Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз бузургтарин ва маъруфтарин донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар айни замон аз рӯи интихоби довталабон дар Маркази миллии тестии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои якумро ишғол мекунад ва дар тӯли фаъолияти зиёда аз 70-солаи худ дар инкишофу рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илм ва маорифи кишвар саҳми босазо гузоштааст. Донишгоҳи мазкур 21-уми марти соли 1947 бо номи Университети давлатии Тоҷикистон таъсис ёфта, то замони соҳибистиқлолӣ ягона университет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Аз давраи таъсисёбӣ то имрӯз ин боргоҳи илму маърифатро 124 839 мутахассисон хатм намудаанд, ки аз ин теъдод 66 679 нафарро хатмкунандагони давраи соҳибистиқлолии мамлакат ташкил медиҳанд. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия, доктори илмҳои филологӣ, профессор Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ мебошанд.

Кадрҳои омӯзгорӣ
Дар соли нахустини таъсис донишгоҳ дорои 4 факултет ва 13 кафедра буд, ки аз рӯи 7 ихтисос ҳамагӣ 17 нафар кормандони доимӣ ва 19 нафар омӯзгори соатбайъ (2 нафар унвони профессор ва 8 нафар унвони дотсентӣ доштанд) ба кор фаро гирифта шуда буданд. Имрӯз бошад, ин даргоҳи бузурги илму маърифат дорои 18 факултет ва 19 бинои таълимӣ буда, дар 117 кафедраи донишгоҳ (110 кафедраи тахассусӣ ва 7 кафедраи умумидонишгоҳӣ) 1528 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 13 нафар академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 нафар узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 168 нафар докторони илм, 505 нафар номзадони илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд, ки аз онҳо 1255 нафар ба ҳайси омӯзгори доимӣ (штатӣ) ва 273 нафар ҳамчун омӯзгорони ҳамкор ва соатбайъ фаъолият менамоянд.
Қобили зикр аст, ки 53,4 фоизи омӯзгорони штатии донишгоҳро омӯзгорони унвони илмидор ташкил медиҳанд, ки яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ мебошад.

