Асрори сангнавиштаҳо
Дар ин авохир бо фарҳангшинос, номзади илми санъатшиносӣ, муҳаққиқи озод Ҳазрат Сабоҳӣ суҳбате оростаем, ки ҳамакнун манзури хонандагон менамоем.
— Пурсиши аввалини ман ин аст, ки чаро Шумо дар солҳои охир дар матбуоти даврӣ кампайдо шудаед?
— Дуруст гуфтед, ман дар солҳои охир барои матбуоти даврӣ чизе нанавиштаам. Аммо бояд зикр кунам, ки дар сомонаҳои Интернет дар ҷавоби мақолаҳои бебунёди баъзе аз «таърихсозон»-и кишварҳои ҳамсоя, ки дар онҳо миллати мо ҳатто таҳқир мешуд ва нисбат ба вай суханони носазо низ зикр мегардиданд, ҳафт-ҳашт мақола навиштаам. Ба забони русӣ. Дар онҳо далелу санадҳоеро овардаам, ки дар китобҳои таърихшиносони мо нестанд. Ҷавобҳоро бидуни таъхир навиштаам.
— Маълум мешавад, ки маводи заруриро зери даст доштед ва дар ин асно ғарқи дунёи сарчашмаҳои хаттӣ, сангнавиштаҳову сиккаҳо будаед?
— Бале. Маро ҳамеша баъзе халоҳое, ки дар иртибот бо ин ё он давраи таърихӣ, хусусан даврони тоисломии таърихи халқи мо дар таърихнигории муосир ба назар мерасанд, ором намегузоштанд. Дар бораи ин халоҳо фикри бисёр мекардам. Оқибат қарор кардам, ки сабаби ба вуҷуд омадани ин халоҳоро худам таҳқиқ мекунам. Ҳама корро як сӯ гузоштаму ба омӯзиши маводи фарҳангие, ки ба даврони Кӯшониён марбут аст, ҷиддан машғул шудам. Нуктаи дигаре, ки диққати маро зиёд ба худ ҷалб мекард, на бумӣ, балки бегона хондани Кӯшониён буд.
Пеш аз ҳама сангнавиштаҳои Сурхкӯтал, Айратам, Ғалҷиёни Чағониён, Работак ва Дашти Навор, ҳамчунин навиштаву тафсирҳои сиккаҳои шоҳони кӯшониро муддати дароз омӯхтам.
— Ба назари ман, ин сангнавиштаҳо, аз ҷумла катибаҳои Сурхкӯталу Работак аз тарафи олимони аврупоӣ ва шӯравӣ хондаву тарҷума шудаанд. Шуморо чӣ маҷбур кард, ки дубора ба онҳо рӯй оред?
— Сухан дар он аст, ки ин катибаҳо чӣ гуна хонда шудаанд. Дар мутолиаи онҳо ғалатхонии фаровон ба назар мерасад. Аз сӯйи дигар, фақат сангнавиштаи Сурхкӯтал (соли 1957) мавриди баррасӣ (на таҳқиқ) қарор гирифтааст. Сангнавиштаҳои дигарро касе муфассалан нахондааст. Шумо медонед, ки дар катибаҳо бо алифбои юнониасос матнҳо бидуни фосила миёни вожаҳову ҷумлаҳо навишта шудаанд. Касоне, ки сангнавиштаи Сурхкӯталро мутолиа кардаанд, аз ҷумла А.Марик, И. Гершевич, В.Лившитс ва дигарон дар шинохт ва ҷудосозии вожаҳову маънидоди онҳо ба ғалатҳои фоҳиш роҳ додаанд. Онҳо аз катибаи Сурхкӯтал мазмунеро берун овардаанд, ки чунин чизе (яъне, хушксолӣ, харобии қасру маъбад, бозсозии онҳо, кандани чоҳи об ва ғайра) вуҷуд надорад. Зимнан, сангнавиштаҳо ба муносибати корномаҳои шоҳон дар санг ҳак мешуданд. Магар кандани чоҳ ҳам корнома маҳсуб мешуд?
