(Фаолияти эҷодии арбоби ҳунари санъати театрӣ)

Коргардонӣ (режисёрӣ) пешаи мурракаб, ки таҷрибаи солҳои дароз, сарсупурдагии касбӣ ва омӯзиши пайваставу густурдаро талаб мекунад. Шахс дар ин ҳангом метавонад коргардони хуб бошад, ки истеъдоди бузург, ҷаҳонбинии васеъ, хаёлоти бою рангин, хирадманд, кордонӣ ва эҷодкории фавқуллода дошта бошад.

Дар театри муосири ҷаҳон санъати актёрӣ ва коргардонӣ аксар якҷо амал мекунад. Баъзан актиёрони барҷаста коргардони бузург низ шуда метавонанд. Аммо баъзеҳо фаъолияташонро дар рӯи саҳна аз касби актёрӣ оғоз мекунанд, баъд беҳунариашонро ҳис намуда, ба касби коргрдонӣ рӯ меоранд, вале дар ин ришта ҳам муваффақ намешаванд. Зеро ин зумра касон дар ҷодаи ҳунару ҳунарварӣ аз қабили ашхоси тасодуфие беш нестанд.

Чунин касон баъзан ҳатто вазифаи саркоргардонро ишғол намуда, солҳои дароз онро аз даст намедиҳанд. Онҳо асосан намоишҳои омиёнаву яканавохтро рӯи саҳна меоранд ва ба пешрафти театру истеъдодҳо халал мерасонананд.

Ҳоҷиқул Раҳматуллоев аз ҷумлаи ин қабил коргардонҳо набуд. Раҳматуллоев коргардони ҳирфавӣ ва касбӣ буд ва инчунин яке аз поягузорини театри касбии тоҷик. Вай тамоми умр вазифаи актёрӣ ва коргардониро якҷо ба уҳда дошт.

Ӯ мунтазам нақшҳои бузургро меофарид ва ҳамчунин дар саҳнаи театр намоишҳои аз нигоҳи касбият баландро таҳия менамуд. Раҳматуллоев ҳам ҳунарпешаи хуб ва ҳам таҳиягари хуб буд. Ин ду паҳлӯи эҷоди ҳунарпеша, яъне актиёриву режиссёрӣ як дигарро ғанӣ месохтанд, ангор истеъдоди ин ду ҳанар тавъам афтода буданд. Саркоргардони он вақтаи театри А. Лоҳутӣ Е.И. Мительман ӯро «вазири» дасти рости худ мешуморид, бо ӯ маслиҳат мекард, таҳияи асарҳои тозаи драмнависони тоҷикро маҳз ба ӯ месупорид. Медонист, ки ин коргардони пухтакор аз уҳдаи сара кардани ҳар асари хом мебарояд.

Нахустин коргардонҳои тоҷик Ҳ. Маҳмудов, М. Саидов, Ҳ. Раҳматуллоев, А. Саидов мактаби коргардонии театри тоҷикро поягузорӣ намуда буданд ва эшон монанди аксар ҳунарпешаҳои оғози солҳои 30-и қарни бист, мактаби махсуси коргардониро хатм накардаанд. Онҳо ин касбро  солҳои дароз таҷриба кардаву бо талошу дониши худ ва бо худомӯзӣ аз худ намуда буданд. Кори беҳтарин режиссёрҳои рус, ки баъзеашон дар театри тоҷик солҳо ва иддае муваққатан кор кардаанд, барои коргардонҳои мо мактаби омӯзиш буд. Раҳматуллоев низ аз паи устодонаш В.С. Кансел, Р.Н. Симонов, Л.Н.Свердлин, ки намоишҳои хатми рисолавиро дар Маскав таҳия  намуда буданд ва ҳамчунин аз устоди наваш Е.И.Мительман, ки дар театри ба номи А.Лоҳутӣ намоишномаҳо таҳия менамуд, иштирок намуда ва касби коргардониро аз мактаби эшон сабақ мегирифт.

