Ин мақола замоне тарҳрезӣ шуд, ки Шавкат Бобозода вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон буд. Суҳбати мо субҳи рӯзи душанбе доир шуд. Ва нисфирӯзӣ хабари барканории ӯ эълон гардид. Бо Шавкат Бобозода ҳеч иртиботе надорам, чун як вазири кобинаи Эмомалӣ Раҳмон мешиносам. Борҳо қатори дигарон дар нишастҳои матбуотиаш ширкат кардам, чанд хабару гузориш ҳам навиштаам. Ҳамкасбонро-ку намедонам чӣ назар доранд, вале гумон мекунам ҳама нишастҳои матбуотиаш шавқовар мегузаштанд. Албатта, ӯ низ дар аввал маърӯза мехонд, вале бахши суолу ҷавобҳояш шавқовару тӯлонӣ мегузаштанд. Ба ҳама пурсишҳо посух медод, аз суол рӯ ба гурез намеовард, ҳамкорону тобеъонашро низ ҷалб мекард. Агар кадоме аз журналистон мехост дар бобате мақолаи ҷудогона нависад, ҳамон замон масъулеро таъин мекард, ки фактҳои лозимиро фароҳам орад. Шахси хушсуҳбат низ ҳаст. Саноати кишвар ба гумони ғолиб маҳз дар давраи вазирии ӯ тадриҷан аз варшикастагӣ раҳо шуд.

Тоҷикистони саноатӣ

Ахиран аз ҷониби Пешвои миллат саноатикунони босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Ба назар мерасад ин эълон сароҳатан нишон медиҳад, ки ҳукумати мамлакат дар ояндаи наздик тарҳу барномаҳои зиёдеро барои татбиқи амалии ин ҳадаф рӯи даст хоҳад гирифт. Ва ин ҷиддият аз он аст, ки танҳо роҳи бурунрафт аз ҳар бунбаст рӯ овардан ба саноат ва тарақии соҳа бо истифода аз технологияи муосир ва пешрафтаи ҷаҳонист. Барои ин зинаҳои аввал тай шудаанд, роҳҳои расидан ба ҳадаф то ҷойе муайянанд, руҷуъ ба технологияи инноватсионӣ қадами нахустин ва хеле ҷиддӣ дар ин самт хоҳад буд. Вазорати саноат ва технологияҳои нав зарфи ин чанд соли охир гомҳои муассире дар роҳи вуруд ба шоҳроҳи нави тавсеаву рушд гузошт ва нишондодҳои омории соли гузашта баёнгари онанд, ки тарҳҳои татбиқшуда ва технологияи нави саноатӣ нишон доданд, ки Тоҷикистон метавонад дар оянда ба як кишвари саноатӣ табдил ёбад. Аммо барои ин хеле корҳои зиёдеро бояд анҷом дод.
Дар паёме, ки Президенти кишвар дар охирин ҷаласаи Ҳукумат дод, ба кишвари индусттриалӣ табдил додани Тоҷикистон ишора мешавад ва ин худ ба афзоиши ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ ҳамроҳ аст. Тавлиди корхонаҳои нав бешак ҷалби қувваҳои корӣ аст. Танҳо соли гузашта дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе 9 корхонаи нави истеҳсолӣ ба кор андохта шуд. Шуруъи фаъолияти навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Ҷунтай — Данғара” ҳодисаи хурсандибахши дигар буд, соле аз 15 ҳазор тонна нахи пахта 12 ҳазор тонна ришта истеҳсол менамояд. Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “Муосир”, бунёду навсозии корхонаҳои саноатии маҳсулоти нассоҷӣ, тавлиди орд, таҷҳизоти маишӣ, масолеҳи сохтмон, қолинбофӣ ва бозичаҳои бачагона ва ғайра заминаҳои устувореро барои саноатикунонии мамлакат мегузоранд.

