«Нарӯзи суннатӣ»-ро дар асл ягон маъхазу маводи таърихӣ ё артефакт таъкид накардааст ва таъкид карда ҳам наметавонист, чаро ки ҷашни мазкур пеш аз воқеаҳои таърихӣ ба вуқӯъ омада, аз ҳодисаҳои таърихӣ низ қадимтар аст. Фақат мусаллам аст, ҳар давра ва тамаддун кӯшидааст, Наврӯзро ба раванду парастишҳо ва арзишҳои хеш каме ҳам бошад ба худ ром кунад. Ками андар ками ин ромкуниҳо аз тарафи Наврӯз қабул мешуд (агар аз ин пешниҳодҳо ба муҳтавои он мувофиқ мебуд), дигар ғолибан инкор мешуд ё зӯракӣ истифода мешуд, то фаро расидани давраи навбатӣ ва тамаддуни нав боз кӯшишҳои беҳуда мекард. Ҳамин тавр ин ҷашн то давраи мо расид. Аз рӯи баъзе нишонаҳо метавон доир ба Наврӯз дар давраи Ҳахоманишиён, давраи Сосониён, Сомониён, давраи ислом, давраи Шӯравӣ ҳарф зад.
Фарҳанги Наврӯз дар замони Истиқлол чигуна аст? Бо кадом мушкилӣ ва таҳдидҳо дучор мегардад?
Дар давраи Истиқлоли Тоҷикистон ҷашни Наврӯз дар ду шакл — суннатӣ ва нав маъмул шуд.
«Суннатӣ»-ро дар нохунак мегирем, барои он ки ин мафҳум дар ин раванд ба маънои нисбӣ истифода шуда, шакли нисбатан қадимаро ифода намуда, бештар ҷашни деҳоту музофотро дар бар мегирад, ҷашнест, ки унсурҳо ва мундариҷаи анъанавии Наврӯз зикр мешавад. Вале бе шак ҳар музофот, деҳа, вилоят усулу тарзи хоси ҷашнро анъанавӣ зоҳир менамояд. Яъне, дар Бадахшон як шаклу муҳтаво, Зарафшон дигар, Кӯлоб дигар, Бухорову Самарқанду Ҳисору Суғд шакли ба худ хос доранд.
Шакли суннатӣ дар Тоҷикистон боз дорои чунин хусусиятҳо мебошад:
Деҳотиён бо коркарди баҳории замину чорво машғул мешаванд. Ҷӯю каналҳоро ба обёрии замин тайёр мекунанд. Говҳо ё техникаро ба ҷуфти замин омода менамоянд. Заминро шудгор мекунанд. Тухмӣ мекоранд. Ниҳол мешинонанд ва амсоли онҳо.
Ҷашнро аввал дар оила ва баъд сарҷамъона дар маҳал, деҳа мегузаронанд, занҳо суманак мепазанд.
Марду зан рӯзона ҳар касе чӣ ҳунаре дорад, намоиш медиҳад. Занҳо даф мезананд, рақсу сурудхонӣ мекунанд. Мардҳо Фалак мехонанд, най менавозанд, ромишгарӣ мекунанд, ба хотири хушҳолии хеш ва дигарон саҳнаҳои ҳаҷвӣ иҷро мекунанд. Масалан, ба тарзу усули юрмон, дигар ҳайвонот тақлидкорӣ мекунанд, аз чӯбу латта «асп» сохта, рақси «аспсаварӣ» мекунанд ё ба пойҳои худ хода баста, дорбозӣ мекунанд, ширинкорӣ менамоянд.
Дар ин ҷашн, ба истилоҳ, ҳар кас (зану мард) ба таъбири М. Бахтин (пешниҳод кардаи назарияи карнавал) худ ҳам тамошогар ва ҳам актёр мешаванд.
Мусобиқаҳои варзишии мардумӣ аз қабили гӯштини миллӣ, бузкашӣ ва ғайра ташкил мекунанд, кӯдакон бозиҳои наврӯзӣ меороянд.
