Дар таърихи миллати тоҷик, чи дар гузашта ва чи имрӯз шахсиятҳои қавииродаву мубориз зиёд ҳастанд, ки барои ба озодӣ ва истиқлол расидан ҷонбозиҳо кардаанд. Яке аз чунин нафарони ҷасур, ки зидди зулму истибдоди бегонагон ва аҷнабиён мубориза бурда, барои раҳоӣ бахшидани халқи заҳматкаш аз зулму истибдоди амирӣ ҷони худро фидо кардааст, қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ мебошад. Ӯ соли 1888 аз андозҳои гарон ва зулму ҷабри амирони манғитӣ ба танг омада, шӯриш бардошт. Ҳарчанд амири Бухоро шӯриши Восеъро пахш кард ва худи ӯро дар Шаҳрисабз, ки имрӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст, ба қатл расонд, аммо натавонист мардумро аз мубориза боздорад.

Дар маъхазҳои таърихӣ зикр шуддаст, ки замони ҳукмронии амир Музаффар андозҳои нав ҷорӣ шуда, ғорати мардум ба авҷи аълояш расид. Дар қатори хироҷу закоту андозҳои расмӣ қозикалони Бухоро Садриддин андози нав бо номи «аминона» ҷорӣ кард. Ин андоз аз савдову тиҷорат ва андози дигар — «хасбур» аз зироатҳои кишоварзӣ ситонида мешуд. Дар натиҷа, норозигии мардум зиёд шуда, дар маҳалҳо шӯришҳои мардумӣ сар мезананд. Июли соли 1870 дар бекигарии Балҷувон шӯриши деҳқонон барои ситондани «амонпулӣ» ва андозҳои дигар сар зад, ки дар он тақрибан 2000 нафар иштирок карданд. Ин шӯриш исёни аввалини мардумӣ ба муқобили зулми амир ғайримуташаккил ва бенизом буд, аз ин рӯ, он пахш карда шуд. Соли 1878 ду ҳазор деҳқон аз худсарию зиёд шудани миқдори хироҷу закот ба шӯр омада, қалъаи Балҷувонро муҳосира карданд. Беки Балҷувон Абдукаримбек (писари беки Самарқанд — Шералии иноқ) аз ғазаби мардум тарсида, ба Ҳисор фирор кард.

Деҳқонон қалъаро гирифтанду молу мулки онро байни худ тақсим карда, ҳамон дам хона ба хона пароканда шуданд. Ошӯб бо қувваи мусаллаҳи беки Ҳисор пахш карда шуда, чанд нафарро ба дор кашиданд. Иштирокчиёни фаъоли шӯриш аз ҷазои ваҳшиёна тарсида, ба сӯйи бекигарии Дарвоз гурехтанд. Абдукаримбек боз ба Балҷувон баргашта, мисли пештара худсарӣ кардан гирифт. Соли 1885 дар амлокдории Муъминободи бекигарии Кӯлоб низ шӯриши деҳқонон барои аз ҳад зиёд гирифтани андоз сар зад, вале он низ пахш карда шуд. Дар охири соли 1885 ва аввали соли 1886 мардуми амлокдории Сарипули Ёхсуи бекигарии Балҷувон низ исён бардоштанд. Сабаби он маротибаи дуюм ситондани закот буд. Шӯриш ба зудӣ аз ҷониби бек бо сӯзондани якчанд деҳа ва ба Бухоро фиристодани якчанд сардори он пахш карда шуд. Ин шӯришҳо муқаддимаи шӯриши бузурги асосии деҳқонон дар бекигариҳои Кӯлобу Балҷувон — Шӯриши Восеъ буданд (ниг.: Искандаров Б. Аморати Бухоро, ЭСТ. Ҷ. 1. — Душанбе, 1978).