Ихтисосҳое, ки дар ДМТ омӯхта мешаванд
Таъмини тадриҷии пояи моддӣ-техникӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси он гардид, ки теъдоди ихтисосҳо, тахассусҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ-таълимӣ, синфхонаҳои электронӣ, кабинетҳои методӣ ва кафедраҳо ба таври назаррас афзоши ёбад. Танҳо дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат дар донишгоҳ 82 ихтисоси нав давра ба давра таъсис дода шуд ва муҳимтарини онҳо, ки барои рушди соҳаҳои муҳими иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар заруранд, ихтисосҳои амнияти компютерӣ, коркарди ККФ (корҳои маркшейдерӣ), дорусозӣ, электроникаи тиббӣ, кори тиббӣ-ташхисӣ, кори табобатӣ, кори иҷтимоӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ, назария ва амалияи тарҷума, забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷумон), суғурта, идораи инвеститсияҳои хориҷӣ, менеҷмент, тарҷумаи бадеӣ, андоз ва андозбандӣ, менеҷменти сиёсӣ, танзими ҳуқуқи молия ва қарз, метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия, биология (биотехнология), аудит ва ревизия, экспертизаи судӣ, минтақашиносии хориҷӣ, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ, ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, WEB-рӯзноманигорӣ ва дентрология (дарахтшиносӣ) мебошанд.
Вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва иқтисодиёти мамлакат имрӯз дар донишгоҳ аз рӯи 107 ихтисоси зерин мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир омода карда мешаванд:
1). 31030102 — Математика
2). 31030302 — Математикаи амалӣ
3). 31030400 — Информатика
4). 31030202 — Механика
5). 98010101 — Амнияти компютерӣ
6). 31040103 — Физика
7). 02050405 — Астрономия
8). 31040200 — Радиофизика ва электроника
9). 40020100 — Мошинҳои ҳисоббарор, СШ
10). 3102010209 — Метеорология ва климатология
11). 54010104 — Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия
12). 33010300 — Радиоэкология
13). 31050102 — Химия
14). 31050101 — Химия (химияи татбиқӣ)
15). 48010100 — Технол. хим. мод. ғайриорг., ММ
16). 48010300 — Техн. хим. зах. энергетикӣ ва МК
17). 54010300 — Усулҳои физ-хим. ва асбоб. НСМ
18). 51010103 — Гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ
19). 25010711 — Иқтисод ва идора дар саноати куҳӣ
20). 51010100 — Геология ва иктишофи ККФ
21). 51010104 — Геологияи нафту газ
22). 51020102 — Коркарди конҳои фоиданок (корҳои зеризаминӣ)
23). 510101-02 — Усулҳои гео. ҷуст. ва икт. ККФ
24). 51010110 — Гидрология ва пиряхшиносӣ
25). 31010102 — Биология
26). 33010101 — Экология
27). 310101-03 — Биология (биотехнология)
28). 1-750101-01 — Илми ҷангалпарварӣ
29). 79010800 — Дорусозӣ
30). 49013201 — Технологияи равғани чарб, равғани эфир ва АК
31). 79010400 — Кори тиббӣ — ташхисӣ
32). 79010100 — Кори табобатӣ
33). 31040309 — Электроникаи тиббӣ
34). 21020100 — Фалсафа
35). 230106-02 — Сиёсат ва идораи давлатӣ
36). 23010400 — Психология
37). 23010500 — Сотсиология (иҷтимоиёт)
38). 86010102 — Кори иҷтимоӣ
39). 23010603 — Менеҷменти сиёсӣ
40). 210301-01 — Таърих
41). 23011301 — Таъриху бойгоншиносӣ
42). 210301-02 — Таърих (бостоншинос)
43). 23010100 — Муносибатҳои байналмилалӣ
44). 23010106 — Минтақашиносии хориҷӣ
45). 2301020305 — Фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар МБ
46). 24010200 — Ҳуқуқшиносӣ
47). 24010100 — Ҳуқуқи байналмилалӣ
48). 26010200 — Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ
49). 93010100 — Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ
50). 24010302 — Танзими ҳуқуқии молия ва қарз
51). 24010217 — Ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ
52). 93010200 — Санҷиши судӣ
53). 23010800 — Рӯзноманигорӣ
54). 23010900 — Рӯзноманигории байналхалқӣ
55). 47010104 — Умури нашриёт
56). 23010701 — Иттилоот ва робита
57). 23010903 — Журналист-тарҷумон
58). 230108-0203 — WEB-рӯзноманигорӣ
59). 21050100 — Забон ва адабиёти тоҷик
60). 21050103 — Забоншиносӣ ва технологияи нави иттиллоотӣ
61). 26020401 — Ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини ҳуҷ. идора
62). 210601-0202 — Тарҷумаи бадеӣ
63). 25050110 — Мероси хаттӣ
64). 02020400 — Фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ (фолк.)
65). 21050200 — Филологияи рус
66). 21050404 — Назария ва амалияи тарҷума
67). 23010201 — арабӣ-англисӣ
68). 23010201 — арабӣ-франсавӣ
69). 23010201 — форсӣ-англисӣ
70). 23010201 — ҳиндӣ-англисӣ
71). 23010201 — урду-англисӣ
72). 23010201 — форсӣ-франсавӣ
73). 23010201 — пашту-англисӣ
74). 21060102 — Забон. муос. хор. Забони хитоӣ
75). 21060102 — Забон. муос. хор. Забони англисӣ
76). 21060102 — Забон. муос. хор. Забони олмонӣ
77). 21060102 — Забон. муос. хор. Забони фаронсавӣ
78). 2030702 — Заб. хориҷӣ (хитоӣ. Информат.)
79). 25010400 — Молия ва қарз
80). 25010402 — Кори бонкӣ
81). 25010300 — Иқтисодиёти ҷаҳонӣ
82). 25010717 — Иқтисод ва идораи сайёҳӣ
83). 25010404 — Суғурта
84). 25010304 — Идораи инвеститсияҳои хориҷӣ
85). 250104-03 — Андоз ва андозбандӣ
86). 25010800 — Баҳисобгирии бухгалтерӣ, ТА
87). 25010500 — Омор
88). 31030601 — Кибернетикаи иқтисодӣ
89). 25011100 — Аудит ва ревизия
90). 25010701 — Иқтисодиёти меҳнат
91). 25010706 — Танзими давлатии иқтисоди миллӣ
92). 25010700 — Иқтисод ва идора дар корхонаҳо
93). 250107-15 — Иқтисодиёт ва идора дар КАС
94). 26020200 — Менеҷмент
95). 26020300 — Маркетинг
96). 26010101 — Идораи мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ
97). 40010202 — Технология ва низоми иттилоотӣ
98). 26020203 — Менеҷменти инноватсионӣ
99). 98010101 — Амнияти компютерӣ
100). 31030802 — Математика ва технологияи информатсионӣ
101). 31030700 — Информатикаи татбиқӣ
102). 1000101 — Бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ
103). 430106 — Технологияи энергияи самарабахш ва МЭ
104). 8002010 — Кори тиббии биологӣ
105). 570101 — Ҳифзи муҳити зист ва истифодаи сарватҳо
106). 480102 — Технологияи химиявии мод. органикии ММО
107). 480101 — Технологияи химиявии мод. ғайриорганикӣ
Дар доираи ихтисосҳои номбурда айни замон 23983 нафар донишҷӯён (17802 нафар дар шуъбаи рӯзона + 5557 нафар дар шуъбаи ғоибона, 624 нафар магистрант ва докторантон) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 7490 нафар дар гуруҳҳои буҷавӣ ва 16493 нафар дар гуруҳҳои шартномавӣ таҳсил менамоянд. Тибқи квотаи Президентӣ 399 (254 духтар) нафар ба таҳсил ҷалб карда шудаанд, ки ҳамаи онҳо бо хобгоҳи ройгон ва идрорпулӣ таъминанд.

