Дар шаҳри Риштони вилояти Фарғона маросими ифтитоҳи “Кохи дӯстӣ”-и ӯзбекону тоҷикон баргузор шуд. Дар ин маросим ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров, сафири томулихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ ширкат карданд.

Хайрулло Бозоров гуфт, ки ӯзбекону тоҷиконро аз қадим боз риштаҳои дӯстиву бародарӣ ва хешу таборӣ ба ҳам мепайвандад. Ин ду халқ аз ҳамон давраҳо то имрӯз ба ин дӯстиву рафоқат содиқ мондаанд ва маросимҳои хурсандиашон ҳаргиз бе иштироки якдигар намегузарад.

— Ӯзбекону тоҷикон дар ин замину макон ҳамчун гӯшту нохун ба сар мебаранд. Онҳо паҳлӯ ба паҳлӯ бо сокинони қавму миллатҳои кишвар ҳамеша дар рушду такомули он он ҳиссаи худро мегузоранд. Бобову падарони мо чунин зиндагӣ карда омадаанд ва мо давомдиҳандагони ҳамон анъанаҳои неки онҳо ҳастем,— гуфт Хайрулло Бозоров.

Сафири Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ҳамаи иштирокчиёни ин маросимро бо чунин рӯз табрик намуд ва афзуд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳайси шарикони стратегӣ дар тамоми ҷабҳаҳо ҳамкориҳои худро вусъат мебахшанд.

— Иштироки ман дар чунин як анҷумани хубу гуворо боиси сарфарозист. Бо ташаббуси ҳокимияти вилояти Фарғона ва ҳокимияти ноҳияи Риштон ин кохи дӯстӣ барпо гардид ва нишонаи олии дӯстиву рафоқати тоҷикону ӯзбеконро таҷассум менамояд. Дар ин маврид сарварони ду давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мӯҳтарам Шавкат Мирамонович Мирзиёев нақши муассир бозидаанд ва ҳоло ду халқи бародар дар роҳи таҳкими он баробар қадам мезананд. Ман бовар дорам, ки дар ин кохи дӯстӣ дастандаркорони он барои тақвияту таҳкими дӯстиву бародарии ду мардум талоши бештар ба харҷ дода медиҳанд. Ин анъана барои наслҳои навраси мо низ  боқӣ мемонад, —  иброз намуд сафири Тоҷикистон.

— Ҳар гуна бинову хона ва кушкро дӯстон зинат мебахшанд. Кушке, ки ин ҷо арзи вуҷуд намудааст ва имрӯз маросими ифтитоҳи он бо тантанаи хос баргузор гардид, баёнгари он мебошад, ки мо шохаҳои як дарахтем ва боҳам дӯсту бародарем, — мегӯяд мудири ин Кохи дӯстӣ Турсунхӯҷа Абдураҳмонов.

Ба гуфтаи ӯ  ин бино дар ивази 150 миллион сӯм комилан бозсозӣ гардид ва ҳоло нақшаҳои зиёд доранд, ки бо ҷалби мардум, хосатан ҷавонони ноҳия ва вилоят барномаҳои мақбул ва ҷолиб пиёда кунанд.

— Ин биноро устоёни гулдасти Исфара сохта буданд ва нақшу нигори он маҳсули дасти онҳо мебошад. Бо гузашти айём он ба як бинои мӯҳташам табдил ёфт ва Кохи дӯстӣ унвон гирифт, — изҳор кард соқибқадори меҳнат аз шаҳри Риштон Юлдошбой Додобоев. Вай афзуд, ки бо тақозои тақдир ин бино ба Кохи дӯстии ду халқ мубаддал гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар маркази ин ноҳия як гурӯҳи сохтмончиён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаву машғули сохтани бинои боғчаи бачагона мебошданд. Гуфта мешавад, корҳои асосии сохтмонии он ба охир расидаанд.

Шаҳри куҳанбунёди Риштон макони олимон ва адибону ҳунармандони маъруф мебошад. Дар ин шаҳр муаллифи китоби “Ал-Ҳидоя” Бурҳонуддини Марғинонӣ ба дунё омадааст, ки дар рушди тамаддуни илму ирфони исломӣ нақши муассир бозидааст.

Аввалин Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон Муҳаммадҷон Қосимов низ  зодаву парвардаи ҳамин шаҳр аст.

Риштонро ҳамчунин кулолонаш машҳури дунё кардаанд. Дар ин шаҳр корхонаҳои зиёди хусусӣ фаъолият мекунанд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кулолгарӣ машғуланд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, вилояти Фарғона

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here