Мақомоти тоҷик мегӯянд ҳануз ташхису табобати кӯдакони овардашуда аз Ироқ идома дорад ва баъдан дар бораи барномаҳои ба оилаҳо баргардонидани онҳо тасмим хоҳанд гирифт.

84 кӯдаки тоҷик, ки ҳоло дар осоишгоҳи Харангон нигоҳубин мешаванд, шаби 30-юми апрел аз зиндонҳои Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуданд. Модарони бисёре аз онҳо барои ҳамзистӣ бо аъзои гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” зиндонӣ гардидаанд.

Асолатмоҳ Тиллоева, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ин шабу рӯз лаҳзашуморӣ мекунад, то ба дидори ду наберааш — Абӯбакру Фотима бирасад. Ин ду набераи 3 ва 6-солаи ӯро мақомот шаби 30-юми апрел дар қатори даҳҳо кӯдаки дигар аз зиндонҳои Ироқ ба Тоҷикистон овардаанд.

Ин зан мегӯяд, вақте духтараш Саодатмоҳ Тиллоева соли 2014 Тоҷикистонро тарк кард, то ним соли пеш аз ӯ хабаре надошт. Вақте фаҳмид духтараш Саодатмоҳ дар Бағдод ба ҳукми абад маҳкум шудааст, ба ин бовар накард. “Намедонистам чӣ кор кунам. Охир, онҳо барои кор ба Русия рафта буданд”,- гуфт ӯ.

Ин модар мегӯяд, вақте мақомот дар бораи овардани набераҳояш ба ватан ба ӯ хабар доданд, субҳи рӯзи 30-юми апрел саросемавор аз ноҳия ба пойтахт омад, то онҳоро бубинад. Ӯ бо нақл аз лаҳзаҳое, ки набераҳояшро дар фурудгоҳ дидааст, гуфт: “Хостам дигар онҳоро раҳо накунам, ҳамроҳашон то Харангон рафтам, аммо иҷозат надоданд, ки ба дохил ворид шавам. Вале умед дорам онҳоро ба хона мебарам. Ҳоло ба мақомоти дахлдор муроҷиат карда истодаам, то набераҳоямро зудтар ба хона барам”.

Асолатмоҳ мегӯяд духтараш Саодатмоҳ Тиллоеваи 28-сола ҳамроҳ бо шавҳару фарзандонаш панҷ соли пеш барои кор ба Русия рафт, аммо ҳеҷ намедонад онҳо чи тавр вориди Ироқ шуданд ва духтараш ба ин ҳол афтод. Аммо мегӯяд, “танҳо ҳаминро медонад, ки барои бадбахтии духтару азобҳои ду наберааш домодаш гунаҳкор аст”.

Ҳоло дар баробари набераҳои Асолатмоҳ, осоишгоҳи Харангон дар ноҳияи Варзоб макони зисти даҳҳо кӯдаку навраси дигари тоҷик аст, ки аз Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуданд. Аз рӯзи аввали овардани ин гуруҳи кӯдакон мақомот ба ташхису табобат ва санадсозии ин кӯдакон шуруъ карданд.

 

Шодихон Ҷамшед: Кӯдакон бо тамоми бошандагони осоишгоҳ унс гирифтаанд

Масъулин мегӯянд, дар масъалаи баргардонидани кӯдакон ба хонаводаҳо, фурсат доранд чун қабл аз ин бояд вазъи зиндагии онҳоро омӯзанд ва муайян кунанд, ки то кадом андоза пайвандон шароити қабул ва тарбияи ин кӯдаконро доранд ё не. Шодихон Ҷамшед — муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, ки ҳанӯз ташхису табобати кӯдакон идома дорад. Ӯ гуфт, ҳоло аввалин ҳадафи мақомот сиҳатии кӯдакон аст ва баъдан дар бораи барномаҳои ба оилаҳо баргардонидани онҳо тасмим мегиранд. “Ҳадафи мо ин аст, ки дар як муҳлати муайян аз ташхис гузаронем ва ба тақсими онҳо оғоз мекунем. Баъдан кӯдакони томактабӣ зери назари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ буда, дар хона-интернатҳо ҷобаҷо мешаванд. Кӯдаконе, ки синни мактабӣ ҳастанд, аз сӯи Вазорати маориф ва илм ба мактаб-интернатҳои махсус ҷалб мешаванд”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Шодихони Ҷамшед илова кард, ки ҳоло кӯдакон бо тамоми бошандагони ин осоишгоҳ унс гирифтаанд ва мисли кӯдакони маъмулӣ механданду бозӣ мекунанд: “Ба хотири ин ки кӯдакон худро нороҳат ва дур аз модар эҳсос накунанд, якҷо бо хоҳару додарони худашон дар як ҳуҷра нигаҳдорӣ мешаванд. Ҳоло бархе аз ин кӯдакон зери синни 18 ҳастанд ва аллакай худ мисли модар ба хоҳару додаронашон нигоҳубин мекунанд”.

