Муассисаи таълимии «Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» яке аз марказҳои муосири омодакунии кадрҳои соҳаи молия ва иқтисоди кишвар буда, айни замон тавассути таъсиси заминаи моддию техникии замонавӣ ва таъминоти мукаммали методиву методологӣ ва кадрии раванди таълим дар низоми миллии омодакунии кадрҳои баландихтисос мақоми хоса дорад.
Дастовардҳои нодир ва заҳмату талоши ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон имкон дод, ки соли 2018 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №169 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шавад. Табдили мақом масъулияти ҳайати донишгоҳро ҷиҳати омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ ва илмию омӯзгорӣ баланд намуда, дар самти омода кардани мутахассисони рақобатпазир чораҳои муассир таҳия ва татбиқ меграданд. Ҳамин аст, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар мақоми чорум қарор дорад.
Айни замон дар донишгоҳ барои таҳсил, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири информатсионию коммуникатсионӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, аудиторияҳои таълимӣ, синфхонаҳои лингофонӣ, озмоишгоҳҳои компютерӣ, толори китобхонаи илмӣ ва дигар заминаи моддиву техникӣ бо воситаҳои аёнӣ, дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ ва моноблокҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Қобили қайд аст, ки шароити мусоиди таҳсил ва кору фаъолият дар пасманзари сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шуда, ҳама якдилона ва содиқонаву самимона дар татбиқи ҳамин сиёсат ҷаҳду талош карда истодаанд.

Таърихи ташаккул ва марҳилаҳои рушди ДДМИТ
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолият буда, соли 2012 дар заминаи муттаҳид сохтани Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Муассисаи навтаъсис Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ном дошта, то 27-уми марти соли 2018 бо ҳамин ном фаъолият дошт. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми марти соли 2018 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд. Донишгоҳ дар муддати кӯтоҳ тавонист яке аз марказҳои бузурги омодакунии кадрҳои соҳаи молия ва иқтисод гардида, сазовори ҷоизаҳои байналмилалии соҳавӣ шудааст. Муваффақиятҳои донишгоҳ дар самти идора, сифати таълим ва ҷорӣ намудани технологияву инноватсияҳо дар фаъолият буд, ки 22-юми марти соли 2015 дар шаҳри Женева сазовори «Тоҷи тиллоии сифат» (Gold quality Crown) гардидааст. Дарёфти ҷоизаи мазкур донишгоҳро узви баргузидаи WorldCob ва ҷамъияти байналмилалии BID гардонид. Дар баробари ин, 1-уми октябри соли 2015 донишгоҳ дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико барандаи ҷоизаи конфедератсияи ҷаҳонии бизнес BIZZ-2015 гардид, ки ин ҳама далели сифати ҷаҳонӣ доштани таълиму таҳсил дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад.

Сохтори ташкилии ДДМИТ
Айни замон дар ДДМИТ 5 раёсат, 9 шуъба, 6 факултет, 27 кафедра ва зиёда аз 13 бахшу марказҳо фаъолият доранд. Дар назди донишгоҳ Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Молия” ва Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи молия ва Парки технологӣ низ фаъолият мекунанд. Дар донишгоҳ факултетҳои зерин аз рӯйи самтҳои гуногун мутахассисони соҳаи молия, иқтисодӣ ва ҳуқуқи иқтисодиро омода мекунанд:
— Факултети молия ва қарз;
— Факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт;
— Факултети иқтисод ва бизнес;
— Факултети муносибатҳои иқисоди байналмилалӣ;
— Факултети ҳисобдорӣ ва омор;
— Факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ.

