Аз ғарқшавии киштии “Титаник”, бомбапартоии сарбозони НАТО ба сӯйи сокинони осоишта, заминҷунбии ҳалокатбор дар Чин, қатли президенти Амрико ва рӯзи кормандони БДА дар Украина то борони шиддатноки 14-уми апрел.

14-уми апрел дар ҷаҳон чӣ воқеа рӯх дод?

1912 – Киштии “Титаник” ҳангоми сафари худ ба кӯҳяхпора (айсберг) бархӯрда, ғарқ шуд. Дар натиҷа 1 ҳазору 500 нафар ба ҳалокат расида, 700 нафар наҷот ёфтанд.

1920 – Паҳн шудани тӯфони шадид дар Миссисипї боиси марги 219 нафар шуд.

1956 – Ампекс Коп – нахустин сабти видеокамераи тиҷоратии худро ба намоиш гузошт.

1961 – Боғи миллии Сингапур барои ҳифзи муҳити ҷангал ва ҳайвоноти дар он  сукунатдошта, таъсис дода шуд.

1981 – Аввалин киштии кайҳонии Амрико пас аз парвозҳои серӯза ба Замин баргашт. Командир ҳангоми иҷрои вазифа 36 маротиба Заминро давр зад.

1986 – Боришоти шадиди борон дар Бангладеш 92 нафарро ба ҳалокат расонд.

1894 – Нахустин намоиши оммавии кинетоскопи Томас Эдисон баргузор шуд.

1994 – Хатои техникии сарнишинони ҳавопаймои ҳарбии ИМА, 26 нафарро ба ҳалокат расонд.

1999 – НАТО як корвони гурезаҳои этникии албаниро дар масири роҳи Косово бомбаборон карда, 92 шаҳрванди осоиштаро ба ҳалокат расонд.

1999 – Покистон мушаки балистикиии худро озмоиш кард.

2010 – Шаш заминҷунбии ҳалокатовар дар минтақаи Юши Чин 500 нафарро кушта, 10 ҳазор касро маҷрӯҳ кард.

Рӯйдодҳои муҳими таърихии 14-уми апрел дар ҷаҳон

1946 – Дар Хитой ҷанги шаҳрвандии байни комунистон ва миллатгароён аз нав оғоз ёфт.

1965 – Президенти ИМА Авраам Линколн аз тарафи Ҷон Уилкс Бут парронда шуд. Рӯзи дигар президент ба ҳалокат расид.

1988 – Иттиҳоди Шӯравӣ розӣ шуд, ки артиши худро аз хоки Афғонистон берун кунад.

2003 – Лоиҳаи харитасозии геномияи инсон ба анҷом расид.

2008 – Ширкатҳои ҳавопаймоии “Делта” ва “Норзвест” шартномаеро дар  ҳаҷми панҷ миллиард доллар ба имзо расониданд. Баъдтар ин ширкат дар яккҷоягӣ бузургтарин хати мусофирбариро дар ҷазон таъсис доданд, ки даромади солонаи он 75 миллиард доллар мебошад.

2009 – ИМА маҳдудиятҳои сафари оилавӣ ба Кубаро бекор кард.

2012 – Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба роҳбарони ҳамаи вазоратҳои кишвараш фармон дод, ки тимҳои худро оид ба хоккей таъсис диҳанд.

Ҷашнҳои ҷаҳон

14-уми апрел дар Ҳиндустон оғози соли нави офтобӣ ҷашн гирифта мешавад.

14-уми апрел дар Украина рӯзи касбии кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохтла ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин рӯз таваллуд шудаанд:

1891 – Шоҳзодаи Арабистони Саудӣ Файсал

1950 – файласуфи Ҳинд Рамана Махаршӣ

1977 – ҳунарпешаи амрикоӣ Гарра Мишал

1891 – сиёсатмадор ва ҳуқуқшиноси ҳиндӣ Амбедкар

1892 – бостоншиноси австралиягӣ Гордон Чайлде

Вазъи обу ҳаво барои имрӯз, 14-уми апрел дар Тоҷикистон

14-уми апрел дар шаҳри Душанбе ва  ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ ҳаво абрнок буда, боридани борони шиддатнок дар назар аст.

— шамол аз самти Ғарб 3-8 м/с

— дамо шабона – 9-11 дараҷа гарм; рӯзона – 15-17 дараҷа  гарм

Вазъи боду ҳавои ВМКБ 14-уми апрел тайғирёбанда буда, борон меборад

— шамол аз самти Ғарб 3-8 м/c

— дамои шабона – 7-9 дараҷа гарм; рӯзона 13-15 дараҷа гарм

Вазъи обу ҳавои вилояти Суғд тайғирёбанда шуда, борони бошиддат меборад

— шамол аз самти Ғарб 3-8 м/c

— дамои шабона 11-13 дараҷа гарм; рӯзона – 15-17 дараҷа гарм

Дар вилояти Хатлон 14-уми апрел ҳаво абрнок буда, борони борон пешгӯи шудааст

— шамол аз самти Ғарб 3-8 м/c

— дамои шабона  11-13  дараҷа гарм; рӯзона 17-19 дараҷа гарм

Маълумот аз вазъи боду ҳаво аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ гирифта шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here