Наврӯз фарҳангест, ки покизагиву оростагиро мепарастад. Ҳамин чиз сабаб мешавад, ки дар баъзе маҳалҳо манзили зистро аз ғубори яксола тоза мекунанд, ҳатман рӯзи Наврӯзӣ либоси тозаву идона ба бар мекунанд. Расму оинҳои бобоиро ба ёд оварда, аз паи иҷрои он мешаванд. Масалан, этнограф Муҳиддинов доир ба расму оини бобоии бадахшониён тадқиқот гузаронидааст, ки муҳтавояш аз замонҳои дури гузашта, аз давраи устуравӣ хабар медиҳад.
Дар ҷашни суннатӣ ҳаҷву хушнудӣ, зарофат мақоми аввалиндараҷаро касб мекунад. Наврӯз ба ҷашни хушҳоливу ҳаҷвнигорӣ табдил ёфта, он дар тамоми ҳунарҳои мардумӣ ҷой меёбад. Яъне дар Наврӯзи суннатӣ ҳаҷву танз, лутфи латиф мақеи калидиро касб мекунад.
Ҷашни нав дар Тоҷикистон аслан дар марказ тавлид ёфта, бисёриҳо онро моли Ҳукумат медонанд. Ин ҷашн аз чунин хусусиятҳо иборат мебошад:
Ҳашарҳои ниҳолшинонӣ, умуман ободонии боғу гулгаштҳо.
Оростани варзишҳои касбӣ, аз қабили дави миллӣ, мусобиқаҳои велосипедронӣ ва ғайра.
Намоишҳои ғизопазӣ ва кондитерӣ
Гуфем, ки Наврӯз фарҳангест, ки покизагиву оростагиро мепарастад. Аз ин рӯ, дар ҷашни нав низ намоиши либоспӯшии миллӣ, («Чакомаи гесу»), дигар озмунҳои ҳунарӣ ва касбӣ, ки зимнан рӯҳияи зебоипарастӣ доранд дар рӯзи ҷашн зуҳур меёбанд.
Вале аз ҳама муҳим намоиши театрикунонидашуда мебошад. Хусусияти ин намоиш дар он аст, ки тамошобинон дар курсиҳои стадион ё монанди ин марказҳои намоишию серодам нишаста, барномаҳои пешакии варзишию ҳунарии артистони касбӣ ва варзиширо тамошо мекунанд. Яъне тамошочӣ лар ин маърака мисле, ки дар намоиши Наврӯзи суннатӣ ҳам актёр асту ҳам тамошочӣ, фаъол нест, пассив аст. Ҳама тибқи сенария сурат мегирад, ҳама чиз пешакӣ муайян шуда, чизи ғайричашмдошт кам дида мешавад. Дар ин намоиш ҳаҷвнигорӣ низ дида мешавад, вале дар вақту соати муайян, тибқи намоишнома ва бо меъёраш.
Рӯҳияи асосии ин намоиш, дар муқоиса бо Наврӯзи суннатӣ, ки хурсандии ҳозирин аст, тантана аст — тантанаи баҳор, тантанаи Истиқлол, тараннуми Ҳукумат. Яъне тарзи нави ҷашнгирӣ оҳанги расмӣ (ё ба истилоҳи дигар пафос) дорад.
Дар рафти ин намоиш технологияи навин, лазеру компютер, аниматсия, дрон ва мушакпаррониҳо истифода карда мешаванд.
Яъне дар ин контекст ҷашни Наврӯз — ҷашни иҷтимоӣ аст, на ҷашни оилавию маҳал.
Бо сабаби он ки дар ҷомеа ҳанӯз проблемаҳои тарғиби тафаккури нав, арзишу диди нави Истиқлол вуҷуд дорад, ин намоиши театрикунонидашуда ба ташвиқи ин ҳадафҳо мепардозад. Аз ин рӯ, баъзан ба шиорпартоӣ ва шаклҳои соддалавҳона роҳ медиҳад.
Дар тарғиби он воситаҳои ахбори умум истифода мешаванд (бештар телевизиону радио). Дар тағиби Наврӯзи суннатӣ фақат завқи соҳибкасбони хос аз телевизиону радио мушоҳида мешавад…
Ин ду шакли ҷашнгирӣ байни худ ҳарчанд тафовут дошта бошанд ҳам, аммо якдигарро инкор намекунанд, баракс, фазои Наврӯзро васеъ менамоянд. Ин ҳар ду дар маҷмӯъ ба баррасии ҳадафу мақсадҳои Наврӯз, ба фалсафаву муҳтавои он хидмат мекунанд.
