Яке аз барҷастатарин саромадони ҳаракати рӯшангарии Осиёи Марказӣ, ки он замон дар таъбири «аморати Бухоро» маънӣ ва мафҳуми сиёсӣ мегирифт, бешубҳа, устод Айнӣ мебошад. Устод Айнӣ нафаре буд, ки парчами муқовимату мубориза алайҳи зулму истибдод ва ҷаҳолату хурофотро аз дасти пири маънавии хеш Аҳмади Дониш гирифта, то вопасин дақиқаҳои ҳаёт дар фазои фикрӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании минтақа парафшон сохт. Кори рӯшангарии устод Айнӣ кори якумрӣ буд. Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ барҳақ навиштааст: «Садриддин Айнӣ он муборизаи бузургеро, ки Аҳмади Дониш сар карда ва чандин нафар шогирдорону пайравони ӯ давом доданд, ба нуқтаи олӣ, аз баъзе ҷиҳатҳо ба натиҷаи ниҳоӣ расонид. Як сари занҷираи қавии мубориза дар дасти Аҳмади Дониш ва сари дигари он дар дасти Айнӣ буд» (ниг.: Шакурӣ М. Б. Садри Бухоро. — Душанбе: Деваштич, 2005. -С. 201).

Воқеан, устод Айнӣ, аз рӯйи тавон ва имконоти фикрию эҷодӣ масири танвири фикриро дар китоби муфассали худ «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» муайян ва мушаххас намудааст. Ин асар, аслан «Таърихи инқилоби фикрӣ ё таърихи усули савтия ва инқилоби фикрӣ дар Бухоро» ном дошта, устод онро моҳи июни соли 1917 таълиф намуда, охирин саҳифаҳои китобро 7 феврали соли 1918 навишта будааст (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. — Теҳрон, 1381. -С. 7-8). Донишманди фақид Муҳаммадҷон Шакурӣ таълифи китоби мазкурро, аниқтараш поён ёфтани онро  17 феврали соли 1918  таъкид кардааст (ниг.: Шакурӣ М. Б. Садри Бухоро. — Душанбе: Деваштич, 2005. -С. 10). Айнӣ дар китоби «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», пеш аз ҳама, ба мубрамтарин масъалаи инсонӣ — бедорӣ ва инқилоби фикрӣ ҷиддӣ ва муфассал таваҷҷуҳ мекунад. Худи ибораи  «танвири  фикрӣ»,  ки мо аз он ҳамчун мафҳуми калидӣ истифода намудем, дар китоби мазкур ба унвони сарандеша матраҳ аст. Устод Айнӣ тағйироти куллӣ, бедорӣ, рӯшангарӣ ва билохира озодии мардум (омма)-ро маҳз дар танвири фикрӣ мебинад. «Бе ҳузури раият, — мегӯяд устод Айнӣ, — ва бе танвири афкори омма инқилоби нофеъро мумкин намедонистам» (таваҷҷуҳ шавад ба: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. — Теҳрон, 1381. -С. 95).

Устод Айнӣ ба воситаи ин асар ҷузъиёту куллиёти ақибмондагии мардуми Бухороро бо далоили мушаххас нишон додааст. Сабаби ақибмондагӣ ва ҷаҳолати саросариро дар қаламрави амирсолорӣ, Айнӣ дар бесаводӣ, бемасъулиятӣ, танбалӣ, танпарварӣ, истибдод, золимӣ ва беадолатии амирону ҳокимон ва мударрисону қозиён дидааст. Вай бо афсӯсу надомат аз ин вазъи ногувор ёд мекунад: «Аз тарбияи авлод, аз таърихи олам, аз сиёсати дунё, аз тадбири манзил, аз маданияти ислому Аврупо бехабар будани ин фирқа (уламои дин) ва пайравонашон ҳоҷати гап ҳам нест. Ҳамин бехабарӣ буд, ки дар аҳди амир Музаффархон вақти вуруди аскари Русия фоҷиаҳои зиёде ба амал омад» (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. — Теҳрон, 1381. -С. 32). Дар ин замина пурсише матраҳ мегардад бад-ин мазмун: бо он донишу маърифати маҳдуду костае, ки аз амиру кабир то раияти хокпош дар Бухоро доштааст, оё  мунтазир шудани  ислоҳот  имкон дошт? Гузашта аз ин, вазъ дар мадориси Бухоро, ки макони омода намудани мутахассисони коршоям будааст, хеле ва хеле нигароникунанда ба назар мерасидааст.

