Перомуни ҳаракати босмачигарӣ, алалхусус дастнишондаи кадом неруҳо будани пешвоёни он, имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадоҳо баланд шудааст. Мо ҳанӯз соли 2007 тадқиқоти журналистии муфассалеро дар мавриди фиристодаи кӣ будани Анварпошо — собиқ вазири мудофиаи Туркия ба аморати Бухоро гузаронида будем, ки пораеро аз он пешкаши Шумо мегардонем.

… Ҳарчанд муносибати Владимир Илич Ленин бо Анварпошо дар Германия, ки пуштибон ва маблағгузори Инқилоби Сурх буд, дар матолиби таърихие муфассал таҳлил нагардидааст, вале далелҳои зиёде дар бораи муносибат ва ҳамкории ин ду шахсияти маъруф пеш аз омадани собиқ вазири ҳарбии Туркия ба Маскав мавҷуданд. Масалан, Саидмурод Бобомулоев, директори вақти Осорхонаи бостонии ҶТ дар ин маврид ба хабарнигори МТЖТ чунин баён кард: «Баъди омӯхтани ҳуҷҷатҳо маълум шуд, ки Анварпошо бо Ленин муносибати хеле наздик доштааст, ҳатто онҳо дар Германия ҳамкорӣ карда будаанд».

Таври маълум, солҳои дар Германия будани ин ду нафар доираҳои болоии мамлакат торафт бештар ба андешаҳои миллатгароёна дода мешуданд ва тавре пештар зикр гардид, Анварпошо маҳз зери таъсири онҳо дар андешаи бунёди «Тӯрони бузург» афтида буд.

Пас, суоли мантиқие бармеояд, ки оё Ленин аз ҳадафҳои пантуркистии «домоди халифа» огоҳӣ дошт? Магар тақсимоти нодурусти сарзамини Осиёи Миёна ба ҷумҳуриҳои шӯравӣ, ки дар натиҷаи он аввалият ва бартарӣ ба мамлакатҳои туркзабон дода шуд, аз муносибати Анварпошо ва Ленин сарчашма намегирад? Магар дар ин маврид, андешаи зери ҳадафҳои пантуркистӣ будани Ленин пайдо намешавад? Магар ба Маскав омадани собиқ вазири ҳарбии Туркия бо супориши хоҷагонаш аз Берлин, ба хотири мадад ба гумоштаи дигари хадамоти ин кишвар Ленин набуд? Далелҳое мавҷуданд, ки аз нақши муассири Анварпошо дар сиёсати берунаи Германия шаҳодат медиҳанд. Масалан, дӯсти наздики собиқ вазири ҳарбии Туркия — генерал-полковник, сарфармондеҳи рейхсвери Германия Ханс фон Сект, ки бо ҳисси миллатгароёнааш маъруф буд, дар яке аз асарҳояш чунин менависад: «… ҳанӯз ҳангоми сардори ситоди армияи «Норд» дар назди Балтик будан, дар сарам андешае пайдо гардида буд, ки Германия ба хотири барҳам додани шартҳои иҷронашавандаи Антанта дар Beрсал, бояд ба Русияи Сурх такя намояд. Бo ин мақсад, Анварпошо бо супориши ман тобистони соли 1920 ба Маскав омад, то пинҳонӣ муносибатҳои Германияро бо Шӯравӣ дар масъалаи ҳамкорӣ бо миллатгароёни турк алайҳи Англия ба роҳ монад. Дар Маскав Анварпошоро Ленин қабул кард» (Оғобеков Г. С. «Террори махфӣ: Навиштаҳои ҷосус», Маскав, 1996). Бояд гуфт, ки Сект бо Анварпошо ҳанӯз аз соли 1916, аз замоне, ки Сект Ситоди генералии лашкари Туркияро сарварӣ мекард, дӯстии наздик доштанд. Мавриди зикр аст, ки имрӯз ҳам дар Германия гумоштаи содиқашонро фаромӯш накардаанд. Моҳи январи соли 1996, ҳангоми сафари расмӣ ба Туркия вазири вақти корҳои хориҷии Германия Клаус Кинкел чунин изҳор дошт: «Калиди рушди ояндаи Германия дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ аст. Локомотиве, ки ба сӯйи ин минтақаҳо мебарад, ин Туркия буда, дарвозаи баромади он Озарбойҷон, пули он Гурҷистон ва истгоҳи охирини он Қирғизистон мебошад».