Фалсафаи Наврӯз чӣ аст? Чӣ чиз онро писандидаи ҷаҳон кардааст?
Пеш аз ҳама барои Наврӯз, ки маросими тақвимӣ аст, парастиши замин, экологияи он ва умуман экологияи табиат муҳим аст. Ягона нерӯе, ки нигаҳбону парастандаи замину табит мебошад, инсон аст. Аз ин рӯ, инсон низ бо тамоми арзишҳои созандаву гуманистиаш дар қатори арзишҳои наврӯзӣ меистад. Фалсафаи Наврӯз — фалсафаю фарҳанги ҳувиятсоз буда, фазои олами моддӣ ва маънавии мардумро муайян менамояд, ба вай рӯҳияи оптимистӣ эҳдо менамояд. Наврӯз аз мероси моддӣ ва маънавии инсоният (пеш аз ҳама ориёие) мебошад, ки аз давраҳои гузашта, то ба имрӯз расидааст. Ин мерос то ба имрӯз иборат аз бахшҳои калидӣ буда, заминагузори ҳувияти инсонӣ мебошад.
Наврӯз ҳар чанд маросими тақвимӣ аст, яъне гӯё сарбаставу такроршаванда, вале ҳамеша ба нерӯи инсонӣ, ки дар маҷмӯъ нерӯи пешраванда ва навовар, тарафгири фарзияву пешгӯиҳои илмӣ буду ҳаст, такия мекарду мекунад.
Такроршавии Наврӯз феъли спиралӣ дорад, яъне вай гӯё такрор мешавад, вале ин такроршавӣ дар нуқтаи пешина не, балки дар нуқта болотар мавқеъ мегирад.
Аз ин рӯ, ҳаёти имрӯзаву оянда ба ҳамин сифатҳо ниёз доранд. Аз ин ҷост, ки мардуми тоҷик кӯшиш дорад рӯ ба рушду инкишоф оварда, муаммоҳои зиндагии худро рӯз то рӯз беҳтар намояд ва рӯ ба кишварҳои мутараққӣ биоварад. Албатта, ин кор кори сода нест, вале азми миллати мо дар ин раванд қавиирода аст. Масалан, мо медонем, ки дар Тоҷикистони имрӯза протсессҳои табаддулсозии иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва пеш аз ҳама арзишиву мафкуравӣ дар мадди аввал истодааст. Масалан, ташаббуси давлат дар ба низом даровардани расму оинҳо, пайдо намудани захираҳои табиии ҳаётан муҳим, барқарор кардани инфрасохторҳои саноатӣ, хизматрасонӣ, ҷоннок кардани соҳаи туризми дохилӣ ва хориҷӣ, бо кор таъмин намудани аксарияти аҳолии коршоям, ба назар гирифтани фазои экологии мамлакат, тандурустии аҳолӣ, тадбири воситаҳои пешсафона ва босифати таълим ва тарбияи насли наврас, барқарор намудани мақоми муаллим дар ҷомеа, эҳёи оинҳои азбайнрафта, ба мисли “Шашмақом”, “Фалак”, расму оини либоспӯшӣ, ҳунарҳои мардумӣ, нақши зиёиёни миллат дар интихоби роҳҳои дурусти пешрафти миллат ба сӯи оянда, минбаъд пайдо кардани роҳҳои бартараф намудани монеаҳое, ки метавонанд дар пешрафти фарҳанги миллат мушкилӣ эҷод намоянд, аз қабили таъсири протсессҳои ҷаҳонишавӣ ба забони модарӣ, ҳувияти миллат ва ғайра мебошанд.
Яке аз мавзӯҳои мубрами рӯз — масъалаи решаёбӣ аз ақибмондагӣ, консерватизм, васоити рушди ҷомеа ва фарҳанг, роҳҳои дар ҷомеа ҷорӣ кардани диди нав, андешаи нави созанда, тафаккури нави инсони пешқадам, ба фарҳанги асил ворид намудани унсурҳои навини созанда ва бунёдӣ мебошанд. Мардуми мо таҳти роҳбарии пешвоёни зеҳнии худ ҳалли ҳамин муаммоҳоро ҷустуҷӯ ва ҳал намуда истодааст, кишвари моро аз асорати сирф аграрӣ, падарсолорӣ, косерватизм, парастиши хурофот халос намуда истода, рӯ ба инкишофи иқтисодиёт, парастиши истеҳсолоти агросаноатӣ, рӯ овардан ба бозори воқеии рақобатпазири ҷаҳонӣ намудааст. Дар ҳамин радиф моҳият ва падидаҳои идеали иҷтимоӣ, арзишҳои навин, мақсаду мароми ҷомеаи нави мутамаддин роҳи худро ёфта истодааст.
