Физика илмест, ки аксари ҷаҳониён ба он таваҷҷуҳ зоҳир карда, онро меомӯзанд. Чунки физика омӯзиши табиат, ҳодисаҳои он, қонунҳои онро аз ҷиҳати илмӣ дуруст ба мо мефаҳмонад. Аз ин ҷост, ки омӯзгори физика будан, аз мо масъулияти баландро талаб мекунад. Қобили зикр аст, ки олами ғайризиндаро илмҳои дигари табиатшиносӣ: ҷуғрофия, биология, кимиё ва ғайра низ меомӯзанд. Лекин, набояд фаромӯш кард, ки физика илми бунёдист, илмест, ки ҳамаи илмҳои дигари табиатшиносӣ ба он такя мекунанд. Бинобар ин, омӯзгори физика дар ҳолати муроҷиати шогирдон ба ӯ ва муаллимони фанҳои дигар ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки бигуяд: “ман муаллими фалон илм нестам, инро аз каси дигар пурсед” баръакс ҳамаи муаллимони табиатшиносӣ ва ба хусус муаллимони физика як навъ вазифадоранд, ки ҷавобгӯи ҳама пурсишҳои аллоқаманд ба физикаву илмҳои дигари табиатшиносӣ бошанд. Омӯзгори фанни физика масъулияти муаллими физика буданро бояд эҳсос кунад. Омӯзгори физика будан як нав фахр аст, шоистаи ин фахр будан мебояд. Ҳамаи ҳодисаҳои табиат, масалан: дигаргуниҳое, ки дар табиат ба амал меояд, пеш аз кашфи онҳо ё аз ҷиҳати илмӣ маънидод намудани онҳо вуҷуд доштанд, лекин инсоният дар бораи он маълумоти дуруст надошт. Олими машҳури англис Исаак Нютон бештари ҳодисаҳои табиатро шарҳ дода, қонунҳои асоситарини илми физикаро кашф кардааст ва аз ҷиҳати илмӣ маънидод намудааст.
Исаак Нютон солҳои 1643-1727 зиндагӣ кардааст. Ӯ олими бузурги англис буда, асосҳои илми табиатшиносии муосирро асос гузошт, ҳамчунин ӯ асосгузори физикаи классикӣ мебошад. Ба хотири гиромӣ доштани номи Нютон дар физика се қонуни асосии механика бо номи қонуни якуми Нютон, қонуни дуюми Нютон ва қонуни сеюми Нютон ном бурда мешавад ва воҳиди қувваро бо номи ӯ 1 Нютон (1 Н) гузоштаанд. Нютон фикри олими замони қадим Аристарх Самосскийро ҷамъбаст кард ва бо забони математикӣ ифода намуд. Аристарх ҳазор сол пеш аз ин Нютон гуфта буд, ки замин дар атрофи офтоб давр мезанад. Дар он замон роҳибони насронӣ барои андак кашфиёти илм девона мешуданд ва бисёр олимонро ба қатл маҳкум карда буданд. Хатто Гёте барин файласуфи бузург дар асри 19 бар зидди Нютон баромад. Аммо ба Нютон зӯраш нарасид, чунки Нютон худ диндори ашаддӣ буд. Бо вуҷуди ин қадар муваффақиятҳо, хеле кам одамон Нютонро мефаҳмиданд ва ба илмаш бовар доштанд. Модари Нютон дар синни сесолагии Нютон ӯро партофта рафта буд, аммо Нютон барои ин амали модар-модарро бад надид. Вай дар хонаи бибиаш то синни 11- солагӣ тарбия гирифт. Азбаски падараш нисбати ӯ бетаваҷҷуҳ буд ва аҳамият намедод, Нютон ба падараш эътиқоде надошт. Бинобар он падарашро бад медид, чашми дидан надошт ва дар кӯдакӣ борҳо таҳдид карда буд, ки хонаи падарашро оташ хоҳад зад. Модараш нисбати ӯ ғамхор ва доимо аз ҳолаш бохабар буд, бинобар он, дар 11- солагӣ Нютон боз ба назди модараш баргашт. Вай чунон ба хондан дода шуд, ки дигар хӯрдану хобиданро фаромӯш мекард. Фақат модар ӯро аз сари китоб мехезонду таом медод. Соли 1661 Нютон барои таҳсил ба донишгоҳи Кембриҷ рафт. Олими бузург дар фикри оила барпо кардан набуд. Вай худро ба илм бахшид. Бехобӣ ва мутолиаи зиёд Нютонро гоҳҳо асабӣ мекарданд. Ӯ бо дӯстонаш гумону шубҳа мебурд ва ба онҳо суханони талх мегуфт ё мактуби хашмолуд мефиристонд, аммо боз ба худ омада, узр мепурсид. Дар як мактуби узрхоҳонааш ба олими бузург Ҷон Локк навишта буд: “Аз афташ ин таъсири бехобӣ дуру дароз аст” Нютон оила барпо накардааст. Фақат як тахмину гумон ҳаст, ки гӯё Нютон ба Фатто де Дюпейр ном духтараки зебои математики шветсариягӣ дил баста буд. Аммо ин исбот нашудааст, зеро онҳо ҳамагӣ ду сол дар як шаҳр буданд. Соли 1663 ҷудо шуданд ва ба як дигар бо мактуб мукотиба менамуданд.