Заминаи моддӣ-техникии ДДМИТ
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дорои 3 бинои таълимӣ буда, дар биноҳои таълимӣ барои як басти таълимӣ ба донишҷӯён 5200 ҷойи нишаст пешбинӣ карда шудааст. Дар баробари ин, дар соли 2018 бинои нав дар масоҳати 900 м.кв., ки дар он барои кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, шуъбаи табъу нашр ва бунгоҳи тиббии донишгоҳ шароити муосири кору фаъолият фароҳам оварда шудааст, ба истифода дода шуд.
Айни замон дар донишгоҳ зиёда аз 2000 таҷҳизоти муосири информатсионию коммуникатсионии навъи гуногун харидорӣ ва насб карда шудааст, ки дар воқеъ дастоварди бузурги муассиса ба ҳисоб меравад. Аз инҳо 908 адад компютерҳои фардӣ, 124 адад ноутбук, 241 адад принтерҳои навъи гуногун, 369 адад UPS, 73 адад свитч, 13 WiFi-роутер, 42 проектор, 24 тахтаи электронӣ, 9 планшети деворӣ, 12 экрани баннерӣ ба ҳисоб мераванд. Дар баробари ин, дар донишгоҳ 10 синфхонаи компютерӣ, аз ҷумла, 2 маркази интернетӣ ва 2 китобхонаи электронӣ мавриди истифода қарор доранд. Соли ҷорӣ бошад, ду маркази бузурги технологияҳои муосири компютерӣ бо 200 ҷойи нишаст барои қабули имтиҳонҳо ва 1 озмоишгоҳи муосири компютерӣ таъсис дода шуданд, ки дар онҳо 20 адад моноблокҳои замонавӣ барои истифода пешниҳод шудаанд. Ҳамчунин, бо мақсади тақвияти заминаи моддию техникии омӯзиши забонҳо ва технологияи муосир марказҳои муосир ташкил карда шудааст, ки барномаҳои муосири забономӯзӣ ва забонҳои барномасозӣ васлу насб карда шудааст. Ғайр аз ин, дар биноҳои таълимии донишгоҳ интернети беноқили “WiFi” муҷаҳҳаз карда шудааст, ки устодону донишҷӯён дар раванди таълим ва таҳсил аз он истифода менамоянд.

Шумораи умумии донишҷӯён ва магистрон
Шумораи донишҷӯён дар санаи 30.12.2018-ум 7637 нафарро (4818 — шуъбаи рӯзона, 2819 — шуъбаи ғоибона) ташкил медиҳад. Аз инҳо 1497 нафар тариқи буҷавӣ, 6140 нафар тариқи шартномавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ҷумла, 1681 нафар духтар, 5956 нафар писарон.
Дар шуъбаи магистратураи донишгоҳ аз рӯи 12 ихтисос 419 магистрант ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ
Бо тағйир ёфтани мақом, ободу зебо гардонидан, такмил ёфтани базаи моддиву техникӣ ва зиёд гардидани таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба масоили ҷалби довталабони хориҷӣ, соли 2018 шумораи донишҷӯёни хориҷӣ ба маротиб зиёд гардид. Масалан, агар дар соли таҳсили 2015-2016 ҳамагӣ 5 нафар шаҳрванди хориҷӣ қабул шуда бошанд, дар соли 2018 ин шумора ба 180 нафар расид. Айни замон дар донишгоҳ 204 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар шуъбаи рӯзона 86 нафар; — 4 нафар аз Ҷумҳурии Қазоқистон, 3 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 15 нафар аз Ҷумҳурии Туркманистон, 3 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 59 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 1 нафар аз Федератсияи Россия.
Дар низоми таҳсилоти фоиславӣ бошад, 119 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил менамоянд: — 113 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 2 нафар аз Ҷумҳурии Қазоқистон, 1 нафар аз Ҷумҳурии Туркманистон, 3 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон.

