагони паспортҳои СССР, шахсони дорои шаҳодатномаи таваллуди дар замони шӯравӣ содиршуда, шахсоне, ки дар гузашта ҳеҷ гоҳ ҳуҷҷатҳои шахсӣ дарёфт накардаанд, вуҷуд доранд. Ба категорияи ҷудогонаи “парвандаҳои мураккаб” шахсоне дохил мешаванд, ки паспортҳои муҳлатгузашта ва беэътибор, шаҳодатномаҳои шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар кишварҳои хориҷӣ дода шудаанд, аксаран дар Ӯзбекистон содир шудаанд, дохил мешаванд, вазъияти онҳо ба монанди вазъияти Зайнаб ҳалли ҳуқуқӣ надорад. Холигоҳҳои мавҷуда дар қонунгузорӣ ба ин шахсон иҷоза намедиҳад, ки мақоми худро танзим намоянд ва сукунати худро дар кишвар қонунӣ гардонанд ва зарурати шадидро ба тағйирот дар қонунгузорӣ ба вуҷуд меоранд.

Мутобиқи қонунгузории Ӯзбекистон, шаҳрвандон метавонанд аз шаҳрвандии худ барои се сол сукунат дар хориҷи кишвар бидуни гузоштан дар қайди консулӣ дар намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷа маҳрум карда шаванд. Агар ҳарфи қонун риоя карда шавад, пас шахсони зиёди дар вазъияти Зайнаб қарордошта, ки шумораашон бисёр зиёд аст, махсусан дар минтақаҳои наздисарҳадии Ӯзбекистон, воқеан аз шаҳрвандии қаблии худ маҳрум шудаанд. Роҳи ҳал — қабули чораҳои махсуси қонунгузорӣ ва пешниҳод намудани имкониятҳо ҷиҳати танзими вазъи ҳуқуқии онҳо хоҳад буд.

«Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) ба қайд гирифтани се фарзанди маро рад карданд, зеро ман шиносномаамро ба сабаби набудани он нишон дода натавонистам»,- мегӯяд Зайнаб. Ҳамсарони дар никоҳи динӣ қарордошта фикр намекарданд, ки бидуни шаҳодатномаи расмии бақайдгирии никоҳ онҳо бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Яке аз духтарони Зайнаб — Фотимаи 12-сола, ду синф аз ҳамсолони худ ақиб мондааст. Бидуни шаҳодатномаи таваллуд мактаб ду сол духтарро барои таҳсил қабул накард. Шахсони бо шаҳрвандии номуайян ҳангоми бақайдгирии таваллуди кӯдакон, ҳангоми дохил шудани онҳо ба мактаб ва ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи хатми мактаб ба монеаҳои маъмурӣ дучор мешаванд. Қонунҳои Тоҷикистон талаб мекунанд, ки шиносномаи ҳадди ақал яке аз падару модари кӯдак пешниҳод карда шавад, дар дигар ҳолатҳо, далели таваллуд бояд дар суд собит карда шавад.

Дар соли 2017 Зайнаб ва кӯдакони вай аз ҷониби ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” муайян карда шуда, ба қайд гирифта шуданд, ки ба шахсони дорои шаҳрвандии номуайян кӯмаки ҳуқуқии ройгон мерасонанд. Лоиҳа оид ба кам кардани бешаҳрвандӣ, ки аз ҷониби Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо дастгирӣ карда шуда, якҷо бо Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, дар 17 ноҳияи мавриди ҳадафи Тоҷикистон бештар аз 40 ҳазор нафар шахсони дорои шаҳрвандии номуайян ва зери хавфи бешаҳрвандӣ қарордоштаро ошкор кардааст. Барои аксарияти шахсони дорои шаҳрвандии номуайян, вазъияти онҳо тибқи қонунгузории амалкунанда ҳалшаванда мебошад, дар ҳоле ки парвандаҳои категорияи «мураккаб», монанди Зайнаб, қабули чораҳои махсуси қонунгузориро талаб мекунанд. Барои пешгирии ҳолатҳои нави бешаҳрвандӣ, махсусан дар байни кӯдакон, бознигарии қонунҳо дар бораи бақайдгирии таваллуд ба самти содда кардани тартибот ва таъмин намудани бақайдгирии универсалии таваллуд новобаста аз вазъи ҳуқуқӣ ва набудани ҳуҷҷатҳои волидайн талаб карда мешавад.

«Орзуи бузурги ман ин аст, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро ба даст орам ва ҳадди ақал як бор ба ҷойҳое биравам, ки ман дар он ҷо таваллуд шуда, ба воя расидаам, хонаи падарамро бубинам, бародарону хоҳарони худро ба оғӯш гирам, дар идҳои умумӣ якҷо хушнудӣ кунем ва дар лаҳзаҳои душвор дар паҳлуи онҳо бошам»,- умедро аз даст намедиҳад Зайнаб.

Дар соли 2014 Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо дар бораи оғози маъракаи ҷаҳонии 10-сола барои барҳам додани бешаҳрвандӣ дар саросари ҷаҳон (2014-2024) эълон кард. Аз оғози маърака, Тоҷикистон дар кам кардани бешаҳрвандӣ бо тасдиқи шаҳрвандии бештар аз 35,000 шахси дорои шаҳрвандии номуайян ва ба онҳо додани шиносномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои баланд ноил гардид. Барои комилан аз байн бурдани бешаҳрвандӣ тадбирҳо ва талошҳои иловагӣ талаб карда мешаванд. Хушхабар барои Зайнаб ва ҳазорон нафари дигари монанди ӯ — Тоҷикистон омода аст, ки тадбирҳои мазкурро анҷом диҳад ва ҳолатҳои бешаҳрвандиро ҳал кунад, то ки то соли 2024 падидаи бешаҳрвандиро комилан барҳам диҳад.

P.S. Вақте ин матлаб омода мешуд, 11-уми декабри соли 2019 вакилони парлумони кишвар тарҳи Қонун «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд»-ро қабул карданд. Дар оянда, баъди имзо шудани қонуни мазкур аз ҷониби Президенти кишвар, Зайнаб ва бисёр дигар нафарони дар чунин вазъият қарордошта имкон меёбанд, то мақоми ҳуқуқии худро тавсеа дода, “аз зери соя берун оянд”.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here