Дар ин раванд болоравии вазъи зист ва фарҳанги моддию маънавии мардум аз дидгоҳи нав мавриди муҳокима қарор гирифтаанд. Ба хусус, мавзӯи қонуну дастурҳои давлатӣ оид ба фарҳанг ва ҳунар, механизми амалигардонии онҳо ва натоиҷи онҳо дар ҳаёти мардум таҳлили илмиро касб кардааст.
Яке аз вазифаҳои аслии Наврӯз — муттаҳид кардан, ба ваҳдат овардан аст. Аз ин боис ваҳдати мардумони ҷаҳон ва тоҷикони бурунмарзӣ аз беҳтарин кӯшишҳои ин маросим мебошад.
Бояд таъкид кард, ки мавзӯи иртиботи фарҳанги тоҷик бо фарҳанги ҷаҳонӣ, ба хусус алоқаи Тоҷикистон бо тоҷикони бурунмарзӣ, яке аз самтҳои афзалиятнок ва калидии андешаи миллӣ гардида аст. Аз ҳамин ҷиҳат, ташаббуси мо ориёиҳо дар ҷаҳонишавии Наврӯз мантиқан дуруст ва муҳим буд.
Таваҷҷуҳи хоса низ ба рушди адабиёт, ҳунар ва ҳунарҳои мардумӣ дар замони Истиқлол дода мешавад, ки ин унсурҳо аз унсурҳои ҳувиятсози миллӣ маҳсуб меёбанд.
Ҳамчунин, таваҷҷуҳи махсус ба нақши лидерҳои зеҳнии тоҷик дар ташаккули тафаккур ва диди нав, арзишҳои меросӣ ва навин, ҷаҳонбинии нави ҷомеаи кунунӣ ва минбаъдаи Тоҷикистон, ки роҳи демократия, дунявият ва ҳуқуқбунёдиро интихоб кардааст, аҳамият пайдо макунад.
Вазъи рушди фарҳанги тоҷик дар оинаи арҷи экспертҳо — файласуфон, сиёсатшиносон, фарҳангшиносон санъатшиносон, иқтисодчиён ва ғайраи хориҷӣ низ ҳамеша пеши назари мардум ва стратегҳои миллӣ бояд бошад. Ин чиз ба он хотир муҳим аст, ки воқеияти вазъи худӣ ва муносибати беғаразона ё ғаразноки экспертҳо дар нисбати баҳо додани раванди фарҳанги Тоҷикистон муқаррар карда шавад.
Дар ин раванд ҳамчунин масоили мафҳуми ҷомеаи суннатӣ ва ҷомеаи тағйирёбанда, ҷомеаи нави шаҳрвандӣ аз дидгоҳи фарҳанги Наврӯз муҳимият пайдо мекунад, ки мо ҷомеашиносон дар бораи ин масъала бояд пайваста андеша намоем. Яъне тафаккури стратегиву таҳлилӣ ҳамеша дар фазои омодабош бояд қарор дошта бошад.
Аммо дар баробари ин, муаррифӣ кардани Тоҷикистон ҳамчун ҷомеаи комилёфтаи навин ҳам ҳанӯз барвақт мебуд. Мо, албатта, аз вазъи карахтӣ раҳо ёфтаем, рӯ ба инкишофу пешрафт ва табаддулот овардаем, вале ҳануз ҳам роҳи мо барои комилу мутараққӣ шудан дур аст. Аз ин ваҷҳ, масъалаи тафаккур ва фарҳанги суннатӣ, бартараф кардани муаммоҳо барои расидан ба фарҳанги ҷомеаи мутараққӣ, ояндабинии илмӣ дар ин ҷода, масоили анъана ва навоварӣ дар фарҳанги кунунӣ ва оянда бояд ҳамеша мавриди муҳокима қарор гиранд. Масъалаи муҳимтарини мерос ва тафаккур ва арзишҳои нав дар раванди модернизатсиякунонии ҷомеа яке аз бахшҳои афзалиятноки минбаъда мебояд шавад. Зиёиёни мо ҳамин меъёрҳоро дар мадди назари аввалиндараҷаи хеш бояд қарор диҳанд.
