Ин воқеаи даҳшатбор 25 майи соли 2001 дар маҳаллаи 34-и шаҳри Хуҷанд рух дод. Раиси ноҳияи Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов) Собирҷон Бегиҷонзода бо мошини хизматӣ аз кор бармегашт. Ӯ назди манзилаш-хонаи рақами 33 пиёда шуда, пеш рафт. Раис бехабар буд, ки ӯро ду нафар назди даромадгоҳ мунтазиранд ва Собирҷон бори охир ба хонааш меояд. Садои чанд тир оромии маҳалро вайрон кард, тирҳои туфанги оташфишон ба раис расиданд ва ӯ назди даромадгоҳ ба замин афтод.

Бегиҷонзода чун одат бегоҳ танҳо аз кор меомад, ӯро касе роҳбаладӣ намекард. Чанд нафари садои тирҳоро шунида, ба маҳалли ҳодиса шитофтанд, аз ҷумла афсари милитсия, корманди Раёсати корҳои дохилии вилоят Абдуҳамид Пӯлодов яке аз аввалинҳо шуда, ба маҳалли ҳодиса расида омад. Вай вазъиятро дарк кард, фаҳмид, ки ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнин гирифтааст, бо ёрии чанд ҷавон Бегиҷонзодаро ба мошин бор карда, ба беморхонаи клиникавии вилоят бурд…

Писари Бегиҷонзода — Хуршед, ки нав хонадор шуда буд ва аз манзили волидон каме дуртар зиндагӣ мекард, хабари нохушро шунида, ба беморхонаи вилоят омад ва дид, ки падар ҷароҳатҳои вазнин гирифта, оғуштаи хун хобидааст ва дар атрофаш табибон ҷунбуҷӯл доранд, вай фаҳмид, ки қиблагоҳаш аллакай ҷон додааст ва дигар касе ба ӯ мадад карда наметавонад.

— Ман солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ин хел ҳодисаҳои ваҳшатборро бисёр дидаам, — нақл кард Хуршед. — Мурдаро аз зинда фарқ карда метавонам, аз табибон хоҳиш намудам, ки марҳумро ба ҳолаш монанд.

Ба пайкари падарам аз туфанги оташфишон панҷ тир расида, танашро ғалбер карда, узвҳои муҳими ҳаётиашро аз кор баровардааст. Раиси вақти шаҳри Хуҷанд Олимҷон Ҷалолов, ки ба беморхона расида омада буд, ба ман ҳамдардӣ баён кард ва ба ёрдамчиёнаш супориш дод, ки ба роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ телефон кунанд. 

— Аз бемористон падарамро ба сардхона (морг) бурда ташхис намуданд. Маълум карданд, ки ба пайкари вай панҷ тир аз туфангчаи тамғаи «Макаров» расидааст… 

Субҳ Бегиҷонзодаро дар гӯристони Болтухони шаҳри Хуҷанд ба хок супориданд. Дар шуъбаи корҳои дохилии маркази вилоят гуруҳи фаврии тафтишотӣ таъсис доданд. Ба ҳайати он кормандони фаврии таҷрибаноки шуъба, Раёсати корҳои дохилии вилоят, шуъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва прокуратураи вилояту шаҳрро шомил намуданд. Прокурори шаҳри Хуҷанд нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.

Гуруҳи тафтишотӣ пеш аз ҳама шахсияти марҳумро санҷид. Собирҷон Бегиҷонзода кист ва кӣ қатли ӯро мехост? Вай 3 феврали соли 2002 панҷоҳу нуҳсола мешуд, вале то зодрӯзаш зинда намонд, падари даҳ фарзанд, шаш духтару чор писар буд, се духтари калониашро оиладор карда тавонист, Хуршед нав оиладор шудааст, ба қавли худаш ҳанӯз бачилла буд. 

Собирҷон Бегиҷонзода солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои масъули вилояти Қӯрғонтеппа кор кард. Солҳои 90-ум дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ширкат кард. Соли 1999 бо фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов) таъин шуд, вале дар  ин вазифа ҳамагӣ ду сол фаъолият намуд. Бегиҷонзода намояндаи мухолифини тоҷик буд ва мувофиқи тақсимоти 30 фоизаи оппозитсия вайро ба ин вазифа пешбарӣ карданд. 

