Оё Президенти Русия дар бораи кушта шудани як духтари бегуноҳи панҷсолаи тоҷик вокунише мекунад?

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари Амрико Доналд Трамп, президенти Конфедератсияи Швейтсария Ален Барсе ва подшоҳи Ҳолланд Виллем- Александр барқияҳои таслият фиристода, аз ҳалокати шаҳрвандонашон дар ҳодисаи куштори Себистони Данғара изҳори таассуф кард. Дар ҳамин ҳол, бархе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба ин назаранд, ки президент Путин ҳам аз мардуми тоҷик бояд узр пурсад.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми тасаллияташ аз ҷумла ба президенти ИМА навиштааст, ки “фоҷеаи ба ҳалокат расидани ду шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Америка бар асари аз ҷониби ронандаи автомобил пахш кардани гурӯҳи саёҳони велосипедрон дар яке аз шоҳроҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси андӯҳ ва таассуфи бепоёни мо гардид. Ҷиҳати муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амали золимона хадамоти дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд. Аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, хоҳиш менамоям, ки ҳамдардиву тасаллияти амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтидагон бирасонед.”
Ин барқияҳои Президенти Тоҷикистон дар ҳоле ирсол мегардад, ки ҳафтаи гузашта дар Русия Ҳувайдои панҷсола — духтари як муҳоҷири тоҷик – зодаи минтақаи Кӯлоб мавриди таҷовуз ва қатл қарор гирифт. Мақомоти рус дар ин ваҳшоният як ҷавони русро, ки дар наздикии хонаи иҷораи муҳоҷири тоҷик ба сар мебурд, боздошт намудаанд. Гуфта мешавад ин ҷавон кӯдакро бо фиреб ба хона оварда, аввалан таҷовуз ва сипас кушта, маитро дар борхалта ҷо дода, дар ҷои камодаме партофтааст.
Ин хабари мудҳиш ба зудӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ вокуниши зиёдеро ба бор овард. То ҳанӯз дар сафҳаҳои интернетӣ эҳсосоти мардум поин намеёбанд, беш аз 10 шеър низ дар сӯги Ҳувайдои ғурамарг иншо гардид. Аммо мавқеъгирии мардум танҳо дар ин шакл ифода намеёбад. Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти русу тоҷик талаб доранд, ки қотил ба шеваи сахттарин муҷозот шавад.
Инҷониб низ дар сафҳаи худ назари худро навишта, талаб доштам, ки мақомоти баландпояи Русия дар шахси президент Путин бояд аз мардуми тоҷик вобаста ба ин ҳодисаи нангину ваҳшиёна узрпурсӣ намояд. Ин навишта ба зудӣ ҷонибдори зиёде пайдо намуд. Аммо андешаҳои мухолиф ҳам ҷо дошт.
Аз ҷумла, шоира ва журналист Раънои Зоирдӯхт навишт: “Наворҳоро бинед, занҳои рус, мардонашон баробари мардуми тоҷик фиғон доранд. Ваҳшиҳо магар дар мо нест? Хунхорон магар дар мо нест? Оре, зани ӯзбек сари тифлакро аз тан ҷудо карда буд ё дигару дигар… Мо бояд ҳамаҷониба меҳр варзем падару модари Ҳувайдоро тасаллият диҳем ва аз ҳама ҷиҳат ёрмандӣ бикунем…. Бояд ҷуброни дардҳои наздикони Ҳувайдоро тавассути барномаҳои ТВ Руcия бо ин қотил намоиш гузоранд. Симои ҳайвонии ин ваҳширо олам бубинад. Бе ин ҳам, бовар дорам, ин ходиса дили Путинро реш — реш кард.. Ӯ низ инсон аст, дил дорад. Узр пурсидан ҷуброни дарди модару падар шуда метавонад?… Ҳувайдо фарзанди як миллат нест. Ӯ кӯдаки бегуноҳи тамоми мардуми чаҳон аст!!!”
Фаъоли дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ Музаффар Имомдод масъаларо ба ҷониби дигар бурд:
“Мо, ки ҷасорат надорем, худро эҳтиром намекунем, худамон ба миллати худ зулм кунем, дигар, ки аз мо узр мепурасад? Аввал бояд аз якдигар ба узр пурсидан одат кунем…”
Каримҷон Ёров, як масъули созмони иҷтимоии вобаста ба муҳоҷирон дар Русия бошад, масъаларо на дар Русия, балки Тоҷикистон мебинад:
“ Бахшиш. Ин айби Путин нест! Айби худи мост, ки омада дар инҳо ба мисли ғуломи ҳалқабаргӯш шудаем, аввал бояд намояндагони воломақоми мо узр пурсанд, баъд аз инҳо талаб кунед! Лекин гуфти як бародарамон ин кор баръакс мешуд, хоки тоҷикро мебехтанд, инчунин руспарастони худамон, бахусус бонувон — дӯстдорони Русияву Путин аз ғалбер мегузаронидандмон”.