Ҳамаи ин моро даст медиҳад, ки сабабу натоиҷи протсессҳои дар дохил ва берун рухдиҳандаи фарҳанги наврӯзиро дуруст инъикос намуда, ба раванди он таъсири дилхоҳ расонем, самтҳои таҳаввули ояндаи онро пешбинии илмӣ намоем.
Наврӯз суханпардозӣ нест, Наврӯз амал аст
Чун агар аз ин дидгоҳ ба Наврӯз рӯ оварем, бовар дорем, ки Наврӯзи фардои мо боз ҳам Наврӯзи умедбахш, навовар, пурмуҳтаво, созанда хоҳад буд. Зеро дар ибтидо то интиҳо Наврӯз моро ба амалгароӣ ва талошварзӣ даъват менамояд. Ин нукта маънои суханпардозиро надорад, чун агар ҳар касе дар дилу дида як зарра завқу зебоиро парастиш менамояд, бидуни ҳеч мушкилие бевосита худ амалгароии наврӯзиро мебинаду эҳсос мекунад. Дар пеши чашми мо табиат чӣ бас амалгароиҳоеро анҷом медиҳад, ки ин ба одамон, ки ҷузъи ҷудоинопазири табиат мебошанд, бетаъсир намемонад. Наврӯз ба ба амалгароии худ ҳастии табиатро бо рангу намоди гуногун дигар мекунад ва ин ҳамаро инсон бо чашми худ мебинад ва албатта, инсон ҳам ин ҳамаро дида, дар як нуқта шахшуда намеистад. Дар баробари табиат ҳам инсон ба амал кардан шурӯъ мекунад. Сухану амалӣ инсон яксон мешавад. Таваҷҷуҳ намоед, ки дар баҳор касеро бекору фориғбол намебинед, ҳама мекӯшанд, ки як порча заминро шудгор кунанду ба он рӯзии худро пошанду дар пайи парвариши он мепардозанд.
Чӣ тавре шоири бедордиле сурудааст:
Наврӯзи ҷавон кард бадал кору ҷавонро,
Айёми ҷавонист заминрову замонро.
Ҳар сол дар ин фасл барорад фалаки пир,
Чун табъи ҷавонони ҷаҳондӯст ҷаҳонро.
Аз дидгоҳи эҳсоси дӯустиву ишқу муҳаббат низ инсону табиат дар Наврӯз хеле самимитару содиқтар ба назар мерасанд, ки ин ҳам нерӯи наврӯзист, ки дӯстиро қавитару ошиқонро ошиқтар мекунад. Ҳатто яке аз суннатҳои наврӯзӣ аст, ки нафароне бо ҳам қаҳрӣ ҳастанд, дар рӯзи ҷашни Наврӯз бидуни ҳеч баҳонае оштӣ мекунанду нисбати ҳамдигар кинаву адоватро аз дил берун мекунанд. Гул, ки рамзи ҷунуниву ошиқист, ошиқон дар Наврӯз ба дашту пуштаҳо мераванду ба ҳам дигар гул тағдим мекунанд ва изҳори муҳаббаташон низ чун Наврӯз нав асту ба ҳам дигар аз хушбахтиву хушрӯзии ояндаашон сари суҳбат менишинанд. Бубинед, нерӯву қудрати Наврӯз то чӣ ҳад бузург аст, ки одаму оламро ба кулли тағйир медиҳад.
Аз ин хотир, суннату маросимҳои Наврӯз боястӣ дар ин замони ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо, ҳифз карда шавад, агар ин кор сурат нагирад, мо ончи дар боло дар зикри нерӯву суннатҳои вижаи наврӯзӣ, ки беш аз пеш ба инсонҳо аҳамияти бузург дорад, аз даст медиҳем ва аз Наврӯзи куҳан танҳо ном мемонаду бас.
