Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз минтақаҳои басо хушманзараи диёр бо табиати афсункор ва мавзеъҳои барои сайёҳӣ мусоид аст. Хусусан, дар ин минтақа мавзеъҳои таърихие мавҷуданд, ки атрофашон қиссаву ривоятҳои ҷолибро метавон шунид.

Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Ифтихор»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мазору мақбараи «Ҳазрати Хоҷамастони Валӣ» дар баландии куҳ воқеъ гардидааст. Аз нақлу ривоятҳои халқӣ ва гуфтаҳои сокинони деҳоти Оби ошиқ, Ҷонбулоқ ва Наволик бармеояд, ки шахсияти Ҳазрати Хоҷамастони Валӣ ба давраҳои қадим рафта мерасад ва бародару хоҳарони вай Хоҷа Мумин, Хоҷасартез, Хоҷа Оби Гарм, Ганҷина, Чилбибӣ ва боз чанди дигар будаанд. Ба гуфтаи пирони куҳансол, Ҳазрати Хоҷамастони Валӣ марди донишманди фозили айёми хеш ба ҳисоб рафта, чанд маротиба озими шаҳрҳои Ироқу Эрон, Мисру Ҳиндустон, Маккаву Мадина шуда, ҳаҷи Акбарро адо намуда будааст. Овозаи шуҳрати ӯро дар шаҳрҳои дигар, ба монанди Балху Нисо, Самарқанду Бухоро низ шунида будаанд.
Дар минтақаи ҷамоати деҳоти Калинин бошад, як қалъаи таърихӣ қариб 3 гектар заминро бо баландии 10-15 метр ташкил медиҳад. Аз рӯи ривоятҳои одамон маълум аст, ки гӯё пеш аз Ғалабаи Инқилоби Октябр кадом бой ё сарлашкаре бо қувваи халқ ҳамон қалъаи таърихиро бунёд карда, чанд замоне истиқомат доштааст. Тавре аз гуфтаҳои Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ва аз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров медонем, одамони қадим дар баландиҳои куҳ, дар ғорҳои калон ва дар ҳисору қалъаҳо зиндагӣ мекарданд, ки қалъаи мазкур ба номи «Амир-Олимхон» ба ҳамон қалъаҳои қадима шабоҳат дорад. Ҳар сол сокинони ноҳия ва берун аз он, сайёҳони хориҷӣ, донишҷӯён болои он сайру саёҳат менамоянд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки кормандони Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия дар бораи қалъаи зикршуда ҳуҷҷати лозима ҷамъ оварда, кор бурда истодаанд. Ҳатто сафолпораҳо, кӯзаҳои сафолин дарёфт кардаанд.
Дар ҷамоати «50-солагии Тоҷикистон» қалъаи таърихӣ бо номи «Довудхон» маъруф аст. Дар замонҳои пеш аз инқилоб Бой-Довудхон қалъаро бо қувваи халқ ва сокинони қабилаҳои гирду атрофи он бунёд кардааст. Баъд номи қалъа дигар шуд, яъне «Хазинаи Довудхон». Хазина дар зери қалъа будааст. Вақте инқилоб ғалаба мекунад, Бой-Довудхон бесаранҷом гашта, як қисми хазинаро муваққатан гирифта ба ҷумҳурии ҳамсояи Афғонистон мегузарад, бо мақсаде, ки баъди хуб шудани вазъият ба қалъа бармегардад. Сипас, қалъа бесоҳиб, дар ихтиёри ду саг мемонад, ки бо навбат хазинаро посбонӣ мекардаанд. Дере нагузашта, мори азиме пайдо шуда, соҳиби асосии хазина мегардад.
