Набераи Муҳиддин Кабирӣ, Ҳамза Тиллозодаи 4-сола ва модараш Мижгона Зайниддинова имрӯз шиносномаи хориҷиашонро дастрас намуданд.
Акнун онҳо метавонанд барои муолиҷа аз кишвар берун раванд. Дар ин бора бобои Ҳамза — Исломиддин Зайниддинов ба faraj.tj иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳуҷҷатҳои Ҳамзаи 4-сола як ҳафта қабл ба Идораи шиносномадиҳӣ супурда шуда буд ва мақомот ваъда дода буданд, ки шиносномаи хориҷиро ба зудӣ дастрас хоҳанд кард.
Ҳамза (Иброҳим) Тиллозода, фарзанди Руҳулло Тиллозода ва набераи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон аст, ки соли 2015 аз тарси боздошт ва зиндонӣ шудан, Тоҷикистонро тарк кард ва дар хориҷ ба сар мебарад.
Иброҳим Тиллозода ба саратони узви таносул гирифтор аст ва наздиконанаш мегӯянд, ки бояд барои муолиҷа ба хориҷа раванд.
Соли равон табибон дар Тоҷикистон Ҳамзаро, ки чанд сол аст, аз бемории саратон ранҷ мебарад, ҷарроҳӣ кардаанд, вале натиҷае надодааст. Ба гуфтаи наздикон ва мутахассисон муолиҷа дар хориҷи кишвар ягона роҳи наҷоти Ҳамза аст.
Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Кумитаи Норвегии Ҳелсинки гуфтаанд, ки хабар ёфтаанд, ки шифохонае дар Туркия омода аст, Иброҳим Тиллозодаро муолиҷа кунанд.
Руҳулло Тиллозода ва падараш Муҳиддин Кабирӣ, соли 2015 баъди он шурӯи маъракае ба зидди Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ Тоҷикистонро тарк карданд.
{youtube}yH0Uy-LxvA8{/youtube}