Бар асари рӯйдоди баъд аз зӯҳри рӯзи якшанбе дар поёноби пиряхи Фортамбек  ду нафар аз сарнишини чархбол аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва се нафар кӯнавард — шаҳрвандони Федератсияи Русия ба ҳалокат расидаанд. 12 кӯҳнавард ва яке аз сарнишинони чархбол бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.

Соати 16: 30 рӯзи 12 — уми августи соли 2018 ҳангоми интиқоли кӯҳнавардоне, ки қуллаи Исмоили Сомониро фатҳ крада буданд, дар поёноби пиряхи Фортамбек дар баландии 4500 метр чархболи Ми-8 изтирорӣ ба замин нишаст. Ҳангоми парвоз дар чархбол 15 нафар кӯҳнавард – 13 шаҳрвандони Федератсияи Русия, 1 шаҳрванди Белорус ва як шаҳрванди Испания, ҳамчунин 3 халабон ҳузур доштанд.

Барои дақиқ муайян кардани ҳолати пешомада аз ҳисоби роҳбарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВКД, КДАМ, Вазорати мудофиа, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳои марбутаи кишвар Комиссияи давлатӣ созмон дода шудааст. Ҷараёни амалиёт зери назорати шахсии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Тасмим гирифта шуд, ки барои наҷоти одамон ба ҷойи ҳодиса се чархбол бо наҷотдиҳандагон ва кормандони тиб фиристода шавад ва субҳи рӯзи 13-уми август ин се чархбол ба ноҳияи Лахш парвоз карданд. Ситоди фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар фурудгоҳҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Лахш созмон дода шуд.

13–уми августи соли 2018 соати 11:00 бо вақти маҳаллӣ бо кӯҳнавардон иртибот барқарор карда шуд, ҷойи будубоши онҳо ва маҳалли суқути чархбол дақиқ гардид.

Барои интиқоли зарардидагон аз фурудгоҳи Лахш се чархбол бо наҷотдиҳандагон ва кормандони тиб парвоз карданд. Вақте ба ҷойи ҳодиса расиданд, муайян шуд, ки мутаассифона ду нафар аз сарнишинони чархбол аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва се нафар кӯҳнавардон аз ҷумлаи шаҳрвандони Федератсияи Русия бар асари ин фоҷеа ба ҳалокат расидаанд.

Ба кӯҳнавардони боқимонда ва халабони дигар, ки дар ин садама захмҳои гуногун бардоштанд, ёрии тиббӣ расонда мешаванд. Ҳамаи онҳо дар айни замон аз ҷойи офат ба макони амн интиқол дода шудаанд.

Тибқи маълумоти аввалия ва нишондоди халабон сабаби ин фоҷеаи мудҳиш номусоидии боду ҳаво — шамоли сахт буд, ки дидани пеши роҳро ба мушкил рӯ ба рӯ гардондааст.

Дар бораи ҳодиса ва ҷараёни баргузории амалиёти наҷоти кӯҳнавардон Сафоратҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Белорус ва Испания дар Тоҷикистон, ҳамчунин Вазоратҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ва Ҷумҳурии Белорус дар ҷараён гузошта шудаанд. 

Гурӯҳи тафтишотӣ барои тафтиши сабабҳо ва ҳолатҳои рӯйдод таъсис ёфтааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here