Татбиқи технологияи ҳозиразамони компютерӣ
Татбиқи технологияи ҳозиразамони компютерӣ вобаста ба иҷрои «Барномаи давлатии компютерикунонии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар раванди таълими донишгоҳ хеле густариш ёфтааст. Моҳи марти соли 2018 бо маблағгузории Ҷумҳурии мардумии Чин ҷиҳати пайвасти ноқилҳои хатти Интернетии Wi-Fi дар «Шаҳраки донишҷӯён» 396 000 доллари амрикоӣ ҷудо карда шуда, корҳои васлкуниро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Хуавей» ба роҳ монд. Хатти Интернетии Wi-Fi дар 11 нуқтаи беруна ва 15 нуқтаи дохилӣ пайваст гардид, ки қисми зиёди биноҳои таълимии «Шаҳраки донишҷӯён»-ро фаро гирифт.
Айни замон дар донишгоҳ барои таъмини раванди таълим бо техника ва технологияи информатсионӣ ва иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ дар факултетҳо ва сохторҳои таркибии донишгоҳ 2160 адад компютер, аз он ҷумла 543 адад принтерҳои бисёрфунксионалӣ, 23 адад нусхабардор, 23 адад аксбардор (сканер), 176 адад видеопроектор ва 117 адад тахтаҳои электронӣ мавриди истифода қарор доранд. Донишгоҳ инчунин дорои 32 озмоишгоҳҳои илмӣ ва 103 озмоишгоҳҳои таълимӣ мебошад, ки дар баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти донишҷӯён саҳми арзанда доранд.

Магистратура
Зинаи таҳсилоти магистратура дар донишгоҳ дар асоси талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф бо мақсади тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дорои дараҷаи магистр ба роҳ монда шудааст. Таҳсил дар магистратура дар асоси нақшаҳои таълимии соли 2016 ва 2018 сурат мегирад, ки барои пешбурди фаъолияти зинаи мазкур 52 адад нақшаи таълимӣ таҳия шудааст.
Айни замон дар донишгоҳ аз рӯи 52 ихтисос магистрон таҳсил менамоянд, ки теъдоди онҳо 642 нафарро ташкил дода, аз ин шумора дар курси якум 354 нафар ва дар курси дуюм 288 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Таҳсилоти фосилавӣ
Дар ДМТ вобаста ба талаботи Стандартҳои давлатии таҳсилоти ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ нақшаҳои таълимӣ барои 36 ихтисоси шакли таҳсили фосилавӣ омода ва ба роҳ монда шудааст. Вобаста ба иҷрои талаботи мазкур шуруъ аз оғози соли таҳсили 2017-2018 таҳсил тавассути низоми таҳсилоти фосилавӣ оғоз гардида, тибқи нақшаи қабул 653 нафар донишҷӯ ба сафи донишҷӯёни курси якуми таҳсилоти фосилавӣ қабул карда шуд. Ҳамчунин, портали (барномаи компютерӣ) электронии танзимкунандаи назорати раванди таълими таҳсилоти фосилавӣ бо ибтикори барномасозони донишгоҳ таъсис дода шуд, ки тавассути он супоридани санҷишҳои фосилавӣ, супоридани корҳои контролии донишҷӯён, ҳаракати варақаҳои имтиҳонӣ, дастрасӣ ба маводҳои таълимӣ, аз ҷумла, бонки лексияи фанҳои таълимӣ ва саволномаҳои тестии фанҳои таълимӣ назорат ва роҳандозӣ карда мешаванд.

Мутобиқати низоми таълим ба низоми байналмилалии муосир
Сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф пеш аз ҳама ба ҳалли масъалаҳои муҳимтарин, аз қабили болоравии сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ равона карда шудааст. Татбиқи чунин сиёсат дар ин раванди гузариш масъулини Донишгоҳи миллиро водор намуд, ки санадҳои меъёрию ҳуқуқиро вобаста ба талаботи замон ва арзишҳои миллӣ мутобиқ сохта, дар омода намудани Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ пешоҳанг ва фаъол бошанд ва аз соли 2014 ихтисосҳои донишгоҳ пурра ба низоми таҳсилоти кредитӣ гузаронида шуд.

Идрорпулиҳои ифтихорӣ ва иҷтимоӣ
Дар донишгоҳ 14 нафар донишҷӯён Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 нафар донишҷӯён Стипендияи Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 10 нафар донишҷӯёни аълохон Стипендияи ба номи Исмоили Сомонӣ мегиранд ва ба якнафарӣ стипендияи ба номи Садриддин Айнӣ, ба номи Абулқосими Лоҳутӣ, ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев, ба номи И. Қ. Нарзиқулов, ба номи И. Д. Давлатов ва ба номи М. Назаршоев дода мешавад. Ҳамчунин, пайваста 300 нафар донишҷӯёни камбизоат ва бепарастор бо стипендияи иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд.
Дар ДМТ 188 нафар ятимони кулл ва маъюбон таҳсил мекунанд, ки ҳамагӣ бо идрорпулӣ ва ҷои хоби ройгон таъминанд. Инчунин, дар ҷашну чорабиниҳо донишгоҳ аз рӯи имконият ба онҳо кӯмаки молӣ мерасонад.