Ӯ бо ёрии қисмҳои таркибии спектакл ҳунари офаридани асари театрии мутаносибу яклухтро ёд гирифт. Раҳматуллоев тарзи маънидод намудани ғояи асар, тавсифи қаҳрамон, муайян намудани услуби бозии актиёр, жанр, суръат, зарбу усул, фазои намоиш, мадду ҷазри намоиш ва ба даст овардани ботини намоишро аз худ кард.

Намоишҳо дар мавзуи ҳавдоси рӯзгор

Раҳматуллоев ба ҳунари коргардонӣ бори аввал соли 1938 рӯ оварда ва драмаи бачагонаи «Пионер дар сарҳад»-ро бо муваффақият ба саҳна гузошт. Дар ин асари саҳнавӣ муаллифон А.Усмонов ва Ҳ.Обидӣ ҳушёрии пионеронро дар ҳифзи сарҳад дар шакли хеле соддаву шарҳдиҳанда нишон дода буданд. Миёни ин манзараи зебои табиат гуруҳи пионерон сурудхонон пайдо мешаванд. Амалиёт моҳирона сохта шуда, ки ниҳоят осон ҷосусонро фош мекунанд. Аммо коргардон дар заминаи чунин маводи дар нигоҳи ғоя ва бадеият ноустувор, намоиши басо дидании омода сохта, пешкаши тамошобинони театр кард.

Маъмурияти театр истеъдоди коргардонии Раҳматуллоевро ба назар гирифта, ӯро барои таҷрибаомӯзӣ ба театрҳои Боку, Тифлис ва Ереван фиристонд. Ҳунарманди тоҷик дар театрҳои Қафқоз бисёр намоишҳоро дид, бо арбобони санъати ин кишварҳо ҳамсуҳбат шуд. Сафари эҷодӣ ба рушди маҳорату малакаи коргардонии Раҳматуллоев   басо нақши муҳимро гузошт ва дар таҳияҳои асарҳои нав ёриаш намуд. Театр хост ба ӯ асарҳои тозаро супорад, вале ҳайати эҷодӣ, ки ба Даҳаи санъати тоҷик дар Маскав тайёрӣ медид, хелле серкор буд.

Соли 1942 намоиши нави Ҳ. Раҳматуллоев « Дили модар» аз рӯи   асари Ҷ. Икромӣ, рӯи саҳна омад. Эҳтиёҷ ба намоишнома афзунтар гардид, театрҳо ва коргардонҳо асари саҳнавӣ меҷустанд, дар ин давра Ҷ. Икромӣ бо навиштани асарҳои саҳнавӣ саркард. Солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ жанри мазҳака камчин буд, аз ин рӯ, Раҳматуллоев дар ин солҳо мазҳакаи бародарон, Тур ва Л.Шейнинро «Қонуни Фавқуллода»-ро ба саҳна гузошт. Намоишномаи «Шаби бисту ҳаштум»-и Ҷ.Икромиро роҳбарияти санъати ҷумҳурӣ аз комёбиҳои офаридаи Ҳоҷиқул Раҳматуллоев баршумурда, дар шахси ӯ коргардонӣ боистеъдоду умедбахш ва дар оянда, яке аз роҳбарони барҷастаи театрро диданд. Соли 1948 ӯ барои такмил додан ихтисоси коргардонӣ ним сол ба назди яке аз коргардонони барҷастаи рус, роҳбари бадеии театри ба номи М.Н.Ермоловаи шаҳри Маскав, ҳунарпешаи мардумии РСФСР, Андрей Михайлович Лобанов фиристода шуд. Лобанов яке аз шогирдон ва пайравони К.С.  Станиславский ва Вл.И.Немирович-Данченко буд, ҳамеша кӯшиш дошт,ки дар саҳна ғояҳои бузурги башарӣ ва масъалаҳои муҳими ҷаъмиятиро таввасути амиқ кушодани ҷаҳони руҳи инсон ифода намояд.