Пешниҳод менамоем, ки суннату маросимҳои хоси ҳар маҳалу музофотро, ки аҳамияти таърихи куҳанро доро мебошанд, дар сенарияи баргузории Наврӯзи пойтахт, вилоятҳо ва ноҳияҳо ворид карда шаванд. Ин яке аз роҳҳои ҳифзи маросиму суннатҳои Наврӯзи таърихӣ мебошад, ки албатта, бо ин мақсад фарҳангу фалсафаи дирӯзи ниёгони худро аз газанд эмин медорем.
Чӣ тавре, ки дар боло зикр намудем, Наврӯзи суннатӣ усули ҷашнгирии куҳанаш дар баъзе музофотҳо боқӣ мондааст. Албатта, он суннату маросимҳои куҳан фарҳанги зиндаи мост, ки дар тайи қарнҳои бешумор аз аҷдодонамон ба мо мерос омадааст.
Ҳамчунин, Наврӯзро дар шакли карнавал бештар густариш дод ва ин усули ҷашнгириро дар маркази вилоятҳову ноҳияҳо ташвиқ намуд. Ин ҳам метавонад асолату ҷибиллати Наврӯзро ҳифз намояд ва дар ин росто, василаи хубе барои муаррифии фарҳангу фалсафаи Наврӯз хоҳад буд.
Азбаски Наврӯз ҷашни сирф мардумӣ ва тақвимист, бигзор коргардонҳову сенаристони ватанӣ ин паҳлуи муҳими ҷашни Наврӯзро ба назар бигиранд ва дар вақти эҷоди сенарияю ба саҳнагузории ҷашни Наврӯз аз таркиботи вижаи он истифода намоянд. Албатта, ҳар замон бо дарназардошти пешрафту талаботи вақти худ бо ину он падидаи фарҳангиву иҷтимоӣ муносибат мекунад, аз ин рӯ, ҳамасола (сарфи назар аз вируси КОВИД-19, ки бо пайдо шудани ин вирус ин ъанъана муваққатан боздошта шуд) баҳри таҷлили Наврӯз меҳмонони зиёде аз ҳар гӯшаи дунё ба Тоҷикистон меоянд. Идеяи дар шакли КАРНАВАЛ гузаронидани ҷашни НАВРӮЗ аз қадим расм будааст. Масалан, дар барелйефҳои Тахти Ҷамшед намунае аз ин карнавал забт шуда. Яъне ҷашни Наврӯз маҷмӯан идеяи карнавалро бо хусусияти гуногунҷабҳагиаш дар худ ғунҷондааст.
Илова бар ин, тарзи карнавал гузаронидани Наврӯз дар охири солҳои 80-и асри ХХ дар Тоҷикистон дубора эҳё шуда буд (дар мисоли филми мустанади Сафарбек Солеҳ).
Ва ниҳоят идея ва сенарияи эҳёи карнавали наврӯзиро гуруҳи олимон бо роҳбарии Шамолов Абдувоҳид (китоби «Наврӯз: дирӯз, имрӯз, фардо») пешниҳод кардаанд.
Чӣ тавре, ки дар боло зикр намудем, дар Наврӯзи суннатӣ иштирокчиён худ ҳам бозингар ҳастанду ҳам тамошобин, аз ин нуктаи назар метавон гуфт тариқи карнавал таҷлил намудани Наврӯз салоҳи кор аст ва ҳам асли Наврӯзро пос доштан аст.
Гузаштаҳои мо чунон ки мо дар сафҳаҳои таърих мехонем, Наврӯзро танҳо ба унвони ҷашни маъмулӣ намепиндоштанду муносибат ҳам намекарданд. Аҷдодони мо Наврӯзро фарогири дунёи иҷтимоӣ ва моддӣ дарёфта буданд ва ҳамин минвол Наврӯзро паногоҳу амнгоҳ, рӯзидиҳандаи худ медонистанд.
Дар тамаддунҳои пешина ва анъанавии ҳозира тафаккури устуворе арзи вуҷуд дошту дорад, ки мутобиқи он руйдодҳои кайҳонӣ, табиат, иҷтимоиёт, иқтисодиёт ва ғайра ҳамчун падидаҳои такроршаванда арзёбӣ мешаванд. Ин рӯйдодро дар илм одатан ҳамчун назарияи сиклӣ (теория цикличности) муаррифӣ шуданд. Мувофиқи ин назария дар табиат ва ҷамеа падидаҳои ҳаракати сиклӣ ва замони сиклӣ ғолибан ҳукмрон мебошад ва зимнан замони гузашта бар оянда бартарӣ дорад. Яъне сиклизм ё такроршавандагӣ- маҷмӯи падида ва тамоюлҳое мебошад, ки гардишу такроршавии онҳо дар вақту замонҳои муайян дубора ба вуҷуд меояд.
