Муборизаи сарсахтонаи устод Айнӣ дар дифоъ аз номи миллати тоҷик.

“Дар “Қомус-ул-аълом”-и туркӣ, ки аз тарафи Шамсиддини Сомӣ таълифаш дар охирҳои асри ХIX тамом карда шудааст, дар моддаи “тоҷик” ин эзоҳотро мебинем (тарҷимаи айнан): “Тоҷик” дар асл номи як қавмест аз туркҳо. Дар замони ҳозира ин ном ба як тоифаи аҳолии эрониасли Осиёи Миёна, ки бо забони форсӣ гап мезананд, дода шудааст. Инҳо дар шаҳрҳо ба тиҷорат ва пешаварӣ (косибиву ҳунармандӣ) ва дар деҳот ба зироат машғул буда, фаъол, соҳибистеъдод ва нисбат ба соири тоифаҳои аҳолӣ маданӣ бошанд ҳам, монанди турк, ӯзбак, тотор, афғон ва дигар қавмҳои кӯчманчӣ ҷасуру ҷанговар нестанд, бинобар ин, онҳо (тоҷикҳо) ба назари инҳо (ба назари қавмҳои кӯчманчӣ) хор мебошанд, (Қомусу-улаълом”, ҷилди 3, саҳифаи 1608, сутуни якум).

Муаллифи “Қомус-ул-аълом”, бо вуҷуди ин ки эрониюласл ва форсизабон будани тоҷиконро тасдиқ кардааст, бе ҳеҷ асосу ҳуҷҷат “дар асл қавмест аз туркҳо” гуфтааст, ҳатто дар кодом замон будани ин “асл” — ро ҳам таъйин накардааст ва дар хусуси ба чӣ сабаб “дар замони ҳозира ба як тоифаи аҳолии эрониюласли форсизабон дода шудани ин ном» ҳам гап назадааст ва ин чунин аз “замони ҳозира” кадом замон будани мақсади муаллиф ҳам маълум нест!

Аз рӯи ифодаи таъбири “замони ҳозира” бояд худи муаллиф, бисёр дур равад, ягон сад сол аз замони ӯ пеш бошад. Ба ҳар ҳол, бояд муаллиф шашсад, ҳафсад сол пеш аз замони худашро “замони ҳозира” нагӯяд. Ва ҳол он ки Саъди Шерозӣ дар тарҷеъбанди худ “… Шояд ки ба подшаҳ бигӯед: Турки ту бирехт хуни тоҷик” гуфтааст. Саъдӣ дар ин байт калимаи “тоҷик” — ро ба калимаи “турк” муқобил гузоштааст ва аз болоҳои ин банди тарҷеъбанд маълум мешавад, ки мақсади Саъдӣ аз ин «тоҷик» худаш аст, ки эрониюласл ва форсизабон мебошад.

Бояд замони Саъдӣ, ки дар асри ХIII зиндагӣ кардааст, нисбат  ба муаллиф, ки то аввалҳои асри ХХ зинда буд, “замони ҳозира” набошад. Ғайр аз ин, дар боло дар воқеаи фатҳи Бухоро аз тарафи арабҳо дидем, ки арабҳо барои мардуми Бухоро, ки тоҷик буданд, сураҳои “Қуръон” — ро ба форсӣ тарҷима карда доданд. Пас маълум мешавад, ки дар ҳамон вақт — дар соли 94 — 713 тоҷикҳо як қавм, халқи форсизабон будаанд. Аз ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо ба хубиву равшанӣ собит мешавад, ки “тоҷик дар асл номи як қавмест аз туркҳо” гуфтани муаллифи “Қомус-ул-аълом” беасл ва як сухани ҳавоякист. Ин ривоят ҳам аз қабли он ривоятҳоест, ки Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофизро турк кардан мехостанд. Муаллифи “Қомус-ул-аълом” бошад, ин ривоятро ба ҳеҷ муҳокима дар хусуси баёни калимаи “тоҷик” ба асари худ даровардааст…

Ҳарчанд аз мавзӯи мақолаи мо берун бошад ҳам, дар омади гап, бар болои як нуқтаи назари муаллифи “Қомус-ул-аълом”, ки дар бораи тоҷикон изҳор кардааст, ноистода гузаштан мумкин нест:

Муаллиф ҳарчанд фаъол, соҳибталант ва нисбат ба соири тоифаи аҳолӣ (аҳолии Осиёи Миёна) маданӣ будани тоҷиконро тасдиқ мекунад, онҳоро “ҷасуру ҷанговар нестанд” мегӯяд (мазмунан). Агар мақсади муаллифи “Қомус — ул — аълом” аз “ҷасорату ҷанговарӣ” хунрезии бераҳмонаву ваҳшиёнаи чингизӣ бошад, албатта, тоҷикон ба ин гуна “ҷасорату ҷанговарӣ” соҳиб набуданд. Аммо агар мақсад аз ҷанговарӣ ҷанговарии одилона ва мурод аз ҷасорат ҷасорати маданиёна ва ҷонбозӣ карда тавонистан дар роҳи мудофиаи Ватан бошад, тоҷикон аз ин хусус аз ҳеҷ як қавми ҷасуру ҷанговар кам набуданду нестанд.