Робитаҳои байналмилалии ДДМИТ
Густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳимтарини ташаккули эътибор ва замонависозии равандҳои омодакунии кадрҳои баландихтисос ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин солҳои охир дар ин самт корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, бо муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо созишномаҳои ҳамкорӣ баста шуданд. Дар баробари ин, мубодилаи донишҷӯён бо шарикони минтақавӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон татбиқ карда шуда, бо шарикони минтақавӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия барномаи “профессори даъватшуда” низ амалӣ карда шуд. Ба имзо расидани Лоиҳаи грантӣ дар доираи “Барномаи рушди таҳсилоти касбӣ”, сафарбар намудани профессорони донишгоҳ барои хондани лексияҳои кушод, проблемавӣ ва иштирок дар конференсияву семинарҳои илмии байналхалқӣ, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷумлаи дастовардҳои дигар дар самти робитаҳои байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд. Яке аз самтҳои дигари фаъолият дар бахши робитаҳои байналмилалӣ — ин ташкили мубодилаи академӣ ва мубодилаи донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Ҳамасола донишҷӯёни дараҷаи бакалавр ва магистр дар барномаи мубодила иштирок менамоянд. Маҳз дар доираи ҳамин барнома донишҷӯён ва магистрони донишгоҳ ба донишгоҳҳои хориҷӣ фиристода мешаванд, ки шумораи онҳо дар давраи соли 2018-ум 37 нафарро ташкил медиҳад. Донишҷӯёни донишгоҳ ба муассисаҳои таълимии Донишгоҳи Нархози Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи менеҷменти Алмаато, Донишгоҳи давлатии Петрозаводск, Донишгоҳи давлатии Пскови Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон ва Донишгоҳи тиҷоратӣ-иқтисодии Белорус фиристода шудаанд.
Дар соли 2018 бори нахуст таҷрибаи мубодила такмил дода шуда, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ дар ДДМИТ ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки ин дар низоми таҳсилоти олӣ таҷрибаи нодир аст. Аз ҷумла, дар асоси Созишномаи ҳамкории байни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишкадаи муҳандисӣ-техникии Екибастуз ба номи академик К. И. Сатпаеви Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии Оши Ҷумҳурии Қирғизистон 8 нафар устодон ва 12 нафар донишҷӯён ба донишгоҳ ташриф оварданд.
Мавриди зикри алоҳида аст, ки устодон аз Донишкадаи иқтисодӣ — муҳандисии Қаршии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва аз Донишкадаи политехникии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои хондани лексия ва бастани шартнома ба донишгоҳ ташриф оварданд.
Айни замон Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо 90 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва созмону ташкилотҳои байналхалқӣ созишномаҳои дутарафа дорад. Ҷуғрофиёи муносибатҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон давлатҳои хориҷи наздик (Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой) ва давлатҳои Иттиҳоди Аврупоро (Испания, Фаронса, Кипр, Литва ва Словакия) фаро мегирад.

Ихтисос ва зерихтисосҳо
ДДМИТ аз рӯи 40 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва фосилавӣ (ғоибона) донишҷӯёро қабул менамояд. Дар таълимгоҳ гуруҳҳои таҳсилашон ба забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ амал менамояд. Ихтисос ва зерихтисосҳои донишгоҳ фарогири самтҳои зер мебошанд: Ҳуқуқи иқтисодӣ, Танзими ҳуқуқи молия ва қарз, Ҳуқуқи андозу бонкӣ, Иқтисодиёти таҳлилӣ, Иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ, Иқтисоди ҷаҳон, Молия ва қарз, Молия, Кори бонкӣ, Андоз ва андозбандӣ, Суғурта, Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии берунӣ, Бозори фондӣ, Менеҷменти молиявӣ, Омор, Информатикаи иқтисодӣ, Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хурду миёна, Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо, Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ, Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат, Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар фаъолияти иқтисоди берунӣ, Идораи давлатӣ ва маҳаллӣ, Менеҷмент, Менеҷменти байналхалқӣ, Технологияҳои иттилоотии идоракунӣ дар иқтисодиёт, Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт, Хадамоти гумрук, Таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ, Таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ, Аудит ва ревизия, Молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, Менеҷменти инвеститсионӣ, Идораи ҳайати кадрӣ, Логистика, Кори реклама, Менеҷменти инноватсионӣ, Инвеститсияи байналмилалӣ ва Иқтисодиёт ва идора дар корхонаи комплекси агросаноатӣ.