Таҷрибаомӯзӣ
Дар донишгоҳ донишҷӯён тибқи нақша ба чор намуди таҷрибаомӯзӣ: таълимӣ, истеҳсолӣ, омӯзгорӣ ва пешаздипломӣ сафарбар мегарданд. Соли сипаригашта 4375 нафар ба таҷрибаомӯзии таълимӣ, 1255 нафар ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ, 4560 нафар ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва 2222 нафар ба таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ ва кори хатмкунии лоиҳакашӣ сафарбар гардиданд. Донишҷӯёни шуъбаи ғоибона бошанд, 1005 нафар ба таҷрибаомӯзии таълимӣ, 354 нафар ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ, 1188 нафар ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва 378 нафар ба таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ сафарбар карда шуданд.

Донишкадаи такмили ихтисос
Дар назди ДМТ Донишкадаи такмили ихтисос амал мекунад, ки танҳо дар соли 2018 омӯзгорони зиёда аз 40 муассисаи олии таълимӣ ва 60 коллеҷи ҷумҳуриро аз курси такмили ихтисос гузаронд. Ҳоло дар донишкада 8 нафар корманди асосӣ, 3 нафар корманд бо тарзи шартномавӣ ва зиёда аз 110 нафар омӯзгорони соатбайъ кору фаъолият менамоянд. Донишкада тибқи нақшаи тасдиқшуда 15 курс гузаронд, ки дар курсҳои мазкур зиёда аз 536 нафар шунаванда малакаи дониши худро баланд бардошта, аз курси такмили ихтисос гузаштанд ва бо диплом таъмин гардиданд. Ҳамчунин, ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар донишкада 6 курси забономӯзӣ таъсис дода шуда, 184 нафар малакаи забондониашонро беҳтар гардониданд.

Аспирантҳо
Шуъбаи аспирантураи ДМТ яке аз пурнуфузтарин шуъбаҳо буда, соли таҳсили 2017-2018 ба шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи аспирантура ва докторантураи донишгоҳ 86 нафар довталаб баъди супоридани имтиҳонҳо ба ҳайси аспирант, 80 нафар довталаб ба ҳайси унвонҷӯ қабул карда шуданд. Бо дастгирии раёсати донишгоҳ 16 нафар аспирант барои ҷамъоварӣ намудани маводи илмӣ оид ба рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ба сафари илмӣ ба Федератсияи Россия, Қазоқистон, Белорусия ва дохили ҷумҳурӣ фиристода шуданд.

Шӯроҳои диссертатсионии миллӣ ва байнидавлатӣ
Танҳо тайи 7 сол (2012-2018) дар пояи Шӯроҳои диссертатсионии донишгоҳ 675 рисолаи номзадию докторӣ аз ҷониби омӯзгорони дигар муассисаҳо ва пажуҳишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳимоя карда шудааст. Дар соли 2018 аз ҷониби устодону кормандони донишгоҳ 120 нафар рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро ҳимоя намудаанд.
Соли 2018 дар донишгоҳ дар баробари кушодашавии Шӯроҳои диссертатсионии миллӣ 2 Шӯрои байнидавлатӣ (илмҳои геологӣ ва иқтисодӣ) аз рӯйи 6 ихтисос фаъол буданд, ки дар онҳо 4 нафар устодони донишгоҳ рисолаҳои номзадии хешро ҳимоя карданд. Ҳамзамон, дар 10 Шӯроҳои диссертатсионии миллии назди донишгоҳ 8 рисолаи докторӣ ва 61 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуд.
Ҷиҳати баланд бардоштани асолати кори илмӣ ва пешгирӣ аз нусхабардорӣ дар назди раёсати илм ва навоварии техникии донишгоҳ Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва ташхисӣ ташкил гардида, бори нахуст дар ҷумҳурӣ барномаи «Антиплагиат» бо забони тоҷикӣ таҳия гардид. Дар соли ҳисоботӣ 3434 рисолаи дипломию кори хатмкунӣ, 251 рисолаи магистрӣ аз ташхис гузаронида шуд.
Миқдори унвондорони донишгоҳ соли 2018 ба 53,4 % расидааст, ки ин тамоюли зиёдшавӣ бинобар таваҷҷуҳ ва таъкидҳои ҳамешагии раёсати донишгоҳ дар самти илм ва фароҳам овардани шароити хуби илмию пажуҳишӣ мебошад. Дар соли сипаришуда ҳайати устодону кормандони донишгоҳ роҷеъ ба 54 самт, 110 масъала ва 133 мавзуъ таҳқиқот гузарониданд.