Устод Айнӣ, ки худ муҳассили чандин мадориси Бухоро буд, вазъро хеле хуб медонист. Ҳатто дар «Ёддоштҳо»  Айнӣ аз бесуботии барномаҳои таълимии мадориси Бухоро сухан ба миён меоварад. Масалан, устод дар ҷойе аз вазъи таълимӣ-тадрисӣ ва барномавии мадориси амирсолорӣ ба таври зайл ёдовар мешавад: «Бо нуфузи зиёд доштани мадориси Бухоро, ҷойи тааҷҷуб ин аст, ки ғайр аз илми калом дигар чизе аз илмҳои динӣ дар программаи мадрасаҳои Бухоро набуд. Ҳар кас ҳавас дошта бошад, тафсири Қуръон, ҳадиси пайғамбар ва фиқҳи исломиро ба тарзи ғайрирасмӣ дар пеши ягон мутахассиси ин илмҳо рафта мехонд» (ниг.: Айнӣ С. Ёддоштҳо. — Душанбе, 2009. -С. 136). Устод Айнӣ, чун ба марҳилаи огоҳӣ расид ва пиндошт, ки  вазъи ногувори бемаърифатию ҷаҳолати саросарӣ қаламрави Бухороро фаро гирифта, мунҷар ба мусибату бадбахтии мардум гардидааст, бо эҳсоси масъулият ва рисолат, аз рӯйи тавон ва нерумандиаш ба ислоҳи вазъият камари ҳиммат барбаст. Ӯ аз нахустин маротиба мутолиа кардани ҷаридаи «Сироти мустақим» (аз Туркия ба воситаи Абдураҳмон Саъидӣ — поягузори мактаби савтияи тоторӣ дар Бухоро ба дасти Айнӣ ва дӯстонаш расидааст) изҳори хушнудӣ карда, навишта буд, ки: «ин маҷмӯа ба танвири афкори мисли мо парешонрӯзгорон кифоя мекард» (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. — Теҳрон, 1381. -С. 26). Айнӣ бо далоили кофӣ омилҳои заъфи фикрӣ ва фарҳангии аморати Бухоро ва уламою мадориси онро, ки оқибат ба низоъҳои байнимазҳабӣ, ихтилофоти динӣ, кашмакашҳои сиёсӣ, фақри маънавӣ ва истибдоди дохилӣ бурда мерасонданд, ба таври зайл дастабандӣ карда буд:

  1. Нодонии аҳолӣ. 2. Таассуби уламо. 3. Ҷоҳталабии руасо. 4.Худсариҳои уламову умаро. 5. Фасоди мадорис ва таълим. 6. Фитнаи намояндагони элчихонаи рус (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. — Теҳрон, 1381. -С. 55). Нависанда дар асоси тақсимбандии авомилу сабабҳои қафомондагии мардуми Бухоро ба хулосае меояд, ки танҳо бо роҳи маърифатнок намудани мардум беҳбудӣ ва беҳрӯзии иҷтимою сиёсӣ ва фарҳангӣ ба даст меояд. Нависанда, баъзан ҳангоми баёни матолиб сахт ба эҳсосот дода мешавад, чунки вазъи ногувори иҷтимоӣ, сиёсӣ, илмию фарҳангии мардуми Бухоро ӯро ҳамчун рӯшангар ва мунавварфикр ором гузошта наметавонист. Устод Айнӣ фитнаву таассуби шадидеро, ки ҷомеаи онрӯзаро фаро гирифта, тадриҷан ба вартаи нестӣ тела медод, шадидан интиқод карда, роҳи бурунрафтро дар бедорӣ ва танвири фикрӣ дида, «наҷот дар илм асту бас»-гӯён натиҷагирӣ намудааст (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. — Теҳрон, 1381. -С. 55). Ин буд, ки аз рӯзҳои нахустин ба ҷараёни рӯшангарӣ пайваста, бо дӯстонаш Мунзим ва Беҳбудӣ ба кушодани макотиби ҷадид, ки бар мабнои усулҳои нави таълиму тадрис таҳаққуқ меёфтанд, пардохт. Китобу расоили Айнӣ «Таҳсиб-ус-сибён» (1909), «Тартил-ул-Қуръон» (1909), «Заруриёти диния» (солҳои 1913-1914) ва «Роҳбари хат» (барои ҳусни хат) дар мактаби усули савтия таълим дода мешуданд.