Муовини вазири тандурустӣ мегӯяд ҳоло барои тасдиқи шахсияти бархе кӯдакон ва санадсозии онҳо Вазорати адлия ҷалб шудааст: “Бояд аввал шахсияти кӯдакон бо назардошти ному насаб муайян шавад. Зеро бархе кӯдакони то 4-сола дар Ироқ таваллуд шудаанд. Ин чизҳо бояд мушаххас шавад, баъдан масъалаҳои дигарро дидан мумкин аст”.

Шодихон Ҷамшед гуфт, ки агар ташхиси сиҳатии онҳо анҷом шавад, тамом, дигар онҳо аз рӯи барномаи мушаххасшуда ба кӯдакистону хона-интернатҳо дода мешаванд.

Ба гуфти масъулин, зоҳиран тамоми ниҳодҳои кишвар барои нигоҳубин ва назорату тарбияи ин гуруҳи кӯдакон масъул шудаанд. Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода мегӯяд, ки онҳо пеш аз ҳама талош доранд кӯдакони бозгардонидашуда ба Ватан ба муҳити нав одат кунанд ва давлат барои онҳо тамоми шароитро фароҳам кардааст.

Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода ба ин бовар аст, ки кӯдакон бо кӯмаки равоншиносону табибон ва кормандони ҳифзи иҷтимоӣ метавонанд зиндагии тозаро дар ватани худ шуруъ кунанд. Ҳабибуллозода гуфт: “Кӯдакон бо тамоми чиз таъмин ҳастанд, либос, бозичаҳо, маҳсулоти гигиенӣ, доруворӣ ва хӯрокворӣ. Ҳоло барои истеъмоли ғизо ва таҳияи хӯроки кӯдакон диетологҳо ҳам ҷалб шудаанд”.

 

Равоншинос: Аксари кӯдакон зарбаи равонӣ дидаанд

Дар ҳоли ҳозир бо ин кӯдакон чаҳор равоншинос аз Вазорати тандурустӣ ва Вазорати маориф кор мекунанд. Масъулон мегӯянд, на ҳамаи кӯдакон ба равоншинос ниёз доранд, чун бархе зиёд хурд ҳастанд ва ҳатто дар бораи аз куҷо ба куҷо рафтану омадани худро намедонанд ва дарк намекунанд, ки чӣ саргузаштеро пушти сар карданд.

Равоншиносон баъд аз як ҳафтаи кор бо кӯдакони аз майдонҳои ҷанг ба ватан баргардонидашуда ба ин хулоса омадаанд, ки онҳо ба зиндагӣ дар муҳити бидуни тарсу таҳдид ва хушунату зӯроварӣ одат мекунанд. Маҳмадулло Давлатов -равоншиноси тоҷик, ки бо ин гуруҳи кӯдакон кор мекунад, гуфт, аксари ин кӯдакон, ки дар муҳити пур аз даҳшату ҷанг зиндагӣ кардаанд, зарбаи равонӣ дидаанд ва намешавад дар як муддати кӯтоҳ онҳоро аз ин ҳолат берун овард. Натиҷаи суҳбати ӯ бо ин гуруҳи кӯдакон нишон додааст, ки ҳар яки онҳо шоҳиди куштору бомбафканиҳо шуда ва ин ҳама то ҳанӯз дар хотираи онҳо боқӣ мондааст. Бархе ҳам ба гуфтаи ӯ ин ҳама даҳшатро ҳатто дар хоб ҳам мебинанд: “Мо бештар бо кӯдакони аз 6-сола боло кор кардем, ки ҳудудан 50 нафар буданд. Ҳамаи онҳо зарбаи равонӣ дидаанд. Сухан дар бораи ин меравад, ки ҳамаи онҳо дар маҳбасҳо нигоҳ дошта мешуданд ва онҷо шиканҷаи равониву ҷисмонӣ дидаанд. Ин гуруҳи кӯдакон воқеан дар муҳите тарбия ёфтаанд, ки хеле фишоровар буд, вале мешавад онҳоро ба муҳити созгор фаро гирифт, шуури онҳоро тағийр дод, то онҳо нафари барои ҷомеа зарурӣ бошанд”.

Дар робита ба ҳолати кӯдакон баъди дур шудан аз назди модаронашон равоншиноси тоҷик мегӯяд, ки дар шароити феълӣ ин барои тарбияи кӯдакон беҳтар аст. Вай гуфт: “Агар онҷо мемонданд, зери таъсири тарбияи манфӣ қарор доштанд. Беҳтар аст инҷо бошанд ва ба муҳити наву арзишҳои нав одат кунанд”.

Ин равоншинос бовар дорад, ки бо кӯмаки мутахассисон дар дарозмуддат ин кӯдакон ҳатман метавонанд даҳшати ҷангро фаромӯш кунанд. Ба нақли равоншинос, бархе аз ин кӯдакон забони тоҷикиро намедонанд ва барои кор бо ин кӯдакон тарҷумонҳои забони арабӣ ва ӯзбек ҷалб шудаанд.

