Чаро Зинаида Ермолйеваро олам чун Бону Пенитсиллин мешинохт?
Дар таърихи илми олам Зинаида Виссарионовна Ермолеева ҳамеша дар сояи барандагони ҷоизаи Нобел Александр Флеминг, Эрнст Чейн ва Говард Флор мемонад. Ва басо одилона кашфи антибиотикҳоро ба ин чанд тан мансуб медонанд. Аммо чаро Зинаида Ермолйеваро, ки корҳои илмиаш барои ҷаҳониён маълум буд, имрӯз ҳам бо номи Бону Пенисилин машҳур аст?
Соли 1936 дар Дуюмин Конгресси микробиологҳо дар Лондон профессори шотландӣ Александр Флеминг ба ҳамкасбонаш доруи нав- пенитсиллинро намоиш дод. Пенитсиллин он замон муъҷиза офарида буд. Дар косаи Петро дар атрофи қатраи пенитсиллин микробҳои марговар фалаҷ шудаву мемурданд. Флеминг ба ин бовар буд, ки шеваи мубориза бо барангезандагони бемориҳои хатарноки зиёдеро пайдо кард. Вале маърӯзаи олим бо сардӣ шунида шуд. Танҳо баъди се сол, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз гардид, пенитсиллин дар хати ҷабаҳот даҳҳо ҳазор маҷруҳонро табобат кард, онҳо аксаран касоне буданд, ки ҳаёташон бар асари захмҳои шадид ва олудагии ҷойи захм бо микробҳои кушанда дар дами марг қарор доштанд. Баъди ин ҳатто қудратҳои ҷаҳонӣ дар пайи тавлиду истифодаи пенитсиллин шуданд.
«Барои пирӯзӣ дар Ҷангим дуюми ҷаҳон пенитсиллин кори бештареро назар ба двизияҳои бешумор анҷом дод”,- гуфта буданд дар маросими эътои ҷоизаи Нобел ба Флеминг, Чейни ва Флор. Албатта, ин зиёдаравӣ дар арзёбии доруи нав буд, вале ҳақиқат низ ин аст, ки дар он айём пенитсиллин назар ба ҳар доруи дигар ҳаёти бештари одамонро аз хатари марг наҷот дода буд. Ва нуктаи хеле муҳими дигар: олимон, кашшофони пенитсиллин патентӣ шудан ва мутаалиқ ба як ё ду ширкат шудани истеҳсоли доруи худро рад карданд ва бо ин васила онро дар хизмати оламиён қарор доданд.
ТАҶРИБАИ МИСРИЁНИ ҚАДИМ
Баъзан ин гуна тасаввур ҳам ҳосил мешавад, ки гӯё ин ҳама аз қабл барои мисриёни қадим ошно буд. Ва ё ба чиниҳои қадим. Вақте мехоҳӣ ягон мақолаи илмиро мутолиа намоӣ, чашмат ба ин навишта бармехӯрад: “ҳанӯз дар замони мисриёни қадим…” Вале дар мавриди антибиотикҳо наметавон аслан чунин гуфт. Дар Мисри Қадим дар ҳақиқат таҷрибаи табобати бемориҳои фасодкунандаву римӣ вуҷуд дошт. Духтурони Руми Қадим ҳам усулҳои табобати ин гуна бемориҳоро доштанд. Ҳиндуҳои қабилаи майя барои ин мағори сабзи махсус тайёршуда аз донаи ҷуворимаккаро истифода мекарданд. Бори аввал таҷрибаи дақиқи табобати илтиҳоби фасодоварро Абуалӣ Синои бузургвор анҷом дод ва онро дар “Ал-Қонун”-и худ навишт, ки ин дар асри Х-XI буд.
