Шукрона Бобоева то замоне, ки аз сӯи шавҳараш Далер Ҳоҷимуродов — сокини деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент ва падари фарзандонаш аз зарби  12 захми корд кушта шавад, 8 сол оиладорӣ кард. Ӯ ҳамагӣ арӯси дурӯза буд, ки латукӯби шавҳараш сар шуд ва ҳамин тавр, 8 сол азобу шиканҷаи ӯро тоқат карду ба касе аз волидонаш лаб во накард. Аммо бо чӣ сабаб мавриди азияту бадрафторӣ қарор гирифтанаш аз сӯи шавҳар маълум набуд. Далер ҳам ба ҷои он ки ягон айбашро бигӯяд, сари ҳар хашм, Шукронаро шиканҷа медод.

“Духтари мо аз қабили бероҳаву сабукпоён набуд, ки гӯяд, барояш хиёнат кард. Ё ин ки нисбати шавҳару хушдоман, ё дигар аъзои хонаводаи онҳо беэҳтиромӣ накардааст, ки аз ин шикоят шунида бошем. Ягон айбашро нагуфта, бесабаб ҳар вақти ба худаш хос латукӯб намуда, азият медодааст. Инро танҳо баъди он, ки Шукрона фарзандонашро гирифта, хона омад, бароям нақл кард”,- мегӯяд бо ашки қатору ҳасрату ғами зиёд Сайёра Зиёдуллоева, модари Шукрона.

Моҳи марти соли 2011 Шукрона бо амри тақдир ба Далер шавҳар кард ва то моҳи апрели соли 2018 ҳудуди 8 сол бо ҳам оиладорӣ карда, онҳо соҳиби се фарзанд — Шаҳнавоз, Самир ва Сунер Ҳоҷимуродовҳо шуданд. Аз як оилаи кӯчак ба оилаи панҷнафара баробар шуданду бо ин вуҷуд ҳам латукӯби Далер поён намеёфт ва ҳамеша зери тарсу ҳароси шавҳар, Шукрона тарбияи фарзандонро дар хона бар уҳда дошт. Аммо вақте, ахиран Далер Шукронаро таҳдид ба худкушӣ карда, ба гулӯяш корд гузошта гуфтааст, ки “худатро дар оғили хона меовезӣ, ё бурда ба дарё мепартоӣ, вагарна ин корро худам анҷом медиҳам”, дигар тоқати Шукрона аз ин гуна оиладорӣ тоқ шуд ва фарзандонашро гирифта ба хонаи волидонаш рафт, то дар муҳити осуда фарзандонашро тарбия кунад.

Шукрона барои ҷудо шудан аз шавҳараш моҳи апрели соли 2018 ба Суди шаҳри Панҷакент ариза навишт. Суд ба далели доштани се кӯдаки хурдсол, моҳи май таъинот баровард ва барои ҷудошавии онҳо шаш моҳ, яъне то санаи 19-уми ноябри соли 2018 муҳлат муқаррар намуд. Дар зимн, Далерро барои мунтазам пардохтани алимент ба фарзандонаш муваззаф кард.

Аммо дар хонаи модар ҳам Шукрона осуда зиндагӣ карда натавонист, гӯё онҳо дар биёбони бекас зиндагӣ мекарда бошанд, гӯё дар ин деҳаи сернуфузи шаҳр касе шаттахӯрии Шукронаро намедид, гӯё дар Ёрӣ на ҷамоат буду на нозири минтақа. Ва ин бетарафии мардум Далерро шерак кард. Ва кор бо фоҷиа анҷом ёфт. 1-уми ноябри соли 2018 соати 15:30, баъд аз зуҳр, дар натиҷаи 12 захми корд ба сару рӯй ва аъзои баданаш расонидаи шавҳараш Шукрона кушта шуд.

Хабари рухдоди ин ҳодисаи нангин бисёриҳоро ба таассуф гузошту ҳайратзада кард. Аз ин хотир, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳам барои ошкор кардани ҷузъиёти ин ҳодиса бетараф наистод ва ба деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент рафт, то ҷузъиёти бештарро аз забони шоҳидону огоҳони маҳалли ҳодиса бисанҷад, ки чаро ва чи тавр Далер Ҳоҷимуродов бародарарӯсаш Идрисхӯҷаро 7 захми корд ва  ҳамсараш Шукронаро 12 корд зад?