… Сафари Анварпошо ба Маскав ба осонӣ сурат нагирифт. Аслан, ин сафар метавонист оқибати фоҷиабор дошта бошад. Масъули сафари ҳавоӣ адютанти Сект, Эрнст Кестринг, дар оянда атташеи ҳарбии Германия дар Маскав буд. Аз ин сафар ҷониби Маскав огоҳ карда шуд. Георгий Чичерин 24ғуми октябри соли 1919 ба Ленин чунин навишт: «Бигзор ин одамон барои муайян кардани ҷузъиёт ба назди мо оянд. Онҳо метавонанд тавассути аэроплан ба ҷойи вохӯрӣ ҳозир шаванд» («Архив внешней политики РФ» (АВПРФ), ф. 04, оп. 52, п. 340, д. 55237, л. 27). Вале тайёра ба садама дучор шуд вa сарнишинон маҷбур шуданд онро дар наздикии шаҳри Ковно (Каунас), ки аз ҷониби англисҳо ишғол шуда буд, шинонанд. Анварпошо ба ҳабс гирифта шуд, вале дар натиҷаи ҳараҷу мараҷе, ки дар назди Балтика ҳукмфармо буд, ӯ аз ҷониби фармондеҳи ихтиёриёни немис Чунке озод гардид. Ин дастаи ихтиёриён дар ин минтақа амал мекард. 11-уми августи соли 1920 тавассути сарҳади ҷабҳаи Полша — Шӯравӣ аввалин гумоштаи Берлин, Анварпошо ба ҷониби шӯравӣ гузашт. 11-уми августи соли 1920 раиси Комиссияи фавқулоддаи ҳарбӣ Ф. Э. Дзержинский ба Ленин аз Белосток чунин хабар фиристод: «Имшаб аз Германия бо пешниҳодот Анварпошо бо ду турки дигар омад» («Российский центр хранения и изучения документов новейшей истории» (РЦХИДНИ), ф. 76, оп. 3,д. 106, л.1.). 16-уми августи соли 1920 Чичерин ба Ленин дар бораи пешниҳодоти Ҳукумати Германия, ки ба Маскав Анварпошо оварда буд, хабар дод. Ин пешниҳодот аз он иборат буд, ки Германия бояд сарҳади худро тибқи марзбандии соли 1914 соҳиб мешуд. Дар ҷавоби ин, ҷониби Германия ба Шӯравӣ ғайрирасмӣ яроқу аслиҳа фиристода, ошӯб алайҳи полякҳоро бояд ташкил мекард: «Мо гуфтушунидро оғоз кардем, зеро Анвар даъво дорад, ки ризоияти ҳукумати Германия бе розигии Зект ба даст нахоҳад омад. Анвар ҷавобро мунтазир аст»,- навишта буд Георгий Чичерин ба Ленин. («АВП РФ», ф. 04, оп. 3, п. 12, д. 3, л. 192). Тавре Зект ёдовар мешавад, дар яке аз мактубҳояш аз 25-уми августи соли 1920, Анварпошо оид ба нақшаи ояндааш дар бораи амалиёти ҳарбӣ алайҳи англисҳо дар сарҳадоти Туркия, Эрон, Афғонистон маълумот додааст. Шахси наздики Лев Тротский — Эфраим Склянский ба «домоди халифа» маслиҳат медиҳад, ки яроқро аз Германия харида, тариқи Русия ба Туркия орад. Баъди маслиҳат бо Ленин, Анварпошо баъди Анҷумани аввали халқҳои Шарқ бояд мардуми туркзабонро зери шиори «озод кардани мардуми Шарқ» бархезонида, тавассути Афғонистон ба Ҳинд мерафт. Ленин ин пешниҳодотро хуш пазируфт. («Rabenau Friedrich von.Seekt. 1918-1936. Aus seinem Leben. Leipzig, 1940.S.306-307»).

Муаллифи китоби «Таърихи сиёсии тоҷикон» Абдуқодир Холиқзода ҳам ин далелро тасдиқ карда, менависад, ки ҳадафи болшевикон аз фиристодани Анварпошо, ҷалб кардани таваҷҷуҳи мардум ба дигар самт ҳам буд: «… Ленин розӣ шуд, ки Анварпошо ба Туркистон омада, тамоми мардуми Осиёи Миёна ва Афғонистонро алайҳи англисҳо шӯронад. Ленин мехост ба ин восита таваҷҷуҳи мардум ба самти дигар кашида шавад. Анварпошо тавонист худро беҳтарин иҷрокунандаи ин нақша муаррифӣ намояд ва ҳамин буд, ки вай аз Маскав ба Бухоро бо мандати хоси намояндаи Шӯрои комиссарони халқ сафар кард».

Таърихшинос Р. Г. Ланда бошад, тахмин мекунад, ки Ленин мақсад дошт Анварро дар мубориза алайҳи ҳаракати муқовимат дар водии Фарғона ва Бухоро истифода барад: «Болшевикон яқинан мехостанд Анварро дар муборизаи қувватгирифтаистодаи ҳаракати босмачигарӣ дар Фарғона ва Бухоро истифода баранд». (Ланда Р. Г. «Ислам в истории России». М., 1995. Стр. 201).

Мустафо Чоқай ӯғлӣ (журнал «Восток и Запад» («Orient et Occident»), Париж, 15-уми июни соли 1923), ҳамзамони Анварпошо, ҳадафи аслии собиқ вазири ҳарбии Туркияро пинҳон намедорад: «Дар паҳлуи болшевикон пайдо шудани собиқ сарфармондеҳи лашкари туркони усмонӣ, душманони ӯро ба ҳайрат наовард: «Аз Анвар ҳама чизро интизор шудан мумкин аст»,- мегуфтанд онҳо. Айнан, онҳо ҳамин тавр вокуниш нишон доданд, вақте фаҳмиданд, ки баъди ҳамкории зичи дусола бо болшевикон, вай ба ҷониби ошӯбгарони Осиёи Марказӣ гузаштааст».

… Ба андешаи баъзеҳо Анварпошо воқеан мехост аз ёрии болшевикон ба хотири истиқлолияти мусулмонони Осиёи Марказӣ истифода барад. Дигарон, аз ҷумла, рӯзномаи «Правда», дӯсти Анварпошо, Ҷамолпошо амали ӯро аз шуҳратхоҳӣ ва ҳавобаландӣ медонанд. Дар ҳамин ҳол, ба баҳои болшевикон бояд бовар накард. Анварпошо барои онҳо шахси соҳибэҳтиром, дӯсти гиромие буд, ки бо ёрии вай метавонистанд тартиботи шӯравиро беҳтар ба роҳ монанд, аз номи вай чун шиор истифода баранд. Аммо, чун Анварпошо ба ҷониби оппозитсия гузашт, ба ӯ лақаби «гумоштаи зархариди ҳукумати Англия»-ро доданд» (журнал «Восток и Запад» («Orient et Occident»), Париж, 15-уми июни соли 1923)…

Хуршед АТОВУЛЛО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here