Рӯзи 15-уми июли соли ҷорӣ дар ташкилоту идораҳои вилояти Хатлон ва мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо нишастҳои матбуотӣ оғоз шуд, ки чанд хабари ҷолиб, аз ҷумла гумонбарӣ ба порагирии Баҳром Иноятзода, иҷоранишинии раиси шаҳри Левакант, худкушии хонандагон, муаваққатан бастани иншоот, аз фаъолият бозмондани корхонаҳо, фавти омӯзгорону табибон, коҳиш ёфтани ҷудошавии оилаҳо, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар, бунёди корхонаҳои саноатӣ, норасоии пизишкон пешкаши рӯзноманигорон гардид.

Боздошти Иноятзода бо ҷурми гирифтани пора

Шаҳрдори собиқи Кӯлоб Баҳром Иноятзода дар 12 ҳолат барои гирифтани пора дар ҳаҷми 400 ҳазор сомонӣ аз шахсони алоҳида шахсан ё бо воситаи зертобеони худ барои ҷудо кардани қитъаи замин баҳри бунёди объекти ҷашнӣ ва дигар ҳолатҳои вобаста ба замин боздошт шудааст. Дар ин бора прокурори вилояти Хатлон Раҳимзода Абдураҳим Абдухолиқ зимни нишасти хабариаш рӯзи 16-уми июл хабар дод.

Ба гуфтаи прокурор, ба ниҳоди онҳо аз тарафи шаҳрвандон шикоят ворид шудаву аз рӯи шикоят санҷиш оғоз ва нисбати ронандаи собиқ шаҳрдори Кӯлоб парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

— Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки ба воситаи ронандааш раиси шаҳр маблағҳои муайянро барои ҷудо кардани замин мегирифтааст. Баъди он асосҳои кофӣ ҷамъ карда шуд ва нисбати собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Гуруҳи тафтишотӣ созмон дода шуда, ҳоло тафтишот аз рӯйи парвандаи ҷиноятӣ идома дорад,- илова кард Раҳимзода Абдураҳим.

Иттилоъ дода шуд, ки Баҳром Иноятзода — шаҳрдори собиқи Кӯлоб ҳангоми фаъолияти худ дар ин мансаб аз шахсони алоҳида шахсан ё бо воситаи зертобеони худ оид ба додани қитъаи замин барои сохтмони объектҳои ҷашнӣ ва дигар ҳолатҳо вобаста ба замин дар 12 ҳолат ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ ҳамчун пора талаб карда гирифтааст.

— Бинобар ин, аз тарафи Прокуратураи вилояти Хатлон ва Прокуратураи шаҳри Кӯлоб нисбати Иноятзода Баҳром ва дигарон бо моддаҳои 319, қисми 3 ва 4-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ бо ҳамаслаконаш ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Агар ягон ҳолати дигар нисбати Иноятзода ошкор шавад, боз чораҳои дахлдори тафтишотиро меандешем,- гуфт Раҳимзода Абдураҳим.

Бояд гуфт, ки шаҳрдори Кӯлоб Баҳром Иноятзода рӯзи 8-уми июн боздошт шуда буд.

Раиси шаҳри Левакант иҷоранишин аст

Раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина дар нишасти матуботии мақомотиаш рӯзи 17-уми июли соли ҷорӣ гуфт, ки “ман танҳо як хона дар шаҳри Душанбе ва як мошин дорам. Ҳоло ман бо муовини иҷтимоиам дар хонаи иҷора зиндагӣ дорем. Дар шаҳри Левакант, ки як сол боз ҳамчун раиси шаҳр кору фаъолият дорам, хонаи шахсӣ надорам”.

Ҳамчунин, Давалтзода гуфт: “Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 9 намуди андозҳо иҷро нашудаасту шаҳр беш аз 5 миллион сомонӣ қарзи маош дорад. Дар шаҳр ҳавзҳои шиноварӣ, оббозию фароғати сокинони шаҳр вуҷуд надорад”.