Бо гузашти қариб ҳазор сол танҳо дар соли 1877 Луи Пастер дар бораи антибиотикҳо — ҷанг миёни бактерияҳои хок ва бактерияҳои дардовар, барангезандагони захми сибириро навишт. Пастер ҳамон замон ҳам тахмин кард, ки антибиоз метавонад шеваи асосии табобат шавад. Иля Мечников низ ғояи истифодаи зуҳуроти антагонизми микробҳоро инкишоф дод ва пешниҳод кард, ки барои нест кардани бактерияҳои зараровари фасоддор дар рӯдаҳо бактерияҳои ҷурғотӣ хӯранд. Дар бораи таркибҳои фоидаовари мағорҳо дар нимаи дуюми асри XIX Вячеслав Манассеин ва Алексей Полотебнов бехабар аз якдигар дар ин бора мақолаҳо навиштанд. Полотебнов асосгузори дерматологияи рус аст ва соли 1873 дар асараш “Мафҳуми патологии пӯпанак” нишон дод, ки занбурӯғҳо аз насли Penicillium қодиранд инкишофи барангезандагони як қатор касалиҳои пӯстро боздоранд.
ПУЛҲОИ РОКФЕЛЛЕР
Пенитсилинро соли 1940 биохимик Чейн ва бактериолог Флор талош карданд тоза кунанд, вале қатъи истеҳсоли он дар Британияи Кабир имконнопазир буд. Аз сӯйи дигар таҳдиди ҳамлаи миллигароёни Олмон вуҷуд дошт ва олимон мегуфтанд, ки дар сурати забти ин кишвар корхонаи тавлиди антибиотик ба дасти душман мегузарад. Аз ин рӯ соли 1941 бо дастгирии хазинаи Рокфеллер Флори ва биохимики дигар Нормани Ҳитли ба Иёлоти Муттаҳида сафар карданд ва умедвор буданд дигар корхонаҳои бузурги дорусозиро дар ин мамлакат ба истеҳсоли пенитсиллин ҷалб созанд. Озмоишгоҳи таҳқиқотии минтақавии Шимоли Вазорати кишоварзии ИМА , ки дар шаҳри Пеория, иёлоти Иллинойс ҷойгир шуда буд, ба ин пешниҳод ва ин тарҳ мароқ зоҳир кард. Моҳи марти соли 1942 зери сарварии Раёсати таҳқиқоти илмии ИМА миқдори муайяни пенитсиллин истеҳсол кард, ки он танҳо ба табобати як нафар басанда буд. Моҳи июни ҳамон сол аллакай барои муолиҷаи 12 нафар ин дору истеҳсол гардид.
ДУХТАРИ ПОДЪЕСАУЛ
Микробиолог Зинаида Ермолйева ба пулҳои Рокфеллер наметавонист умед бандад. Вай танҳо ба ташаббусҳо ва талошҳои худ умед мебаст.
Зинаида Ермолйева дар хутори Фролови вилояти Дон дар оилаи подъесаул (рутбаи казакӣ дар Русияи подшоҳӣ) Виссарион Ермолйев ба дунё омад. Соли 1915 гимназияи духтаронаро дар Новочеркасс хатм кард. Мегӯянд вай дар ҷавонӣ рақсидан ва микробиологияро дӯст медошт. Ба интихоби касб ба вай китобе ёрӣ кард, ки дар бораи бастакори машҳур Петр Илйич Чайковский баҳс менамуд. Чайковский низ мисли модари ӯ аз бемории вабо фавтида буд. «Ҳолати даҳшатнок: ранги парида, чашмони чукидаву дарунрафта, лабони кабудшуда, ҷасади сардшуда…Пӯст, ранг ва ҳолати худро тағйир медиҳад, дастону пойҳо пурчин мешаванд, ба мисли мӯйсафеди аз по уфтода…”
Ва дар хатми гимназия вай аллакай ба қароре омад, ки ҳатман биолог мешавад, на раққоса ё каси дигар.