Хурдтарин кӯдаки баргашта 1-сола ва бузургтарини онҳо 18 сол доранд. Ба иттилои мақомоти беҳдоштӣ, нисфи зиёди баргаштаҳо ё 44 кӯдак то чорсола мебошанд. Муовини варзири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмоӣ мегӯяд, ҳодисаи ба ватан оварда шудани кӯдакон онҳоеро, ки орзуи модар шуданро доштанд, бетараф нагузошт. Ӯ мегӯяд, дар як ҳафтаи охир муроҷиати занони бефарзанд бо нияти ба тарбия гирифтани яке аз ин ятимон зиёд шудаст, то яке аз ин кӯдаконро барои фарзандхонӣ бо худ бигиранд.

Модарони аксари ин кӯдакон, ки 43 нафар мебошанд, дар зиндонҳои Бағдод ба ҳукмҳои тӯлонӣ ва ҳабси абад маҳкум шудаанд. Бар асоси як барномаи муштараки ҳукуматҳои Тоҷикистону Ироқ ва созмони UNICEF, фарзандони ҷангҷӯёни ДИИШ бар асоси иҷозаи модарони зиндониашон ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд.

Мақомот мегӯянд, ки 11 кӯдаки дигари тоҷик дар Ироқ мондаанд. Қаблан сафири Тоҷикистон дар Кувайту Ироқ гуфта буд, ки модарони онҳо барои интиқоли кӯдакон ба кишвар ризоят надодаанд. Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи имзои созишнома оид ба истирдоди маҳбусон имкони ба Тоҷикистон овардани модарон ҳам даст медиҳад.

 

Маҳмадулло Давлатов: Тадбирҳо кофӣ нестанд

Маҳмадулло Давлатов — равоншиноси тоҷик мегӯяд, тадбирҳои пешгирифтаи ҳукумат барои барқарорсозии кӯдакон кофӣ нест. Ба бовари ин равоншинос, бояд ҳукумат барномаҳои маърифатӣ, дунявӣ, таълиму тарбияи муосир ва арзишҳои навро дар онҳо ташаккул диҳад: «Ин корҳо бояд роҳандозӣ шаванд. Ба ҳар ҳол, ин оғози кор аст, ки ҳоло танҳо онҳоро ба Ватан оварданд. Вақте ин кӯдаконро тақсим мекунанд, онро бо барномаҳои давомдор бояд фаро гирифт. Дар ин ҳолат метавонад ин ҳама натиҷаи мусбат диҳад. Гап дар он аст, ки мо бояд ин ҷомеаро тарбия кунем ва бо арзишҳои нав кор кунем».

Ҷомеашиносон мегӯянд барои он ки ин кӯдакон дар оянда бо хушунатҳои равониву ҷисмонӣ аз ҷониби ҳамсолон, омӯзгорон ва мансабдорон рӯ ба рӯ нашаванд, беҳтар аст онҳоро дар шароити хонавода фаро гирифт.

Зумрад Бобишоева — ҷомеашиноси тоҷик, ки таҷрибаи кор бо кӯдакони ятимро дорад, дар суҳбат гуфт, набояд ин гуруҳи кӯдакон барои амали анҷомдодаи падару модаронашон таҳқир шаванд, зеро онҳо гуноҳ надоранд: «Дар зиндагӣ бисёр нафароне ҳастанд, ки аз бефарзандӣ азият мекашанд ва бигзор ин кӯдакон бо назардошти шароити иҷтимоиву иқтисодӣ ба онҳо ба ҳайси фарзанд дода шаванд. Ҳарчанд бузург шудани онҳо дар мактабҳои махсус ва зери назорати давлат сурат мегирад, аммо пайдо мешаванд нафарони камандеша, ки онҳоро бо ҳар баҳона таънаву маломат мекунанд. Ҳарчанд кӯдак ҳеҷ гоҳ намехоҳад ин гуна ҳарфҳои беҷоро бишнавад».

Аз ҷониби дигар, хонум Бобишоева ба зарурати банди махсусе дар Қонуни асосии кишвар таъкид мекунад, ки ҳукумат ва ҷомеа метавонад ин мушкилро ҳал кунад. «Дар қонунгузорӣ як моддае бошад ва ин модда дар нисбати онҳое, ки ин гуруҳи кӯдаконро барои сарнавишти талхашон, ки марбути онҳо нест, таҳқир ё азият мешаванд, татбиқ кунад. Ҳамин тавр, бояд дар низомномаи мактаб-интернатҳо ҳам банди махсус таъкид шавад, ки ҳеҷ кас дар бораи сарнавишти ин гуруҳи кӯдакон бохабар набошад ва танҳо бигӯянд, ки ба хотири фавти падару модар аз ноҳияи дигаре ба инҷо оварда шудаанд»,- мегӯяд Бобишоева.

 

Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here