Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия назди хиёбони ба номи Сахаров ба ёдбуди  қурбониёни сиёсии  солҳои 1937-1938 муҷассамаи «Девори андӯҳ» қомат афрӯхт. Дар муҷассама ба 22 забон калимаи »Помни» сабт ёфтааст. Дар атрофи он сангҳое ҷой гирифтаанд, ки  аз собиқ маҳбасу зиндонҳои Гулаг ( Сарраёсати  лагерҳо) овардаанд.

Владимир Путин ба муаллифони муҷассама ва маблағгузорони он шаҳрдори Москва Сергей Собянин, патриархи  умумирусия  Кирилл ва дигарон миннатдорӣ изҳор кард. Дар ҳамоиш хешу табори гунаҳкорони бегуноҳ иштироку баромад намуда, падару бобоёни худро ба ёд оварданд ва гуфтанд, ки онҳо айбе надоштанд.

Ин боди аз Кремл варзида дар қатори дигар ҷумҳуриҳо ба Тоҷикистон ҳам  расида буд. Ҳазорҳо нафар ҳукм гирифтанд, бадарға шуданд ва аксари онҳо ба зодгоҳашон баргашта натавонистанд.  Аз Москва ҳар замон роҳбарони Тоҷикистонро танқид мекарданд, ки аз нақша кам душманони халқро ошкор месозанд. Ба назари онҳо чунин метофт, ки гӯё ин ҷо душманон бисёранд.

Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ва раиси НКВД (Кумитаи халқии давлатии корҳои дохилӣ) Прототоповро  ба Москва даъват мекунанд. Бобоҷон Ғафуров хавотир  буд, метарсид, ки аз ҳамон ҷо ба маҳбас мебаранд. Аввал ба назди Лаврентий Берия даромад. Раиси  Кумитаи корҳои дохила ӯро бо дили нохоҳам пешвоз гирифт.

-Ту барои чӣ нақшаи душмани халқро иҷро накардӣ?

— Агар ман ними Тоҷикистонро душман эълон намоям, пас бо кӣ кор мекунам?- ҷавоб дод ӯ.

— Инро раву ба шеф фаҳмон, рафту ягон ҳодисаи зидди давлатӣ рӯй диҳад,  худам туро мепарронам,- суҳбатро ҷамъбаст кард раис. Берия Сталинро «шеф» мегуфт ва Бобоҷон Ғафуров ба Кремл равон шуд.

Дар қабулгоҳи доҳии пролетариат ҳам ӯро сард пешвоз гирифтанд. Сталин дод зад, ки чаро нақшаи душмани халқро иҷро накарданд? Б.Ғафуров ҷавоби ба Берия гуфтаашро такрор намуд.

-Нақшаро иҷро кардан лозим, вагарна туро ҷазо медиҳам. Рафту дар Тоҷикистон ягон ҳаракати зидди инқилобӣ рӯй диҳад, рӯзат сиёҳ мешавад. Фаҳмидӣ?

— Фаҳмидам рафиқ Сталин.

— Рав.

Бобоҷон Ғафуров хайрухуш карда берун баромад.

-Хез либосҳоятро ғундор, азони манро ҳам,  мо бояд тезтар равем.

Онҳо аз меҳмонхона баромада ба кӯчаҳои ношинос даромаданд ва қариби субҳ ба вокзали Қазон расиданду дар қаторае ҷой гирифтанд. Хайрият, ки касе аз дунболашон наомад. Онҳо инро фоли нек пиндоштанд.

Олимон мегӯянд, ки таърихи  додани ҷазои сиёсӣ аз ду марҳила иборат буд. Он  соли 1917 баъди ғалабаи инқилоб  ибтидо гирифт ва то соли 1928 идома ёфт. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр дар Петроград  террори хунин сар шуд ва дере нагузашта  мавҷи он ба шаҳрҳои калони  Осиёи Миёна  Бухоро, Самарқанд, Тошкент, Қӯқанд,  Хуҷанд, Истаравшан ва дигар ноҳияҳо расид. Нафароне, ки   сиёсати давлати навро тарафдорӣ намекарданд, гирифтори ҷазои сахт мешуданд.

Марҳилаи дуюми террор солҳои 1929-1939 давом карданд, он вақт кулаккунӣ, мусодираи амвол, бадарғакунии деҳқонони миёнаҳолу заминдорон, аҳли дин, олимон, муаллимон ва хизматчиёни давлатӣ ибтидо гирифт. Ҳамчунин зиёиён, шоиру нависандагони тоҷик низ гирифтори таъқиб шуданд. Дар байни онҳо ношир ва маорифпарвар Абдулвоҳид Мунзим, шоирон Пайрав Сулаймонӣ, Саидалӣ Вализода ва дигарон буданд. Устод Садриддин Айнӣ ҳам борҳо гирифтори таъқиб шуда буд. Боре ӯро Абулқосим Лоҳутӣ, ки он вақт дар Иттифоқи нависандагони СССР фаъолият мекард, аз марг наҷот дод. Лоҳутӣ хабардор мешавад, ки нисбати Айнӣ маводҳои туҳматомез иншо намуда ба Берия фиристодаанд. Лоҳутӣ ба назди котиби Иттифоқи нависандагони СССР  Старков, раиси Иттифоқи нависандагони СССР Фадеев рафта хоҳиш менамояд, ки Айниро наҷот диҳанд. Ба мадади онҳо Горкий ва Молотов меоянд. Молотов шабона ба назди Сталин даромада хабари нохушро мерасонад ва хоҳиш мекунад, ки ба Айнӣ ёрӣ диҳад. Сталин  Берияро таъкид мекунад, ки ба Айнӣ кордор нашавад.