ТАҶРИБАИ ВАБО ДАР ХУД
Барангезандаи вабо аз қабл маълум буд ва он аз ҷониби олимони зиёде хуб омӯхта шуда буд, вале ин пажуҳишгари ҷавонро фарзия дар бораи мавҷудияти вибрионҳои (бактерияи вергулшакл) шабеҳи вабо, ки метавонистанд низ марговар бошанд, ба худ ҷалб кард. Ҳангоми густариши вабо дар Ростови лаби Дон дар соли 1922 вай тавонист аз организми одами мубтало ба ин беморӣ вибриони шабеҳи ваборо пайдо кунад (баъдан ба номи ӯ гузошта шуд) ва онро дар бадани худ санҷид. Вай ҷони худро ба хотири наҷоти ҳазорон нафар зери хатар гузошт ва вибриони ба бадани худ дохилкардааш қариб буд аз ӯ ҷон меситонд. “Таҷриба қариб буд бо фоҷеа поён ёбад, исбот шуд, ки вибрионҳои вабошакл дар рӯдаи одам метавонад ба вибриони воқеъии вабо табдил ёбанд ва барангезандаи касалӣ бошанд”,- зикр кард вай дар протоколи таҷрибаи худ.
Ба Зинаида Ермолйева муяссар шуд фарқият миёни устувории фардӣ ба инфексияи ваборо тасдиқ кунад, механизми ба вуҷуд овардани сироятпазириро омӯзад ва роҳҳои ташхис барои муайян намудани вибрионҳои вабоӣ ва шабеҳи вабоиро таҳия намояд.
Соли 1939 Ермолйева ба Осиёи Миёна барои пешгирии вабо фиристода шуд ва дар ин сафар вай маҷмуъаи таҷрибаҳоро ба кор андохт ва бактериофаге, ки ҳосил кард, на танҳо бар зидди вабо, балки зидди касалиҳои тифи шикампеч ва гулизиндонак муфид аст. Барои сохтани ин бактериофаг Зинаида Ермолйева рутбаи илмии профессор гирифт ва ҳамкасбонаш ӯро “бону” ном мебурданд.
Соли 1942 дар бораи паҳн шудани вабо дар назди Сталинград хабари ҷиддӣ расид. Ва метавон гуфт, ки дар мубориза барои Сталинград на танҳо ҳарбиён, балки олимон низ ширкати фаъолона доштанд. Ва ҳамон сол ба минтақа микробиологҳои шинохтаи кишвар бо сарварии Ермолйева эъзом шуданд. Аммо эшелоне, ки бактериофагҳои нобудкунандаи барагезандаи вируси ваборо мебурд, зери бомбборони неруҳии ҳавоии душман қарор гирифт ва қисмати бештари он нобуд шуд. Ба олимон зарур омад дар таҳхонаи яке аз биноҳо бактериофагҳои вайроншударо барқарор созанд ва ҳамзамон барои ҷилавгирӣ аз густариши вабо онро миёни аҳолӣ тақсим намоянд. Обро бо усули Ермолйева хлор заданд ва ба шарофати ин чораву тадбирҳо аз густариши вабо дар Сталинград ҷилавгирӣ шуд.
АРЗИШИ КӢ ДАР ИЛМ ВОЛОТАР?
Баъди чандин соли кор дар институти бактериолгии Қафқози Шимолӣ, ки як шуъбаи онро сарварӣ мекард, Зинаида Ермолаева соли 1925 ба Маскав меояд ва шуъбаи биохимияи микробҳо ба Институти биохимияро сарварӣ мекунад. Бо шавҳари аввали худ микробиолог Лев Зилбер дар ҳамин ҷо шинос шуд. “Моҳи асали” худро дар таҷрибаомӯзӣ дар институти Пастер гузарониданд.
Лев Зилбер соли 1945 ба дарёфти ҷоизаи ба номи Сталин шарафёб шуд ва аз миёни ҳамаи олимони зиндонишуда ягона олиме буд, ки Сталин шахсан барои иштибоҳи содиршуда узр пурсид. Зилберро се маротиба дастгир карда буданд. Бори аввал вақте ки вай дар пешгирии густариши тоун дар Қаробоғи Куҳӣ ширкат карда буд (соли 1930). Он вақт аввал ӯро ба ордени Байрақи Сурх пешбарӣ карданд, вале ба зудӣ ба ҷурми талош барои сироят кардани аҳолии Озарбойҷон ба тоун боздошт карданд. Чор моҳро дар зиндон гузаронд. Бори дуюм соли 1937. Бори сеюм соли 1940 ӯро барои саркашӣ дар кор дар лабораторияи силоҳи бактериологӣ дастгир карданд. Танҳо соли 1944 озод шуд. Он вақт Зинаида Ермолйева ба номи Сталин нома кардаву хостори авфи шавҳари собиқаш шуда буд ва доҳӣ хоҳиши олимро ба инобат гирифт.