Ҳамаи ин шӯришу ошӯбҳо барои ҳаракати азиме, ки соли 1888 Бекигарии Балҷувонро фаро гирифт, гӯё заминае омода карда буд. Ин шӯриш бо номи Шӯриши Восеъ маъруф гаштаст. Сабаби асосии шӯриш он буд, ки мувофиқи талаби амалдорони амир деҳконон мебоист аз ҳосили яксола хироҷи на танҳо соли ҷорӣ, балки хироҷи солҳои пешинаи беҳосилро ҳам диҳанд. Иҷрои ин кор, дар асл, деҳқонон ва аҳли оилаи онҳоро ба гуруснагӣ мерасонид. Бинобар он, бо сардории Восеъ деҳконони атрофи Ховалинг ба ҳавлии амлокдор дарафтоданд, ҳавлиҳои дигар ашрофро ба хок яксон сохтанд. Восеъ ба музофоти Балҷувону Кӯлоб одамони худро фиристод, ки мардум дар ҷанги зидди амир ба вай ҳамроҳ шаванд. Садҳо ҷабрдидагон дар атрофи сардори худ ҷамъ омаданд. Мардуми ҷамъомада бо сардории Восеъи ҷувозкаш роҳи Балҷувонро пеш гирифтанд. Гуфтушуниди амалдорони бек бо шӯришчиён натиҷа набахшид. Бек хост бо ҳамлаи ногаҳонӣ шӯришро пахш кунад. Вале ба Восеъ муяссар мешавад, ки сарбозонро гурезонда, қалъаи бекро ишғол намояд. Шӯришгарон бегуноҳонро аз зиндони бек раҳо карданд. Баъд қӯрхонаи қалъаро кушода, аслиҳаро байни худ тақсим намуданд. Се шабонарӯз қалъаи Балҷувон дар дасти шӯришгарон боқӣ мемонад. Хатои калони шӯришчиён ҳамин шуд, ки онҳо аз ғалабаи худ мамнун шуда, қадаме аз Балҷувон берун намонданд. Аз фурсат истифода намуда, ҳокими Балҷувон ба Кангурт расид ва аз он ҷо истода, аз ҳокимони Кӯлобу Ҳисор имдод талабид. Инчунин беки мазкур сарбозони парокандагаштаи худ ва ононеро, ки бар зидди деҳқонони шӯришгар буданд, ҷамъ карда, ба сари Балҷувон тохт ва қалъаро гирифт.

Восеъ ҳанӯз таслим намешуд. Ӯ муборизаро давом дода, Кангуртро ишғол кард. Дар инҷо деҳқонони Кангурту Қизилмазорро ҷамъ намуда, Восеъ бори дуюм қалъаи Балҷувонро ишғол намуд. Шӯришгарон на фақат Балҷувон, балки Ховалингу Кангуртро ҳам соҳиб шуданд. Комёбиҳои шӯришгарон муборизаи оммаи халқ бар зидди амалдорон ва сарватмандон решаҳои тартиботи феодалиро ба ларза овардаанд. Дар хусуси шӯриши деҳқонон таҳти роҳбарии Восеъ амири Бухоро ҳатто ба генерал-губернатори Туркистон ҳам хабар медиҳад. Аз Бухоро ба сӯйи Балҷувон лашкар фиристода мешавад. Ба қувваҳои муттаҳидаи ҳарбии бекҳо муяссар мешавад, ки шӯриши деҳқононро ба сардории Восеъ пахш кунанд. Ҳамсафони наздики Восеъ захмдор ва қисмати бузурге дар корзор ҳалок шуданд. Восеъ баъди шикастхӯриҳои назди Тутқавул ва Кангурт аз муҳорибаи нав даст кашида, бо дастаи камшумори боқимондааш ба сӯйи деҳаи Сарипул (шимолу шарқии Ховалинг) қафо гашт. Вале қисмҳои қӯшунҳои Остонақул то ба ин ҷо ҳам омада расида, ба шӯришгарон зарбаи охиринро расониданд, ки ин воқеа тахминан охири моҳи июли соли 1888 ба вуқуъ омада буд. Восеъ баъди ин шикаст аввал ба деҳаи Гулдара, баъд ба куҳҳои Девлох, ба чарогоҳи Буздара фирорӣ шуд. Вале дар Буздара Восеъ ва ҳаммаслаконашро сарбозони бек аллакай интизор буданд. Қушбегӣ Остонақул дӯсти Восеъ — Маҳмадалиро ба хиёнат водор намуд. Ӯ Восеъ ва 12 тарафдоронашро бо роҳи фиреб ба мавзеи Буздара бурд. Аскарони амир, ки дар камин буданд, дӯстони Восеъро кушта, худи ӯро асир карданд (ниг.: Исмоилова Б. История Бухарского эмирата. — Х., 2005.). Восеъро аз он ҷо аввал ба Балҷувон, баъд ба Ҳисор оварданд ва аз он ҷо беки Ҳисор Останақул қушбегӣ вайро бо 6 нафар ҳамсафонаш ба Шаҳрисабз, ба ҳузури амир Абдулаҳадхон, ки ҳанӯз ҳам истироҳаташро дар ин ҷо давом медод, фиристод. Восеъро ишкелбанд карда, ба Ҳисор равон намуданд. Восеъ дар назди амир, ки дар Шаҳрисабз меистод, ба дор кашида шуд. Аммо на ба дор кашидани Восеъ ва на ҷазои ваҳшиёнаи шӯришчиён пеши роҳи муборизаи деҳконон ва косибонро гирифта натавонист. Дар дигар музофотҳои Бухорои шарқӣ борҳо шӯришҳои меҳнаткашон сар зада буд. Ҳарчанд ин шӯришҳо доим шикаст мехӯрданд, аммо бо вуҷуди он шӯриш беш аз пеш ба решаи сохти аморати тираву пур аз ҷаҳолат теша мезад, ки барои расидан ба давлатдории миллӣ ангеза ва заминаи воқеӣ гузошт (ниг.: Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе, 2011, — С. 211-214).

