Ё худ, риояи Қонуни забони давлатӣ бар дӯши кист!?
Ганҷ ҳам дорему ранҷ ҳам
Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии ҶТ» аз соли 1989 ва мақоми қонунӣ гирифтани он дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат марҳилаи тозаеро дар ҳаёти сиёсӣ, нигоҳдошти забон, истифодаи калимаҳои тоҷикӣ, решаҳои вожаҳою тарзи корбурди он дар расми коргузорӣ, забони илм ва ғайра ба миён овард.
Номзади илмҳои филологӣ Нуралӣ Нурзод бар ин назар аст, ки бо истифода аз қонуни қаблан қабулгардида дар як марҳилаи кӯтоҳ воқеан корҳои зиёд анҷом дода шуд. Тавре ӯ мегӯяд, «мушкилот ва муаммоҳо дар татбиқи қонуни забон зиёд буданд. Қабули дубораи қонун дар соли 2009 аз сар гирифта шуд, ки айни замон 10 сол аст, ки идома дорад ва хеле аз мушкилоти дар муҳимтарин масъалаҳои татбиқи қонуни забон вуҷуддошта, аз ҷумла шиору овезаҳо, бо забони давлатӣ ба роҳ мондани коргузорӣ дар идораву муассисаҳо, номгузории иншооти муҳим айни ҳол бартараф шуданд».
Аммо эҳсос мешавад, ки гарчанде дар расми коргузорӣ, дар шиору овезаҳо пешравиҳо бошанд, ҳанӯз ҳам камбудиҳо дар номгузории иншооти хусусӣ, мағозаҳо, навиштаҷоти маводи тарғиботӣ ба чашм мерасанд.
Номи зебо — маънибахши иншоот
Рӯ меорем ба риояи қоидаҳои забони тоҷикӣ дар навиштаҷоти лавҳаҳои тарғиботӣ, номгузории иншооти фарҳангӣ, номи мағозаҳо, ошхонаю дигар нуқтаҳои умумӣ дар мисоли шаҳри Хуҷанд, ки то чӣ андоза меъёрҳои забони тоҷикӣ риоя мегарданд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар шаҳри Хуҷанд иншооти хурду бузург, аз ҷумлаи биноҳои маъмурӣ, иншооти истеҳсолӣ, марказҳои самту соҳаҳои гуногуни кору хизматрасонӣ, фарҳангию фароғатӣ ва ободонӣ бунёд шудаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар радифи ба вуҷуд омадани биноҳои дорои тарҳу намуди хосаю дилрабо, номи зебо ба онҳо маънӣ ва ҳусни тоза мебахшад. Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии Истиқлол, Кохи Суғдиён, Авесто, Боғи Ирам, Хубҷам, Порсои Хуҷанд, Садаф, Сабза, Ваҳдат, Хушбахтӣ ва даҳҳо чунин номҳои асили тоҷикӣ ба тарҳи ҷолиби биноҳо, кору фаъолияти муассисаҳо мувофику зебанда буда, аз масъулият дар номгузорӣ ва завқи зебоипарастии масъулону соҳибмулкон шаҳодат медиҳанд.
Тавре мушоҳидаҳои мо нишон дод, шиору овезаҳои ифодакунандаи мароми сиёсати давлатӣ, истиқлолият, ободию осоиштагии кишвар, ки дар ҷойҳои серодам, кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд насб гардидаанд, аз ҷиҳату мазмуну маъно ба меъёрҳои имрӯзаи забони давлатӣ мутобиқат мекунанд ва бехатою пурмазмун дарҷ гардидаанд.
Чу ман ҳар лаҳза хории забон бинам…
Вале боз ҳастанд номҳои пур аз ғалату аз маънӣ дур, номҳои бахусус нуқтаҳои савдою хизматрасонии шахсони алоҳида ба забонҳои дигар, номгузорӣ ё таблиғоти молу маҳсулоту кору хизматрасонӣ бо ғалати маъною бо ғалати имло, ки боиси таассуф аст ва натанҳо ҳусну намуди ҳамон як муассиса ё нуқтаи савдою хизматрасониро коста мегардонад, гузашта аз ин, бемасъулиятии соҳибони ин иншооту биноҳоро нисбат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишон медиҳад. Ва мо барои мисол то чӣ андоза ба забони давлатӣ мутобиқат кардани чанд намунаи номгузории мағозаҳо, марказҳои хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд — Мехх колексия, Fason, Богема, Ноз+, iamdifferent, Дуэт, Альфия, Botalefi, Eyfel, faberlec ва чанде дигарро аз проффесори кафедраи методикаи таълими забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдусаттор Абдуқодирзода пурсон шудем.