Раҳматуллоев ин махсусияти эҷодии ӯро ҳангоми нашқҳои «Ғуломзанҳо»-и А.Н.Островский (ки нимсол тӯл кашид), назора карда, ҳама нозукиҳои коргардониро аз худ намуд. Дар вақти таҷрибаомӯзӣ ӯ бо асарҳои русҳо ва хориҷиҳо ошно шуд. Инҳо «Пулҳои ҳаром» ва «Ғуломзанҳо»-и А.Н.Островский, «Ром кардани ромкунанда»-и Б.Флетчер, «Дустони дерина»-и Л.А.Малюгин, «Ҳамсафарон»-и В.Ф.Панов, «Аз Сталинград хеле дур» -и А.А.Суров ва ғайра буданд.

Ним соли таҷрибаомӯзӣ дар Маскав ба Раҳматуллоев бисёр нозукиҳои санъати коргадониро омӯхт ва баъди бозгашт ба таҳияи  «Ром шудани духтари якрав»-и Шекспир даст зад, ки онро шоири бузург А. Лоҳутӣ тарҷумаашро ба уҳда гирифт. Аммо ҳамон солҳо байни СССР ва Аврупо космополитизм ва хушомадгӯӣ авҷ гирифта буд, ки ба пешрафти санъат зарар ҷиддӣ ворид намуд аз ин лиҳоз, нақшаи устод амалӣ нагашт.

Ҳоҷиқул Раҳматуллоев ноилоҷ ба асарҳои хоми драмнависони навқалам рӯ овард. Вале маҳорати такмилёфтаи ӯ дар ҳунари коргардонӣ имкон дод, ки дар асоси асарҳои суст ҳам бошад, намоишҳои хубу диданибоб офарад, ки «Шодиёна»-и М.Зокиров аз ҷумлаи офаридаҳои ӯст. Охири солҳои 40-и асри ХХ муборизаи халқҳои озодихоҳ барои шикастани юғи истисмор тунду тез гашт. Ҳамзамон театрҳои шӯравӣ оиди масъалаҳои сиёсӣ таваҷҷуҳ дошт, аз мубориза барои сулҳ канорагирӣ нанамуданд. Раҳматуллоев дар ин вақт ҳамроҳи А. Раҳимов ду намоиш таҳия намуд: «Дар паси фронти дуюм»-и В. Сабко ва «Дар ҷанубтари хати 38»-и Тхай Диян. Чун ки қаҳрамонҳои роҳи тайкардаи  ватандӯстони Куриёро, ки фаъолона мубориза мебаранд, таҳқиқ намуд. «Садо аз тобут»-и А.Қаҳорӣ, «Фамилияҳоро номбар накарда»-и В.Минко, «Мебахшед марҳамат»-и А.Макаенок ва мазҳакаи якпардагии «Таърифхуҷаев»-и А.Деҳотӣ ва Б.Раҳимзода оғоз ёфт.  Тӯли ҳашт сол (1953- 1960) ба чор асари драманависони ӯзбек муроҷиат кардани театр сабаб дошт. Дар ин давра, ки аз драматургияи беконфликт даст кашида, ба инъикоси зиддиятҳои ҳақиқии зиндагӣ рӯ оварда шуд, нависандагони тоҷик асарҳои хуби саҳнавӣ  офарида натавонистанд. Вазъи драматургияи ӯзбек ва маҳорати драманависии онҳо андак беҳтар буд. Чаҳор асарӣ таҳия намудаи Раҳматуллоев: («Сӯзании Шоҳӣ», «Сирҳои Дил», «Тағо ва ҷиянҳо» ва «Бой ва Хизматгор») барои театр мавзуи хуб ва маводи арзанда буданд. Коргардон ҳамроҳи актиёрон хислат, нозукиҳои ҳар кадом аз қаҳрамонони асосӣ ва дуюм дараҷаро низ ёфта тавонист.

