Зуд-зуд иваз шудани ҳукумат дар Қирғизистон ба кишвар зарар ҳам мерасонад, аммо ин, албатта, кори худи шаҳрвандони кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя аст. Мо бештар аз ҳама айни замон анҷоми ҳарчи тезтари музокироти атрофи марз бо ҳамсояҳоро мехоҳем, ки ду даҳсола боз тӯл мекашад. Ҳарчанд масъала барои шаҳрвандони ду кишвар ҳассосу нозук мебошад ва муносибати эҳтиёткорона, боандешаро талаб мекунад, аммо изҳороти зуд-зуду баланд садодиҳанда ва бемулоҳизаи мансабдорони қирғиз дар ин масъала ва дар робита ба ҷамоати Ворух гоҳе сабаби ҳайрат ва эътирозҳои асосноки шаҳрвандони Тоҷикистон мегарданд. Ин ҳама боис ба он гашт, ки бархе коршиносон ҳатто суолеро ба миён гузоранд: оё Қирғизистон умуман қобилияти маслиҳату машварат кардан дорад?

Кор аз он сар шуд, ки пас аз даври навбатии гуфтушунид атрофи марзҳо, ки ин дафъа сардорони КДАМ-и ду кишвар гузаронданд, генерали амнияти Қирғизистон Қамчибек Ташиев пешниҳод кард, Ворух, бар ивази қитъаи баробари замин аз дигар мавзеъ, ба Қирғизистон дода шавад. Ба ин изҳорот вазири собиқи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ посухе бо лаҳни тунд дод, ки моҳияташ ин буд: пешниҳоди иваз кардани қитъаҳое аз қаламрави Тоҷикистон ба заминҳои дигар як ҳарзае беш нест.

Қамчибек Ташиев ба вазири собиқи мо Ҳамрохон Зарифӣ посух дод, ки матни онро дар зер меорем:

«Қирғизистониҳои муҳтарам!

Як оқсақол Ҳамрохон Зарифӣ аз Тоҷикистон озорҳои худро аз ман дар масъалаи марзи байни ду кишвар навиштааст, ки мехоҳам ба он равшанӣ андозам.

Ман чӣ кор кардам? Ҳамчун роҳбари ҳайати ваколати давлатӣ пешниҳодҳои моро оид ба анклави «Ворух» ба дасти ҳампешаи худ муҳтарам Саймумин Сатторович дар ҳузури ҳайатҳои ваколати ҳарду тараф супоридаму халос, дигар ҳеҷ ҳарфе ҷониби кишвари ба мо ҳамсояи наздик набуд.

Аммо чаро оқсақол Ҳамрохон посухи хеле бад медиҳад, фарҳанги паст ва муносибати душманиварзонаи худро намоиш медиҳад, шояд аз он сабаб бошад, ки ман ба пешниҳодҳои онҳо, ки манфиатҳои кишвари маро инъикос намекунанд, розӣ нашудам?

Ҳар гунае набошад, ман аз ҳама даъват мекунам, ки нисбати ҳамсояи наздики мо, халқи Тоҷикистон муносибати дӯстона дошта бошем, ба фитнаҳо дода нашавем, Худо хоҳад, ҳамааш хуб мешавад!

Ҳар қадаре хоҳед, маро бадгӯӣ кунед, вале, лутфан, ба Халқи Бузурги Қирғизи ман нарасед!».

Як мавзеъгирии тамоман дигар, ҳамин тавр не? Сипос ба шумо, генерал Қамчибек Ташиев, лоақал барои он ки мардуми ду кишварро даъват мекунед, ки ба фитнаҳо дода нашаванд, итминон доред, ки ҳамааш хуб мешавад.

Бо вуҷуди ин бояд қайд кард, ки ҳамаи ҳангома дар атрофи Ворух дар матбуоти тоҷик ва шабакаҳои иҷтимоӣ оқибати рафтори бемулоҳиза, пешниҳоди бемантиқ, оҳанги гуфтаҳои шумост.

Генерали муҳтарам! Ақаллан як бор хондаед, ки ба президенти худ дар чӣ шакл ҳисобот пешкаш кардаед, аз номи шумо дар матбуоти қирғиз чӣ чоп шудааст? «Якум – мо дар асоси қонун сарҳади анклавро чен мекунем ва он дигар васеъ нахоҳад шуд. Аммо мо ба анклав тариқи қаламрави худ, танҳо ба он хотир ки онҳо даромадан тавонанд, роҳ медиҳем».

Шумо яктарафа исрор мекунед, ки тамоми гарданаи пеши Ворух қаламрави шумост, дар ҳоле хеле хуб медонед, ки Оқсой дар қад-қади роҳи тоҷикистонӣ соли 1975 пайдо шуд, роҳе, ки тариқи он мегузашт, то соли 1991 дар тавозуни Тоҷикистон буд. Ва шумо мегӯед, ки роҳ медиҳед, ки «даромадан тавонанд»?