Дар таърихи миллию ватанӣ ангезаи хиёнат ҳамеша ҳамсафари шахсиятҳои миллатпараст, ватандӯст, ҷуръатманд ва хирадпарвар будааст, ки барои барқарории доду адолат мубориза бурда, аз мардуммеҳварӣ кор гирифтаанд. Аз ин ҷост, ки аксари ҳодисаҳое, ки тайи таърих дар маҳдудаҳои миллӣ ва фаромиллӣ рух додаанд, бар мабнои хиёнат устуворанд. Дигар ин ки, судҷӯйӣ ва авомили ба он иртиботдошта инсонро ба сӯйи хиёнат дар ҳар шакле тела медиҳад. Тайи саҳнаи таърихи миллӣ хиёнат ва хиёнатпешагӣ ба унвони мудҳиштарин ва хатарноктарин зуҳуроти иҷтимоӣ «ҷилва» намуда, ҷомеаро дар ҳар давру замон осебпазир сохта, раванди тасаллути мафкура ва фарҳанги бегонаро ба таври тадриҷӣ таҳкиму тақвият бахшидааст. Хиёнате, ки алайҳи қаҳрамонони таърихи миллӣ Спитамон, Муқаннаъ, Бобаки Хуррамдин, Абумуслими Хуросонӣ, Темурмалики Хуҷандӣ, Маҳмуди Торобӣ, Мавлонзодаи Сарбадор, Восеъ ва дигарон сурат гирифтааст, бештар аз ҷониби «худӣ»-ҳо ба амал омада, решаҳои зулму истибдод ва тааррӯзу зӯриро дар минтақа амиқ карда, тасаллути бечуну чарои гумоштагони аҷнабиро таъмин намудааст. Албатта, дар ин миён ҳамеша хиёнати қишри муллоӣ дар таърихи ватанӣ ҷойгоҳи махсус дорад ва ин тоифа дар вазъияти ногувори сиёсию иҷтимоӣ на танҳо аз ватан, халқ, миллат ҳимоят намекарданд, балки аз ҳар ҷиҳат, тавассути василаҳои маъмул — мавъизаю насиҳат, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мардумро аз муборизаву муқовимат бо адувони миллӣ ва марзбумӣ дур мекарданд ва бо ин амали нангин хиёнат ба ватан менамуданд. Ногуфта намонад, ки дар пахши исёну шӯришҳои мардумӣ алайҳи аҷнабиён дасти хиёнати руҳоният басо назаррас аст. Ҳамчунин дар барандохтани давлати миллии Сомониён нақши хиёнаткорони расмӣ-давлатӣ Фоиқ ва Бектузун, ки дар хидмати руҳонияти мутаассиб буданд, калидӣ аст. Ин аст, ки дар пардаи элитаи сиёсӣ ва давлатӣ ҳам хиёнаткорон «пинҳон» шудаанд ва замон ва пайти муносибро ҷуста, рӯйи давлати миллӣ хати бутлон мекашанд.

