Як хафта мешавад, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо реҷа додани нерӯи барқ ба аҳолӣ оғоз гардидаааст. Ин вазъ сокинони вилоятро ба ташвиш овардааст.

Сокини ноҳияи Кӯшониён Қурбоналӣ Бердиев гуфт, ки: “Хурсанд шуда будем, ки ду сол боз барқро хомӯш намекунанд, аммо ин хурсандии мо дер давом накард, зеро як ҳафта боз қувваи барқ аз соати 9-и субҳ то 5-и бегоҳ ва аз соати 23-и шаб то 4-и бомдод хомӯш карда мешавад. Яку якбора хомӯш шудани қувваи барқ боиси вайрон шудани таҷҳизоти барқӣ гаштааст”.

Сокини дигар аз ноҳияи Ховалинг донишҷӯ Абдураҳмон зимни тамоси телефонӣ гуфт, ки дар ин ноҳия низ хомӯш кардани қувваи барқ як ҳафта боз мушоҳида мешавад. Ӯ гуфт, ин ҳолат боис мегардад, ки ба донишгоҳ бе тайёрӣ равем.

Ба мисли ин сокинон, даҳҳо нафари дигар аз хомӯш шудани қувваи барқ изҳори нигаронӣ намуда гуфтанд, ки бармаҳал хомӯш шудани барқ сабаби вайрон шудани асбобҳои барқӣ, аз қабили телевизору яхдон ва дигар таҷҳизот шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сармуҳандиси шабакаҳои Барқи Ҷануб дар минтақаи Бохтар Раҷабалӣ Бояков гуфт, ки сабаби асосии хомӯш шудани барқ дар минтақа ва умуман вилоят омодагии шабакаҳои барқ ба давраи тирамоҳу зимистон аст. Манбаъ гуфт: “Дар кутоҳтарин муҳлат ин мушкилӣ ҳалли худро пайдо хоҳад кард  ва аҳолӣ бо барқи доимӣ таъмин хоҳанд шуд”.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here