Бар асоси иҷозатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширкати “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” тасмим гирифтааст, ки дар деҳаи Кумарғ ва минтақаи Дуобаи ноҳияи Айнӣ, корхонаи тилло бунёд кунад.
Ба саволи хабарнигори вебгоҳи хабарии Faraj.tj, ки дар мавриди бунёди корхонаи тилло ба миён омада буд, раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм зимни нишасти матбуотиаш иттилоъ дод, ки тибқи қарордоди Ҳукумат, корхонаи мазкур як муддат аз пардохти андози давлатӣ озод аст, зеро он бар ивази сохтмони маркази гармидиҳии Душанбе-2 сохта мешавад.
— Ширкат то ин замон пардохтҳои иҷтимоиро ба пуррагӣ месупорад. Баъд аз анҷоми муҳлати қарордоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати мазкур дар ғанигардонии буҷаи ноҳияи Айнӣ саҳм мегузорад, — таъкид кард Муродзода Муқим Қаюм. — Бо вуҷуди ин Ширкати “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” ба буҷаи ноҳия саҳм дорад, вале он миқдоре, ки мо интизор дорем, нест, зеро ширкат аз бисёр пардохтҳои андоз озод аст.
Раиси ноҳияи Айнӣ бунёди корхонаи мазкурро хуш истиқбол карда, таъкид намуд, ки бо ба пуррагӣ ба кор оғоз кардани корхонаи истихроҷи тилло 600 нафар бо кор таъмин мегарданд. Тибқи шартномаи батавсибрасида, 85 дарсади кормандонро мутахассисони маҳаллӣ ташкил хоҳанд дод.
— Бахши саноати ноҳия, дар ин самт шуъбаи бақайдгирии кормандони корхонаи истеҳсоли тиллоро ташкил намудааст, — гуфт Муродзода. — Дар сурати мутобиқ омадани шаҳрвандон ба раванди иҷроиши кор, онҳо метавонанд, ҳамчун мутахассис дар корхонаи мазкур фаъолият кунанд.
Ба иттилои раиси ноҳияи Айнӣ, сокинони деҳаи Кумарғ аз ин минтақа кӯчонида мешаванд.
— Ҳоло дар деҳаи Кумарғ 35 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Дар назар аст, ки ин миқдор хоҷагӣ аз деҳа кӯчонида шаванд, иброз намуд Муродзода. – Дар сурати ба пуррагӣ ҳаллу фасл ёфтани масъала, ҳаҷми зарари истиқомакунандагони деҳаи Кумарғ ҷуброн карда мешавад.