Дар мавриди қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ ҳам ангезаи хиёнати мулло, ки дар институти руҳонӣ шомил аст, сидқ мекунад. Агар ба мадорики таърихӣ, романи «Восеъ»-и устод Сотим Улуғзода, суҳбатҳои алоҳидаи солмандони деҳоти Дараи Мухтор ва гирду атрофи он (мӯйсафедони маҳаллӣ, ки солҳои панҷоҳу шасти садаи бистум аз шахсияти Восеъ ва ҳодисоти замони ӯ қиссаҳо мекарданд) ва филмномаи «Ашк ва шамшер»-и коргардони маъруфи тоҷик Тоҳир Собир, ки аз рӯйи асари устод Улуғзода рӯйи навор омадааст, таваҷҷуҳ намоем, маълум мешавад, ки қишри муллоии маҳаллӣ, қабл аз дигарон, аз исёни Восеъ хатар эҳсос карданд, зеро ки он ниҳод дурӯғҳои амиру кабирро рост месохтанд ва аз ҳисоби мардум фароғати рӯзгор медиданд. Ин буд, ки дар баробари сипоҳи амирӣ ва амалдорони маҳаллӣ дар шикасти шӯриш ва ба қатл расидани Восеъ дасти муллоён низ дароз будааст. Аз рӯйи нақли солмандони маҳаллӣ, муллоёни мутаассиби минтақа Восеъро чашми дидан надоштанд ва барои барандохтани исёни ӯ аз ҳар имконияте истифода мекарданд. Масалан, онҳо ба мардуми маҳаллӣ ва гирду атрофи бекигарӣ мегуфтанд, ки Восеъ ёғӣ аст ва ёғию саркаш душмани дину шариат мебошад. Ба ин монанд иғвоҳои гуногунро паҳн карда, сатҳи нуфузи Восеъро миёни мардуми маҳаллӣ пойин мебурданд. Маҳз тавассути паҳн намудани иғвою дурӯғу иттиҳомот мардуми дигар минтақаҳо ба Шӯриши Восеъ ҳамроҳ нашуданд ва охируламр шӯриш бераҳмона пахш гардид.

Бад-ин минвол миллати тоҷик тайи таърих бештар бар асари хиёнати руҳоният осеб дидааст ва осебҳои зиёди ҷисмонию равониро ҳатто имрӯз метавон дар пайкари хастаи миллати тоҷик эҳсос кард. Хиёнати ин қишри фурсатталаб дар ҳуҷуми муғулу муғулзодаҳо ба мушоҳида мерасад. Муғулҳо тавассути найранги руҳоният ба Бухоро ворид гардиданд ва он шаҳри бузургро таллаву тороҷ карданд. Бо бегонагон забон як кардан, ба ришва тамоюл доштан, ишқ ба сарвату шуҳрати инҷаҳонӣ онҳоро ногузир ба иҷрои нақшаи шуми бегонагон водоштааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Шӯриши Сарбадорон дар Самарқанд (соли 1365) ва Шӯриши Восеъ дар бекигарии Балҷувон (соли 1888) бо мусоидати бевоситаи муллоёни маҳаллии хиёнаткор пахш шуда буданд. Таҷрибаи хиёнат кардан дар ҳама ҳолат, махсусан дар вазъияти буҳронӣ ба тарафи душман гузаштан ва худиро тарк намудан барномаи зистӣ, маишӣ, сиёсӣ ва идеологии руҳоният буда ва ҳаст (ин ҷо ҳамаи руҳониён дар назар нестанд, аммо қисмати зиёди онҳо авзоъро ҳамеша бар нафъи худ истифода мебаранд ва боиси сар задани буҳронҳо мегарданд). Инро набояд аз ёд баровард.

 

Фирдавси НИЁЗӢ,

номзади илмҳои филология

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here