Илм ва инноватсия
Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотии ДДМИТ барои солҳои 2018-2022 дар самти «Асосҳои назариявӣ ва методологии ташаккули модели индустриалӣ-инноватсионии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» муайян карда шуда, 14 самт, 14 муаммо ва 26 мавзуро дар бар мегирад. Дар соли 2018-ум 375 нафар кормандони илмӣ-педагогӣ, ки аз онҳо 320 нафарашон кормандони штатӣ, 39 нафарашон кормандони беруна мебошанд, ба корҳои илмию тадқиқотӣ ҷалб карда шуданд. Яъне ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 161 нафар устодони унвондор ва 250 нафар устодони беунвон, аспирантону унвонҷӯён, доктор аз рӯи ихтисос (PhD) ва магистрон (дар маҷмуъ 533 нафар) ҷалб гардиданд.
Соли 2018-ум 13 нафар устоди донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуда, 8 устоди дорои дараҷаи илмӣ ба кор ҷалб карда шуданд. Айни замон дар аспирантураи донишгоҳ 41 нафар аспирант дар шакли таҳсили рӯзона ва ғоибона, 59 нафар ба ҳайси унвонҷӯ ва 43 нафар доктор аз рӯи ихтисоси PhD ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғуланд. Дар маҷмуъ, соли 2018 дар донишгоҳ 1522 маводи илмӣ-таълимӣ ба нашр расидаст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2017 қариб 2,1 маротиба зиёд мебошад.
Дар соли 2018 дар донишгоҳ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми майи соли 2018 таҳти №240 дар маҷмуъ 3 конференсияи сатҳи байналмилалӣ, 14 конференсияи сатҳи ҷумҳуриявӣ, 2 конференсияи илмӣ-назариявии донишгоҳии ҳайати устодону донишҷӯён, 7 семинари илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалӣ, 11 мизи мудаввар баргузор гардидааст. Бояд қайд кард, ки санаи 5-уми октябри соли гузашта бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Институти сиёсати иқтисодии ба номи Е. Т. Гайдар ва Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии Россия дар назди Президенти Федератсияи Россия мизи мудаввари байналмилалӣ дар мавзуи «Муносибатҳои иқтисодии Россия ва Тоҷикистон: воқеият ва имконот» баргузор гардид.

Иштироки донишҷӯён дар олимпиада ва озмунҳо
Донишҷӯёни донишгоҳ соли сипаришуда аз рӯи 13 фан (математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ) дар олимпиадаҳо фаъолона иштирок намуданд. Ҳамасола олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо соли таҳсили 2018-2019 донишҷӯёни донишгоҳ сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гашта, бо ифтихорнома қадр карда шуданд. Илова бар ин, донишҷӯёни донишгоҳ бо корҳои илмии худ дар озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ — 2018», ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва озмун-фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон», ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, иштирок намуда, сазовори ҷойи намунавӣ ва ифтихорномаву диплом гардиданд.

Дастовардҳо ва ихтирооти устодону шогирдон
Устодону донишҷӯёни донишгоҳ ба корҳои илмию ихтироотӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, илмро ба истеҳсолот ва таҷриба алоқаманд месозанд. Аз ҷумла, мудири кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт Темурбекова С. Д. дар мавзуи «КИТТК: моделронии статсионарии математикии сохти мавҷҳои сӯзиши газ», варақаи иттилоотӣ 0218TJ01937, санаи 25.04.2018 бо рақами бақайдгирии №455/01.3314, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-40010202 Наимов Саидасрор бо роҳбарии ассистенти кафедра Мирзоев Нуралӣ бо номи манбаи маълумотии “Низоми идоракунии автоматии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ”, бо рақами №3201700336 санаи 23.01.2018, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-40010202 Наимов Саидасрор бо роҳбарии ассистенти кафедра Мирзоев Нуралӣ бо номи манбаи маълумотии “Низоми идоракунии автоматии садорати факултет”, бо рақами №3201800375 санаи 23.04.2018 гирифта шудаанд.
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 17-уми октябри соли гузашта дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманди сол” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯдухтарони ДДМИТ фаъолона иштирок намуда, ҳунару истеъдоди худро намоиш доданд. Дар ҷамъбаст Намуна Ғафурова — донишҷӯи курси сеюми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯи номинатсияи “Ҷавондухтари ташаббускор” ғолиб дониста шуд. Дар баробари ин, ҳамасола Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол» аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор карда мешавад. Боиси ифтихор аст, ки Албина Куканбекова — донишҷӯи курси 3-и факултети иқтисод ва бизнеси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм гардида, аз ҷониби Азим Иброҳим — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуд.

Шумораи устодоне, ки унвони илмӣ доранд
Дар кафедраҳои донишгоҳ дар соли 2018-ум 375 нафар корманди илмӣ-педагогӣ фаъолият доранд, ки аз ин 130 профессор ва номзади илм 320 нафарашон корманди штатӣ, 55 нафарашон корманди беруна мебошанд. Бояд қайд намуд, ки дар соли ҷорӣ теъдоди номзадони илми штатӣ нисбат ба соли гузашта 21 нафар зиёд мебошад.