Мазори «Хоҷа Абдулазиз» дар ҳудуди ҷамоати «50-солагии Тоҷикистон» қариб дар 1,5 га замин ҷойгир аст. Он зиёратгоҳи дардмандону ихлосмандон хусусан дар рӯзҳои чоршанбест. Хоҷа Абдулазиз яке аз эшон — авлиёҳои замони хеш буда, тахминан дар қарнҳои 15-16 зиндагӣ кардааст. Ривоят аст, ки ҳангоми вафоташ ҷасадашро дар асп ба куҷое бурданӣ буданд, шаб дар ҷое манзил карданд, вақте рӯз шуд, ҷасади ӯро наёфтанд. Дар замини шудгоркарда ягон пайи пой ва нишонае набуд. Маълум шуд, ки тобут ба осмон рафтааст.
Боиси хушнудист, ки бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзеи “Сайёд”-и деҳоти “50-солагии Тоҷикистон”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шаҳри қадимиеро кашф кардаанд, ки аз қалъа ва шаҳристон иборат мебошад. Ин бозёфти таърихӣ барои мардуми шарифи ноҳия як муъҷизае мебошад, ки дар оянда баҳри рушди ободонии ноҳия саҳм мегузорад ва дар ин мавзеъ корҳои кофтукобӣ ҷараён дорад.
Дар теппаи аз ду ҷониб убурдоштаи рӯ ба рӯи деҳа, ки ҳудуди се гектар масоҳат дорад, ковишгарон таҳти роҳбарии бостоншинос, доктори илми таърих Давлатхоҷа Довудӣ ва кормандони шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаррух ва Муҳаммад Сафоевҳо ҳафриёт мегузаронанд. Ҳафриёт дар ду бахш: қисмати шарқӣ, ки ҳокимнишин будааст ва қисмати ғарбӣ, ки манзилҳои зистанд, анҷом ёфта, дар се бахши дигар, ки ҳамчун шаҳристон ёд мешавад, ковишҳо идома дорад. Бозёфтҳо, аз қабили хумҳо барои нигаҳдории ғалладона, олоти меҳнат, асбобҳои косибию дуредгарӣ, нигораву маснуоти заргарӣ, ҳайлакчаҳои гуногун шаҳодат медиҳанд, ки мардуми шаҳраки ҳанӯз асрори ҳастию заволаш номаълум, асосан ба кишоварзӣ, чорводорӣ машғул буда, ҳамчунин ҳунармандӣ мекардаанд.
Ба гуфтаи бостоншинос Фаррух Сафоев, «аз рӯи ҳафриёти гузаронидашуда ва бозёфтҳо пайдост, ки шаҳрак мутааллиқ ба асрҳои I то милод буда, шаҳрдорӣ то ибтидои асри III-и милодӣ давом кардааст. Бозёфти аниқ ва рушан — миҷмари роҳибон гувоҳи дар аҳди Кушониён арзи ҳастӣ доштани шаҳрак ва ба сар бурдани аҷдодони мо — пайравони оини Зардуштӣ дар инҷост».
Инчунин, дар як мусоҳиба, ки таҳти унвони «Кашф ва таҳқиқи шаҳри кушонӣ дар Сайёд» дар нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ — «Баҳористон» (№24 (7666), аз 17-уми октябри соли 2016) ба нашр расид, бостоншиносон Фаррух ва Муҳаммад Сафоевҳо аз ҷумла зикр намудаанд: «Дар натиҷаи ковиш аз ин ҳафриёт чор ҳуҷра кашф гардид, ки деворҳои онҳо аз хишти хом ва санг иборат аст. Аз дохили ҳуҷраҳо осори зиёди бостонӣ, ба гунаи ҷоми фулузӣ, кафлези биринҷӣ, сиккаҳои мисӣ, ангуштарӣ ва қисмҳои дастмонаҳои биринҷӣ, зуруфи сафолии сиҳат ва шикаста, ғармасангҳо ва дигар осори бостонӣ ба даст омаданд. Аз ҳафриёти №3 бошад, 5 ҳуҷра аз зери хок берун оварда шуд, ки деворҳои он низ аз хишти хом, похса ва санг эъмор шудааст. Аз 5 ҳуҷраи мавриди таҳқиқ қароргирифта