Муҳаққиқони мазкур забони сангнавиштаи Сурхкӯталро тахорӣ, бохтарӣ, балхӣ гуфта бошанд, В.Лившитс, ки соли 1964 ин катибаро барои китоби В.Массон ва В.Ромодин «Таърихи Афғонистон» (иборат аз ду ҷилд) дубора хондаву тарҷума кардааст, забони онро «прото пашту» меномад (Астағфируллоҳ!).
Аз ин катиба танҳо як мисол меорам:
Эй доӣ (омӯзгор, раҳнамо)-и роохшону неконом! (хитоб ба Аҳурамаздо).
Магар ин забони паштуст?! Ин сангнавиштаҳо бо забони қадими d’ari (ориёӣ) навишта шудаанд, ки Сомониён номи онро эҳё кардаанд.
Касе аз муҳаққони номбурда, ҳамчунин Н.Саймс-Вилям (Лондон) аз уҳдаи хондани сангнавиштаҳои Кӯшониён бар наомадааст ва пай набурдааст, ки дар алифбои юнониасоси гузаштагони мо (дар пайравӣ ба алифбои оромии собиқашон) садонокҳои кӯтоҳи а, и, у, е навишта намешуданд. Ҳамчунин пай набурдаанд, ки катибаҳо ба усули хитобӣ зикр гардидаанд. Мисол: Сутурго Конишако Кӯшоно, амсоли «Шоҳо, гетифурӯзо, додгустаро, тахту тоҷат поянда бодо!» дар замони Сомониён. Бинобар ин ҳам исму ҳам феълҳо дар охир «о» мегирифтанд.
Вақте сангнавиштаи Сурхкӯталро хондам, маълум гардид, ки қасру маъбади зардуштии мусаммо ба Аноҳито бо фармони шоҳаншоҳ Меҳромон Конишаки Кӯшон, яъне писари Хубгуҳаршоҳ Конишаки Кӯшон бунёд шудааст. Дар катиба шукуҳу ҳашамати қасру маъбад, тасвири барқади шоҳ, зинаҳои дарозу баланди бино тавсиф мешавад, суханони шоҳ дар бораи ҳамосаофаринии ӯ, гузоштани муҷассамаҳои бузург («девотан»)-и қаҳрамонон ва дини расмии Кӯшониён-дэини ахшатрик (аз авестоии хшатра-подшоҳӣ) ва аревик (ориёӣ) оварда мешавад.
— Пас дини расмии Кӯшониён зардуштӣ будааст?
— Бале, шоҳони кӯшонӣ аз Фарниёрод Котвил Кадфисшоҳ гирифта, то Кӯшоншоҳ Озарвону Варҳуман ва дигарон зардуштӣ будаанд, ҳеҷ вақт ба Буддо имон наовардаанд. Худашон унвони мӯбади мӯбадонро доштанд. Масалан, дар катибаи Сурхкӯтал Меҳромон Конишаки Кӯшонро «Суғдо могопед», яъне муғопади Суғд гуфтаанд. Ман намефаҳмам, ки бар чӣ асос таърихшиносони мо чунин навиштаанд: ҳатто тавонотарин шоҳаншоҳи кӯшонӣ Канишка (яъне, Хубгуҳаршоҳ Конишаки Кӯшон) ба буддоии ашаддӣ табдил ёфта буд.
Агар дар замонаш муҳаққиқони номбурда, хусусан В.Лившитс сангнавиштаи Сурхкӯталро дуруст мехонданду тарҷума мекарданд, масъалаҳои марбут ба бумӣ бунади Кӯшониён, пайрави Зардушт ва посдори оини Каёниён будани эшон ва ба забони дарӣ будани каломи онҳо солҳои 60-уми асри гузашта ҳалли худро меёфт. Мутаассифона, муҳаққиқони аввалину охирини сангнавиштаи Сурхкӯтал бо ғалатхониҳои худ таърихшиносонро ба бунбаст бурдаанд ва ҳанӯз ҳам ақидаи ғайрибумӣ ва ғайризардуштӣ будани Кӯшониён аз сари ағлаби таърихшиносон дур нарафтааст.
