Сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Зиннат Қурбонова бо мушкилии оилавие ба вебгоҳи хабарии “Faraj.tj” муроҷиат карда, дар сӯҳбат иброз намуд, ки муноқишаҳои ӯву хонаводаи шавҳараш қариб шаш сол ба ин сӯ роҳи ҳалли худро намеёбанд.

Ин зан мегӯяд соли 1999 оиладор гардидаву дар зиндагии якҷоя ҳамроҳи ҳамсараш, соҳиби ҳафт фарзанд — 3 писару 4 духтар шудаанд.

— Пас аз муноқишаҳои тӯлонӣ ва ҷангу ҷанҷоли оилаи шавҳарам, соли 2014 онҳо барои ману кӯдакҳоям аввал дар ҳелчаи мурғ, сипас дар оғил “хона” ҷудо карданд. Бо кӯдакҳоям шаш моҳ дар рӯйи замин хоб кардем. Дар ин муддат кӯдакҳоям дардманд шуданд, — мегӯяд Зиннат Қурбонова. – Ҳамсарам маъюби гурӯҳи якум аст. Дар аввал ӯ ҳамроҳам муносибати хуб дошт. Баъдтар хусуру хушдоманам бо ҳар баҳонае ҳамроҳам ҷанг мекарданд. Соли 2017 онҳо маро аз ҳавлиашон берун карданд.

Зиннат Қурбонова баъди аз хона ронда шудан чанд маротиба ба раиси маҳаллаву ҷамоат муроҷиат кардааст.

— Аз дасти раиси маҳаллаву ҷамоат чизе наомад. Ба ҳукумати ноҳияи Фархор ва суд низ барои ҳалли мушкилиам муроҷиат кардам. Онҳо низ натавонистанд мушкилиамро ҳал кунанд, — гуфт ин зан. — Чанд ватқ дар хонаи аппаву акаҳоям зиндагӣ кардам. Рӯзе шуд, ки нони хӯрдан надоштем. Ба хонаи акаам мерафтам, то орд гирам, мегуфт, ки хонаи ман барои ту осиёб нест.

Ин зан баъди нофаҳмиҳои рӯзгор ва тангии маишӣ маҷбур шудааст, ки барои кор ба шаҳри Душанбе ояд.

— Зиндагӣ маҷбурам кард, ки ба Душанбе оям. Дар як ошхонаи маҳаллаи 46 ҳамчун зарфшӯ ба кор даромадам. Панҷ рӯз ҷойи хоб надоштам. Шабро дар кӯча рӯз мекардам, — дар ҳоле, ки ашкҳояшро пок мекард, бо алам иброз намуд Зиннат Қурбонова. – Як мард аҳволи маро дида, гуфт, биё ҳамроҳи ман зиндагӣ кун. Ӯ низ иҷоранишин асту дар сохтмоне кор мекунад. Баъдтар ман бо ин мард оиладор шудам. Ҳоло дар чойхонае фаррош шуда кор мекунам. Ҳамарӯза аз субҳ то шом дар кор ҳастаму ҳамагӣ 40 сомонӣ маош мегирам. Вақтҳои охир, вазъи саломатиам низ бад шудааст. Чанд рӯз боз ҳамсари собиқам занг зада мегӯяд, “биё бачаҳота гир, ман зани нав мегирам”.

Ин зан ҳоло ҳайрон мондааст. Мегӯяд, зиндагӣ дар шаҳр мушкил ҳасту дар хонаи иҷора чӣ хел метавонад бо ҳафт кӯдак зиндагӣ кунад.

— Ба болои ин, ҳамаи кӯдаконам бесавод мондаанд. Ба мактаб намераванд. Бачаи калониам синфи 10 мехонаду то ҳанӯз на навиштан метавонад ва на хондан. Ӯро даҳмарда кардаанд, — гуфт Зиннат Қурбонова. – Ҳоло мехоҳам падарашон онҳоро бо шароити хуб таъмин кунад. Куҷое рафтам мушкилии оилавиам ҳалли худро наёфт. Охирин умедам, ҳамин идораи шумо аст. Боварӣ дорам ки баъди ба ин ҷо муроҷиат карданам масъулин барои ҳалли нофаҳмиҳои байни ману хонаводаи шавҳари собиқам мусоидат мекунанд.

Вебгоҳи хабарии Faraj.tj омода аст, ки дар робита ба ин масъала, назару вокуниши хонаводаи шавҳари ин занро низ интишор намояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here