Китобхона
Донишгоҳ дорои якчанд китобхона буда, фонди умумии китобхона 976 768 китобро ташкил медиҳад. Толорҳои барҳавои қироатхонаҳо дар биноҳои гуногун дорои 742 ҷойи нишаст мебошад. Китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кори худро мутобиқи Низомнома ба роҳ монда, фонди он ҳамасола аз ҳисоби китобҳо, маҷаллаву рӯзномаҳои нав пурра гардида, барои хонандагон дастрасии бештарро таъмин мекунад. Шумораи умумии китобҳои воридшуда дар соли 2018 ба 9217 нусха дар 1315 номгӯ мерасад.

Маҳфилҳои илмии донишҷӯён
Дар ДМТ сол то сол доираи фаъолияти ҷамъияти илмии донишҷӯён васеъ гардида, шумораи донишҷӯёни дар маҳфилҳои илмӣ фаъолияткунанда зиёд гашта истодаанд. Тибқи маълумоти ба дасти мо расида, танҳо дар соли 2018 ба ҷамъиятҳои илмии донишҷӯён 2661 донишҷӯ ҷалб гардида, дар 116 кафедраи донишгоҳ 121 маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯён амал кардаанд. Дар заминаи иҷрои корҳои илмию таҳқиқотии донишҷӯён соли 2018 беш аз 10 066 корҳои курсӣ, 651 рисолаҳои хатм, 2561 корҳои дипломӣ ва 251 рисолаҳои магистрӣ таҳия ва муҳокима гардидаанд.

Конференсияҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмию оммавӣ
Омӯзиши мо нишон дод, ки самти дигари иҷрои корҳои илмию таҳқиқотии донишгоҳро ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмию оммавӣ ташкил медиҳанд. Соли 2018 дар донишгоҳ 102 конференсияи илмии дараҷаҳои гуногун гузаронида шудааст, ки дар онҳо масъалаҳои мухталифи рӯзмарра мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳайати кормандони илмӣ, докторантон, аспирантон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар конференсияҳои дараҷаҳои гуногун 5175 маъруза қироат намудаанд, ки аз онҳо 975-то дар конференсияҳои байналмилалӣ, 1591-то дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва 1063-то дар конференсияҳои дохилидонишгоҳӣ мебошад. Инчунин, донишҷӯёни донишгоҳ дар соли 2018-ум 1546 маърӯза омода намуда, дар конфронсҳо баромад намудаанд. Ин худ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар донишгоҳ ба ҷалби бештари донишҷӯёну устодон дар соҳаи илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Дастовардҳои илмию методӣ
Аз маълумоти омории ба мо пешниҳодшуда бармеояд, ки дар соли 2018 122 барномаи таълимӣ, 13 воситаи таълимӣ, 10 китоби дарсӣ, 8 монография аз тарафи Шӯрои илмию методӣ муҳокима ва ба чоп тавсия гардидаанд. Дар ин давра аз рӯи ихтисосҳои роиҷи донишгоҳӣ шакли такмилёфтаи 105 адад нақшаҳои нави таълимӣ бо фарогирии дараҷаҳои академии бакалавриату мутахассис, 52 адад нақшаҳои таълимии зинаи магистратура ва 12 адад нақшаҳои таълимии зинаи таҳсилоти 2-юми олӣ дар асоси Консепсияи нави таҳиянамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида, дар мувофиқа бо Маркази таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди иҷро қарор гирифтаанд.
Дар соли 2018 дастовардҳои илмии омӯзгорони донишгоҳ на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ дастгирии зиёд пайдо кард. Соли гузашта дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея намоишгоҳи байналмилалии 11-уми бонувони ихтироъкор баргузор гардид, ки дар он 3 нафар омӯзгори факултети химияи донишгоҳ ихтирооти дорои аҳамияти ҷаҳонии хешро пешниҳод намуданд. Дар натиҷаи ин ҳамоиш бонувони донишгоҳ бо 1 медали тилло, 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ сазовор ва барои ихтироъ дар соҳаи кимиё қадршиносӣ гардиданд.