Худи Хубгуҳаршоҳ Конишаки Кӯшон дар катибаи бузургаш, ки дар соли 1993 аз тарафи мардум ёфт шудааст, зикр мекунад, ки Аноҳита бо хости Аҳурамаздо ба вай фарри шоҳаншоҳӣ ва унвони «сояи Худо»-ро тақдим доштааст. Аноҳитаро дар сангнавиштаҳои Кӯшонин бо номҳои нана (модар дар гӯиши Бухоро), бэйӣ (модар дар гӯиши Самарқанд), момо ва мома (дар гӯиши минтақаҳои дигар) низ ба забон мегиранд. Шакли Нанобаго-модархудо ҳам ба назар мерасад.
— Сангнавиштаи Работак тақрибан ба кадом аср мансуб аст?
— Катибаи Сурхкӯтал ба солҳои 70-уми асри 2-и пеш аз мелод ва сангнавиштаи Работак назар ба воқеаҳои мундариҷ дар он ба солҳои 209 -208-и пеш аз мелод тааллуқ доранд. Катибаи Работак-катибаи Хубгуҳаршоҳ Конишаки Кӯшон аз назари сохтор беназир аст. Он чаҳор бахш дорад. дар бахши аввал аз нахустин шоҳону родмардоне ёд мешавад, ки барои озодии кишварашон Arean awji (шакли дигараш бо артиклҳо омада: Arean d’awji, Arean t’awji, яъне Ориёни баланд ё баландкуҳ, ҳамон Areanam weja дар «Вандидод»-и Авесто фақат бо иловаи афзунаи суғдии «а» дар аввали сифат) мубориза бурдаанд.
Бахши дуввум аз ситудномаи шоҳонӣ иборат аст ва дар он ҳокимони минтақаҳо ва родмардоне, ки дар озодсозии кишвар аз юнониён ва муттаҳид сохтани мардум ҳамсафу ёрирасони Хубгуҳаршоҳ будаанд, ситоиш мешаванд. Севвум, бахши тоҷгузорӣ ва зикри номҳои шоҳонест, ки Аноҳита пеш аз Хубгуҳаршоҳ ба онҳо фарри шоҳаншоҳӣ ва унвони «сояи Худо»-ро тақдим кардааст. Инҳо иборатанд аз Фарниёрод Кожвил Кадфис, Ниёгевдод Вимо Тактошоҳ, Эзиддод Вимо Кадфисшоҳ. Тактошоҳро дар сангнавиштаи Дашти Навор ба лақаби Ягтошоҳ=Яктошоҳ низ ёд кардаанд.
Шумо номҳои зебо ва сирф тоҷикии шоҳони кӯшониро бори аввал мешунавед. Дар китобҳои таърихшиносони мо лақабҳои онҳо ба сабаби ғалатхонӣ ба шаклҳои аҷоибу ғароиби Канишка, Куҷула, Кужуло, Куҷулу, Вима, Такту ва ғайра омадаанд. Чун дар давродаври сиккаҳо фақат унвону лақабҳои онон навишта мешуданд, бинобар ин ҳам дар сангнавиштаҳо номҳои эшонро низ зикр ва ҷовидон кардаанд.
Дар охирин бахши ин сангнавишта, ки ба сабаби фарсудагии баъзе вожаҳо хондани он ҳанӯз такмил нашудааст, фармони шоҳаншоҳ дар бораи гузоштани муҷассамаҳои ҳокимони минтақаҳо ва родмардони мубориз дар шаҳрҳои кишвари Awjiya (ин ҷо фақат сифати мамлакат омада) зикр гардидааст. Зимнан, дар сангнавиштаҳои Доро ва Хашоёршоҳи Ҳахоманишӣ дар чаҳор ҷой номҳои се кишвари ориёӣ – Порс, Мод ва Awji қаламдод шудааст. Касе аз таърихшиносони тоҷик (агар огоҳ бошад) аҳамияте намедиҳад, ки ин Awji дар куҷо буд? Охир ин ҳамон сарзамини Каёниён аст!