Раҳматуллоев ҳангоми ба саҳна гузоштани маҳзакаҳои осону каммазнун низ аз актиёрон ҷиддияту самимият ва боварии онҳоро нисбат ба ҳақиқати воқеаҳои дар асар тасвир шударо талаб мекард. Баъди чаҳор моҳи нахустнамоиши «Имтиҳон»-и Ф. Ансорӣ драмаи дуюми лирикии ӯ «Ҳайёт ва Ишқ» пешкаши тамошобинон гашт. Коргардон лаҳзаҳои асосии асарро на бо шакли зоҳирӣ, балки бо умумияти ботинӣ таъмин намуда, амалиёти яклухти ногусастании асарро ба даст овард.

Соли 1962 устод Раҳматуллоев асари сеюми Ф. Ансорӣ «Ҳукми Модар»-ро рӯи саҳна овард. Раҳматуллоев ҳамеша ҳамроҳи навкорон заҳмати бисёр мекашид. Тирамоҳи соли 1961 гуруҳи калони хатмкунандагони студияи тоҷикии Донишгоҳи театрии ба номи Луначарский, шогирдони устодони пуртаҷрибаи санъати театрӣ О.И. Пижова ва Б.В. Бибиков ба театри ба номи А. Лоҳутӣ ҷалб карда шуданд. Бо қувваи нави эҷодӣ, яку якбора се намоишро тамрину таҳия намудаанд, ки инҳо «Табаддулот»-и Б.Лавренев, «Иродаи зан»-и А. Сидқӣ, «Шуълаи Офтоб»-и М. Волин мебошанд.

Ҳоҷиқул Раҳматуллоев дар ин росто боз асарҳои бахшида ба ҳайёти муосирро таҳия намуд,ки дар онҳо зисту зиндагии одамони замонҳои пеш инъикос ёфта буданд. Боз як афзалияти бадеии намоишҳои устод дар он буд, ки декоратсия ва мӯсиқро бо як маҳорати вижа истифода менамуд. Оҳангҳои З. Шаҳидӣ ва рассом М.М. Мухин намоишро пурқувват мекарданд.

Соли 1971 мазҳакаи афсонавӣ «Фармони кадушоҳ»-и А. Баҳорӣ ба саҳна гузошта шуд, аз тарафи коргардони шинохта Раҳматуллоев, ки дар ҳамкорӣ бо нависанда, дар жанри нав, яъне навиштани асарҳои драммавӣ шурӯъ гардид. Коргардон баъди бо асар шинос шудан, бо муаллиф кор бурда, баъзе норасоиҳои асарро бартараф намуд ва намунаи хуби мазҳака ё драмма шуданд, яъне Устод дар тарбияи актёр, коргардон, рассом, нависандагон саҳми босазое гузоштааст.

Режиссёр дар заминаи воқеаҳои замони гузашта, ки ба ӯ шинос буданд низ чандин намоишҳо таҳия намудааст. Яке аз онҳо «Духтари ноком»-и Ҷ. Икромӣ дар асоси яке аз ҳикояҳои хуби «Ёдоштҳо»-и С. Айнӣ офарда, тамошобинро ба муҳити охири садаи Х1Х ошно кард. Коргардон ҳамроҳи муаллиф намоишномаро ду бор таҳлил менамояд, то намоишнома вақту замон ва ғояи асосиаш амиқ рӯшан гардад. Муаллиф дар сохти асар ва феълу хӯи қаҳромонҳо тағйиротҳо дароварда, дар муколамаҳо тобишҳои тоза илова намуд.

Соли 1957 устод «Бой ва хизматгор»-и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзиро дар театри А. Лоҳутӣ бо диди нави коргардонӣ ба саҳна гузошт, ки бозиҳои устодони пуртаҷриба ғояи намоишномаро ифода карда тавонист. Коргардон ба мағзи асар роҳ ёфта, бо диққати тамом кор кард ва аз умқи он фалсафаву андешаеро, ки онро ҷовидонӣ гардондааст, берун кашид ва ба бинанда чунон пешкаш намуд, ки онҳоро ба изтиробу ҳаяҷон овард.

