Дар рафти нишастҳои матбуотии раисони 14 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон масъалаҳои доғ тӯл кашидани бунёди боғи 48-гектараи шаҳри Бохтар, ки санги асоси онро соли 2015 Роҳбари давлат гузошта буданд, тайи 29 сол сохта нашудани мактаб аз сифр дар Ҷайҳун, афзоиши 100 дона тухмит мурғ дар Вахш, саҳми лӯлиҳои Балхӣ дар ободонии ноҳия, бекоршавии 63 қарори раисони Шаҳритуз, набудани ҳавзи шиноварӣ дар Левакант, намояндагони ВАО-ро донишҷӯ гуфтани раиси ноҳияи Ёвон, набудани боғи фарҳангӣ дар Қубодиён, ошкоргӯии раиси Ҷомӣ ва бунёди хонаҳои аз сел осебдидаи Хуросон буданд.
Бохтар: боғи 48-гектара кай бунёд мешавад?
Бояд гуфт, ки капсулаи нома ба наслҳои оянда ва санги асоси боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Бохтарро дар майдони 48 гектар чанд сол пеш Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як сафари кориашон ба ин шаҳр гузошта буданд. Мутаассифона, бо гузашти солҳои зиёд корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо натаҳо шуруъ нагардид, балки мақомдорони шаҳр ва вилоят натавонистанд иҷозаи сохтмонро аз Ҳукумати ҷумҳурӣ бигиранд.
Раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин зимни нишасти матбуотиаш дар мавриди бунёд нашудани ин боғ гуфт, ки “мо ин масъаларо пайгирӣ карда будем ва хоҳишам ҳаст, ки дар давраи фаъолияти раисии ман қарори бунёди боғ ба тасвиб расад.
— Ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин масъала муроҷиат карда будем. Заминҳои тарҳрезигардидаи боғи мазкур аз ҳисоби заминҳои обӣ аст. Ба тасвиб расидани қарори боғи 48-гектара дар шаҳри Бохтар ба ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон дохил мешавад ва айни замон он дар баррасӣ қарор дорад. Мо низ пайгирӣ дорем, ки агар ин қарор ба имзо мерасид, мо коро оғоз мекардему он яке аз ҷойҳои истироҳатии сокинони шаҳри Бохтар мегардид,- илова кард раиси шаҳр.
Бояд гуфт, ки собиқ раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода дар яке аз нишастҳои хабариаш бобати сари вақт оғоз нашудани сохтмони боғи фарҳангию фароғатии маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистонро айбдор карда буд.
Ҳоло дар ҳудуди шаҳри Бохтар ҳамагӣ як боғи нисбатан мукаммали фарҳангӣ-фароғатии ба номи Р. Мурчаев амал мекунад, ки бинобар хурд будани ҳудуд, имкони гунҷоиши ҳама хоҳишмандонро надорад.
Раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин зимни нишаасти матбуотиаш қайд кард, ки “дар шаҳр мушкилот зиёд аст. Мо кӯшиш мекунем онҳоро марҳила ба марҳила бартараф созем”.
Раиси Ҷайҳун: дар 29 сол дар ноҳия ягон мактаб сохта нашудааст
Раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз зимни нишасти матбуотиаш гуфт, ки дар тӯли 29 соли Истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳияи Ҷайҳун ягон муассисаи таълимӣ аз сифр бунёд нашудаст. Ин дар ҳолест, ки мудири шуъбаи кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур Сайдаҳмад Қурбонов гуфт, ҳоло дар ноҳия 44 муассисаи таълимӣ, як гимназия ва ду боғчаи кӯдакона фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 7 мактабаш дар ҳолати садамавию таъмирталаб қарор доранд. Дар маркази ноҳияи Ҷайҳун сохтмони танҳо як муассисаи таълимӣ барои 624 хонанда бо арзиши беш аз 21 миллион сомонӣ аз соли 2007 оғоз гардидаву то ҳол ба анҷом нарасидааст. Сохтмони мазкур бояд аз ҳисоби буҷаи вилоят маблағгузорӣ шавад.
Раиси Вахш: истеҳсоли тухм 100 дона зиёд шудааст
Раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсупов иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1 миллиону 102,5 ҳазор дона тухм истеҳол карда шудааст, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 100 дона зиёд аст.
