Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва қадимии халқиятҳои ориёнажод буда, дар ҳар давру замон бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад.

Ба хусус аҳди Сосониён ҷашни Наврӯзро мазмуну фазои тозае эҳдо кард. Ба иттилое, ки сарчашмаҳо медиҳанд Наврӯз дар аҳди Сосониён характери умумимиллӣ касб кард. Бо такя ба манобеи таърихӣ пажӯҳандагони муосир  таъкид кардаанд, ки Наврӯз дар ин замон равнақи тоза пайдо кардааст. Ризо Шаъбонӣ, пажӯҳандаи эронӣ дар асари худ «Одоб ва русуми Наврӯз» менависад: «Ба таҳқиқ метавон гуфт, ки дар ҳеҷ замон маросими Наврӯзро бо ин ҳама такаллуфот ба ҷой намеоварданд».

Дар аҳди Сосониён расму оинҳои наврӯзӣ бо ҷузъиёташ пазируфтаву пос дошта мешуд. Дар баробари ин Сосониён бисёр анъанаҳо аз худ ба ҷой гузоштаанд. Ҳамон гунае, ки Берунӣ дар «Осор – ул – боқия» мегӯяд: «Гӯянд, касе, ки ду Наврӯзро ба ҳам муттасил намуд, Ҳурмузд писари Шопури паҳлавон аст, ки ӯ ҳам айёмеро, ки миёни ин ду ид буд, ид гирифт ва оташро барои табаррук ба он ба ҷойҳои баланд қарор дод, ки ҷавв (ҳаво) — ро ҳарорати он пазонад ва ашёи касифаро бисӯзонад. Ва мояи фасодоварро ин ҳарорат нобуд намояд. Ва оини Сосониён дар ин айём чунин буд, ки подшоҳ ба рӯзи Наврӯз шурӯъ мекард ва мардумро эълон менамуд, ки барои эшон ба тахт омадааст, ки ба эшон некӣ кунад».

Ҳарчи ки мо ва гузаштагон дар бораи одобу русум ва анъанаҳои Наврӯз мегӯем аксар рафта ба замони Сосониён мерасад. Далелҳои собиткунандаву мӯътамад оид ба ин ҷашн, ки то замони мо расидааст, аз даврони Сосониён аст. Аз «Наврӯзнома» — и Хайём мехонем, ки дар субҳи Наврӯз аввалин касе, ки аз бегонагон бо ҳадяҳои идона ва рамзӣ ба хидмати шоҳ мерасид, мӯбади мӯбадон буд. Ва «чун мӯбади мӯбадон аз офарин бипардохтӣ пас бузургони давлат даромадандӣ ва хидматҳо пеш овардандӣ».

Бегумон гуфта метавонем, ки аҳди сулолаи Сосониён эҳёи фарҳангу анъанаҳои мардуми эронитабор будааст. Аввал ин ки Сосониён дар оғози ҳукмронияшон сарзаминҳои хешро, ки чандсадсолаҳо ба дасти аҷнабиён ғасб шуда буд, ба даст оварданд. Дигар ин ки мардумро дар ғояҳои худшиносӣ ва миллатгароӣ парвариш доданд ва бар эшон даст дод, ки халқи худро зери як ливо ҷамъ оваранд. Бузургӣ ва мондагории Сосониён ҳам дар он аст, ки фарҳангу оинҳои эронинажодонро аз марзҳои худ ба хориҷ, ба ҷаҳониён шиносониданд. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки «намояндагони 23 кишвар (тобеони Эрон ва кишварҳое, ки бо Эрон робита доштанд) ба ҳузури шоҳ мерасиданд ва аз тарафи кишвари худ ҳадяҳо тақдим мекарданд». Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҷашни Наврӯз дар гузашта ҳам ҷаҳониву фарогири марзҳо будааст.

