Қитъаи роҳ дар роҳи сатҳи байналмилалии Хоруғ-Душанбе ба далели боришоти беисти барф дар шабонарӯзи охир баста шуда, ҳаракати нақлиёт мутаваққиф гардидааст.

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ВМКБ иттилоъ медиҳад, ки роҳи сатҳи байналмилалии Хоруғ-Душанбе дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон ва Шуғнон бинобар сабаби фаромадани тармаю кӯҳпораҳо баста мебошад.

Ҳамчунин, роҳҳои Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Мурғоб низ банд шуда, бориши бошиддати барф дар ҳудуди вилоят  идома дорад.

Гуфта мешавад, ки ғафсии қабати барф дар маркази маъмурии вилоят шаҳри Хоруғ 35 сантиметрро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ ғафсии қабати барф дар вилоят то ба 75 сантиметр расида,боисии ташвиши сокинон гардидаст. Дар айни замон бошандагон ба тоза кардани бомпӯшҳои биноҳои истоқоматӣ машғул мебошанд.

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон болопӯши ҳафт манзили истиқоматӣ хароб гардида, ҳар лаҳза фаромадани тарма дар роҳҳо аз эҳтимол дур нест.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here