аён мегардад, ки дутои он ба ҳайси анбор истифода мешудаанд, зеро аз дохили онҳо ду хум ва як адад миҷмар ва теъдоди зиёди ғармасангҳо ёфт гардид. Метавон ҳадс зад, ки хумҳоро барои нигаҳдории об ва ғалладона истифода мекарданд. Ҳуҷраи сеюм шояд маҳали зист будааст, чунки аз дохили он 14 адад сиккаҳои Ҳерай, Вима Такту, Вима Кадфизис ва Канишкаи Кабир ёфт шуданд. Дар қиболи онҳо ангуштариҳо, қисматҳои дастмонаҳои биринҷӣ ва муҳраҳои сангӣ низ ба даст омаданд. Ҷолибтарин ковишро метавон дар мисоли ҳуҷраи 4-ум номид, зеро аз дохили он ашёи фаровон, ба мисли ду корди оҳанӣ, кафлези биринҷӣ, як адад асбоби номаълуми фулузӣ, дукҳои сангӣ ва гилӣ, кӯзаҳои хурд, ҳайкалчаи шикастаи шутур, буҷулҳо тақрибан 50 адад, ғармасангҳо ва ғайра ёфт шуд. Як гӯшаи ҳуҷраи панҷум бошад, ҳанӯз таъиноташ номуайян боқӣ мондааст. Қабатҳои маданӣ пас аз умқи 2,4 м ба охир расида, материк оғоз мегардад, яъне ҳуҷраҳо дар болои материк сохта шудаанд. Аз таҳқиқи ёдгорӣ ва осори бадастомада, хусусан сиккаҳо, метавон хулоса кард, ки шаҳр марбути давраи шоҳаншоҳии Кӯшониён мебошад».
Ба ҷуз ин, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ёдгориҳои дигаре низ мавҷуданд. Масалан, мадраса дар майдони 1,5 га. Харобаҳои қадима ва ҳафт тоқчахона боқӣ мондааст. Мадраса мавзеест, ки ба асрҳои 12-18 тааллуқ дорад. Азбаски мадраса дар баландии куҳ ҷойгир аст, омӯзиши он душвор мебошад.
Дигар, «Каҷкамар» — ғори калони куҳан, ки аз замонҳои хеле қадим то ҳол боқист. Аз рӯи ривояти истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти «50-солагии Тоҷикистон» Боймуродов Ашӯр бармеяод, ки дар солҳои қадим одамони як қабила дар ин ҷо зиндагонӣ мекарданд. Вай оид ба масоҳати он ғор гувоҳӣ додааст, ки соли 1951-ум бо 1000 сар гӯсфанд чанд моҳи зимистонро дар он ҷо гузаронидааст.
Боз, Холмурод-теппа, дар ҷамоати «50-солагии Тоҷикистон». Ривоят аст, ки дар замонҳои қадим шахсе бо номи Холмурод он мавзеъро бунёд кардааст. Ин теппа то ҳол харобаҳо дорад. Чанд бор одамон аз он ҷо кӯза ва дигар ашёҳои сафолӣ ёфтаанд. Дар он ҷо чашмаи қадима бо номи «Оби Кучар» воқеъ аст.
Дар куҳҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чашмаҳои зиёде бо номи «Оби буган», «Оби Наволик», «Оби бодом», «Оби заранг», «Челон», «Заранбулоқ» ва ғайра вуҷуд доранд. Масалан дар қарни гузашта пири куҳансоле бо номи Бобои Кучар дар ҳудуди деҳаи қадимаи Ҷонбулоқ аз замини намнок дар натиҷаи кандан чашмаеро меёбад, ки то ҳол ҷорист. Ин чашмаи куҳӣ бо номи «Оби Бобои Кучар» то ҳол боқист.
Хуллас, мавзеъҳои таърихиву дидании ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ камназиранд ва ҳар як меҳмону сайёҳе, ки вориди ин ноҳияи сарсабз мегардад, ҳатман барои тамошои онҳо ва бохабар гаштан аз таърихи куҳани ин диёр иштиёқ пайдо мекунад.

«САМАК»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here