— Хуб, ин сангнавиштаҳо ва катибаҳои дигар аз назари таърих ва таърихи забон хеле муҳиманд. Бигӯед, ки масалан, дар катибаи Хубгуҳаршоҳ Конишаки Кӯшонӣ ба кадом воқеаҳои таърихӣ ишора шудааст?
— Аввалан, чунонки гуфтем, ин катибаҳо исбот мекунанд, ки Кӯшониён баракси тасаввури иддае аз таърихшиносони шӯравӣ ва тоҷик кӯчиёни саҳронавард набуданд, балки бумӣ буданд, на буддоӣ, балки дини расмии зардуштӣ доштанд. Сониян, дар сангнавиштаи Хубгуҳаршоҳ Конишаки Кӯшонӣ ба ду нуктаи хеле муҳим таъкид мешавад.
Якум. Ҷумларо аз сангнавишта айнан меорам: Андар Тухварон вистоду ай Ҳирум Ҳинд або Синд виситод. Ҳоҷат ба тарҷума нест. Фақат бояд бигӯем, ки минтақаҳои ховарии кишвари Arean awji — аз Фарғона то шимоли Синдро Тухвара ва баъдан Тухварон ва сокинонашро тухварик ва атухварик, яъне ховарӣ меномиданд). Дар давоми ин суханҳо Хубгуҳаршоҳ зикр мекунад: кадеварону муғакони мо аз юнониён дод ситодаанд. Инро касе мегӯяд, ки кишвари худро озод кардааст. Бад-ин маънист, ки ҷанги Кӯшониён бар зидди юнониён ва баҳри озодии меҳани аҷдодӣ одилона буд. Ин ҷумла нишон медиҳад, ки Синду Ҳиндро Хубгуҳаршоҳ Конишаки Кӯшон озод карда будааст. Таърихшиносони мо менависанд, ки Куҷула Кидфизу Вима, Кадфиз Синду Ҳиндро забт карда буданд. Чунин чизе набудааст.
Ҷумлаи дигар меорам, ки барои таъйини замони ҳукмронии шоҳаншоҳони аввали кӯшонӣ, аз ҷумла худи Хубгуҳаршоҳ хеле муҳим аст: Анэимано (ноимон, бедин) Ҳирумо Домгононро до (=то) дамгаҳ омад. Баъд аз ин гуфта мешавад, ки Аҳурамаздои раҳнамои ҳамадон (Аҳурамаздо маздоведаго) ба Суруши родон пайғоми пирӯзии ӯй (яъне, Хубгуҳаршоҳ)-ро дод. Манзур ин, ки Хубгуҳаршоҳ дар ҳодисаи Домгонон (Домғони имрӯзӣ) пирӯз шуд.
Ҳодисаи Домгонон дар таърих машҳур аст, зеро он барои бақои давлати Ашкониён сарнавиштсоз буд. Шоҳи ашконӣ-Ардавон-писари Аршаки аввал, ки пас аз бародари ӯ Тирдод ба тахт нишастааст, ҳангоми кишваркушоӣ дар ғарб дар соли 210-и пеш аз мелод ба ҳудуди Селевкиён ҳамлавар мешавад. Шоҳи Селевкиён Антиохи севвум дар айни асабоният артиши Ардавонро ба сӯйи шарқ меронад, пойтахти нави ӯ Экбатон (Ҳамадон)-ро ишғол мекунад ва бо шитоб пойтахти пешини Ардавон – «Шаҳри дувоздаҳдарвоза» (Ҳекотампил)-ро, ки дар наздикии Домгонон (Домғон) воқеъ буд, низ тасарруф менамояд. Ардавон ба тарафи Марв, ки аз қаламрави Кӯшониён буд, ақибнишинӣ мекунад. Давлати Ашкониён бо хатари нобудӣ рӯ ба рӯ мешавад. Дар ин асно Хубгуҳаршоҳ Конишаки Кӯшон бо эҳсоси хатар (ва шояд бо хоҳиши Ардавон) ба ёрмандӣ мешитобад. Артиши Антиохи севвумро дар Домгонон шикаст медиҳад. Антиох маҷбур мешавад, ки бо Ардавон муоҳида бандад ва шоҳаншоҳии вайро эътироф намояд. Пас аз мағлубии Антиохи севвум касе аз подшоҳони селевкӣ ба тарафи шарқ лашкар накашидааст.