Муносибатҳои байналмилалӣ
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи намоёни илмию таълимӣ на танҳо барои худи донишгоҳ, балки барои дигар муассисаҳои илмию таълимии дохилу хориҷи кишвар мутахассисони соҳибунвонро тайёр менамояд. Айни замон 401 нафар донишҷӯёну аспирантон ва унвонҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Танҳо дар соли таҳсили 2018-2019-ум 263 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва докторантураи (PhD) донишгоҳ қабул шудаанд, ки ин аз нуфузи донишгоҳ на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ аз кишвар низ шаҳодат медиҳад.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 256 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дошта, узви Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Донишгоҳи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Авру-Осиё, муассиси Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ, узви Ассотсиатсияи байналмилалии омӯзгорони забон ва адабиёти рус (МАПРЯЛ) мебошад. Тибқи гузориш, танҳо дар соли 2018 донишгоҳ бо 33 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ созишнома ва тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расонидаст, ки чунин сатҳи баланди ҳамкорӣ гувоҳ аз обрӯи баланди донишгоҳ аст. Бо ба роҳ мондани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо кишвари Ӯзбекистон шумораи донишгоҳҳои ҳамкори ДМТ зиёд гардида, имсол донишгоҳ танҳо бо 9 муассисаи таълимии ин ҳамсоякишвар созишнома ба тасииб расонид.
Эътирофи донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ ва мақому мартабаи ин боргоҳи маърифат асос шудааст, то чандин ҳайатҳои баландпояи давлатӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, роҳбарони донишгоҳу марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ, олимони забардаст ба донишгоҳ ташриф биёранд. Яке аз муҳимматрин рӯйдодҳои соли сипаригашта ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд ба донишгоҳ ва мулоқоти ӯ бо устодону донишҷӯён мебошад.
Соли сипаришуда Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси мизбони ҳамоиши 12-уми Ҳафтаи маорифи кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бо унвони “Таҳсилот бидуни ҳудуд” баромад намуда, дар ҳошияи ин ҳамоиши бонуфуз дар донишгоҳ Форуми байналмилалӣ ва мизҳои мудаввар аз рӯйи 7 равияи Донишгоҳи СҲШ бо иштироки намояндагони бештар аз 40 донишгоҳҳои давлатҳои узви СҲШ бо шумули беш аз 200 ходимони давлатӣ, роҳбарон ва олимону муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ватаниву хориҷӣ баргузор гардид.
Баргузории конференсияи байналмилалии «Устод Айнӣ ва масъалаҳои равобити адабӣ» бахшида ба 140-солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ бо иштироки 20 адабиётшиносу айнишиносони хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Ҳолланд, Амрико, Малазия, Россия ва Афғонистон ва конференсияи байналмилалии «Забон ва фарҳанги Чин дар фазо ва арзёбии байналмилалӣ» бахшида ба 10-солагии таъсисёбии Маркази таълимию фарҳангии Конфутс бо иштироки 20 нафар муҳаққиқу олими хориҷӣ ва чандин ҳамоишҳои дигари илмии байналмилалӣ аз мавқеъ ва мартабаи ДМТ миёни олимони ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад.
Яке аз рисолатҳои калидии Донишгоҳи миллӣ омода намудани мутахассисони рақобатпазири ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат аз рӯи ихтисосҳои нав ва замонавӣ мебошад, ки вобаста ба ин дар соли 2018 бо ибтикори раёсати донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Полотск (Белорус) аз рӯи ихтисосҳои “Психологияи амалӣ”, “Саёҳат ва меҳмондорӣ” қабули довталабон ба роҳ монда шуд. Ҳамин тавр, донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пешрафтаи Ҷумҳурии Белорус аз рӯйи 11 ихтисоси барои пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарурӣ омода намудани кадрҳои замонавиро ба роҳ мондааст. Донишгоҳ бештар аз ҳама бо донишгоҳҳои давлатҳои аъзои ИДМ робитаҳои ҳамкорӣ дорад, ки шумораи онҳо айни ҳол ба 158 адад расидааст.

Табодули муҳассилин ва устодон
Самти дигари татбиқи созишнома ва тафоҳумномаҳои дутарафа ва бисёртарафа табодули муҳассилин ва устодон дар ДМТ анҷом додани сафарҳои илмӣ барои коромӯзӣ, иштирок дар конференсия ва симпозиумҳои байналмилалӣ мебошад. Дар соли 2018 бештар аз 412 нафар устодони донишгоҳ барои иштирок дар ҳамоишҳои илмӣ, дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ, таҳсил, коромӯзӣ ва ҷиҳати ширкат дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба донишгоҳҳо ва марказҳои илмии хориҷи кишвар фиристода шудаанд.
Донишгоҳ ба ҳайси узви Консортсиуми Донишгоҳҳои шабакавии ИДМ дар соли хониши 2017-2018-ум 9 нафар ва дар соли сипаригашта 11 нафар магистрро барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи Дӯстии халқҳои Россия (ДДХР — РУДН) фиристод, ки дар маҷмуъ 20 нафарро танҳо дар зинаи магистратураи Донишгоҳи ИДМ фаро мегирад. Ба таври умум, дар соли 2018 бештар аз 124 нафар донишҷӯ ва магистрҳо бо мусоидат ва дастгирии раёсати донишгоҳ ба хориҷи кишвар фиристода шудаанд.
Дар доираи Барномаи ЭРАСМУС+ бошад, дар соли 2018-ум 31 нафар донишҷӯён ба Донишгоҳи Филиппс-Марбург (Олмон), Донишгоҳи Палатски шаҳри Оломоутси Ҷумҳурии Чехия, Донишгоҳи техникии Дрезден, Донишгоҳи Тартуи Ҷумҳурии Эстония, Донишгоҳи Александру Иоана Кузаи Руминия, Донишгоҳи Масарикаи Чехия ба муддати як нимсола ба таҳсил фиристода шуданд. Чунин мисолҳо кам нестанд ва айни ҳол 27 намояндаи донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои мухталиф дар аспирантураи кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд.