Искандари Макидунӣ, ки то Самарқанд қариб бе ҷанг омада буд, дар ин ҷо зарбаҳои ҷонфарсо хӯрд ва баъд аз ғалаба ва фатҳи Самарқанд ҳам, дар ин ҷо буд, дар даруни чор девори қалъа дар ҳолати муҳосира зиндагонӣ мекард. Ӯро дар ин ҳол партизанҳои ватандӯсти суғдиён бо сардории Спитамен маҷбур карда буданд, ки онҳо бобову аҷдоди тоҷикони имрӯзаанд.

Абӯмуслими Хуросонӣ, ки хилофати Умавиёнро зеру забар карда, дар Хуросону Мовароуннаҳр барои ба вуҷуд омадани ҳукумати миллии тоҷикон (Саффориён ва Сомониён) замина тайёр кард, тоҷик буд ва ҷамъияте ҳам, ки ӯ дар ин исён ба онҳо роҳбарӣ мекард, асосан тоҷикони Мовароуннаҳру Хуросон буданд.

Муқаннаъ, ки дар муқобили истилогарии арабҳо исёни оммавӣ барпо карда, ба арабҳо шикастҳои ҷиддӣ доду чандин сол исёни худро давом кунонид ва дар охир аз таслим шудан ба дасти арабҳо мурданро беҳтар дониста, худро худ ҳалок кард, як тоҷики шустагар буда, дар Коза ном деҳае, ки дар миёнаи Балху Марв аст, зоида шуда буд.

Саркардагони Муқаннаъ-Гурдаки Ғиждувонӣ, Ҳакими Бухороӣ, Ёғиву Ҳашрии Кӯшкӣ, Афзалӣ, ки аввал дар деҳаи Лумуҷкат (Кӯмушкенти ҳозира) баъд аз он дар деҳаи Наршах (дар ғарбии маркази Вобканд) чан гоҳ ба арабҳо муқобилат карда, дер вақт қалъаи худро нигаҳдорӣ намуданд, тоҷик буданд;

Як зани наршахӣ, ки шавҳараш Сарв ном дошта, сарҳангони Абӯмуслим буд, бо писари амаки нобинои худ дар вақти ишғоли қалъаи Наршах аз тарафи арабҳо ба онҳо асир афтод. Аммо ин зани ҷасур ва нобинои ғаюр аз ҷиҳати фикр ба арабҳо таслим нашуданд ва таклифи онҳро қабул накарданд ва бинобар ин он зан бо шамшер аз миён ду нима карда шуда, нобино гардан зада шуд — ана ҳаминҳо ҳам тоҷик буданд;

Оммаи исёнкороне ҳам, ки Муқаннаъ ба онҳо роҳбарӣ мекард, “сафедҷомагон” ном дошта, аз номашон ҳам маълум аст, ки тоҷик буданд;

Темурмалик, ки бо вуҷуди беҷанг аз муқобили Чингиз гурехтани Муҳаммад Хоразмшоҳи турк бо як ҳазор ҷавонони хуҷандӣ Хуҷандро дар муқобили муғулҳо мудофиа кард, то якка мондан ба чандин ҳазор нафар муғули хунхор истодагӣ кард ва нафарони ӯ ҳам, ки то рехта  шудани охирин қатраи хунашон аз сафи ҷанг набаромаданд, тоҷикони Хуҷанд буданд;

Восеъ, ки муқобили амири Бухоро исён карда, ин исёни худро то кушта шудани худ давом кунонид, як тоҷики ҷувозрони куҳистонӣ буд; Умон, ки дар арафаи инқилоби Бухоро дар муқобили  ҳоким азми шӯриш карда, ин шӯришро то кушта шудани худ давом дод, як тоҷики коргари ғармӣ буд;

Калтакдорони сурх, ки дар зери раҳбарии аскарони сурх босмачиёнро тамоман несту нобуд ва торумор карданд, тоҷик буданд ва дигарҳо…

Бо вуҷуди ин ҳама фактҳои таърихӣ  тоҷиконро “ҷасуру ҷанговар нестанд” гуфтан, агар сабук карда гӯем, аз бехабарист. Соҳиби  “Қомус- ул- аълом” тоҷиконро “бинобар ба ҷасуру ҷанговар набуданашро дар назари қавмҳои кӯчманчӣ хор буданд” мегӯянд  (мазмунан).