Маъданҳои куҳиву металҳои қиматбаҳо дар соли 2018

Ин як бахши ҳамвора рӯ ба рушди саноати кишвар аст, ки ояндаи наздик метавонад як такягоҳи боэътимод дар татбиқи барномаҳои густардаи саноатикунонии мамлакат гардад. Ва соли сипаришударо метавон як соли пурбарор дар тавлиди маъданҳои қуҳиву металҳои қиматбаҳо номид. Корхонаҳои соҳа зарфи як сол ба маблағи 5,91 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки назар ба соли 2017 411,3 миллион сомонӣ бештар аст. Ва ҳаҷми тавлиди маҳсулоти ин бахш 24,8% маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил додаст. Тавлиди тилло дар қиёс ба як соли пеш 116,9 дарсад афзуд, нуқра 145,1, мис 1,4 баробар, хокаи сурма 109 ва сурмаи металӣ 132,7 дарсад афзоиш доштааст. Корхонаҳои соҳа дар як сол ба маблағи 5,79 миллиард сомонӣ маҳсулот фурӯхтаанд, ки 4 миллиард (425 миллион доллари ИМА) сомонии он ба хориҷи кишвар буд. Музди миёнаи беш аз 10 ҳазор кормандони соҳа 3210 сомониро ташкил додааст. Дар як сол шумораи коргарони соҳа 1240 нафар афзудааст ва ҳаҷми молиёт ба буҷаи давлат аз ин соҳа 1,59 миллиард сомониро ташкил додааст.
Вазорат дар нақша дорад, ки соли 2019 бо мақсади рушди бештари соҳа, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ чандин иншооти нави истеҳсолӣ бо истифода аз ашёи хоми ватаниро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад. Аз ҷумла қарор аст соли ҷорӣ ду корхонаи саноатӣ: ҶДММ “ТЕВА Душанбе-саноати кӯҳӣ”, ки дар кони “Кумарғи боло”- и ноҳияиАйнии вилояти Суғд тилло тавлид хоҳад кард ва ҶСК “Равшан”, дар пойтахти кишвар маҳсулоти заргарӣ ва ҷавоҳирот истеҳсол хоҳад намуд, ба фаъолият оғоз хоҳанд кард.

Коркардаи ашёи хом дар дохили кишвар

Корхонаҳои саноати сабук якҷо бо корхонаҳои пахтатозакунӣ дар зарфи як соли сипаришуда беш аз 2 миллиарду 700 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки дар қиёс ба соли 2017 153 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар омори дастовардҳои яксолаи Вазорати саноат ҳамаи корхонаҳои соҳа, шуруъ аз тавлиди ришта аз пахта, то истеҳсоли ҷӯробҳои гуногун, маҳсулоти дӯзандагӣ, сарулибоси мактабӣ, қолинҳои рангоранг, пойафзол, матоъҳо, коркарди пӯсти чорво солро бо комёбиҳои назаррас ҷамъбаст кардаанд. Боиси хурсандист, ки тадриҷан коркарди маҳсулоти хом дар дохили кишвар ва чун ашёи омода ба фурӯш баровардани он меафзояд. Чунончӣ, соли 2018 дар қиёс ба як соли пеш 162,1 ҳазор метри мураббаъ зиёдтар матоъи пахтагин истеҳсол шудааст. Ё худ тавлиди ҷӯробҳои гуногун бо истифода аз маҳсулоти ватанӣ дар муқоиса ба як соли пеш 1,9 миллион ҷуфт афзудааст. Ва ин гуна мисолҳо зиёданд. Дар маҷлиси солонаи Ҳукумати мамлакат Роҳбари давлат аз пурра коркард нашудани нахи пахта дар дохилии кишвар изҳори нигаронӣ карда буд. Дар он ҷаласа гуфта шуд, ки аз “сабаби пурра коркард нагардидани нахи пахта дар дохили кишвар содироти он ба хориҷи кишвар мунтазам афзоиш ёфта, ҳаҷми он дар соли 2018 — 93 ҳазор тоннаро бо арзиши 165 млн. доллар ташкил дод. Аз ҷумла, соли 2018 дар корхонаҳои нассоҷӣ 21 фоизи нахи пахтаи дар дохил истеҳсолгардида коркард карда шудааст. Яке аз сабабҳои пурра коркард нашудани нахи пахта аз фаъолият бозмондани корхонаҳои ресандагӣ ё бо иқтидори пурра фаъолият накардани онҳо мебошад”.
Сардори давлат бо ҳамон изҳори нигаронӣ гуфт, ки соли гузашта чор корхона, аз ҷумла ҶСП “Олим Текстайл”, ҶСК “Вализода Мастчоҳ” дар ноҳияи Мастчоҳ, ҶСК “Самар” дар ноҳияи Восеъ ва ҶСК “Бофандаи Норак”-и шаҳри Норак, умуман фаъолият накардаанд. Инҳо камбудиҳое буданд, ки тибқи супориши ҳукумат имсол ислоҳ мешуданд.
Шавкат Бобозода чанд омили пешрафтҳо дар саноати сабук дар соли гузаштаро ном бурд. Яке аз он ба истифодаи технологияи нав иртибот дорад, ки соли гузашта корхонаҳои соҳа ба маблағи 215 миллион сомонӣ аз хориҷ ворид кардаанд. Ва дигар таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба рушди соҳа буд, ки дар пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ имтиёзҳое дода шуданд. Ин тадбирҳо бенатиҷа набуданд. Чунонӣ, агар соли 2014 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 8,7 тонна риштаи пахтагӣ истеҳсол шуда бошад, пас бо гузашти чор сол он ба 20,7 ҳазор тонна (2,4 баробар бештар аз соли 2014) расид.
Бо мақсади роҳандозии коркарди пилла то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ иқдомоте сурат гирифт. Аз ҷумла, корхонаи «Дук» барои истеҳсоли пати абрешим ба кор даромад, ки 40 нафар дар он фаъолият мекунанд. Инҳо аввалин талошҳо барои дар дохили кишвар фароҳам овардани шароит ҷиҳати коркарди маҳсулоти хом ва ба маҳсулоти ниҳоӣ расонидани он мебошанд. Соли 2019 ин гуна барномаҳо ва сохтани корхонаҳои тавлидӣ аз ҳисоби маҳсулоти хоми дохилӣ зиёд дар нақша гирифта шудаанд.