Вақте Зилберро дубора ба ҳабс гирифта буданд, онҳо дигар зану шавҳар набуданд. Ермолйева ба микробиолог Алексей Захаров ба шавҳар баромада буд. Аммо соли 1938 Захаровро боздошт ва парронда буданд. Ермолаева мехост ва талош ҳам кард ду шавҳарашро аз зиндон озод кунад, аммо соли 1940 ба вай хабар доданд, ки Захаров дар маҳбас мурдааст.
Соли 1939 як соҳибмансаби сатҳи олии НКВД ба ҷуброни хизмати Ермолйева дар наҷоти ҷони духтараш, ба Зинаида пешниҳод кард, ки шавҳараш Захаровро озод кунад. Ин соҳибмансаб намедонист, ки Захаров парронда шудааст. Вале Ермолйева гуфт, ки бояд Зилберро озод кунанд ва шарҳ дод: “Зилбер ба илм лозим аст…”
БОНУ ПЕНИТСИЛЛИН
Дар бораи натиҷаҳои кори Флори оид ба истеҳсоли саноатии пенитсиллин ба Маскав хабар расид. Тасмим гирифта шуд пенитсиллини ватанӣ тавлид шавад. Соли 1942 дар базаи Институти умумиттифоқии тибби таҷрибавӣ озмоишгоҳи нав сохта шуд, ки ба он Зинаида Ермолйева сардор таъин шуд. Вазифадор шуд, ки дар кутоҳтарин фурсат ин доруи муҳим ва муъҷизанокро тавлид кунад. Ҷолиб он аст, ки дар озмоишгои Ермолйева пенитсилини тозаро на аз мағор, балки аз спораи он омода карданд. Барои таъмини истеҳсоли он озмоишгоҳ дар чанд баст кор мекард. Доруро дар мушҳо таҷриба карданд, дар кӯрмуши обӣ ва харгӯшони хонагӣ санҷиданд. Натиҷа беш аз ҳадди интизор буд.
Охири моҳи декабри соли 1943 дар ҳайати намояндагони Британия, Амрико ва Канада ба СССР профессор Говард Флори омад. Вай бо худ пенитсиллини машҳури худро бо тест-штамм (штамм-микроорга¬низм вируи холиси беғаш, ки аз хуни одам ё чорвои бемор, ё аз обу хок ҷудо карда барои тайёр кардани дору ва позаҳр махсус парварида шудааст) стафилокок — стандарти байналмилалии муайян намудани фаъолнокии пенитсиллинро овард. Тафтишу санҷиши таърихии ду штамм-амрикоӣ ва шӯравӣ баргузор шуд. Ва ҷолиб он буд, ки штамми шӯравӣ дар фаъолнокӣ ба штамми инглисӣ баробар меомад.
Баъди ҷанг Зинаида Ермолйева Институти илмӣ-таҳқиқотии пенитсилинро сарварӣ кард, аз соли 1952 мудири кафедраи микробиология ва озмоишгоҳи антибиотикҳои нави Институти марказии такмили ихтисоси духтурон буд. Маҷаллаи “Антибиотикҳо”-ро таъсис дод ва аввалин муҳаррири он буд. Таҳти роҳбарии ӯ антибиотикҳои дигар, аз ҷумла левомитсетин, стрептомитсин, доруи зиддивирусии интерферон сохта шуд.
Муаллифи бештар аз панҷсад монография Зинаида Виссарионовна Ермолйева моҳи декабри соли 1974 аз олам даргузашт.
Анна ЗАИКИНА
«Совершенно секретно», No.8/397, моҳи августи соли 2017
Таҳияи Ф.Муҳаммад
Аз идора: Таърихи сохта шудани пенитсиллин чун доруи муъҷизаовар мӯ ба мӯ ҷолибу хонданист, ҳамчунин сарнавишти созандаи он Александр Флеминг. Дар ин бора дар шумораи оянда нақл хоҳем кард.