21 корхона бунёд шуду 29 корхона аз фаъолият бозмонд

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 21 корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд гардидааст, аммо бо сабабҳои гуногун 29 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондаанд, ки омили асосии аз фаъолият бозмондани онҳоро Бобоҷон Алихонов — сардори Раёсати саноати Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муфлисшавӣ, набудани сармоя, марҳилаи барҳамхӯрӣ, фарсудашавии таҷҳизот, надоштани маблағ, набудани ашёи хом, куҳнаву фарсуда шудани таҷҳизот, фавти роҳбар арзёбӣ кард.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаҳои саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Бохтар, Левакант, Кӯлоб, Кӯшониён, Хуросон, Данғара, Қубодиён, Ҷомӣ, Ҳамадонӣ, Ховалинг, Шаҳритуз, Шамсиддини Шоҳин, Ёвон аз фаъолият бозмондаанд.

Дар нишаст ҳамчунин гуфта шуд, ки 21 корхонае, ки дар ин давра дар вилоят бунёд шудаанд, дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қубодиён, Ҳамадонӣ, Восеъ, Хуросон, Вахш, Шаҳритуз, Бохтар, Дӯстӣ, Ховалинг, Кӯшониён, Ёвон, Данғара, Балҷувон мебошанд, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтанашон 151 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

13 хонанда худкушӣ кардаанд

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 13 хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят даст ба худкушӣ задаанд, ки аз он 7 ҳолат аз ҷониби духтарон мебошад. Дар қиёс ба соли гузашта ҳолатҳои худкушӣ афзоиш ёфтааст. Омилҳои асосии худкушии хонандагон бемории руҳӣ ва дигар сабабҳост. Дар ин бора сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Исозода Диловар рӯзи 15-уми июл дар нишасти матбуотии ниҳодаш хабар дода буд.

Манбаъ илова кард, ки дар ин давра аз ҷониби ноболиғон 75 ҳолати содиршавии ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 ҳолат кам аст. Ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби 54 нафар ноболиғ рух додааст, ки аз он 27 нафар хонандаи мактаб буда, 27 нафари дигар дар мактаб намехонанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Исозода, дар давраи авҷи бемории сироятии коронавирус 20 нафар корманди соҳаи моариф аз бемории илтиҳоби шуш фавтидаанд, ки аксари онҳо омӯзгор буданд. Аз ҷониби иттифоқи касабаи маорифи вилояти Хатлон ба оилаҳои онҳо ёрии моливу ғизоӣ расонида шудааст.

Хатлон ба 920 пизишк ниёз дорад

— Ҳоло муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон ба 921 нафар пизишки ботаҷриба ниёз доранд,- гуфт сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода Мирзоалӣ дар нишасти хабарии ниҳодаш ва афзуд, ки ниёзи бештар ба пизишкон оилавӣ, чашм, кӯдакона ва руҳшинос дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят эҳсос мешавад.

Ҳамчунин, ӯ иттилоъ дод, ки дар вилояти Хатлон аз оғози пайдоиши бемории сироятии коронавирус 5 ҳазору 882 нафар ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 5 ҳазору 321 нафар, яъне 90,4 дарсад шифо ёфтаанд.

Раҷабзода Мирзоалӣ афзуд, ки 199 нафар гирифтори бемории илтиҳоби шуш дар беморхонаҳо ва 29 нафар дар хона, ки таҳти табобати амбулаторӣ қарор дошанд, фавтидаанд.- Дар шуъбаҳои бистарикунонӣ 2 ҳазору 420 нафар бистарӣ шуда буданд, ки 2 ҳазору 174 нафараш шифо ёфтанд,- гуфт ӯ.

То субҳи рӯзи 15-уми июли соли ҷорӣ 47 нафар дар беморхонаҳои вилоят бистарӣ буданд. Ҳамчунин, дар муассисаҳои КАТС тариқи амбулаторӣ аз аввали пайдоиши бемории сироятӣ 3 ҳазору 469 нафар бо ташхиси илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шуда, аз он 3 ҳазору 147 нафар, яъне 90,7 дарсад шифо ёфтаанд. Айни замон 293 нафар бемор дар ҳолати амбулаторӣ таҳти назорати табибон қарор доранд,- илова кард М. Раҷабзода.