Маркази фарҳангӣ-таълимии Конфутсий дар назди ДМТ
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази фарҳангӣ-таълимии Конфутсий ва Дафтари марказии Институти Конфутсия амал мекунад, ки соли 2009 ифтитоҳ шудааст. Дар асоси шартнома Донишгоҳи педагогии Синзяни Ҷумҳурии халқии Хитой ҳамчун донишгоҳи шарик дар таъсиси Марказ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.
Вазифаи асосии Марказ таълиму тадриси забони хитоӣ ба хоҳишмандон ва дар ин замина шинос намудани онҳо ба расму оин ва фарҳангу маданияти мардуми Чин аст. Дар ибтидои таъсиси Марказ ҳамагӣ 4 нафар устодони забони чинӣ аз Ҷумҳурии халқии Хитой барои тадрис ҷалб шуда буданд, ки айни замон миқдори онҳо беш аз 30 нафарро ташкил медиҳад. Алҳол дар Марказ зиёда аз 400 нафар хонандагон дар 30 гуруҳ ба таълими забони хитоӣ ҷалб шудаанд, ки ба онҳо 10 нафар устодон дарс мегӯянд.

Маркази табъу нашр
Зимни ташриф ба донишгоҳ мо аз “Маркази табъу нашр” дидан намудем, ки дар нашри китобҳои дарсӣ ва дигар маводи чопии кормандону устодони донишгоҳ нақши муассир дорад. Яке аз бахшҳои хеле муҳими фаъолияти “Маркази табъу нашр” баргардон ва тарҷума, таҳрир ва нашри маҷаллаҳои илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар як соли охир 122 барномаи таълимӣ, 13 воситаи таълимӣ, 10 китоби дарсӣ, 8 монографияи илмиро таҳрир карда, ба Шӯрои илмию методии донишгоҳ пешниҳод намуданд.
Айни замон панҷ маҷаллаи илмӣ дар назди Марказ таҳия мегардад. Маҷаллаҳои илмии «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» аз чаҳор маҷаллаи алоҳида иборат буда, 12 соҳаи илмро фаро мегиранд. Маҷаллаҳои мазкур аз моҳи июни соли 2016 ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия ва аз моҳи майи соли 2018 ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошанд.
Ҳамаи маҷаллаҳои илмии Паёми ДМТ ва маҷаллаи «Илм ва фановарӣ» мунтазам дар Индекси иқтибосҳои илмии Россия (РИНЦ) ворид карда мешаванд.

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»
Дар ДМТ нашрияи соҳавии «Ба қуллаҳои дониш» фаъолият мекунад, ки дар ташаккули худшиносӣ ва маърифати донишомӯзону омӯзгорони донишгоҳ аз ибтидо то ин дам хидмати нотакрор кардааст. Феълан нашрия дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ВАО», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иттилоот», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома ва Оинномаи донишгоҳ, амру фармоишҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад. Нашрия ҳафтае як маротиба дар ҳаҷми 16 саҳифа чоп мешавад ва аз беҳтарин нашрияҳои соҳавӣ дониста мешавад.

Ихтироот
Дар соли 2018 устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ 7 нахустпатент ва 18 гувоҳномаро ба даст оварданд, ки ин худ аз ихтироъкории устодону донишҷӯён гувоҳӣ медиҳад. Чунин дастовардҳо натиҷаи фаъолияти назарраси Институти илмию тадқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияташро мувофиқи нақшаи комплексӣ ба роҳ монда, аз рӯи 22 лоиҳаи илмии аз буҷаи давлат маблағгузоришаванда фаъолият намудааст.
Дар соли 2018 аз ҷониби кормандони Институт 24 монография, 8 китоби дарсӣ, 20 воситаи таълимӣ, 19 дастури методӣ, 252 мақолаҳои илмӣ (41 мақола дар хориҷа), 4 патент оид ба ихтироот ва 203 фишурдаю мақолаҳо (22-то дар хориҷа) чоп шудаанд.

Ҷои якум дар раддабандии Вазорати маориф ва илм
Соли дуюм аст, ки бо мақсади муайян кардани беҳтарин муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф рейтинг гузаронида мешавад. Дар аввали соли 2018 рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор гардид ва натиҷаи рейтинги мазкур бори дигар баланд будани сатҳу сифати таҳсилро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасдиқ намуд. Зеро дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 36 нишондиҳандаи таълимию илмӣ ва фаъолияти байналмилалӣ роҳандозӣ гардида, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар байни 34 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи 1-ум гардид.