Субҳ Старков ва Лоҳутӣ ба Тошкент омада Айниро гирифта мебаранд ва муддате аз таъқиби душманонаш эмин медоранд.

Тирамоҳи соли 1937 нависандаи шинохтаи тоҷик Ҷалол Икромиро  ҳабс мекунанд. Ӯро гунаҳкор менамоянд, ки писари қозии Бухоро будааст ва вай айбдоршавандаҳоро мувофиқи қонуни шариат маҳкум менамудааст. Олим ва нависандаи номии тоҷик  Раҳим Ҳошим 14 соли умри худро дар маҳбасхонаҳои Тошкент, Екатеринбург, Новгород гузаронд.

Тоза кардани сафи мардум аз  душманони халқ дар Тоҷикистон бо супориши марказ мегузашт. Дар зарфи 30 сол ҳамчунин фарзандони «душманони халқ» ҷабр диданд. Онҳоро таънаю таҳқир мекарданд, ҳатто  ба кор намегирифтанд. Ин тамғаи ношустании бегуноҳон фақат баъди вафоти Сталин  аз байн рафт. Мувофиқи маълумоти оморӣ мақомоти НКВД дар Тоҷикистон,  зиёда аз 15,7 ҳазор  нафарро ба ҳабс гирифтанд ва аксари онҳоро парронданд. Дар ин бора маълумоти пурра вуҷуд надорад, зеро аксари маълумотҳои оморӣ зери муҳри махфӣ маҳфузанд, онҳо то ҳол дастраси  олимон, нависандаҳо, журналистон нестанд.

Бо ақидаи гуруҳи олимони тоҷик, аз ҷумла, сотсиологи донишгоҳи Берген(Норвегия ) Меҳмоншо Шарифов Тоҷикистон амсоли Русия, Қазоқистон ва дигар ҷумҳурияҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бояд Рӯзи хотираи ҳадафи  сиёсатшудагонро қайд намояд ва навиштаҷоти махфиро аз  ҳуҷҷатҳои бойгонӣ  бардорад, то ки пайвандони онҳо бо кадом айб ба ҷавобгарӣ кашида шудани падару бобоёнашонро донанд.

Домулло Махсум Олимӣ падари Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод солҳои 20-уми қарни гузашта дар мадрасаи «Ҳазрати Бобо»-и шаҳри Хуҷанд толибилмонро таълим медод. Ин донишманди бегуноҳро душмани халқ хонда ба кишвари Ставропол бадарға карданд. Соли 1940-ум ҷавоб доданд, вале ин оила танҳо соли 1946 ба Тоҷикистон баргашта тавонист.

Бобои рассоми машҳури тоҷик, Арбоби шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи  давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Раҳмат Ботуралиев — Раҳматулло Муродов  баъди хатми  Мадрасаи Мири Араби шаҳри Бухоро ба зодгоҳаш шаҳри Хуҷанд баргашта, ин ҷо ба ҷавонон таълимоти динӣ медод. Ӯ бо донишмандони Хуҷанд Ҳоҷи Юсуфи ситорашинос, шоир Тошхӯҷа Асирӣ, Содирхон Ҳофиз  ва дигар соҳибилмон дӯст буд, дар шабнишиниҳои адабӣ ва фарҳангӣ ширкат меварзид. Соли 1937 ба ӯ гуноҳе эълон накарда «душмани халқ» хонданду бурданд. Пайвандонаш аз қисмати ӯ бехабар монданд, надонистанд, ки куҷо бурданду чӣ кор карданд. Тахмин мерафт, ки Раҳматулло Муродовро парронданд, вале дар куҷо будани қабрашро нагуфтанд.Чор фарзанди ноболиғи ӯ бепарастор монда,  бо сад машаққат ба воя расиданд.

Баъди бадарғакунии намояндагони дин, таъқиби сиёсатмадорони ҷумҳурии ҷавон сар шуд. Навбат ба сиёсатмадорони ҷавон,  раиси Шӯрои Кумиссарони халқии ҷумҳурӣ Абдураҳим Ҳоҷибоев ва раиси  Кумитаи   иҷроияи марказии Иттиҳоди Шӯравӣ Нусратулло Махсум, расид. Онҳо ҳарду дар Москва таҳсил мекарданд, якумӣ шунавандаи Институти  профессурии сурх буд, дуюмӣ дар Академияи Умумииттифоқии ба нақшагирӣ   мехонд. Бадбинонашон ба Москва шикоят нависта, онҳоро миллитчии буруазӣ, террорист ва ҷосус  хонда, бадном мекарданд. Ҳардуро  8-уми июли соли  1937  кормандони НКВД боздошт намуда ҳабс мекунанд. Бо қарори коллегияи ҳарбии  Суди Олии СССР мепарронанд.

Ана, чунин буд қиссаи  талхи гунаҳкорони бегуноҳ, ки замоне қурбони сиёсат шуда буданд ва ҷомеа набояд онҳоро аз ёд барорад.

Ромиши Фирдавс

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here