Мактаби нав, ки Айнӣ ва дӯстонаш таъсис дода буданд, дар андак замон маъруф гардид. «Ман, — мегӯяд устод Айнӣ, — бесаводии атфоли мусулмонро дида, чашм пӯшиданро мухолифи инсоният ва исломият медонистам. Шогирдони мактаб нодида дар 6 моҳ хатту савод бароварданд» (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. – Теҳрон, 1381. -С. 27). Баъди ин муваффақият аҳли таассуби Бухоро, ки аз рӯйи одати қадима ба таҷаддуд нафрат меварзиданд, алайҳи мактаби ҷадид муқобилиятро оғоз намуданд. Танҳо домулло Икром ин мактабро ҷонибдорӣ кард ва ҷасоратмандона фатво дод: «Ман ин мактабро мувофиқи одоби ислом дарёфтам. Тарбияи динӣ дар ин мактаб ба дараҷае беҳтар аст аз дигар макотиби куҳна. Аз назари исломият ин мактаб мухолифи шаръ нест» (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. — Теҳрон, 1381. -С. 36).

Бояд тазаккур дод, ки Айнӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ, намехост мардум инқилоб кунаду хунрезӣ шавад. Ӯ хостори инқилоби фикрӣ ва аз оғоз зидди ҷунбиши инқилобӣ буд (ниг.: Шакурӣ Муҳаммадҷон. Равшангари бузург. -Душанбе: Адиб, 2006. -С. 28).  Ин буд, ки робитаашро бо «ҷадидони ҷавон», ки дар байни онҳо Абдурауфи Фитрат ва Файзулло Хоҷаев буданд, бурид. Ин қабил ислоҳотхоҳон ақида доштанд, ки бо роҳи ислоҳоти сиёсӣ ба мақсад расидан мумкин аст ва танвири афкор барои расидан ба ҳадаф он қадар муҳим нест. Айнӣ бошад, бар он пофишорӣ мекард, ки афкори умумӣ танҳо ба воситаи илму маърифат танвир меёбад ва ҷавҳари ислоҳот мактабу рӯзнома аст (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. — Теҳрон, 1381. -С. 95).

Устод Айнӣ ҳамчун равшангари бузург ҳанӯз хеле барвақт пай бурда буд, ки ягона роҳи мусоид ва муътадил барои расидан ба ҳадаф танвири афкори ҷомеа аст. Танвири афкор ба мактабу маориф ва мутолиаи ҷароид сахт бастагӣ дорад. Ҳар қадар рӯзномаю ҷароиди гуногунмазмун ва пурмуҳтаво  дастраси ҷомеа гардад, ҳамон қадар сатҳи рӯшангарӣ ва танвири фикрӣ дар ҷомеа боло меравад.

Ҳамин тариқ, роҳи наҷоти ҷомеаи Бухороро устод Айнӣ дар илмомӯзӣ ва мутолиоти густурдаи рӯзномаю ҷароиди ҷадид медид. Устод дар китоби «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» масъалаи танвири афкори мардумро дунболагирӣ намуда, таъкид карда буд: «Мутолиаи кутуб ва расоил, аз кадом қисм ки бошад, ба танвири афкор хидмат мекунад» (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. – Теҳрон, 1381. -С. 95).