Ҳамчунин, раиси ноҳия гуфт, ки дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети давлатии ноҳия 82 дарсад иҷро гардида, ба буҷет 14,4 миллион сомонӣ ворид шудааст. Бақияпулии андоз дар ин шашмоҳа 16,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати аввали соли ҷорӣ 3,9 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ғайр аз ин, иттилоъ дода шуд, ки тайи як соли охир дарвозаи ноҳия, парчам ва дигар иншооти таъиноташон гуногун ба истифода дода шуда, дар дигар иншоот корҳои сохтмонӣ босуръат идома дорад.
Убайдуллои Файзулло: саҳми лӯлиҳо дар корҳои ободонӣ зиёд аст
Ба гуфти раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло, аз ҷониби лӯлиҳо мактаб, пул ва дигар иншоот сохта шудаву ба оилаҳои камбизоат кумак расонида шудааст. “Саҳме, ки лӯлиҳои ноҳия дар деҳаи худашон гузоштаанд, дар баъзе деҳаҳое, ки сокинонаш дар мақомҳои баланд кор мекунанд, нагузоштаанд. Ҳатто аз ҷониби раиси вилоят як нафар лӯлитабор барои бунёдкориҳо ва саҳми назаррас дар сохтмони иншооти ҷашнии 30-солагии Истиқлолият сазовори ҷоиза гардид”,- гуфт раиси ноҳия.
Беш аз 60 қарори раиси Шаҳритуз бекор шудааст
Дар ноҳияи Шаҳритуз давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 63 қарори раиси ноҳия бекор шудаанд, ки ин бекоршавии қарорҳо дар миёни 14 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бесобиқа мебошад.
Раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор ҳангоми баргузории нишасти матбуотиаш гуфт, ки аз ҷониби Прокуратураи генералӣ 63 қарори раиси ноҳия бекор карда шудааст.
— Аз 63 қарори бекоршуда шаш қарораш қарорҳои худи ман мебошанд ва дигараш ба солҳои 2014-2015 тааллуқ доранд. Аксари қарорҳои бекоршуда ба замин дахл доранд,- илова кард Ҷаббори Ғаффор.
Ин дар ҳолест, ки Прокуратураи вилояти Хатлон низ вобаста ба бекор кардани қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ намуд.
Левакант ҳавзи шиноварӣ надорад
Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, ки беш аз 48 ҳазор аҳолӣ дорад, ягон ҳавзи шиноварӣ мавҷуд нест. Ин ҳолат сокинони шаҳрро нигарон кардааст. Аммо шаҳрдорон солҳост, ки ваъдаи сохтмони ҳавзро медиҳанду мераванд. Раиси шаҳр Зарина Давлатзода гуфт, ки “ҳоло дар шаҳри Левакант ягон ҳавзи шиноварӣ нест ва мо дар нақша дорем бо саҳми соҳибкорон як ҳавзи шиноварӣ бунёд кунем”. Чунин посухро дар нишастҳои қаблӣ низ раисони рафтаву имрӯзааш дода буданд, аммо бо гузашти солҳо аз ҳавзи шиноварӣ дараке нест.
Вализода: камбудиҳоро бартараф мекунем
Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин ҳангоми баргузории нишасти хабариаш гуфт, ки “ҳоло дар ҳар ҷамоати ноҳия ҳавзҳои шиноварӣ фаъолият доранду мо боз нақша дорем то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар боз чанде дигар бисозем”.
Дар ноҳия дар шаш моҳ як корхонаи саноатӣ бунёд шудаасту то соли 2021 бояд 19 корхонаҳои хурду бузурги дигар бунёд карда шаванд.
Сокинони деҳаҳои навбунёди ноҳия аз набудани мактаб, бунгоҳи тиббӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ танқисӣ мекашанд. Раиси ноҳия дар нишасташ гуфт, ки “мо талош дорем ин мушкилиҳоро марҳила ба марҳила бартараф карда, сокинонро бо шароити хуб таъмин созем.
Мушкилоти дигари ноҳия зиёд шудани бақияпулиҳои андоз, харидории мактаб аз ҷониби як соҳибкор мебошад, ки мо барои рафъи ин камбудиҳо кор карда истодаем”.