Ҷои якум дар олимпиадаҳо
Иштирок ва ғолибият дар олимпиадаҳо барои донишҷӯёни ДМТ ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст. Соли 2018 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти ҷоизаи “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рӯи 13 соҳаи илм баргузор гардид, ки дастаи олимпии донишгоҳ дар олимпиада иштироки фаъол намуда, бо ишғол намудани нуҳ ҷойи якум, се ҷойи дуюм ва як ҷойи сеюм байни муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал гардид.
Ҳамчунин, дастаи олимпии донишгоҳ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда, бо соҳиб гардидан ба 6 ҷойи аввал, 3 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм, бо бартарияти зиёд дар байни муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал гардид.
Ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин 30 кори илмию таҳқиқотии донишҷӯёни донишгоҳ ба озмун пешниҳод гардида, донишҷӯёни донишгоҳ бо гирифтани 14 ҷой (3 ҷойи якум, 4 ҷойи дуюм, 7 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи аввал гардида, бо дипломҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҷои намоён дар озмунҳои берун аз ҷумҳурӣ
Бо дастгирии бевоситаи раёсати донишгоҳ дар олимпиадаи байналмилалии шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Белорус се нафар донишҷӯи факултети механика ва математика Бобоев С. И. (ҷойи 2-юм), Исматов Ф. Р. (ҷойи 2-юм) ва Ҳусейнов Ш. А. иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия Озмуни байналмилалии корҳои илмии ҷавонон таҳти унвони «Инновационная Евразия» баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни соли сеюми факултетҳои молиявию иқтисодӣ (Ҷӯраев Азизҷон) ва баҳисобгирии иқтисодӣ (Зоирова Манижа Илҳомовна) иштироки фаъол намуда, ба ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд.
Дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика, ки байни 239 нафар донишҷӯёни беш аз 20 кишвари олам дар Донишгоҳи давлатии Ургенҷи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида ба «Бузургдошти риёзидони маъруф Муҳаммад ал-Хоразмӣ» баргузор гардид, ду нафар донишҷӯи факултети механикаю математика иштирок намуда, ҷойҳои 2-юм ва 4-умро соҳиб гардиданд.

Гранту бурсияҳо
Дар соли сипаришуда дар донишгоҳ 11 гранту бурсияҳо мавриди татбиқ қарор доштанд, ки муҳимтарини онҳо Лоиҳаи “Шаҳраки зеҳнии донишҷӯён” (“Интеллектуальный кампус”), барои таъмини дастрасӣ ба шабакаи интернети баландсуръат тариқи технологияи Wi-Fi аз ҷониби Бунёди сулҳ ва тараққиёти Хитой, Лоиҳаи сохтмони бинои дуошёна барои Институти Конфутсияи назди ДМТ, Лоиҳаи «Шабакаи такмили таҳсилоти олии илман асоснок дар соҳаи микробиологияи бунёдӣ ва татбиқӣ» бо Маркази биотехнология, Лоиҳаи «Шабакаи такмили таҳсилоти олии илман асоснок дар соҳаи биотехнологияи микробиологӣ», Лоиҳаи баланд бардоштани сатҳи кории кормандони мақомоти суғурта ва омори сохторҳои давлатӣ (Олмон), Лоиҳаи COMPASS «Фарогирии иқтидор — Бунёд дар ҳусни ҳамҷавории Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ: ҳамгироии илмӣ, идоракунии таъсирбахш ва ҷомеаи устувор» дар якҷоягӣ бо донишгоҳҳои Кембриҷ, Белорус ва Самарқанд, Лоиҳаи “Бозомӯзии забони англисӣ ба кормандони роҳбарикунандаи ДМТ” аз ҷониби Сафорати Британияи Кабир, Лоиҳаи “Китобхонаҳо дар хатари нобудшавӣ” бо дастгирии китобхонаи Лондон, Лоиҳаи «TACES» “Мутоилоти аврупоӣ” дар доираи барномаи Erasmus+, Лоиҳаи “EXTEND” мебошанд.

Хобгоҳ
ДМТ дорои 7 хобгоҳ мебошад, ки аз 697 ҳуҷра ва 2135 ҷой барои эҳтиёҷмандон иборат аст. Аз суҳбат бо донишҷӯён маълум шуд, ки онҳо аз шароити зист дар хобгоҳ ҳаматарафа розӣ буда, дар хобгоҳҳо барои ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ пайваста чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, соли 2018 зиёда аз 34 номгӯи чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, варзишӣ, солимгардонии репродуктивӣ, ҷаласаи духтарон гузаронида шудааст.

Ба ҷои хулоса
Дар суҳбат бо мо Ректори донишгоҳ устод Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ иброз доштанд: “Мусаллам аст, ки симои донишгоҳи моро дастоварди таълимию методӣ ва илмии ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён инъикос менамояд. Бинобар ин, мо барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори ин махзани илму маърифат пайваста кӯшиш менамоем, то ин ки тавонем ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳме гузошта бошем”.
Воқеан, чунин ба назар мерасад, ки раёсати донишгоҳ дар татбиқи сиёсати маорифпарварони Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас дошта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ ва тайёр намудани кадрҳои болаёқат ҳама донишу малакаи худро истифода намуда истодаанд. Онҳое, ки мехоҳанд ҳамқадами замон бошанд ва соҳиби ихтисосҳои ба шароити иқтисоди бозоргонӣ ҷавобгӯй шаванд, ДМТ беҳтарин интихоб аст. Рамзи донишгоҳ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 101 мебошад.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here