Ҳамин дидгоҳ, азбаски Наврӯз аввали соли форсигӯёну мардуми ҳавзаи Наврӯз шинохта шудаасту одатан ҳар соли пешоянд фол мекушоянд, аз замонҳои қадим ба унвони толеънома хеле маъруф будааст.
Мутаассифона, муҳаққини муосир ба толеъномаи наврӯзӣ кам аҳамият додаанд. Ҳол он ки толеъномаи наврӯзӣ яке аз бахшҳои муҳими фарҳанги наврӯзӣ будааст. Албатта, фарҳанги муосир бештар ба дастовардҳои илмӣ такия мекунад ва толеъномаи наврӯзӣ қариб ки аз байн рафтааст. Вале таҳқиқи он барои пурра тасаввур кардани модели суннатҳои наврӯзии қадима аз фоида холӣ нест.
«Наврӯзнома»-ҳои Термизӣ ва Туғрал ба мо аз толеъномаи наврӯзиро иттилои бештар меидҳанд, ки албатта, дар ахбороти дигар ҳам роҷеъ ба толеъномаи наврӯзӣ донишварон сухан кардаанд, аммо “Наврӯзнома”-ҳои ин ду ҳаким вижагии махсуси худро доранд.
Аз дидгоҳи ниёкон аввали ҳар сол бо кадом як хусусияте дар тӯли ҳазорсолаҳо такрор мешавад.
Ва ин такроршавӣ ҳар дафъа аломате ё нишонае дорад, ки солорсолон намоди онро аз нишонаҳои пештар такроршуда, пай мебурданд. Як сол бештар сербориш, соли дигар камбориш, як сол серҳосил, соли дигар камҳосил мешудааст ва ин нишонаҳои хоси худро доштааст. Аз чунин вазъият нишонаҳои сари сол дарак медодаанд. Маҳз бо шинохт ва табақабандии ин нишонаҳо ситорашиносон ва табиатшиносон машғул мешудаанд. Бештари мутахассисони чунин система, таълимоти хоси пешгӯиҳоро ихтироъ кардаанд. Табиатшиносон аз рӯи нишонаҳои табиат, ситорашиносон аз рӯи нишонаҳои кайҳонӣ таълимотҳо ва дастгоҳҳои пешгӯиро ба вуҷуд овардаанд.
Мо имрӯз агар ба толеъномаҳо назари манфӣ ҳам надошта бошем, лекин бовар ҳам кам мекунем, шояд баъзан бо сабаби ҳисси кунҷковӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоему халос. Аммо марди солори кишоварз, ки бо замину табиат сару кор дорад, то ба ҳанӯз аз рӯи он нишонаҳои такроршавада, хусисияти соли пешояндро муайян месозад. Ба ин филми “Ҷӯра Саркор” (“Тоҷикфилм”, соли 1969) мисоли равшан аст. Пирамарди солхӯрда аз рӯи мушоҳидаҳои чандинсолаи худ бар табиат яқин мекунад, ки кишту корро кай шурӯъ кардан мумкин аст. Ӯ ба илми аграномӣ, ки умумӣ асту ба ин мушоҳидаҳо иртиботе надорад, бовар намекард…
Агар ба рӯзгори гузаштаҳои дур бо назари илмӣ назар афканем ба чунин хулоса хоҳем расид, ки аҷдодони гузашта, ҳанӯз то замони асотирӣ бо тақвими пеш аз илмӣ умр ба сар мебурданд, ба чунин толеъномаҳо ниёз доштанд. Азбаски он толеъномаи наврӯзӣ буд ва ин дар навбати худ масъулияти муносибат ба замину табиатро дошт, мардум ба он эътимод ва онро қабул доштанд. Ва аҷиб он буд, ки ин нишонаҳо дар бисёр ҳолатҳо дуруст мебаромаданд. Дар ҳамин асос бешак фарҳанги толеънома тавлид ёфта ва дар наврӯзномаҳо инъикос гардидаву мақоми худро пайдо кард буд. Вале дар толеъномаҳо дар баробари дуруст баромадани бисёр пешгӯиҳо, ҳаводиси тасодуфӣ ҳам дида мешуд.
