Роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон иддаои онро ки гӯё ба «шасти» кормандони ин ниҳод на генералҳо, балки танҳо лейтенантҳо меафтанд, рад карданд.

Сулаймон Султонзода, роҳбари Агентӣ, дирӯз, 30-юми июл, дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, таҷриба нишон медиҳад, касе, ки гуноҳ мекунад, дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.

Султонзода дар робита ба суоли хабарнигор дар хусуси кам шудан ва ё умуман вуҷуд надоштани боздоштҳои пурсарусадои нафарони мансабдор аз ҷониби Агентӣ гуфт:

— Лейтененту лейтенанти калон ҳам ҳаст, майору подполковник ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳо низ, агар ҷиноят содир кунанд, боздошт мешаванд. Умуман агар муроҷиат шавад, мо нисбат ба ҳар касе, ки ҳаст, қарор қабул мекунем, — гуфт Султонзода.

Ин дар ҳолест, ки коршиносон мегӯянд, боздоштҳои пурсарусадои мансабдорон ва генералҳои коррупсионер махсусан дар замони роҳбарии Рустами Эмомалӣ ва Абдуфаттоҳи Ғоиб дар макомоти Агентӣ  ба вуқуъ пайвастаанд.

1 бинависед

  1. шасти онхо нахангхоро тоб намеорад, вай шастча барои сазанхо..))))

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here