Ба таври куллӣ, матлабро метавон дар чанд нукта хулосабандӣ кард:             1. Дар раванди бедорӣ ва танвири фикрии устод Айнӣ китобҳои «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш ва «Сайёҳатнома»-и Иброҳимбек нақши бориз доштаанд (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. — Теҳрон, 1381. -С. 20). Ба сухани дигар, марҳилаи ибтидоии бедории фикрии Айнӣ аз ин китобҳо шурӯъ шудааст. Баъди мутолиаи китобҳои мазкур устод Айнӣ дар фикри таъсиси мактаби ҷадид бо усулҳои нави тадрис меафтад. 2.«Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» асарест, ки дар он муҳтавои ҳаёти сиёсӣ, таърихӣ, фикрӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии амирсолорӣ ва оммаи Бухоро ба риштаи тасвир баркашида шудааст. Масъалаҳои мазкурро устод Айнӣ хеле дақиқ ва ҷиддӣ мавриди арзёбӣ қарор додаааст. 3. Устод Айнӣ сабаби аслии дардҳои иҷтимоии ҷомеаи Бухороро дар ҷаҳолат, нодонӣ ва таассуби саросарӣ қаламдод кардааст. Ин ташхиси амиқу дурусти ӯ меҳвари китоби арзишмандашро ташкил додааст. 4. Раҳоӣ аз бунбасти фикрӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро устод Айнӣ дар танвири афкор мебинад, яъне мунавварфикрӣ, сараввал тавассути мактаб ва усулҳои ҷадиди таълим (мактаби усули савтия)  ибтидо мегирад. Таълиму тадрис бар мабнои усул ва мабонии ҷадид заминаи боэътимоди бедорӣ ва танвири фикрӣ дар ҷомеа маҳсуб меёбад. 5. Айнӣ ҷонибдори инқилоби фикрӣ-интеллектуалӣ буд, на тарафдори инқилоби сиёсию физикӣ, ки ба ҳарҷумарҷи дохилӣ ва талафоти ҷонӣ сабаб мегардид. Ӯ ақидаи як зумра ҷадидонро, ки хостори тариқи хунрезӣ ислоҳ намудани ҳукумати Бухоро буданд, ноқис медонист. Бинобар ин, аз онҳо дурӣ ҷуст ва тарки алоқа кард. 6. Устод Айнӣ ҷавҳари ислоҳотро дар мактабу рӯзнома ва роҳи наҷоти инсониятро дар илму ирфон медид. Хатти марказӣ дар китоби «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» рӯйи илму маърифат чарх мезанад. Устод роҳи халосӣ ва наҷот аз ҷаҳлу таассубро дар пайвастан ба илму дониш медид. 7.  Нависанда  ба сифати як шахсияти муқаввои миллию фарҳангӣ аз вазъи буҳронии қаламрави аморат изҳори нигаронӣ намуда, дар ин замина, бо эҳсоси масъулият ва бо такя ба андӯхтаву омӯзаҳо ва таҷориби инфиродӣ,  рисолаи  ҷолиби илмӣ-публитсистии  «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро»-ро таълиф кард. Дар он, бидуни такаллуф ва таоруфи суннатӣ вопасмондагии динӣ-мазҳабӣ, ахлоқӣ, иҷтимоию равонӣ ва фикрию фарҳангии ҷомеаро, ки ба сабаби ҷаҳолату таассуби сахти сардамдорони низоми сиёсӣ — амиру кабир, ҳокиму амалдор, қозию муфтӣ ва амсоли онҳо  рӯйи кор омада буд,  шадидан мавриди интиқод қарор дод ва бад-ин васила рисолати адабӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, сиёсӣ ва мадании худро бошарафона анҷом дод. 8. Имрӯз вазифаи мо аз он иборат аст, ки осори арзишманди устод Айниро мукаррар мавриди мутолиаю таҳлили ҷиддӣ  қарор дода, иқдоми огоҳонаи ӯро дар шароити нави  ташаннуҷи хурофоту таассуби динию мазҳабӣ  ҷуръатмандона идома диҳем ва  дар таҳкиму тақвият бахшидани раванди  муҷаддади танвири фикрӣ ва рӯшангарии миллӣ дар ҷомеаи тоҷикӣ саҳми сазовор бигирем.

Н. Нуров, устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here