— Номҳои мағозаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ, ки Альфия, Мехх колексия, Fason, iamdifferent ва ғайра зикр ёфтаанду барои муштариёни тоҷикзабон маҳсулот пешниҳод мекунанд, инҳо калимаҳои ғайритоҷикӣ ҳисоб мешаванд. Ё илова шудани аломати ҷамъ дар номи мағозаи Ноз+ аллакай барои харидор ё меҳмон нофаҳмо аст,- мегӯяд Абдуқодирзода.
Ба андешаи номзади илмҳои филологӣ ва узви Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нуралӣ Нурзод, бо дигар забонҳо номгузорӣ шудани номи мағоза ва ё ширкатро соҳибмулкони иншоот бо ҷанбаҳои иқтисодӣ ё имиҷи ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ асоснок мекунанд.
— Бо ин ҳисоб таваҷҷуҳи муштариёнро ба харидории маҳсулот ҷалб карданианд, ки ин асос надорад. Молу маҳсулоти босифат ҳамавақт харидори худро дорад ва метавон бо роҳҳои гуногун, бо забони тоҷикӣ ё бо ду забон номгузорӣ шудану тарғиб намудан, харидорро ҷалб намуд,- мегӯяд Нурзод.
Бо забони тоҷикӣ низ лавҳаҳои тарғиботиро мебинем
Лавҳаи маводи таблиғотӣ бо забони тоҷикӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ширкати тиҷоратие бо чунин навиштаҷот насб гардидааст: «Дӯст бошӣ, ҷон бошӣ, ҳатто ошнои дадом бошӣ, насия нест! Насия ҳаст».
Ба андешаи проффесори кафедраи методикаи таълими забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Абдусаттор Абдуқодирзода, ин навиштаҷот қисми якумаш бисёр рехта, ҷумлаи мураккаб аст. «Дӯст бошӣ, ҷон бошӣ» — инро фаҳмидан мумкин, вақте давоми ҷумларо мехонем — «ҳатто ошнои дадом бошӣ», ин мувофиқи мақсад нест. Калимаи «ошно» луғати халқӣ-гуфтугӯӣ, калимаи «дадом» шакли шевагии калима ҳисобида мешавад. Аз дигар тараф, калимаи «ҷон» бо «дадом» ҳамқофия шуда наметавонад.
Абдуқодирзода изҳор дошт, ки «ҳарчанд ин навиштаҷот самимист, вале аз нуқтаи назари забоншиносӣ қобили қабул нест. Ҳар кас бояд меъёрҳои забони адабиро риоя кунад».
Қонун қонун аст. Риояи он бар дӯши кист?
Роҳ ёфтани ғалатҳо дар номгузориҳою навиштаҷот ва таблиғоти молу маҳсулот хилофи талаботи моддаҳои 13 ва 18-и Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Бино ба иттилои расмӣ, гуруҳи кории Комиссияи татбиқи Қонуни забони давлатӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд дар рафти санҷишҳо ба масъулони як қатор муассисаҳо огоҳӣ додаанд, ки нуқтаҳои савдоро ба забони тоҷикӣ номгузорӣ намоянд, то барои ҳамагон фаҳмо бошад.
Сарчашмаи пайдоиши хатоҳо аз куҷост?
Тавре мушоҳида намудем, иддае аз масъулони корхонаву муассисаҳо ва нуқтаҳои хизматрасонию савдо дар интихоби ному тибқи талаботи имло ва меъёри забони адабии тоҷикӣ навиштани лавҳаи тарғиботӣ бо мутахассиси забондон машварат намекунанд. Дар баъзе маврид ҳар шахс бо дарку фаҳмиш ва завқи худ амал намуда, матни маводи тарғиботӣ таҳия ва ё номи мувофиқро интихоб менамояд. Роҳ ёфтани хатоҳо аз ҳамин омилҳо низ сарчашма мегирад.
Аз ин лиҳоз, дар идораҳои маъмурии бақайдгирӣ бояд комиссияи татбиқи Қонуни забони давлатӣ фаъолият намуда, оид ба тарзи дурусти номи шахс, номгузорӣ шудани номи корхона ё ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, аз ҷиҳати мазмуну мантиқ ба забони тоҷикӣ мутобиқ будани он ҳангоми барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ба шаҳрвандон маслиҳату машварат диҳанд. Дар назди бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳангоми номгузорӣ феҳристи номҳои тоҷикӣ пешниҳод карда мешавад, вале вақти дар мавриди мазмуну маънои ном суол кардан посухи равшан гирифтан мушкил аст.