Солиёни зиёдест, ки мо қонунҳову кашфиётҳои Нютонро меомӯзем, аммо илоҷи онҳоро тағйир додан ё дигаргун намудан нест. Чунки ҳангоми тағйир додани қонунҳои табиат ё шарҳи ҳодисаҳо мо ба хатогӣ роҳ медиҳем. Дар навиштаҷоти рӯйи оромгоҳи Нютон омадааст: “Гонугунии шуоъҳои рӯшноӣ ва хусусиятҳои аз инҷо сарзанандаи рангҳоро, ки онҳоро то он дам касе ҳатто гумон намебурд, таҳқиқ кард”. Ҳодисаи боридани борон пас аз он баромадани офтоб ва дар тарафи муқобили офтоб пайдошавии тиру камон маълум буд, аммо онро касе шарҳ дода натавонист. Нютон муайян кард, ки қобилияти шуоъшикании модда ба ранги рӯшноӣ вобастагии зиёд дорад. Олими англис Нютон бо таҷрибаи соддатарини гузаронидаи худ исбот намуд, ки рӯшноии сафед (рӯшноии офтоб) аз ҳафт ранг таркиб ёфтааст. Тартиби таҷрибаи гузаронидаи Нютон хеле содда ва оддӣ буд. Ба хонаи торик аз сӯрохии хурде рӯшноии офтобро дохил карда, ба пеши рӯшноии офтоб, призма (шишаи ғафс)-ро мегузорад. Рӯшноии офтоб аз призма гузашта, ба ҳафт ранг тақсим мешаванд, ки рангҳо ба чунин тартиб ҷойгиранд: сурх, норинҷӣ, зард, сабз, нилобӣ (осмонӣ), кабуд ва бунафш. Нютон дар аввал фикр намуд, ки призма (шишаи ғафс)-и дар пеши рӯшноӣ гузошта, хосияти ба рангҳо ҷудокунӣ дорад. Бинобар он, шишаи ранги сурх доштаро гирифта, пеш аз призма мегузорад, дар экран танҳо ранги сурх пайдо мешавад. Дафъаи дигар шишаи ранги сабз доштаро мегузорад, дар экран ранги сабз пайдо мешавад. Дафъаи сеюм шишаи ранги кабуд доштаро мегузорад, дар экран ранги кабуд пайдо мешавад. Баъд ба хулоса меояд, ки призма рӯшноиро ба рангҳо ҷудо намекунад. Худи рӯшноии офтоб, ки ба назари мо сафед менамояд, таркиби мураккаб дошта, аз ҳафт ранг иборат мебошад. Бо кашфи ин ҳодисаи нодир, ки дар физика “Дисперсияи рӯшноӣ” ном дорад, ҳафт ранги рӯшноӣ пайдо шуд. Ранги тиру камон, ки аз ҳафт ранг иборат буданд, шарҳ дода шуд. Олими англис Нютон ҳафт ранги рӯшноиро кашф карда, онро “спектр” (тайф) номид. Агар ҷумлаи “Сайёд нияти задани сад оҳу карда буд”-ро аз хотир набарорем, ҳафт ранги рӯшноӣ дар хотиротамон нақш мебандад. Масалан: сайёд-сурх, ният-норинҷӣ, задан-зард, сад-сабз, оҳу-осмонӣ (нилобӣ), карда-кабуд, буд-бунафш. Аз ин рӯ, ҳангоми пас аз боридани борон ва баромадани офтоб, қатраҳои обӣ дар таркиби ҳавобуда, чун призма рӯшноиро ба рангҳо ҷудо мекунад. Баъзан саволе ба миён меояд, ки агар ҳафт ранг бошад, чаро мо ҳангоми растаниву сабзаҳоро дидан онҳо ба мо ба гунаи сабз менамояд? Ҷавоб он аст, ки дар ин ҷо шаш ранги дигар фурӯ бурда мешаванд ва фақат ранги сабз акс мегардад. Ҳангоми бо коғази сурх ё материали ранги сурх дошта, назар кардан мо танҳо ранги сурхро мебинем, яъне ранги сурх акс мегардад, дигар рангҳо фурӯ бурда мешавад. Албатта, шарҳи дурусти ҳодисаҳо ба дӯстдорони табиат писанд меояд ва баҳри боз ҳам беҳтару хубтар омӯхтанашон мададе мерасонад.
Ҷамолиддин Ҷалолиён, омӯзгори фанни физика ва математикаи мактаби миёнаи №68-и ноҳияи Рӯдакӣ