Раиси Қубодиён: боғро месозем
Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, ки дорои беш аз 180 ҳазор аҳолӣ аст, то имрӯз боғи фарҳангию фароғатӣ вуҷуд надорад. Раиси ноҳияи мазкур Садриддинзода Бадриддин зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки дар ҳақиқат мардуми ноҳияи Қубодиён имрӯз аз надоштани боғи фарҳангию фароғатӣ танқисӣ мекашанд. “Тамоми ҳуҷҷатҳои боғ омода шудаву дар баррасии Ҳукумати кишвар қарор доранд. Агар Ҳукумати ҷумҳурӣ қарори мазкурро ба имзо расонад, мо боғи фарҳангиро дар майдони 7 гектар бо дастгирии соҳибкорон месозем”- гуфт раиси ноҳия.
Раиси Ёвон: донишҷӯён, савол диҳед…
Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед дар нишасти матбуотиаш ба намояндагони ВАО гуфт, ки “ман хело шуд профессорӣ накардааму ба суолҳои донишҷӯён ҷавоб надодаам. Шумо суол диҳед, ман ҳамчун профессор посух медиҳам”.
Раиси ноҳия иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия панҷ намуди андозҳои давлатӣ ба маблағи беш аз 15 миллион соомонӣ иҷро нагардидаанд.
— Ба ҳолати 1-уми июли соли равон қарзи корхонаву муассисаҳо аз ҳисоби андозҳо бо назардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ 6,5 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 789,8 ҳазор сомонӣ кам аст,- изҳор дошт раиси ноҳия.
Ёқубзод Саид — ошкоргӯйтарин раис дар минтақаи Бохтар
Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ёқубзод Саид дар рафти нишастҳои матбуотӣ дар байни раисони шаҳру ноҳияҳои минтақа раиси ошкоргӯтарин аст, ки аз камбудиҳои ноҳия ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.
Ёқубзод Саид дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки се ширкати мансуб ба оилаи Алимардоновҳо айни замон дар назди нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қарздоранд. Қарзи ҶДММ “Баракати Ҷомӣ” 489 ҳазору 674 сомониро ташкил медиҳад. Қисме аз қарзҳояшонро пардохт кардааст.
— Аз рӯи маълумоте, ки мо дорем, ХЗЧ “Баракати Ҷомӣ”, ки яке аз қисмҳои ҶДММ “Баракати Ҷомӣ” ба ҳисоб рафтаву ба зотпарварӣ машғул аст, ба Агентии амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд гузарад. Аллакай гуруҳи корӣ ташкил карда шуда, ҳисоботҳои мувозинавиашро дида баромада истодаанд. Мумкин рӯзҳои наздик ба итмом раисида, хоҷагӣ бо 400 гектар замин, 220 гови зотӣ ва ферма ба Агентии амволи махсус мегузарад,- илова кард раис.
Ба гуфти раиси ноҳия, сабаби ба давлат гузаштани ин ширкат сари вақт бозпас нагардонидани маблағҳои қарзи бонкӣ мебошад.
Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 84 дарсад нақшаи қисми даромади буҷет ичро шудаву сари вақт пардохт нашудани рухсатпулии омӯзгорон, надоштани канализатсия дар ноҳия, пардохт накардани андоз аз ҷониби баъзе мансабдорони баландпоя аз мушкилиҳои асосии ноҳияанд.
Хуросон: ду хонаи сокинони аз сел зарардида пурра сохта шуд
Раиси ноҳияи мазкур Раҳматулло Сафарзода дар нишасти матуботиаш иттилоъ дод, ки ба 67 оилае, ки манзилҳои зисташон бар асари омадани сел қисман ё пурра вайрон шуда буданд, дар ҷойи бехаф 8-сотиқӣ замин дода шуду бо дасгирии Ҳукумати кишвар, вилоят ва ташкилоту идораҳои вилоятию соҳибкорон то имрӯз 2 хонааш пурра сохта шуда, дар 65 манзили дигар корҳои пӯшонидани бом ва рангуборкунӣ идома дорад.
— Бар асари омадани сели рӯзҳои 14-16-уми майи соли равон дар ноҳияи Хуросон 67 манзили зисти сокинон қисман ва пурра вайрон шуда, 2 нафар ба ҳалокат расидаву қисме аз роҳу заминҳо хароб шуда буданд,- гуфт раиси ноҳияи мазкур. Ба гуфти ӯ, зарари ин офати табииро комиссияи ноҳиявӣ бештар аз 7 миллион сомонӣ муайян кардааст.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ қисми даромади буҷети маҳаллӣ 10 миллиону 199 ҳазор сомонӣ иҷро шудааст, ки ин 100 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Раиси Дӯстӣ: 20 сол боз “велик” меронам
Раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад зимни нишасти матбуотиаш гуфт: “Ман 20 сол мешавад, ки ҳар рӯз 1,5 ё ду километр роҳро ё пои пиёда ва ё бо “велик” мегардам. Аммо вақтҳое мешавад, ки маҷлис ё ягон кори фаврӣ барояд, аз ин шуғлам даст мекашам. Велосипедронӣ шуғли дӯстдоштаи ман мебошад ва муддати 20 сол мешавад, ки дар як ҳафта то ду маротиба бо “велик” ба кор меоям.