Дар Нозироти андози шаҳри Хуҷанд аз ташкил ёфтани чунин комиссия изҳори бехабарӣ доранд ва гуфтанд, ки оид ба номгузорӣ шудани номи корхона бо забони тоҷикӣ ба роҳбарони корхонаҳои навтаъсис тавсия медиҳанд, вале то чӣ андоза аз ҷиҳати мазмуну мантиқ шевою мувофиқ ба забони адабии тоҷикӣ мутобиқ будани номи корхона донандагони хуби забони адабӣ ҷалб карда нашудаанд. Ва ҳамзамон, дар ин идора мо на адабиёти лозимӣ, луғатномаҳо ё фарҳанги забони тоҷикиро надидем, ки дар сурати лозим шудан аз он истифода намоянд.
Дар мавридҳои дигар хатоҳои имлоӣ ва маъноӣ аз ҷониби муассисаҳои табъу нашри маводи тарғиботӣ (оҷонсиҳои рекламавӣ) низ содир мешаванд. Ҳангоми пешниҳоди навиштаҷот аз ҷониби дархосткунандагон дар муассисаҳои таблиғотӣ, бе санҷиши мазмуну муҳтаво ва бе баэътиборгирии хатоҳои имлоӣ ба нашр мерасонанд.
Дар ин сурат баҳсҳо дар мавриди мутобиқ набудан ба забони тоҷикӣ ё забонӣ адабӣ, ғалатҳои имлоиву маъноӣ пайдо мегардад, ки дар бисёр ҳолатҳо соҳибкорон ҳамгоми тавсияи масъулин оид ба нав кардани навиштаҷот ё ҷарима кардан барои ислоҳ нашудан, сахтгирӣ дар тоҷикӣ шуданро як навъ монеа ба фаъолияти соҳибкорӣ ё бадбинӣ нисбати шеваи гуфтугӯии як маҳал қабул менамоянд, ки куллан ғалат аст.
То сахт нагӯӣ, ислоҳ намешаванд
Лавҳаи тарғиботӣ бо забони тоҷикӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд — «дӯст бошӣ, ҷон бошӣ, ҳатто ошнои дадом бошӣ» ё дигар лавҳаи тарғиботӣ — «дадош, ягончӣ биёред» ва ҳамин гуна дигар лавҳаҳои тарғиботӣ барои мутобиқ набудан ба забони тоҷикӣ, аз ҷиҳати маъно, истифодаи калимаҳои лаҳҷаи гуфтугӯӣ дар навиштаҷот ё бо забонҳои дигар баҳси гарме дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Тавре эҳсос гардид, дар ин баҳсҳо аслан сухан дар мавриди мазмуну маъно, ба забони адабӣ мутобиқ будани он намерафт ва аксаран онҳое, ки ташаббускори тартиб додану паҳни ин маводи тарғиботӣ буданд, ҷонибдори фикри худ буданд, ки бояд дар чӣ шакле набошад, хоҳ бо забони дигар, бо шеваи гуфтугӯии маҳал ё бо ғалати маъно, матни эълону реклама тартиб дода шавад. Яъне ҳар кас дар фикри манфиати худ аст.
Имрӯзҳо дар шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ филмҳои бадеӣ, тасвирӣ, мусобиқаҳои варзишӣ дар шакли тарҷумаи тоҷикӣ пешниҳоди тамошобинон гардонида мешавад.
Ҳамин гуна, аз суҳбатҳо, мушоҳидаҳои ҳаррӯза хулоса баровардан мумкин аст, ки то ҳанӯз як қисме аз ҷомеаи мо ба гӯш додани барномаҳои радиою телевизион, мусобиқаҳои варзишӣ, филмҳои бо тарҷума, нашри эълону маводи тарғиботӣ ва суҳбатҳо бо забони адабии тоҷикӣ пурра одат накардаанд. Ва ҳамон сухани худро такрор менамоянд: «Тоҷикиша намон!».
Ин ҳам шояд таъсири забонҳои ғайритоҷикӣ, ки як давра дар кишвари мо мавқеъ доштанд, ё муҳоҷирати меҳнатии муваққатии шаҳрвандону дигар омилҳо бошад?!
Ҳар он чӣ дар ин ҷо ба гунаи мисол дар як шаҳри Хуҷанд овардем, ба ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ хос буда, ҳамин гуна бархӯрд бо забони тоҷикиро ҳис менамоем.
Яъне, мо ҳанӯз ба дарки маънии «забон аз рукнҳои асосӣ дар шинохти миллат ва давлат, ифодакунандаи тафаккур, ақида, ҳуввияту ормонҳо ва ҳастии миллат аст» нарасидаем?!
Тавре олимону адибон иброз медоранд, забони тоҷикӣ дорои 200 ҳазор калима буда, яке аз пурғановаттарин забонҳои дунё мебошад. Яъне, ганҷ ҳам дорему ранҷ ҳам…
Маҳмуд АҲМАДӢ, рӯзноманигор