Ҳодисаи хунин дар Ёрӣ ё чи гуна Далер Шукронаро кушту Идрисхӯҷаро захмин кард?

Вақте мо аз Хуҷанд роҳ сӯи Панҷакент — Ёрӣ пеш мегирифтем, ронандаи таксӣ ва як мусофири он, ки тоза аз муҳоҷирати Русия омада, ҳамроҳ бо мо ба Панҷакент мерафт, бо ҳам дар ҳар мавзуъ суҳбат мекарданд. Маълум буд, ки он ҳарду рафиқи наздиканд. Суҳбати онҳо бахусус сари мавзуи муҳоҷират хеле давом кард. Қариб то ними роҳ мерасидему онҳо аз ин мавзуъ берун намебаромаданд. Ҳатто ронандаи таксӣ аз солҳои дар Маскав муҳоҷиршавиаш, ки ба гуфташ, нахуст аз як шӯяндаи қатории мошинҳо то ба мақоми бригадирӣ расиданаш дар як нуқтаи шӯстушӯи мошинҳо (мойка) қисса мекард. Барои мо ҳам шунидани чунин қиссаҳои зинда аз ҳаёти муҳоҷират аҷиб менамуд. Ҳамин суҳбат сари мавзуи муҳоҷират буд, ки ронанда аз ҳодисаи куштор дар деҳаи Ёрӣ гуфт. Онҳо бо афсӯсу надомат мегуфтанд, ки “дар муҳоҷират бо чӣ азоб кор кард, акнун ними умраш дар маҳбас сипарӣ хоҳад шуд”. Ин суханони онҳо зоҳиран ба Далер Ҳоҷимуродов тааллуқ дошт, ки баъди аз муҳоҷират баргаштан даст ба куштори ҳамсараш задааст.

Хабари рухдоди куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳар дар ҷамоати деҳоти Ёриро дафтари матбуоти РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тавассути Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ба гузориш дод, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст: “Муноқишаи оилавӣ дар ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент як оиларо мотамзада кард. Шаҳрванд Ҳоҷимуродов Далер Шодимуродович, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Ёрӣ, санаи 1-уми ноябр тахмин соатҳои 15:30 дақиқа бо истифода аз корди хоҷагӣ ва расонидани 12 захми корд, ҳамсараш Бобоева Шукронаи 27-соларо ба ҳалокат расонида, бародари ҳамсараш Бобоев Идрисхӯҷа Қуддусович, соли таваллудаш 1990-ро 5 маротиба бо корд ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонида, ҷои ҳодисаро тарк мекунад. Канораҷӯӣ аз ҷои ҳодиса қасди навбатии гумонбаршуда Далер Ҳоҷимуродов аст, ки мақсад дошт аз ҳудуди ҷумҳурӣ берун равад. Фаъолияти фаврӣ — ҷустуҷӯии мақомоти милитсия нагузошт, ки шахси ба ҷомеа хавфнок ба ҳадафи худ бирасад ва ҳангоми убури сарҳад Ҳоҷимуродов дасгир карда шуд”.

Вале, назар ба нақли шоҳидон ва ҷабрдидаҳо, рӯзи 1-уми ноябри соли 2018 Далер Ҳоҷимуродов баъди чанд вақти дар муҳоҷират буданаш, барои дидани фарзандонаш ба хонаи волидони ҳамсараш меояд. Ин дидори хашмолудааш ба нохушӣ анҷомида, балки боиси куштори ҳамсараш Шукрона ва захмин шудани Идрисхӯҷа — тағои фарзандонаш аз дасти худи ӯ мегардад.