Таҳиягар вазъияти тунду тези амалиёти драмавӣ, муҳити пуршиддати задухӯрди синфиро, ки аз низоъи сахти иҷтимоӣ, яъне ғояи асар ду гуруҳи нобаробарии иҷтимоӣ, ки ба хӯҷаинҳои давлатманду хизматгорҳои нотавон иборат буд. Ҳунарпешаҳо дар саҳна ба шахсиятҳои воқеӣ табдил ёфтаанд. Каҳрамони ҳар кадом аз ҳунарпешагон дорои ҳулқу атвори хос буда, ҳар якеро таҳлили иҷтимоӣ ва ҳақиқати ҳолату руҳия ба даст оварда шуд.

Ҳар образ хотирнишин ва ҳар комёбии актёр барҷаста буду тамошобинро ба ваҷд меовард. Дар намоишнома шахсиятҳои бузург (М. Қосимов, С. Туйбоева, Г. Бақоева, Т. Ғаффорова, Х. Назарова, Г. Завқибеков, З. Дӯсматов) гирд омада буданд. Аз ин ҷост, ки намоишнома хеле муваффақ гардида буд. Ҳамоҳангии ин создастаи сохтаи коргардон том, равон, муназзам ва театрӣ буд. Ҳоҷиқул Раҳматуллоев дар заминаи драмаи классикии  Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ «Бой ва хизматгор» манзараи калони бадеӣ, таърихӣ ва маишӣ сохта, паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии гузаштаро инъикос намуда тавонист.

Намоиши офаридаи ӯ умри дароз дид, баъдан «Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ, «Сарбозони инқилоб»-и Ғ. Абдулло, «Шаби гирифтани моҳ»-и М. Карим ва охирин асари таҳия намудаи устод Раҳматуллоев «Гарнизон таслим намешавад»-и Ҷ. Икромӣ мебошад, ки 33 сол намоиш дода шуд. Ҳама асарҳои устод Ҳоҷиқул Раҳматуллоев дар саҳнаҳои театрӣ гузоштааш умри бобаракати саҳнавӣ дидаанд.

 Сабку услуби коргардонии Ҳоҷиқул Раҳматуллоев

Раҳматуллоев фаъолияти коргардониашро аз таҳия намудани асари  нави саҳнавии тоҷик оғоз намуд ва асосан дар ҳамин ҷабҳаи фарҳанги миллӣ, ки сахт меҳнаталаб буд, майлу рағбат ва бурдборӣ зоҳир намуд. Заҳмати коргардонии ӯ аз мутолиаи асари тоза, ки ба  саҳнагузории он ба ӯ супорида шудааст, оғоз меёфт. Таҳиягар чандин  моҳ пеш аз оғоз намудани машқҳо пийесаро бо диққат хонда, эродҳояшро рӯи коғаз меоварад.

Ӯ камбудиҳои драма, аз қабили боварибахш набудани баъзе воқеаҳо, рафтори қаҳрамон, муколама ва саҳнаҳои зиёдатӣ, сатҳӣ ва пурмуболиғро муайян менамуд. Ё худ дар «тани» асар «нуқсонҳо»-и хатарнокро дарёфта, «рӯпӯш» кардани онро пешбинӣ менамуд.

Коргардон барои пур намудани чунин лаҳзаҳои холӣ, ба муаллиф маслиҳати муфид медод, ҳатто баъзан саҳнаро худ навишта, андешаи адабии хешро бедор мекард.

Коргардон драмнависро маҷбур намекард, ки вай чизе илова кунаду кор зуд буд шавад. Устод бо муаллиф муаддабона муносибат намуда ва дилсӯзона кор мебурд. Пеш аз ҳама кӯшиш мекард, ки ҷиҳатҳои ботинии асар, муназамии он пухта гардад.

