Тақдири заноне, ки шавҳаронашон, ки ба сафи қувваҳои ДОИШ пайвастаанд, боиси нигаронии ҷомеаи мо гаштааст. Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон зиёда аз 200 зани тоҷик дар хоки Сурия ва Ироқ қарор доранд. 

Бояд гуфт, ки тибқи тартибот дар ДОИШ, ҳар зани ҷиҳодие, ки шавҳараш кушта мешавад, баъди гузаштани 40 рӯзи азодорӣ, ба никоҳи ҷанговари дигар медарояд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки хоҳиши ӯро касе барои даромадан ба никоҳи ҷанговари дигар ба назар намегирад. Занон ҳам ба хотири аз даст надодани фарзандонашон дар мулки бегона ба дилхоҳ шарти ҷангиён розӣ мешаванд. 

Савда Маҳмудова, як зани 21 сола бо айби шавҳраш, ки дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ иштирок мекунад, дар нимароҳи зиндагӣ қарор дошта, имкони миёни мардум озода гаштанро надорад. Ӯ мегӯяд, ки мисоли ӯ барин занҳое, ки шавҳаронашон ба сафи ДОИШ пайвастаанд, дар ҳолати вазнини рӯҳӣ зиндагӣ доранд. 

-Оё ягон кас андеша кардааст, ки баъди пайвастани мардон ба ДОИШ, тақдири оилаашон зери суол мемонад? Ман соли 2013 бо шавҳарам, Назрибек Мадхолов оила барпо намудем. Баъди панҷ моҳи зиндагӣ ба Русия рафтем. Як сол дар шаҳри Москва ҳамроҳи шавҳарам дар сехи моҳибарорӣ кор кадам. Дар ин миён рӯзе шавҳарам таклиф кард, ки биё якҷоя ба Сурия раваем. Ман ба гуфтаҳои ӯ зид баромадам. Ӯ бисёр асабӣ мешуд. Дидам, ки шавҳарамро аз ин ақидааш гардонда наметавонам, модарамро тариқи тилфон аз ҳодиса огоҳ кардам.  Ӯ гуфт, ки ба Тоҷикистон биёям. Шавҳарам моҳи марти соли 2015 маро ба Тоҷикистон ба назди хонаводааш фиристод. Тӯли се моҳ ӯ бо ману хонаводааш тамос намегирифт. Ҳар гоҳ ки ба ӯ занг мезадем, телефонаш хомӯш буд. Моҳи июли ҳамон сол ба ман занг зада гуфт, ки орзӯи деринааш яъне, итирок дар сафи қувваҳои ДОИШ амалӣ шуд ва ӯ имкони ҷиҳод карданро дорад. Ҳарчанд мегуфтам, ки ин кораш як хатои бузург аст, ба гапам гӯш надод ва аз ин амали ваҳшиёнааш пеши ман бо ифихор ҳарф мезад. Ӯ ба суханҳои ман дигар эътибор надода, телефонашро хомӯш кард. Баъд аз ин, на бо ман ва на бо падараш дигар занг назад. Бо гузашти се моҳи падару модари шавҳарам ба ман гуфтанд, ки “маълум нест, ки фарзанди мо зинда ё мурда аст. Агар ягон фарзанд медоштӣ, мо ба ту чизе намегуфтем, лекин ту бояд фарзанддор шавӣ, зиндагии хуб созӣ. Писари мо роҳи бозгашт ба қафо надорад, ҳатто зинда ё мурда будани ӯ маълум нест. Ту хеле ҷавонӣ ва оянда зиндагӣ карданат лозим. Мо ба ҷонат ҷабр кардан ва ба  нафси ту зомин шуданӣ нестем. Метавонӣ аз паи зиндагиат шавӣ».

Номбурда дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки “мактабро то синфи 9 хондам, маълумоти олӣ надорам, шароити дар ягон ҷо низ таҳсил карданро надорам. Модарам бошад, ҳар замон  ба ман таъқид мекунад, ки бояд яке аз осақолонро интихоб кунам. Аз зиндагӣ ва беқадрию бекасии худ сахт дилгирам ва ба шавҳарам, ки маро дар нимароҳи зиндагӣ гузошт, нафрат дорам. 

Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки ба иттилои масъулин дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 15 нафар занон дар Сурия ва Ироқ қарор доранд. Ба иттилои манбаъ, аксарияти онҳо дар муҳоҷират бо шавҳар ва кудаконашон роҳ ба суйи мамлакатҳои ҷангазада гирифтанд.

Раҳматуллозода Фурқат, ҳуқуқшинос аз маркази захиравии занон дар итиҳодияҳои ҷамъиятии «Наҷоти кӯдакон» дар сӯҳбат нисбати ин ҳолатҳо ба мо гуфт, ки “ҳуқуқи занон дар олилаи шавҳарашон лағв мегардад. Зеро хати вафот ё шаҳодатномаи талоқ надоранд ва ягон иқтибос ё ҳуҷҷатеро, ки гувоҳнома шуда тавонад, дастрас карда наметавонад. Аз ҷониби дигар, вақте зинда ё мурда будани шавҳарашон исбот нашудааст, барои занон мушкилоти ҳуқуқӣ ба миён меояд. Дар ҳолати доштани хати вафот, давлату ҳукумат низ то ҷойе онҳоро дастгирӣ карда метавонад, дар акси ҳол, аксарияи онҳо бесарпаноҳ мемонанд”. 

Бояд гуфт, ки ин ҳолат метавонад ба тарбияи фарзандон халал расонад. Аз ин лиҳоз, месазад, ки дар оянда нисбати ин қазия мақомоти дахлдор чораҳои зарурӣ андешанд. 

 

Барнои Бегмадзода 

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозииҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here