Хобгоҳи донишгоҳ
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 3 хобгоҳ барои истиқомати донишҷӯён пешбинӣ шудааст. Айни замон дар ин хобгоҳҳо 959 нафар донишҷӯён бо хобгоҳ таъмин гардидаанд. Дар хобгоҳҳои донишгоҳ шароити мусоид барои будубоши истиқоматкунандагон фароҳам оварда шудааст. Қобили қайд аст, ки дар ин хобгоҳҳо филиали китобхонаи илмии донишгоҳ, толори хониш, ҳаммом, ошпазхона, ҳуҷраи тиббӣ ва китобхонаи адабиёти бадеӣ ташкил карда шудааст. Ошёнаҳое, ки барои духтарон пешбинӣ шудаанд, бо таҷҳизоти муосири маишӣ таъмин карда шуда, роҳраву долон ва атрофи хобгоҳҳо бо наворбардорҳои муосир назорат карда мешавад. Дар ҳудуди донишгоҳ ду ошхонаи замонавӣ фаъолият мекунад, ки ба устодону донишҷӯён бо нархҳои дастрас хизмат мерасонанд. Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон нархи истиқомат барои як моҳ 70 сомонӣ, барои як сол 700 сомонӣ мебошад.

Мадади донишгоҳ ба ятимони кулл
Раёсати донишгоҳ сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти дастгирии табақаи ниёзманд, аз ҷумла ашхоси дорои имконияти маҳдуд ва ятимону бепарасторон ҳамаҷониба дасгирӣ ва пайравӣ намуда, дар ин самт корҳои муайянро анҷом додааст. Дар ин самт раёсати донишгоҳ соли 2018 ба 37 нафар ятими кулл ба маблағи 1000 сомонӣ (ҷамъ 37000) ва якададӣ планшет тақдим намуда, истиқомати онҳо дар хобгоҳ ба таври ройгон таъмин карда мешавад. Бо мақсади дастгирӣ намудан аз табақаи ниёзманд, махсусан маъюбон ва ятимону бепарасторон, ба Муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати ҷумҳуриявии шунавоиашон суст ва деркардашудаи ноҳияи Рӯдакӣ барои 16 ҷои нишаст мизу курсӣ туҳфа карда шуд ва инчунин чор ҳоҷатхонаи замонавӣ ба маблағи зиёда аз 40000 (чил ҳазор) сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ
Соли 2018 дар донишгоҳ як қатор корҳои ободонию кабудизоркунӣ ба анҷом расонида шуданд, ки шароити таҳсилу фаъолиятро беҳтар намуда, ба донишгоҳ ҳусну таровати бештар зам намуданд. Аввалин шуда дар байни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар саҳни донишгоҳ ливопояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 метр баландӣ дошта, нишони арҷгузории коллективи мо ба муқаддасоти миллӣ кишвар мебошад, сохта ба истифода дода шуд. Инчунин, бинои таълимии №3 пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, барои муҳайё сохтани шароити зисти донишҷӯён дар хобгоҳи №1 ва №2-и донишгоҳ таъмири косметикӣ анҷом дода шуд. Дар баробари ин, 27 дона катҳои хоби дуошёна ва 300 дона рахти хоби нав харидорӣ карда шуд. Инчунин, барои фароҳам овардани шароити таҳсили донишҷуён зиёда аз 420 мизу курсиҳои дарсӣ ва барои устодону кормандон зиёда аз 400 адад курсиҳо харидорӣ карда шуданд. Дар оғози соли хониши 2018-2019 боз як бинои замонавӣ ба истифода дода шуд, ки дар он кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, маркази тестӣ, шуъбаи табъу нашр ва бунгоҳи тиббӣ ҷойгир карда шудаанд.
Барои амалӣ сохтани нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ оид ба ободгардонӣ зиёда аз 2600 бех гулҳои ороишии зимистона шинонида шудааст.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чун макони илму дониш ва маърифат дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисос ҳамеша дари худро ба рӯйи ташнагону хоҳишмандон боз намуда, дар пешрафти самтҳои асосии молиявию иқтисодии мамлакат ҳиссагузорӣ менамояд. Дар донишгоҳ тамоми шароитҳои зарурӣ барои илмомӯзӣ баҳри донишҷӯён муҳайё буда, синфхонаҳо бо таҷҳизоти наву замонавӣ таъмин мебошанд.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here