— Аз шумораи умумии гирифторони бемории илтиҳоби шуш баъди таҳлили лабораторӣ ташхиси COVID-19 дар 717 нафар мусбат буд, ки аз ин шумора 15 нафар фавтидаанд. Аз кормандони соҳаи тандурустии вилояти Хатлон 358 нафар ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудаанд, ки аз он табибон 162 нафар, ҳамшираҳои тиббӣ 159 нафар, кормандони хурд 31 нафар ва шаш нафари дигар кормандони техникӣ мебошанд,- гуфт роҳбари Раёсати тандурстии вилоят.

— То имрӯз 26 нафар корманди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон аз бемории илтиҳоби шуш фавтидаанд, ки аз он 14 нафар табиб, 8 нафар корманди миёнаи тиб, 2 нафари дигар кормандони хурд мебошанд,- мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи Раҷабзода, айни замон дар вилояти Хатлон вазъи гирифторшавии сокинон ба бемории илтиҳоби шуш ва коронавирус коҳиш ёфтааст, аммо сокинон бояд бо ҳисси масъулиятшиносӣ чораҳои бехатариро риоя кунанд.

Содироти зиёда аз 82,8 ҳазор тонна маҳсулот

Дар шаш моҳи соли равон аз вилояти Хатлон 82 ҳазору 876,6 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7193,8 тонна зиёд аст. Ин нукта дар нишасти Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон гуфта шуд.

Амирбеки Темур — сардори Сарраёсати мазкур гуфт, ки аз ин миқдор маҳсулот 14414,6 тоннааш тавассути нақлиёт, тайёра ва 68,462 тоннаи дигар тариқи роҳи оҳан ба кишварҳои хориҷа содирот карда шудааст, ки 92,1 дарсади нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротшуда 80472,8 тонна сабзавот, аз он 80421,8 тонна пиёз, 59,8 тонна полезӣ, 2308,0 тонна мевагиҳо ва 36 тонна дигар маҳсулот мебошад. Маҳсулоти содиротшуда бештар аз ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритуз ва Панҷ будааст.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон асосан ба кишварҳои Русия, Литва, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон ва Қирғизистон содирот карда шудааст.- Ҳоло содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад,- гуфт Амирбеки Темур.

159 иншоотро муваққатан бастанд

Дар нимсолаи аввали соли 2020 аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо 159 иншооти гуногун бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан баста шудаанд. Дар ин бора роҳбари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Нурулло Бояков дар нишасти мутбуотӣ иттилоъ дод.

— Дар ин давра оид ба риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар 2 ҳазору 890 иншоот санҷиш гузаронида шуда, барои риоя нагардидани талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбати 1 ҳазору 348 нафар қонунвайронкунандагон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 283 ҳазору 523 сомонӣ ҷарима шудаанд,- қайд кард ӯ.

Ба зикри манбаъ, дар рафти санҷишҳо аз дӯкону мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, бозору нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мутахассисон ба миқдори 7627,4 кг маводи пастсифату муҳлати истифодаашон гузашта аз муомилот гирифта шудааст, ки маблағи он беш аз 71 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад.- Ҳамчунин, 103 адад бозичаи кӯдакона, ки маблағи 791 сомониро ташкил медиҳанд, аз фурӯш гирифта шуданд,- илова кард ӯ.

Коҳиши ҷудошавии оилаҳо

— Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 230 оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113 ҳолат кам аст,- гуфт сармутахассиси шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳуронбӣ Мирсайидзода. Номбурда илова кард, ки омили асосии кам шудани ҷудошавии оилаҳо дар вилоят — ин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон мебошад.

Манбаъ қайд кард, ки аз 1 ҳазору 230 оилаи ҷудошдуа 975 ҳолаташ бо ҳалномаи суд, 262 ҳолат бо розигии ҳамсароне, ки фарзанди ноболиғ надоранд ва се ҳолати дигар бо аризаи яке аз ҳамсарон бекор карда шудааст. Баъди пошхӯрии ин оилаҳо дар Хатлон 1 ҳазору 187 нафар кӯдакони ноболиғ аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум гаштаанд, ки аз ин шумора 7 нафараш дар тарбияи падар ва боқӣ зери парастории модарони худ боқӣ мондаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here