Ilhomjon Yaqubzade низ дар идомаи ин баҳсо навишт, ки “Мурочиат ба ҷаноби Путин бад нест, вале хуб мешуд ба ҷаноби Раҳмон муроҷиат мекардед, то аввал ба хонадони Ҳувайдо тасаллият мегуфт, дуввум ҷубронпулӣ ба хонаводаи Ҳувайдо аз ҷониби Фонди Президент ба маблағи 1 миллион сомонӣ дода мешуд, то онҳо тамоми хароҷоти маросими Ҳувайдоро гузаронда, ба Москва баргарданду аз пайи ҳаққи худ дар назди қотили Ҳувайдо шаванд. Саввум, ҳукумат бояд тамоми хароҷоти вакилҳои руси хонадони Ҳувайдоро ба дӯш гиранд”.
Ин гуна мавқеъгириҳои корбарони интернет пас аз он шадид гардиданд, ки намояндае аз шаҳрдории Кӯлоб дар ҷанозаи Ҳувайдо ширкат надошт ва ҳатто изҳори тасаллияти ин мақомот дар расонае ба нашр нарасид. Ҳарчанд, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вобаста ба ин масъала ба ҳамтоёни руси худ нотаи эътирозӣ навишта, баррасии ҳамаҷонибаи ҷиноятро дархост намуд. Мақомоти рус, аз ҷумла бархе созмонҳои иҷтимоӣ ин ҳодисаро маҳкум намуда, изҳор доштанд, ки он мунсифона баррасӣ мешавад. Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бошад ба хонаводаи марҳума сӯгворӣ изҳор намуда, 9000 сомонӣ кӯмак намуд ва ваъда дод, ки қазияи мазкурро шахсан зери назорат мегирад.
Бовуҷуд, назарнависиҳо дар зери навиштае, ки узрхоҳии ҳукумати Путинро талаб мешуд, афзоиш меёфт.
Вобаста ба ин мавзӯъ хостем андешаи чанде аз масъулони ҳукуматро низ пурсон шавем. Мутаассифона ҳеч кадоме аз онҳо ҳозир нашуд расман изҳор назар намоянд. Танҳо яке ба ин шарт розигӣ дод, ки ному насаб ва ҷои кораш дар навишта зикр наёбад, ҳарчанд ин нафар дар бисёрии мавзӯъҳо бо журналистон андешаҳои худро ҷасурона иброз медорад. Ӯ дар суҳбат бо мо гуфт:
“Узрхоҳӣ кардани ҷониби Русия албатта бад нест, аммо хубтар мебуд ин кор бе фишори матбуот ва расонаҳо сурат бигирад. Қариб 1 миллион муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар кору зиндагӣ дорад. Фикри онҳоро ҳам бояд кард. Ба ҳар сурат мо интизор дорем, ки сафорати Русия дар Тоҷикистон вокунише анҷом медиҳад”.
Ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов бошад, назари дигаре дорад:
“Чунин таҷриба дар баъзе кишварҳо ҳаст, вале бо дарназардошти сатҳи сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар вижагиҳо, аз ҷумла муносибати хурду калон миёни Тоҷикистон ва Русия вуҷуд дорад. Бинобар ин, ман гумон намекунам, ки раҳбарияти сиёсӣ ё дигар мақомоти Русия узр пурсад, вале ба ҳар сурат бо дар назардошти афкори ҷамъиятӣ ва мавриди назари шабакаҳои иҷтимоӣ ва шаклҳои дигари субъектҳои фазои итиллоотӣ қарор гирифтани ин қазия ахиран созмонҳои иҷтимоӣ ва баъзе ниҳодҳои дигари давлатии ҷомеаи шаҳрванди русҳо низ водор шудаанд, ки аз мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқи русҳо адолати судиро талаб кунанд. То чӣ андоза онҳо ба ҳадаф мерасанд, вақт нишон хоҳад дод. Зеро борҳо шудааст, ки ба ҳамин гуна вазъияти ба амал омада онҳо бо баҳонаи доштани касали руҳӣ ва дигар ҷузъиёти қонунгузориро истифода бурда, шаҳрвандони худашонро ҷиддан аз ҷавобгарии маъмури ё ҷиноятӣ озод мекарданд. Шояд ин дафъа чунин амал нашавад ва ҷинояткор ҷазои сазовор гирад”.
Вобаста ба тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва таҷрибаи сиёсӣ дар ин гуна ҳолатҳо, ҷаноби Шокиров афзуд, ки “сафорати Русия бидуни мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷӣ ё дастури Президенти Русия ҳаққи вокуниш нишон доданро надоранд.Аммо дар таҷрибаи дигар давлатҳои мутаммадин, ки новобаста аз иқтидори иқтисодию ҳарбӣ ва нуфузи аҳолиашон эҳтироми ҳамдигарро ҳамчун шарики баробару давлати соҳибихтиёр нигоҳ медоранд, дар чунин мавридҳо албатта вокуниш нишон медиҳанд ва ҷиҳати халалдор нагардидани муносибатҳояшон тамоми тадбирҳои дипломатиро меандешанд”.
Ба гуфтаи ӯ, парлумони Тоҷикистон ва дигар мақомоти ваколатдори давлат, ки масъулияти кафолати риояи ҳуқуқу озодиҳо ва амнияти шаҳрвандони Тоҷикистонро доранд, интизори ишораю амрҳои раёсати ҷумҳур нашуда, дарҳол бояд аксуламал нишон бидиҳанд. Он чи, ки дар мо феълан мушоҳида нашудааст…
Эмомалӣ Сафаров,
Мактаби журналистии “Хома” дар Кӯлоб,
махсус барои “Фараж”

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here