Ҳамчунин, раиси ноҳия иттилоъ дод, ки мушкилоти асосии ноҳия ҷудо нагардидани қарз бо фоизи паст барои дасгирии соҳибкрон аз тарфи бонкҳои ноҳиявӣ барои бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, норасоии симчӯбу ноқилу трнасформатор дар деҳаҳои навбунёд, қарзи истифодаи нерӯи барқ, сари вақт маблағгузорӣ нашудани лоиҳаои сохтмонӣ, таъмирталаб будани роҳҳо, норасоии техникаи роҳдорӣ, норасоии компютер, надоштани бинои нави шуъбаи моариф, норасоии омӯзгорони фанҳои забони англисӣ ва русӣ, норасоии нақлиёти ёрии таъҷилӣ, табибони бо маълумоти олӣ, нокифоя будани таҷҳизоти муосири тиббӣ ва норасоии иншооти сайёҳӣ, таъмирталаб будани ёдгориҳои таърихӣ мебошанд.
Раиси Панҷ: ҳавз мезозем, аммо кай, номаълум…
Раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа дар нишасти хабариаш гуфт, ки ҳоло дар ноҳия ягон ҳавзи шиноварӣ нест: “Вале мо дар нақша дорем як ҳавзи замонавӣ дар маркази ноҳия бо дастгирии соҳибкорон бисозем”. Аммо ӯ нагуфт, ки ин ҳавз кай сохта мешавад.- Дар ҷамоатҳои деҳот бошад, сокинон дар ҷӯю каналҳо оббозӣ мекунанд,- изҳор дошт раис.
Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки солҳои пеш дар ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳия як кӯдакистонро фурӯхтаанд: “Ҳоло дар он як шаҳрванд зиндагӣ дорад. Мо кӯшиш мекунем, ки онро дубора ба кӯдакистон тадбил диҳем. Дигар кӯдакистонҳое, ки солҳои пеш фурӯхта шудаанд, мо имкони баргардонидани онҳоро надорем, зеро сокинон кӯдакистонҳоро харидориву сертификат кардаанд”.
Ба аксари саволҳои дигари намояндагони ВАО раиси ноҳия худ посух нагуфту масъулони ташкилоту идораҳоро водор кард, то посух бигӯянд.
Носири Хусрав: содиршавии ҷиноятҳо коҳиш ёфтааст
— Дар ноҳияи Носири Хусрав давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 42 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 100 дарсад онҳо кушода шудаанд,- гуфт Нишонзода Даврон — раиси ноҳия.
Ба гуфти раиси ноҳия, “айни замон дар ноҳияи Носири Хусрав беш аз 2 ҳазору 700 оилаи муҳоҷирон аз дигар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо муҳоҷир шуда омадаанд, ки қисми каме аз онҳо аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар рӯзҳои наздик ин муҳоҷиронро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин созем”.
— Як нафар кишоварзи ноҳия аз 42 сотиқ замин 42 тонна пиёз ҷамъоварӣ кард, ки ин шаҳодати ҳосилхез будани заминҳои ноҳия аст,- илова кард раиси ноҳия.
Раис гуфт, мушкили асосӣ дар соҳаи маорифи ноҳия норасоии копютерҳо мебошад, ки ин низ марҳила ба марҳила ҳал хоҳад шуд.
Бояд раисон аз ваъда ба амал гузаранд
Дар аксар нишастҳои матбуотии расиони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба суолҳои хабарнигорон дар бораи камбудиҳои ноҳия посухҳои якранг медоданд ва мегуфтанд, ки дар ҳақиқат чунин мушкилиҳо дар шаҳру ноҳияашон ҷой дораду ислоҳ хоҳанд кард.
Шояд вақти аз ваъда ба мал гузаштан расида бошад, раисони муҳтарам?!