Сангнавиштаи Хубгуҳаршоҳ шаҳодат медиҳад, ки ин далермарди таърих, ки мардуми Arean awji-ро таҳти як шоҳаншоҳӣ муттаҳид кардааст, дар соли 210-и пеш аз мелод шоҳе шуҷоъ, тавоно ва дар айни нерумандӣ будааст. Ин далели раднопазири таърихист.
Сад афсӯс, ки таърихшиносони шӯравӣ давраи ҳукмронии шоҳони аввали кӯшониро ба асрҳои 1-3-и баъд аз мелод нисбат додаанд ва бо гузашти 600 сол аз вафоти Алаксандари Ҳирумик дар осори ҳунару фарҳанги гузаштагони мо таъсири қавии элленизмро ҷустаанд, бисёре аз рамзу тимсоли зардуштиро элленистӣ донистаанд.
— Аз ҳодисаи Домгонон бармеояд, ки давлати Кӯшониён чанд даҳа пеш аз давлати Ашкониён ба вуҷуд омадааст?
— Таърихшиносони Эрон таъкид мекунанд, ки дар аснои муборизаи Аршаки аввал-асосгузори давлати Портиён дар солҳои 251-250-и қабл аз мелод суғдиёну бохтариён ба вай ёрмандии зиёд кардаанд. Таърихшиносони юнонӣ менависанд, ки ҳангоми истиқлолталабии Аршаки аввал ва ақибнишинии Ардавон дар ҳуҷуми Антиохи севвум афарниё (бидуни афзунаи суғдии «а» — афарниё) ва деҳикон (ё даҳа) ба онҳо дасти ёрӣ дароз кардаанд. Аммо юнониён афарниё (ба юнонӣ ва лотинӣ афарниае ва фарни) ва деҳиконро қабила мешуморанд. Дар асл афарниёҳо (авлоди шоҳони каёнӣ, касоне, ки ниёгонашон фарри шоҳӣ доштанд) ва деҳикон (ҳокимони шаҳракҳое, ки «даҳа» номида мешуданд ва дорои 10 ҳазор ва бештар аз он аҳолӣ буданд) на ба қабилае, балки ба қишрҳои иҷтимоии ҷомеа мансуб буданд. Хубгуҳаршоҳ дар сангнавиштааш Аҳурамаздоро «худои деҳикон» гуфтааст. Фирдавсӣ мегӯяд: кори деҳикон (арабишудааш – деҳқон) аз доду диҳиш, яъне барқарории адолат ва фароғати иҷтимоъ иборат буд.
Вожаи таркибии «фарниё» дар номи яке аз аввалин шоҳони кӯшонӣ- Фарниёрод Кожвил Кадфис омадааст. (Кож=коҷ, санавбар; вил=пирӯзӣ).
Ногуфта намонад, ки бино бар зикри таърихнигорони юнонӣ, Аршаки аввал-асосгузори давлати Ашкониён аз ғарби Бохтар буд ва бо фарниёҳо иртиботи хешовандӣ дошт. Фақат тафовут дар ин аст, ки Аршак бе шигарфи сиёсӣ дар сиккаҳояш вожаи «эллинофил» (дӯстдори юнониён)-ро зикр мекард ва Хубгуҳаршоҳ дар катибааш юнониёнро аз назари оини зардуштӣ ошкоро «анэимон» (бедин, беимон; «имон» дахил ба арабӣ аз дарӣ ба воситаи паҳлавик) номидааст.
