Аз савгандёкунии президенти Амрико, нахустин мусобиқаи бокс дар ҷаҳон, омадани Ленин ба Русия ва ҳуҷуми артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ба Берлин, то зодрӯзи Чарлӣ Чаплин, рӯзи ҷаҳонии овоз ва ҳавои бебориши 16-уми апрел

Рӯйдодҳои муҳими таърихии 16-уми апрел дар ҷаҳон

1789 – Аввалин президенти Амрико Ҷорҷ Вашингтон маросими савгандёдкуниро анҷом дод.

1854 – Сан Салвадорро заминҷунбии харобиовар такон дод, ки бар асари ин фалокат 311 нафар фавтиданд.

1860 – Нахустин мусобиқаи ҷаҳонии бокс доир шуд.

1917 – Владимир Ленин, пас аз 17 соли мусофират, дубора ба Русия баргашт, то ҳукумати муваққатиро таъсис диҳад.

1922 – Иттиҳоди Шӯравӣ ва Олмон Шартномаи Рапаллоро имзо карданд, ки тибқи он Олмон Иттиҳоди Шӯравиро эътироф кард ва муносибатҳои дипломативу тиҷоратии ду кишвар аз нав барқарор гардид.

1945 – Артиши Сурх ҳамлаи худро ба пойтахти Олмони фашистӣ оғоз кард.

1947 – Дар Техаси ИМА киштии фаронсавие, ки нуриҳои нитратиро интиқол медод, оташ гирифт. Дар натиҷаи ин фалокат 576 нафар ҳалок шуд.

1948 – Дар Париж Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Аврупо таъсис дода шуд.

1961 – Президенти ИМА Авраам Линколн тиҷоратро ба давлатҳои конфедеративӣ манъ кард.

1862 – Ғуломӣ дар Колумбияи ИМА мувофиқи қонун манъ карда шуд.

1993 – Созмони Миллали Муттаҳид имрӯз барои муҳофизати паноҳандагони мусалмон аз ҳамлаи сербҳо дар хоки Босния иқдом кард.

2013 – Дар Эрон сахттарин заминларзаи 50 соли охирба амал омад.

Ҷашнҳои ҷаҳон

16-уми апрел ба падидаи овозӣ  ва нақши он дар ҳаёти инсон бахшида шуда, ҳамчун рӯзи ҷаҳонии овоз таҷлил мешавад. Ҳадафи таъсиси Рӯзи байналмилалии овоз ҷалби таваҷҷуҳи мутахассисони соҳаи тиб ва одамони курраи замин ба падидаи овозии инсон мебошад.

16-уми апрел дар Булғория рӯзи ҳуқуқшиносон ва қабули нахустин Конститутсия аст.

16-уми апрелро кормандони милитсияи Арманистон, ҳамчун иди касбӣ қайд мекунанд.

Дар ин рӯз таваллуд шудаанд:

1889 – ҳаҷвнигори машҳури ҷаҳон Чарли Чаплинг

1984 – ҳунарманди кинову театри Англия Элизабет Фой

1945 – тележурналисти рус Михаил Лешинский

1985 – муштзани машҳури амрикоӣ Нейт Диас

 Вазъи обу ҳаво барои имрӯз, 16-уми апрел, дар Тоҷикистон

16-уми апрел дар шаҳри Душанбе ва  ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ ҳаво абрноки бебориш мешавад.

— шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с

— дамои шабона – 7-9 дараҷа гарм; рӯзона – 20-22 дараҷа  гарм

Вазъи боду ҳавои ВМКБ 16-уми апрел тайғирёбанд-а буда, борони кӯтоҳмуддат меборад

— шамол аз самти Ғарб 2-7 м/c

— дамои шабона – 2-4 дараҷа гарм; рӯзона 15-17 дараҷа гарм

Вазъи обу ҳавои вилояти Суғд тайғирёбанда шуда, боронидани борони кӯтоҳ пешгӯйи шудааст.

— шамол аз самти Ғарб 3-8 м/c

— дамои шабона 7-9 дараҷа гарм; рӯзона – 16-18 дараҷа гарм

Дар вилояти Хатлон 16-уми апрел ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад.

— шамол аз самти Ғарб 2-7 м/c

— дамои шабона  8-10  дараҷа гарм; рӯзона 22-24 дараҷа гарм

Маълумот аз вазъи боду ҳаво, аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ гирифта шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here