Бино ба нақли шоҳидон, Далер нахуст ба хона даромада, фарзандонаш — Шаҳнавоз, Самир ва Сунерро мебинад. Вале ҳангоми баромадан аз хона бо Идрисхӯҷа хархаша карда, як мушт ба тахтапушти ӯ зада, курткаашро ба сараш мекашад. Рафиқи Далер, ки дар кӯча дар дохили мошин қарор дошт, овози доду войро шунида ба хона медарояд ва Далерро бо зӯрӣ аз хона берун мекашад. Ҳамин тавр, Далер ба мошин нишаста, ҳамроҳи рафиқаш меравад.

Аммо ӯ бо ин қонеъ намешавад, балки шиддати хашм ӯро водор мекунад, ки дубора ба хонаи модарарӯсаш биёяд, аммо аз ҳаракаташ маълум, ки ин бор на барои дидор, балки ба қасди куштор меояд. Куштори ҳамсар ва бародару модари вай. Вагарна, бо худ гирифтани корд барои рафтан ба хонаи модарарӯс барои чӣ лозим буд?

— Баъди даргузашти чанд лаҳза Далер ба мағозаи Абдуқуддус даромада, барои қасди куштор корде мехарад ва ба мошинаш нишаста, сӯи хонаи волидони ҳамсараш ҳаракат мекунад. Бо наздик шудан ба хонаи волидони ҳамсараш мебинад, ки дар сари кӯча Идрисхӯҷа истодааст, суръати нақлиётро баланд карда, ба самти муқобили ҳаракат мебарояду ӯро бо мошин зада меғалтонад. Аз мошин фаромада, бо корди дар даст доштааш 7 маротиба ба гардан ва шиками Идрисхӯҷа мезанад. Доду фарёди Идрисхӯҷаро хоҳараш Шукрона, ки дар боғчаи ҳавлии бародараш машғули кори рӯзмарраи деҳа буд, шунида, ба кӯча мебарояд ва мебинад, ки дар сари роҳ бародараш ба замин хобида, хун аз гарданаш фаввора мезанад ва назди ӯ Далер дар даст корд меистад. Шукрона чун медонист, ки шавҳараш қасди куштани ӯ, бародар ва модарашро дошт, “додарамро куштӣ” гӯён, фарёд зада, ба наҷоти бародараш мешитобад. Бо расидани Шукрона ба ҷои ҳодиса, Далер ба ӯ дарафтода, бо корде, ки аз захмҳои бадани Идрисхӯҷа хунолуд шуда буд, 12 маротиба ба сару рӯй, дасту пой ва аъзои бадани Шукрона мезанад. Вай интизор буд, ки дар зимн бо расидани модарарӯсаш Сайёра ба ӯ ҳам бо корди дар даст доштааш ҳамла мекунад, аммо Муқтадир — бародари хурдии Шукрона, садди роҳи ин ҳадафи разилона ва хашмини вай мегардад,- нақл мекунад ҳамсояи онҳо Бахтиёр.

— Муқтадир мебинад, ки Далер хоҳар ва бародарашро бо корд захмӣ кардааст, аз хуни бадани онҳо замин сурх шудааст, дарҳол сангеро гирифта ба сӯи ӯ ҳаво медиҳад. Санги ҳавододааш ба дасти Далер расида, аз зарби он корд ба замин меафтад. Баъди ин ҳолат Далер зуд ба мошин нишаста, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад. Ва ӯ ба қасди ниҳоии худ — куштори модарарӯсаш Сайёра намерасад,- чунин гуфтаанд шоҳидон ва онҳое, ки аз қазияи ҷанҷоли ин ду оила бохабаранд.

Ҳамсояҳое, ки ин ҳолати мудҳишро бо чашмони худ дидаанд, мегӯянд, ки хашму разолати Далер Ҳоҷимуродов ҳадду ҳудуд надошт. Вай дар зарфи 1 ё 2 дақиқа 19 захми корд зад ва хуни ду бегуноҳро ба замин рехт.

