Дар асоси маълумотҳои расмӣ, 110 деҳаи вилояти Хатлон аз барқ маҳруманд. Аз ин 78 деҳа дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ва 32 деҳа дар минтақаи Бохтар ҷойгиранд.
Азоби бебарқӣ
Аксари сокинони деҳаҳои бебарқ зимни суҳбат бо мо гуфтанд, ки аз дидану шунидани телевизион ва радио ва истифодаи дигар таҷҳизоти барқӣ солҳо боз маҳруманд. “Кӯдаконамон ба дарсҳо хуб омода шуда наметавонанд. Аз навгониҳои замон ҳам бинобар набудани телевизору дигар хеле кам огоҳанд”,- иброз доштанд чанде аз бошандагон бо шарти зикр накардани номашон.
Ба андешаи онҳо, бо эълон шудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бояд мушкилоти сокинони деҳот бартараф шавад. Аммо бо гузашти беш аз як сол аз иқдоми мазкур ҳамоно касе ба мушкили меҳварии ин гуна деҳкадаҳо таваҷҷуҳ зоҳир накардааст.
Боз ваъда?
Акрам Султонов — сармуҳандиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» бо тасдиқи ин ки чунин мушкилӣ ҷой дорад, афзуд: “101 деҳа даҳсолаҳо боз аз истифодаи барқ маҳрум буданд. Хушбахтона, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ширкати “Барқи тоҷик” 23 деҳа бо қувваи барқи доимӣ таъмин карда шуданд. Дар 78 деҳаи дигар, ки дар онҳо аз 5 то 15 хоҷагӣ аст, хати барқ мавҷуд нест. Ин гуна деҳаҳо дар ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин воқеъ гардидаанд, ки тасмим дорем имсол як қисми онҳоро бо нерӯи барқ таъмин созем”.
Як ё чор. Кадом дуруст?
Камобеш 50 хоҷагӣ дар чаҳор деҳаи ноҳияи Вахш аз соли таъсисёбияшон то кунун аз истифодаи нерӯи барқ маҳруманд. Бино ба гуфтаи Вазирбек Ибрагимов — сармуҳандиси шабакаҳои барқи ноҳияи болозикр, барои деҳаҳои Лолазор, Иттиҳод, Читерган ва Бешқудуқ хати барқ кашида нашудааст. “Дар ин деҳаҳо аз 15 то 20 хоҷагӣ мавҷуд аст. Барои кашидани хати барқ маблағи зиёд лозим, ки мо онро надорем. Деҳаҳои бебарқи ноҳия дар куҳдоманҳо ҷойгир буда, аз хатҳои интиқоли барқ дур ҷойгир шудаанд, ки ин боиси солҳои тӯлонӣ бебарқ монданашон гардидааст”,- мегӯяд ӯ.
Ба қавли ин шахси масъул, Шабакаҳои барқи ноҳияи Вахш бо мақсади рафъи камбудии зикршуда ба ширкати “Барқи тоҷик” мактуб ирсол кардааст.
Дар ҳамин ҳол, раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсуфов зимни нишасти матбуотиаш иддао кард, ки фақат аҳолии деҳаи Лолазор аз барқ маҳруманд.
20 соли бебарқии панҷ оила
Аз соли 1999 то кунун панҷ оила дар деҳаи Дӯстии ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён аз нерӯи барқ пурра маҳруманд. Ин мардумон барои ҳалли мушкилии хеш ба ҳама мақомот муроҷиат кардаанд, аммо натиҷае ҳосил нашудааст.
Масъулони шабакаҳои барқи ноҳия мегӯянд, ки кашидани хати барқ ба зиммаи онҳо нест. Балки, мебоист мақомоти маҳаллӣ ҳангоми тақсимоти замин чунин мушкилиҳоро ба инобат мегирифтанд.
Икромиддин Вализода — раиси ноҳияи Кӯшониён зимни нишасти матбуотиаш изҳор дошт, ки масъалаи мазкурро дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҳал мекунад. Ин як ваъдаи хушк буд ё воқеӣ, вақт нишон хоҳад дод.
Лоақал симчӯбҳои куҳна истифода мешаванд…
Ба гуфтаи раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода, аз даврони шӯравӣ аҳолии се деҳа аз барқ маҳрум буданд, ки аз ин ду деҳааш бо барқ таъмин шудаву як деҳаи дигар ҳанӯз бебарқ мондааст. “Мо тасмим дорем, ки симчӯбҳои аз маркази ноҳия канда берун баровардашударо бурда, барои 30 хоҷагии деҳаи Кучими ноҳия то рӯзи Ваҳдати миллӣ хати барқ гузаронем”,- илова кард раис.
Бояков: Мо сохтмончӣ нестем!
Раҷабалӣ Бояков — намояндаи ҶСШК “Шабакаҳои барқи ҷанубӣ” дар минтақаи Бохтар зимни нишасти хабарӣ зикр намуда буд, ки “дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 16 ё 32 деҳа барқ надоранд”.
— Мо аҳолии ду деҳаи ҷамоати деҳоти Ғаллаободро, ки аз даврони шӯравӣ бебарқ буданд, пурра бо нерӯи барқ таъмин намудем. Бо қарори Ҳукумати кишвар зиёда аз 10 ҳазор гектар замин ба оилаҳои ниёзманд дода шуд. Лекин вақте ки заминро мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо тақсим мекунанд, бояд масъалаҳои таъмин бо об, барқ, роҳ, мактаб ва бунгоҳи тиббиро ба инобат бигиранд. Мутаассифона, ҳама мушкилиро дар сари мо — кормандони барқ мезананд ва мо шароит надорем, ки чунин деҳаҳоро бо барқ таъмин созем. Мо сохтмончӣ нестем! Мо хизматрасонии қувваи барқро ба уҳда дорем. Барои таъмини чунин деҳаҳо бо барқ маблағи калон лозим аст. Бояд мақомоти маҳаллӣ дар талоши рафъи мушкилот бошанд,- зикр кард вай.
Таззод: 2020 — соли равшаннамоӣ дар Хатлон
Дар ҳоле, ки аҳолии 110 деҳаи вилоят аз надоштани барқ танқисӣ мекашанд, бо як қарори раиси вилояти Хатлон соли ҷорӣ соли равшаннамоӣ ва чароғонкунӣ эълон карда шуд. Тибқи қарори мазкур роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва ташкилоту идораҳо, новобаста аз шакли фаъолияташон, вазифадор шудаанд, ки кӯчаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва биноҳои маъмуриро бо дастгоҳҳои равшанидиҳанда таъмин кунанд. Мутаассифона, дар ин қарор дар самти таъмини деҳаҳои бебарқи вилоят бо нерӯи доимии барқ чизе гуфта нашудааст.
Мушкили бебарқии 110 деҳа кай ҳал мешавад?
Ҳарчанд бошандагони ин деҳаҳо солҳо инҷониб дари ташкилоту идораҳои дахлдорро мекӯбанд, вале мушкилашон роҳи ҳал пайдо намекунад. Раисони шаҳру ноҳияҳо, шабакаҳои барқи ноҳияҳо ислоҳи ин ноҷӯриро ба дӯши якдигар бор кардан хоста, чораи ҷиддӣ андешидан намехоҳанд. Шояд дар “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” масъулон ниҳоят масъулиятшиноси ҳақиқӣ шуда, ҳисси раҳму шафқаташон бедор мегардад?
Р. ДОДАРХӮҶАЕВ, “ФАРАЖ”