Ду далели дигар низ бумӣ будани Кӯшониёнро собит мекунад: яке ин ки дар пушти сиккаҳои шоҳони аввали кӯшонӣ бо навиштаҳои суғдӣ ва юнонӣ (асри 3-и пеш аз мелод) тасвири Ораши камонвар вуҷуд дорад. Дуввум ин, ки дар пушти сиккаҳои Эзиддод Вимо Кадфизшоҳ, ки пеш аз Хубгуҳаршоҳ Конишаки Кӯшон подшоҳ будааст, ҳамчунин сиккаҳои шоҳони дигар тимсоли Трайтеон-Фаридуни савори говмеш бо найзаи сетеға (дар Авесто: аст ва тэрита – сетеғаи пирӯзӣ) тасвир шудааст. Ин тимсоли қудсӣ дар сангнавиштаҳои Кӯшониён бо номи Шизо Третавӣ (дорои се нерӯ) ёд мешавад ва бо Шивои буддоӣ ҳеҷ умумияту иртиботе надорад.
Аллома Бобоҷон Ғафуров дар «Тоҷикон» бо истинод ба сиккаҳои асри 3-и пеш аз мелод бо навиштаҳои суғдиву юнонӣ ва тасвири фарде камонвар чунин тахмин мезанад: шояд Суғд пештар аз минтақаҳои дигар аз султаи юнониён озод шуда бошад. Бале, сангнавиштаҳо тахмини эшонро таъйид мекунанд. Чун афарниёҳо ва деҳикон дар минтақаҳое, ки пойи Алаксандари Ҳирумик нарасида буд, интизори фурсат буданд, пас аз марги зудҳангоми ӯ дар Фарғонаву Суғду Тухварону Бохтари шимолӣ (дар сангнавиштаҳо:Вахшонон) бар зидди юнониён бархостанд ва ниҳоят Бохтари ҷанубиву ғарбиро низ аз Евтидеми ғосиб озод карданд.
Пас аз марги Алаксандари Ҳирумик шахсе бо номи Диодот худро қоиммақом эълом намуд. Ӯ кушта шуд. Баъд аз вай шоҳзода селевкӣ Антиох дар Суғду Бохтар қоиммақом таъйин шуд, вале бо гузашти чанд сол ӯ ба тахти Селевкиён чун шоҳ Антиохи аввал нишаст. Таърихнигорони юнонӣ касеро ном намебаранд, ки дар Суғди паҳновар (на он Суғде, ки араб мефаҳмад) аз тарафи Селевкиён «басилевс» (шоҳ ё қоммақом) таъйин гардида бошад. Шоҳоне чун Шоҳ Донӣ Доӣ, Родо Кидеваки Вахшон, Ардахшон, Фарниёрод Кожвил Кадфис, Ниёгевдод Вимо Тактошоҳ, Эзиддод Вимо Кадфисшоҳ дар минтақаҳои соҳили рости Ому то он сӯйи рӯди Сир пеш аз Хубгуҳаршоҳ Конишаки Кӯшонӣ пояҳои аввалини шоҳаншоҳии Кӯшониён-ин давлати фаромӯшшудаи тоҷиконро гузоштаанд.
Ба ҷуз касоне, ки ном бурдаам, дар сангнавиштаи Хубгуҳаршоҳи Кӯшонӣ ва катибаи Дашти Навор номҳои шоҳзодагон, шоҳони минтақаҳо ва мардони шуҷои дигар низ зикр шкдаанд: Шатриаки Шаҳром, Пояндафурӯғ Дажо, Васугевдод, Аредод (Оридод), Лурниё Тактошоҳи Кӯшон, Хувишаки Кӯшон, Васишаки Кӯшон, Висогеви Кӯшон, Изногеви Кӯшон, Хубиёншоҳи Кӯшон, Кӯшоншоҳ Озарвон ва дигарон.
— Дар китобҳои дарсии таърих ҳадс мезананд, ки баъд аз ишғоли минтақаҳои соҳили чапи рӯди Ому аз тарафи Сосониён дар охири асри чаҳоруми мелодӣ гӯё фотиҳаи давлати Кӯшониён хонда шудааст. Ҳамин тахмин воқеият дорад?