“Вақте Идрисхӯҷа ва Шукронаро ба мошинам бор карда, ба беморхонаи марказӣ мерасонидам, аз гардани Идрисхӯҷа ва аз бадани Шукрона хуни зиёд беист мерехт. Фишори резиши хуни гардани Идрисхӯҷа ба ҳадде буд, ки рӯймоли басташударо аз гарданаш кушода кард. Дохили мошин ва китфонам пури хун шуданд. Аммо ба ин аҳамият намедодам ва  мошинро босуръат мерондам, ки ҳарчи зудтар духтурон онҳоро аз марг наҷот диҳанд. Бо расидан ба беморхона духтурон ҳоли Идрисхӯҷаро дида, зуд ба шуъбаи эҳё дароварданд. Вале Шукронаро дида, гуфтанд, ки аллакай дар ҷои ҳодиса ҷон дода будааст”,- нақл намуд Худойбердӣ Расулов, ҳамсояи Идрисхӯҷа.

Баъди муроқибат ва ҷарроҳӣ духтурони беморхона Идрисхӯҷаро аз марг наҷот дода тавонистанд. Аммо ҷасади Шукронаро ба хона баргардонида, ба хок месупоранд.

Огоҳону ҳамсояҳои хонаводаи Бобоевҳо мегӯянд, ки баъди аз ҳам ҷудо зиндагӣ кардан ҳам Далер ҳамроҳи модараш онҳоро ором намегузоштанд. Ба хонаи онҳо омада, ҷангу ҷанҷол бардошта, таҳдиди куштан мекарданд.

Як ҳамсуҳбати мо нақл кард, ки “ду-се маротиба Далер ва модарашро дидааст, ки ба хонаи модари Шукрона омада, муноқиша кардаанд. Ҳатто модари Далер ба писараш амр медод, ки омада, инҳоро мекушӣ ва бачаҳоятро гирифта меравем”.

Ҳусейн Қориев, сокини дигари деҳаи Ёрӣ гуфт:

— Рухдоди ин ҳодиса далели барҷастаи вайрон будани тарбия дар хонавода аст. Агар писар тарбияи дуруст мегирифт ва ё агар падар дуруст насиҳат мекард, магар шавҳар хеста ҳамсари худ, модари фарзандонашро бо корд зада мекушад?,- савол гузошт ӯ ва нақлашро идома дод:

— Аз хонаи ман то ҷои ҳодиса тахмин 80 метр масофа аст. Аз назди дарвозаи хонаам медидам, ки як мошин аз дур бо чароғҳои фурӯзон меомад. Бо наздик шудан, он муқобили самти ҳаракат баромад ва Идрисхӯҷаро зада ғалтонд. Ба ин тараф шитофтам ва дидам, ки Идрисхӯҷаю Шукронаи хуну хоколуд болои замин хобидаанд. Ман рӯймоли сари як зани онҷо омадаро гирифта гардани Идрисхӯҷаро бастам. Дидам, ки Шукрона аллакай дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. То ба ҷои ҳодиса расиданам, ки 80 метр масофа дошт, дидам, ки Далер ду нафарро захмин кард, якеро кушту ба дигаре ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонд.

Бино ба гуфтаи полковники милитсия Саидбек Саидов, сардори шуъбачаи милитсияи ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ Далер Ҳоҷимуродов баъди содир кардани чунин амалаш роҳи гурезро пеш мегирад ва гузаргоҳи гумрукии Саразми шаҳри Панҷакентро паси сар карда, вориди шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон мегардад. Гуруҳи фаврӣ — тафтишотии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо кӯмаки мақомоти қудратии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Далер Ҳоҷимуродовро боздошт карда, ба шаҳри Панҷакент меоранд.

Ҳоло нисбати ин ҳодиса тибқи моддаҳои 104 қисми 2 (куштор) ва 32-104 (сӯйиқасд ба куштор)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши қазия идома меёбад ва Далер Ҳоҷимуродов дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ана, чунин анҷом ёфт ҳодисаи даҳшатангез, ки ҳамаро ба таҳлука афтонда буд. Ҷавонзане аз зиндагӣ маҳрум шуд, додари беайбаш маслуқ гашт ва се кӯдак ятим монданд. Чунин ба назар мерасад, ки ҳамаи инро пешгирӣ кардан мумкин буд, вале “туро газад, маро чӣ ғам” гуфтагӣ барин, дигарон бетараф монданд.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here