Кӯшиши ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва ба ин хотир гузаронидани «рейдҳои» ҳаррӯза, аз байн бурдани таваққуф ва савор кардани мусофирон дар гардишҳо, ба истгоҳҳо «рондани» мусофирон дар роҳҳои гирду атрофи шаҳри Душанбе сади роҳи бенизомӣ дар роҳҳои марказии пойтахт намешаванд.
Мушоҳидаҳои имрӯза аз роҳҳои марказии пойтахт гувоҳ аз он буданд, ки масъулин дар иҷрои вазифаҳои хидматии худ бемасъулиятанд. Агар инро бемасъулиятӣ ва бепарвоӣ нагӯем, пас, чаро, бо вуҷуди он ки аз ин ҷодаҳо дар як рӯз чандин маротиба кормандони БДА мегузаранд, боз ҳам чунин қоидавайронкуниҳоро намебинанд?
Банд кардани хати аввали роҳ аз ҷониби ронандагони мошинҳои шахсӣ, гузоштани нақлиёт дар истгоҳҳо, ҳатто сари гардишҳоро – он ҷое, ки камераҳои «Шаҳри бехатар» насб шуданд — ба истгоҳ табдил додани бархе ронандагон (он ҳам дар маркази Душанбе) мақоли халқии «худам шоҳу табъам вазир»-ро ба ёд меорад.
Чаро касе «пишаки» чунин ронандагони саркашро «пишт» гуфта наметавонад? Магар масъулоне, ки рӯ ба рӯи экранҳои «Шаҳри бехатар» нишастаанд ва он нозирони мошинсавор, ки ҳар замон аз роҳ гузар мекунанд, ин ҳолатро намебинанд?