Ин дуруст аст, ки тоҷикон дар назари кӯчманчиёни истилогар ва аз ин ҷумла дар назари чингизиён хор  буданд. Лекин  сабаби ин хорӣ беҷасоратии  инҳо набуда, балки аз ҳад зиёд хунрез, ваҳшӣ, душмани маданият ва инсоният будани душманҳошон ва ғайр аз худашон дигар касонро одам нашумурдани он душманҳо буд.

Мо мисоли ин ҳодисаро дар ҷанги ҳозираи ҷаҳонӣ ҳам дида истодаем:

Гитлер ва гитлерчиёни ваҳшӣ ҳамаи халқҳоро хору паст мешумуранд,  албатта, сабаби ин ҳақорат беҷасоратии олами инсоният  набуда, балки сабаби ҳақиқии ин сарбур, одамхор, душмани инсон ва маданият будани фашистони немис ва худписандии  аҳмақонаи онҳост.

Соҳиби “Қомус-ул — алъом” дуруст қайд кардааст, ки тоҷиконро “фаъол”, соҳибталант  ва  нисбат ба соири  аҳолӣ (аҳолии Осиёи Миёна) маданианд, гуфтааст. Лекин маданигии тоҷиконро, чунончи муаллифи “Қомус-ул-аълом” гуфтааст, нисбат ба соири аҳолӣ (яъне, нисбат ба соири аҳолии  Осиёи Миёна)  маданианд” гуфтан дар ҳаққи инҳо баҳои кам додан аст.

Тоҷикон дар замони пеш (масалан, дар замони Сомониён)  маданитарини халқҳои Шарқи  исломӣ   буданд.

Тоҷикон дар асри X устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон дар адабиёти оламшумули худ  аз ин устод миннатдор мебошанд.  Аз миёнаи тоҷикон ва дар асри X расида баромадани устод Рӯдакӣ як ҳодисаи тасодуфӣ набуда, балки ифодакунандаи таланти миллии ин халқ аст. Дар ҳамон давру замон расида баромадани Хусравонӣ, Шаҳиди Балхӣ, Муродии Бухороӣ, Дақиқӣ ва дигар  шоирони бузург ва баъд аз замони Рӯдакӣ ва бевосита ба замони ӯ расидани Фирдавсӣ, Фаррухӣ, Унсурӣ барин шоирон ин қавли моро исбот мекунад.

Олимони ҷаҳоншумул, Абӯалӣ ибни Сино (980-1037), файласуф, мутафаккири бузург ва шоир Носири Хусрав (1003 — 1088), шоир, олим ва файласуф Умари Хайём (1040-1123), Адиб Собири Тирмизӣ (вафот 1152), олим, шоир ва иҷтимоиётчӣ Низомии Арӯзии Смарқандӣ (асри XII), Камоли Хуҷандӣ (вафот 1390), олими бузург ва шоири забардаст Абдураҳмони Ҷомӣ (1414 — 1493) сабаби зинату ифтихори таърихи тоҷиконанд.

Мо дар ин ҷо Саъдиву Ҳофизи Шерозӣ барин касонеро, ки шоирони ҷаҳоншумули умуми форсизабон буда, ба ҳамаи касу ба ҳамаи рӯи дунё ва аз ин ҷумла ба оммаи тоҷикон маълуму машҳуранд, ёд намекунем ва танҳо номи як қатор шоирону олимони тоҷикро, ки онҳо ба аҳли илму адабиёт маълум бошанд, ҳам ва дар таърихи адабиёти  умумии форсизабонон ролҳои бисёр калон бозӣ карда бошанд ҳам, ба оммаи тоҷикон он қадар маълум нестанд, қайд карда мегузарем…

Таҳияи Уғул Бобораҳимова,

корманди шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ

PS: Посухи устод Айнӣ ба даъвои як қомуснигори турк, ки аз бехабарӣ маънии тоҷикро ба гунаи дигар шарҳ медиҳад ва хислати миллатро нодуруст арзёбӣ мекунад, дар асари машҳури устод “Маънии калимаи тоҷик” дароз аст. Мо ин ҷо бахше аз онро овардем ва агар шумо мехоҳед идомаи онро ҳам бихонед, пас руҷуъ кунед ба китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”, чопи соли 2010, ки ин мақола ҳам бо акси дастнависи аллома Айнӣ чоп шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here