Имрӯз як қатор аз мансабдорони тоҷик бо амру фармони президент ба нафақа гусел карда шуданд ва чанде дигар ҷойи худро дар курсиҳои ҳукумат иваз карданд.

Бо сабаби ба нафақа баромадан Қаҳоров Абдураҳим Абдулаҳадович аз вазифаи котиби Шӯрои амният, Хайруллоев Шералӣ аз вазифаи ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ, Давлатов Матлубхон Султонович аз вазифаи референти калони котиботи президент, бо сабаби ба кори дигар гузаштан Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло аз аз вазифаи ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори президент дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Ализода Зариф аз вазифаи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Бобозода Умед аз вазифаи мушовири бахши ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва бо як амри дигар Раҷабов Ҷонмаҳмад Шарипович аз вазифаи машваратчии калон – сардори шуъбаи амнияти мудофиаи дастгоҳи Шӯрои амният озод карда шуданд.

Ҳамзамон, Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ализода Зариф ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори президент дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Бобозода Умед ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here