Ҷустуҷӯи қотилон давом мекард, фарзияҳои гуногунро санҷиданд, аз даҳҳо нафар шубҳа намуданд, вале айбдоршавандаҳоро муайян карда натавонистанд. 

— Дар ин бора ман ба прокурори вилоят, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳр, шуъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар вилояти Суғд арз кардам, — гуфт Хуршед Бегиҷонзода. — Ҳама як хел ҷавоб медод, ки меҷуянд ва албатта меёбанд…

Кор ба ҷое расид, ки аз ду бегуноҳ шубҳа карда, онҳоро боздошт намуданду латукӯб карданд, ки ба гуноҳи нокардаашон иқрор шаванд.

Роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ як қатор муфаттишонро ба масъулият кашида, онҳоро аз тафтиш дур карданд.

Ҷустуҷӯ давом мекард, ба он кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсияи вилоят шомил шуда, аниқ намуданд, ки Собирҷон Бегиҷонзода супориши роҳбарони мухолифини тоҷикро иҷро накард. Мухолифин талаб намуда буд, ки раис барои марказ маблағи муайян ҷудо намояд, вале Бегиҷонзода саркашӣ кард. Вайро борҳо огоҳ намуданд ва таҳдид карданд. Таҳдиди эшон хушку холӣ намонд, дар охир қарор доданд, ки қотилонро киро кунанду  Бегиҷонзодаро ҷазо диҳанд ва ин ба дигарон дарси ибрат шавад.

Дертар маълум шуд, ки ин муборизаи паси пардагии мухолифин  нафақат барои ишғоли вазифа будааст. Он хеле пеш, ҳатто то имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таҳия шудааст. Барои амалиётҳои террористӣ, харидани яроқ маблағ лозим буд. Ҳар каси ба мансабҳои масъул соҳиб шуда, бояд пул ҷамъ карда, ба марказ супорад, нафарони саркашӣ карда бояд ҷазо гиранд. Кор ба ҷое расид, ки ба якдигаркушӣ гузаштанд. Ҷонишини якуми вазири корҳои дохилӣ Ҳабиб Сангинов, журналисти номӣ Отахон Латифӣ ва чанд нафари дигарро парронданд. Аз ҷумла, Собирҷон Бегиҷонзода низ ҳадафи тири ҳаммаслакони худ гашт. 

Корманди фаврии шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноятии РКД-и вилояти Суғд, подполковники милитсия Мухтор Умаров ба гуруҳи тафтишотӣ шомил буд, ӯ иброз намуд, ки ба  ин гуруҳ сардори Раёсати ҷустуҷӯи ҷинояти ВКД — и Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Шарифов роҳбарӣ мекард. Онҳо тафовути шабу рӯзро аз ёд бароварда ҷустуҷӯи қотилонро давом медоданд.

Ба иттилои Мухтор Умаров ҷуяндагон ду қотилро аниқу боздошт карданд. Онҳо баёнот доданд, ки Бегиҷонзодаро бо туфанчаи тамғаи «Макаров» парронда, яроқро ба дарёи Сир партофтаанд.

Ба гуруҳи фаврӣ супориш шуд, ки туфангу садонишини қотилон истифода бурдаро дарёфт карда, ҳамчун далели шайъӣ ба суд пешкаш намоянд.

— Ин аз боздошти қотил душвортар будааст, — шӯхӣ кард подполковник Умаров. — Бо сад машаққат маҷрои обро кам карда, туфанг кофтем, ғаввосҳоро киро кардем, вале маълум шуд, ки аз дарёи калон ёфтани далели шайъӣ кори сангин будааст.

Баъди ҷустуҷӯи семоҳа туфангчаю садонишини қотилон истифода намударо дарёфт карданд. Таҷзиягарон баъди ташхис ба хулоса омаданд, ки Бегиҷонзодаро бо ҳамин туфанг паррондаанд, қотилон низ туфанги худро шинохтанд.

 Ҳамин тавр ин ҷинояти вазнин ошкор гашт, Суди вилояти Ленинобод  (ҳоло Суғд ) ба қотилон мувофиқи қонун ҷазо дод, вале супоришдиҳандагон паси парда монданд.

— Мо бо рафти тафтишот ва мурофиаи судӣ розӣ нестем, — гуфт Хуршед.

— Ҳамаи ин тариқи пӯшида гузашт, касе аз пайвандони ҷабрдидаро даъват накард, нисбати ҳамаи ин шикоят дорем…

 

Ғайрат ҲАКИМ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here