Ӯ ҳар эродашро асоснок намуда, мехост ба муаллиф ёрӣ расонад, шавқу ҳавас ва илҳоми ӯро бедор кунад. Раҳматуллоев ҳангоми кор бо муаллифон аз болои асари нави саҳнавӣ, пеш аз ҳама барои худ ғоя ва  низоъи асосии он, мақсади қаҳрамонҳо, вазифаи ҳар яке аз онҳоро равшан менамуд.

Машқҳои Раҳматуллоев мисли устодонаш аз мутоилиаи асар оғоз меёфтанд. Режиссёр ба давраи гирди миз, ки онро коргардони  барҷастаи рус Н.П. Охлопков дар «офаридани намоиш марҳалаи муҳимтарин» мешуморид, эътибори ҷиддӣ медод. Машқҳои гирди миз  як моҳ ва аз ин ҳам зиёдтар тӯл мекашиданд.

Режиссёр аз рӯзҳои аввали машқҳои гирди миз барои кушодани фардияти ҳар як актёр кӯшиш намуда, ӯро ҳарчи тезтар ба ҷараёни образ ворид менамуд. Раҳматуллоев дар эҷодиёт аҳамияти тасавурот, хаёлот, хотираи актёрро ба назар мегирифт. Ӯ дар саҳна ҳангомаву дабдабаро асло раво намедид.

Устод режиссёре буд, ки ҳаётро ба воситаи зисту зиндгии инсон таҷҷасум менамуд, ӯ пайрави театри ҳаёт буд, кӯшиш дошт дар намоиш ҳақиқати ботинии рафтору кирдори қаҳрамонҳоро ба даст орад ва онро дар шакли дурахшони театрӣ ва тамошобоб ифода намояд. Коргардон ба ҳунарпешагон гаштаю баргашта хотиррасон менамуд, ки сарчашмаи эҷодиёт ҳақиқат аст. Ин ҳақиқатро ба маънои васеъаш бояд фаҳмид.

Фаъолияти эҷоди Ҳоҷиқул Раҳматуллоев соли 1922 дар шонздаҳ солагиаш оғоз ёфта, то соли 1983 дар рӯи саҳни театр ҳам ҳунарнамоӣ кардааст ва ҳам коргардонӣ. Ӯ соли 1964 ба Афғонистон ба шаҳри Кобул ба театри «Пуҳаннандор» ба сифати коргадон равон карда мешавад, ки намоишномаҳои «Ӯ падари ман нест», «Лотареяи бахтозмой», «Одаме ки хомӯш аст»-и Ж.Сунйе, «Оташи зери хокистар»-и А. Бесид, «Болопуш»-и Ж.Сунйе, «Шоми зиндагӣ»-и А. Латифӣ, «Парандаи маҷруҳ»-и А. Латифӣ, «Зани гунги қозӣ»-и А.Франс рӯи саҳнаи театри афғон овардааст.

Ӯ ҳамчунин Операи Ш. Сайфиддинов «Рӯдакӣ»-ро дар саҳнаи театри Опера ва балети ба номи С. Айнӣ соли 1976 таҳия намудааст.

Аз  соли 1973 то 1983 муаллими Донишкадаи давлатии санъати ба номи М.Турсунзода фаъолият бурда, ба театрҳои ҷумҳурӣ кадрҳои ҷавонро тарбият намудааст.

Адабиёт:

  1. А. Аҳроров, «Парчами оҳангарӣ», Шарқи Сурх, 1961, саҳ. 156.
  2. Ҳ. Раҳматуллоев, «Шоҳ Лир», Душанбе, 1957, саҳ.14.
  3. 3. А. Лабанов, «Таҳқиқҳо дар бораи режиссура», 1962, саҳ.156.
  4. 4. М. Солеҳов, «Садои Америка», Ком. Тоҷ. 27-08-1950.
  5. 5. Таҳлили спектаклҳои театри А. Лоҳутӣ (мунақидон), с.

Сангов Маҳмадалӣ,

Донсент, декани факултаи санъати театрии ДДФСТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here