Афзоиши содироти ангишт ба хориҷи кишвар

Соли 2018 12 корхонаи истихроҷи ангишт аз ҳисоби захираҳои 9 кон 1 миллиону 907 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карданд, ки дар таърихи кишвар собиқа надошт. Аз ин миқдор 1 млн. 785 ҳазор тоннаи он ба фурӯш рафт. Саҳми корхонаҳои КФ “Шахтаи “Фон-Яғноб” (46,3 %), ҶДММ “Талко Ресурс” (23 %) ва ДИА-и ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик (18%) дар ин комёбӣ назаррас аст.
Харидории ангишт дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти бақияи соли сипаригардида 1 млн. 785 ҳазор тоннаро ташкил дод. Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 (831 ҳазор тонна) КВД “Ширкати Алюминии Тоҷик” (8,7 ҳазор тонна) аз харидорони аслии ангишти ватанӣ буданд. Соли гузашта муассисаҳои буҷетии мамлакат аз корхонаҳои истихроҷи ангишт нисбат ба як соли пеш 12,2 ҳазор тонна бештар ангишт харидаанд, вале аҳолии кишвар дар қиёс ба як соли пеш 53 ҳазор тонна камтар ангишт харидааст. Эҳтимол меравад лағви лимити барқ сабаб шуда бошад, ки аҳолӣ бештар ба нерӯи барқ рӯ овардаву захираи солонаи ангиштро коҳиш дода бошад.
Содироти ангишт ба хориҷи кишвар афзуд. Чунончӣ, аз соли 2005 то соли 2012 ҳамагӣ зиёда аз 12 ҳазор тонна ангишт содир шуда буд, аммо корхонаҳои тавлиди ангишт соли 2018 содироти онро 3,7 баробар афзоиш доданд. Соли гузашта дегхонаҳои Шарқиву Ғарбии «Талко» бештар аз гази табиӣ истифода карданд ва ин сабаб шуд, ки талаботашон ба ангишт 92 ҳазор тонна кам шуд.

Ба ҷойи охирсухан

Ин ҷониб тасмим гирифта буд дар бораи вазъи саноати кишвар як силсила мақолот омода кунад. Вале чуноне дар оғоз ишора шуд, ҳамсуҳбат фаъолияти худро дар риштаи дигар идома медиҳад. Ҳарфҳое, ки гуфта буд, аз мавқеъи вазирии худ гуфта буд. Бахусус дар бораи ояндаи Тоҷикистони саноатӣ ва тавонмандиҳои кишвар дар ин замина. Ҳоло ки Шавкат Бобозода дар ин мавқеъ нест, гумон мекунам овардани назараш ҳам чандон муносиб набошад…

Бобоҷони Шафеъ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here