Ин хел гуфта, шумо афкори ҷамъиятӣ месозед, халқи қирғизро ба ғалатфаҳмӣ меандозед, ки ҳудуди мазкур ба онҳо дахл дорад, халқи тоҷикро бо изҳори мавқеи табъизии худ ба шӯр меандозед. Дар идома шумо аз пешниҳоди 12 ҳазор га замин дар ҷои дилхоҳ бар ивази Ворух мегӯед. Наход нафаҳмед, ки ин хел пешниҳод аз оғоз як ҳарза аст? Наход, агар нисбати халқи тоҷик эҳтиром дошта бошед, ин қабил таклифро ба мардуми қариб чилҳазорнафара кунед? Шумо, ки хуб медонед, на қирғизҳо, на тоҷикон онҷо, дар наздикиҳои марз, алалхусус дар минтақаи Ворух-Оқсой-Хоҷаи Аъло-Чоркӯҳ-Коктош ҳеҷ гоҳ ба қабул намудани шаҳрвандии кишвари дигар розӣ намешаванд. Шумо ба ворухиҳо кӯч бастанро пешкаш мекунед? Тасаввур мекунед, ки ин қарор дар Тоҷикистон ба чӣ боис шуда метавонад? Оё ҳукуматдорони Тоҷикистон инро қабул мекунанд? Дар ҳоле медонед, ин таклиф қабулношуданӣ ва подарҳавост, шумо ин «роҳҳал»-ро пешниҳод мекунед. Ин аз чӣ гувоҳӣ медиҳад?

Ин беҳурматӣ нисбати халқи тоҷик, нописандӣ, таҳқири он аст. Чаро шумо гузинаи пас додани заминҳои тоҷиконро баррасӣ намекунед? Охир аз замони дар Оқсой маскун шудани қирғизҳо 70 сол ҳам нагузаштааст. Чаро шумо намехоҳед масъалаи кӯчондани Оқсойро бинед, лоақал аз соҳили чап, то ки ба Тоҷикистон қитъаи роҳи пешинаашро пас диҳед? Шумо, ки дар соҳили чап замини Тоҷикистонро ғасб карда, роҳро аз Коктош то Оқсой сохтед, чаро лоақал пешниҳоди ҳамин ҳудудҳоро ба хотири роҳҳо намекунед? Ба шумо – роҳи Коктош-Оқсой, ба тоҷикон – Ворух–Хоҷаи Аъло (Октябр). Мушкили наздисарҳадӣ, мутаассифона, барои шумо як васила барои мустаҳкам кардани мавқеатон миёни интихобкунандагон шудааст, шумо бо ҳиссиёти миллии қирғизистониҳо бозӣ мекунед, паси хоҳишҳои сокинони Коктош ва Оқсой меравед, ки мехоҳанд аз ҳисоби ҳамсояҳо замин гиранд ва ҳатто неруҳои солими кишвари худро ба гумроҳӣ меандозед.

Ва боз. Ҷамъ овардани миқдори азими техникаи низомӣ дар минтақаи наздисарҳадӣ, гузарондани тамринҳои низомӣ маҳз дар рӯзҳои гуфтушунид чӣ маънӣ дорад? Магар намоиш додани неру нест? Магар кишварҳои дӯст, зиёда аз ин, аъзои созмонҳои СПАД ва СҲШ чунин рафтор мекунанд? Агар ин техника минтақаи наздисарҳадиро тарк накунад, фикр намекунед, ки амалҳои ҷавобӣ мешаванд? Ин ҳама ба чӣ оварда метавонад? Шумо дар ин бора фикр кардед?

Акнун дар бораи халқи қирғиз. Он воқеан Бузург аст. Зикри номи танҳо Чингиз Айтматов инҷо кофист. Мо, тоҷикон, аз ҷумла дар ҳавои асарҳои ӯ тарбия ёфтаем. Шахсан ман «Муаллими аввалин», «Ҷамила», «Киштии сафед», «Майдони модар»-ро хондаам. Дар як синф ҳамроҳи қирғизҳо таҳсил кардаам. Ҳамин коктошиён, оқсойиҳо, коктерекиҳо дар мактабҳои тоҷикӣ таҳсил кардаанд. Як бор ба номаҳои камол, шаҳодатномаҳои таваллудашон нигаред, мебинед, ки онҳо дар куҷо зода шудаанд, таълим гирифтаанд – дар Тоҷикистон, ё дар Қирғизистон. Мефаҳмед, ки ҳоло кӣ дар замини кист.

