Сели имрӯз дар деҳаи Рӯзи Обноки ҷамоати Ёрии шаҳри Панҷакент ҷони ду бародарро гирифт.
Дар ин бора сокинони деҳаи мазкур дар суҳбат ба «Фараж» хабар дода гуфтанд, омадани сел соати 14:30 дақиқаи имрӯз иттифоқ афтод. Ба гуфтаи Анвар ном сокини деҳаи Рӯзи Обнок, бародарон, ки яке дар шаҳри Душанбе, дигаре дар ГЭС-и Роғун кор мекарданд, барои гузаронидани иди Фитр ба деҳа омада буданд ва бехабар аз омадани сел ҳарду дар долони хонаашон суҳбат мекарданд.
Анвар аз бародарони селбурда Рӯзимурод ва Суннатулло, ки синнашон аз 50-сола болотар аст, ном бурда, мегӯяд, айни ҳол ҷасади Суннатуллоро пайдо кардаанд ва ҷустуҷӯи ҷасади Рӯзимурод идома дорад.
Сел аз теппаҳо фаромада роҳи асосии мошингард, боғу ҳота ва хонаҳои мардумро зер карда, сабабгори як муддат мутавақиф шудани ҳаракати нақлиёт гардидааст.
Аз ҳукумати шаҳри Панҷакент гуфтанд, айни замон ҳама сохторҳои дахлдор бо роҳбарии раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода ба ҷои ҳодиса рафта, ситоди зудамал таъсис дода шудааст.
Ин дар ҳолест, ки 3 рӯз қабл, дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Косатароши Панҷакент низ сел омада ба манзилҳои сокинон даромада буд.
Чанд рӯзи охир дар пайи боришоти пай дар пайи борон дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сел омада, дар пайи худ хисороти зиёд ба ҷой гузоштааст.
Шамсулло Фозилов
Хуршед Фозилов