Кор то ба ин ҳад ҳам расида буд, ки аз эътиқоди мардум ба толеъномаҳо, ашхоси авомфиреб сӯистифода карда, ба хотири бештар музд рӯёндан аз мардум, дурӯғи маҳз ҳам мегуфтанд. Аз сабаби мубрам будани пешгӯиҳои соли дар пеш истода, байни мутахассисони воқеӣ, ки бештар фолашон рост мебаромад, фолбинҳои қалбакӣ низ ёфт мешуданд, бо баҳонаи мистификатсия ва гӯё алоқа даштани онҳо бо нерӯҳои кайҳонӣ, чизҳои бардурӯғро мебофтанду бо ҳамин корашон ба пешгӯиҳои асоснок ноэътимодӣ эҷод менамуданд… Ё ин ки ҳамон нишонае падид меомад, нишонаи асл набуд ва воқеа ранги дигар мегирифт.
Вале маҷмуан, таври ки гуфтем, дар замони тоилмӣ толеънома мавқеи аввалиндараҷа дошт. Ва хусусан толеъномаи Наврӯз дар ин кор саҳми беназири хешро гузоштааст.
Ҳанӯз ҳам мардуми имрӯза, гоҳе ба толеънома таваҷҷӯҳ мекунанд. Фарҳанги толеънома ё инки астрологияи наврӯзӣ пеш аз ҳама вазъи замини корам, вазъи умумии табиат, боду ҳаво ва амсоли инҳоро мушаххас мекард. Вале дар баробари ин ба мавзӯъҳои дигар, аз ҷумла, ҳолати равонӣ ва иҷтимоии инсон, нишонаҳои пайдо кардани амонати зери замин гӯршуда, фоли неки дидани чеҳраи зебо ва амсоли инро низ дар бар мегирифт…
Хулоса,тақвими қадимаи наврӯзӣ ба ворисони имрӯзаи ориётабор дар мисоли толеънома, пешбинии ояндаро нишон медиҳад, ки аҷдодони пешин чӣ гуна аз матраҳи устуравӣ ба сатҳи пешгӯии таҷрибӣ мерасанд ва оҳиста-оҳиста бо инкишофу тараққии илму техника ба фаҳмишу пешбиниҳои дақиқи тақвимию илмӣ меоянд. Диди толеъномаҳои наврузӣ боз тарафдори ақидаи тақвимӣ доштани табиатро доранд. Яъне падидаҳо мисли худи Наврӯз хусусияти даврӣ доранд. Мусаллам аст, ки шуури ҳама гуна ақвоми дарозумри таърихӣ ба мисли ориётаборон хусусияти таҳаввулӣ дошта, хатти аз нуктаи устуравӣ ба тафаккури пешазилмии таҷрибӣ ва аз тафаккури одии омиёна ба нуктаи илмӣ расиданро ба мо ворисони имрӯз собит месозад. Мутаассифона, ҳамин гуна тадқиқотҳо дар риштаи рушди унсурҳои фарҳанги наврӯзӣ кам ба назар мерасанд. Боистан аст, ки ҳамин хусусияти мултифарҳангӣ, даврӣ ва таҳаввулӣ доштани унсурҳои мухталифи тафаккури наврӯзиро хубтару дақиқтар бо истифодаи методологияи нави пажӯҳиш бо далелҳои раднашаванда таҳқиқу баррасӣ намоем.
Албатта, ин суннати наврӯзӣ дар ҷашнгириҳои имрӯз дида намешавад, агарчи мардум худ бидуни сенария ҷашнгиранд ҳама суннату оинҳои наврӯзиро ба ҷо меоранд, вале ончи тариқи радои ва телевизион нишон дода мешавад, кам ба чашм мерасад, ки ба хусус аз толеъномаи наврӯзӣ сухан бигӯянду аз чӣ гунагии амалкарди он нишон бидиҳанд.
Бояд ин суннатро дар таҷлили бузурги Наврӯз ворид намуд ва аз он бо шакли мудерн ба мардум пешкаш намуд.
Саъдулло РАҲИМОВ, профессор, мудири Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Зоҳири САЙФУЛЛО, ходими хурди илмии Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