— На. Дар минтақаҳои ишғолӣ шоҳзодагони сосонӣ бо унвони «Вузурго Кӯшоншоҳо» (навиштаи сиккаҳо) ҳукм меронданд. Аммо дар соҳили рости Ому давлати Кӯшониён дар пойи худ устувор будааст. Дар яке аз номаҳое, ки дар «Ганҷинаи хаттии Турфон» (Олмон) нигаҳдорӣ мешавад, ҷумлаи аввали хитобӣ ҳифз шуддааст. Ман аз рӯи акс чунин хондам: Вараҳромо, сутурго Кӯшоншоҳо, хидеви Суғдо! (Ҳамин Баҳром аз гузаштагони Сомониён буд, на Баҳроми Чӯбина!)
Аз сӯйи дигар, Хурдодбеҳи Мохандаронӣ (асри 9) дар «Ал-масолик» менависад, ки шоҳони Мовароуннаҳр пеш аз омадани аъроб унвони «Кӯшоншоҳ»-ро доштанд. Абулҳасан Масъудӣ дар китобҳои худ дар солҳои 943-952 бо такя ба манобеи қадимтар зикр мекунад: то омадани аъроб аз рӯди Ому то девори Чин давлати Кӯшониён пой бар ҷой буд. Ба инҳо боз як далели дигарро изофа мекунем. Дар поёни сангнавиштаи Меҳромон Конишаки Кӯшон (Сурхкӯтал) дар сатри алоҳида аз le тарафи номи шоҳ ду рамз ба назар мерасад: яке рамзи гули нилуфар ва дигаре ҳарфи «к»-и алифбои суғдӣ, ки онро сиккашиносон «У — образный знак» мегӯянд. Ин нишони хонаводагии силсилаи шоҳон буд. Он дар пушти сиккаҳои ҳамаи шоҳон-Кӯшоншоҳ Озарвон, Шизофар, Варҳуман ва дигарон то омадани аъроб, ҳатто дар сиккаҳои Ғӯрак, Тургар ва Эзид, ки пас аз омадани аъроб подшоҳӣ кардаанд, намоён аст. Илова бар ин, ҳамон вожаи «Аво» (ба маънии дурахшон, аз ав=об), ки дар сангнавишта пеш аз номи Меҳромон Конишаки Кӯшон зикр шудааст, пеш аз номи тамоми подшоҳони Суғд низ омадааст.
Дар ҷраёни пажуҳишҳо аз вуҷуди артиклҳои d (da, de, du) ва l (la) дар забонҳои авестоӣ ва d’ari пай бурдам. Дар ин бора дар фурсати дигаре мегӯем.
Ҳоло фақат як бандеро аз шеъри семисраӣ аз сангнавиштаҳои Самарқанд (асрҳои 7-8 мелодӣ), ки дар соли 91 ҳиҷрӣ=712 мелодӣ ҳак шудааст, меорам. Навиштаи санги қабри яке аз шоҳони Суғд (банди аввал; андозаи санг 2м х 40см):
Дареғо, гар бе гуле басе рӯзгон бираванд,
Гар бок н-оварӣ, ройе бигӯ бар хоки мо буланд.
Дӯстон, гар мо хоки по шудему хишт…
Шумо дар мисоли сангнавиштаҳои кӯшонӣ ҳис кардед, ки забони дарӣ дар асри 3-и пеш аз мелод ва аввали асри ҳашти пас аз мелод дар кадом дараҷаи такомул будааст. Ин забон аз тариқи яке аз марказҳои динӣ ва фарҳангии гузаштагони мо-шаҳри Паҳлава (Паҳлав, Паҳла, Палх) ба тарафи Порс интишор ёфтаву аз номи ин шаҳр ба «паҳлавик» мусаммо шудааст…
Имрӯзҳо болои китобе бо номи «Шоҳаншоҳии Кӯшониён: дин, фарҳанг, забон» кор мекунам ва мекӯшам, то дар таҳқиқи ин давра аз таърихи халқи азизи худ саҳме гузошта бошам.
— Кори савобе мекунед. Муваффақ бошед! Ташаккур барои суҳбат.
Суҳбати Сайидҷалол Сайидзода