Мо мефаҳмем, ки одамон реша давондаанд, молу ҳол ҷамъ кардаанд – бигузор оромона зиндагӣ кунанд. Ва заминҳоеро, ки онҳо маскан гирифтаанд, касе пас талаб намекунад. Аммо деҳоти тоҷикӣ таърихан чарогоҳҳо, роҳҳо, низоми ирригатсионии худро доштанд. Ин мардум ҳуқуқи дастрасӣ ба онҳоро доранд. Суолро ин тавр гузоштан лозим аст. Аз рӯи номусу виҷдон, одилона. Ин ягона равиши дуруст дар ҳалли баҳси марзӣ аст. Ҳамаи ин масъалаҳо бояд дар маҷмӯъ баррасӣ шаванд. Дар акси ҳол шумо роҳро тариқи қаламрави худ медиҳеду пагоҳ боз мебандед, чуноне ки имрӯз дар Оқсой рӯй медиҳад. Бибахшед, ба шумо бовар нест.

Гуфтаҳои Ҳамрохон Зарифӣ як навъ хашми инсони таҳқиршунида, озурдае аз суханони шумо, аз муносибати шумо ба масъалаи давлатӣ буданд. Охир ӯ вазири корҳои хориҷӣ буд, дипломати воқеӣ аст, Комиссияи байнидавлатиро роҳбарӣ мекард, муддати тӯлонӣ масъалаи наздисарҳадиро омӯхтааст. Ӯ таърихи заминҳои атрофи Ворухро хеле хуб медонад. Медонад, ки гуфтаҳои шумо ба ҳеҷ чорчӯбаи дипломатӣ намеғунҷанд.

Музокирот оид ба масъалаи наздисарҳадӣ раванди тӯлонӣ ва диққатталаб аст. Ҳайати Комиссияи байнидавлатӣ, иштирокдорони музокирот аз ҷониби Қирғизистон ҳар бор тағйир меёбад. Ва боз агар ба назар гирем, ки дар Қирғизистон ҳукумат зуд-зуд тағйир меёбад, ин раванд гоҳе боис ба он мегардад, ки ҳайати нав қарори ҳайати пешинро эътироф намекунад. Маҳз аз ҳамин сабаб давоми чанд соли охир дар раванди гуфтушунид пешрафте дида намешавад. Чӣ кор бояд кард, ки раванд ба анҷоми мантиқӣ бирасад? Оё намояндагони Қирғизистон омодаанд дар ниҳояти кор маслиҳат кунанд ва кори делимитатсия ва демаркатсияи марзи давлатиро ба итмом бирасонанд? Ё Қирғизистон имиҷи давлати ба маслиҳату машварат ноқобилро мегирад?

Неъматулло Мирсаидов,

шореҳи сиёсӣ

 Дар ҳамин ҳол

Ҳамрохон Зарифӣ ба гуфтаи Қ.Ташиев посух дод

Ҷаноби Ташиев, дар хонаи торик гурбаи сиёҳро ёфтан душвор аст …, алахусус агар вай дар он ҷо набошад. Ман ҳеҷ гоҳ дар бораи халқи бузурги қирғиз, фарҳанги бостонӣ ва бойи он ҳарфҳои бад нагуфтаам. Халқҳои мо на танҳо ҳамсояанд, балки то андозае робитаҳои оилавӣ доранд. Мо ҳама бо эпоси қаҳрамононаи халқи қирғиз, қаҳрамони асосии он — қаҳрамон Манас ва ҳамсари ӯ Хоникей хуб ошно ҳастем. Ман ба мардуми бародари Қирғизистон, фарҳанг ва таърихи он эҳтироми зиёд дорам. Дар ин кишвар сад дӯсти мӯҳтарам дорам. Ман ҳамеша ба ин халқи бародар осмони софу шукуфоӣ, зиндагии осоиштаи паҳлу ба паҳлӯ, дастгири анъанавии мутақобила дар лаҳзаҳои душвор ва шодии ҳамдигариро мехостам ва мехоҳам.

Дар чунин ҳол созишро қабул надорам ва ба касе имкон намедиҳам, ки масъалаи ҳудуде, ки ояндаи халқи ман ба он вобастагӣ дорад, дағалона ҳал кунад.

Чӣ гуна шумо метавонед Ворухро бо девори оҳанӣ пӯшонед, ё сокинони онро аз сарзамини бостонии худ, ки дар он ҷо гузаштагон, падарон ва бобокалони зиёда аз як авлод дар тӯли асрҳо дафн шудаанд, ронда ва мероси таърихии мардумро нобуд кунед?

Чӣ гуна шумо метавонед дар бораи сарнавишти як қисми мардуми ман ин қадар ғайриинсонӣ гап занед, гузинаҳои хандаовар ва бемаънии ҳалли масъаларо пешниҳод кунед ва дар айни замон, тамоми меъёрҳои ахлоқии гуфтушунидро вайрон карда, мундариҷаи сӯҳбатро дар як нишасти матбуотӣ, бидуни мувофиқа бо тарафи дигар, ошкор созед?

Дар забони дипломатия ин маънои «ZERO-SUM GAME»-ро дорад. Дар вақти холигиатон дар ин бора хонед…

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here