Имрӯз мо – халқҳои ориёинажод, алалхусус миллати фарҳангофари тоҷик аз он хушнудем, ки ҷашни ин Офариниш дуюмбора мавқеи худро касб кард, мақоми хоса пайдо кард. Моро зарур аст, ки диққати худро ба асли ҷавҳари Наврӯз, моҳияти Наврӯз, хилқати Наврӯз равона созем, то ба мардуми сайёра таваллуд шудани Наврӯзро аз обу хоки сарзамини аҷдодиамон баён ва собит кунем.

Ҳамасола баҳри таҷлили Наврӯз меҳмонони зиёде аз ҳар гӯшаи дунё ба Тоҷикистон меоянд. Идеяи дар шакли КАРНАВАЛ гузаронидани ҷашни НАВРӮЗ аз қадим расм будааст. Масалан, дар барелйефҳои Тахти Ҷамшед намунае аз ин карнавал сабт шуда. Яъне ҷашни Наврӯз маҷмӯан идеяи карнавалро бо хусусияти гуногунҷабҳагиаш дар худ ғунҷондааст.

Илова бар ин тарзи карнавал гузаронидани Наврӯз дар охири солҳои 80-уми асри ХХ дар Тоҷикистон дубора эҳё шуда буд (дар мисоли филми мустанади Сафарбек Солеҳ).

Ва ниҳоят идея ва сенарияи эҳёи КАРНАВАЛИ наврӯзиро гурӯҳи олимон бо роҳбарии Шамолов Абдувоҳид (китоби «Наврӯз: дирӯз, имрӯз, фардо») пешниҳод кардаанд.

Баҳри такмил ва вусъат ёфтани таҷлили ҷашни бузурги миллӣ андешаҳои нимашогирдонаи худро дар шакли консепсия ба хидмати шумо мегузорам ва аз хонандагон даъват мекунам, ки андешаҳои худро оид ба таври васеътар гузаронидани ҷашни Наврӯз  пешниҳод намоянд.

Карнавал:

Аз ҷониби Ҳукумати шаҳр эълон кардани карнавал дар телевизионҳои кишвар ба сокинони шаҳри Душанбе;

Мардуми хоҳишманд ба хиёбонҳои шаҳр баромада дар тан либоси ҷашнӣ доранд;

Дар шоҳроҳҳои шаҳр мониторҳо насб карда шуда, дар мониторҳо расму русум ва анъанаҳои ҷашнӣ намоиш дода шавад;

Мардуми ба хиёбонҳо баромада ба воситаи мониторҳо инъикос карда шаванд (ин амал равнақи тозаи таҷлили ҷашнро афзун мегардонад);

Аз тарафи ҳукумат ба сафоратхонаҳо даъватномаи иштирок дар карнавал фиристода шавад ва ҷои меҳмонони аз сафоратхонаҳо иштирок дошта муқаррар гардад (ҳар кадоме аз намояндаҳо бо шеваи ҷашнгирии Наврӯз ё худ баҳор ташриф оранд);

Дар хиёбонҳо бо забонҳои гуногун навиштани шиору овеза, аз шумори

— Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ ба ҳама муборак!

— Душанбе шаҳри Наврӯз аст;

— Наврӯз навҷавон аст,

Наврӯз ҷовидон аст;

— Наврӯз ҷашни аҷдодии тоҷикон аст;

Ҳамаи иштирокчиёни карнавал ба Наврӯзгоҳ ҷамъ оянд;

Ороишоти бадеӣ:

Атроф ва канори даромадгоҳи Наврӯзгоҳ ҳама гуна анъанаҳову суннатҳои наврӯзӣ ба намоиш гузошта шуда;

Дар Наврӯзгоҳ мавзеъҳои Тоҷикистон аксҳояшон гузошта шавад ба унвони Тоҷикистон кишвари ҳамешасабз;

Бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русӣ навиштаҷот аз қабили

— Наврӯз пешонии сол аст;

— Наврӯз модари ҷашнҳост;

— Наврӯз шиносномаи миллт аст;

— Наврӯз ҷавҳари садоқат ба халқҳои олам;

Ба воситаи лазерҳо (нусха аз лазерҳои истифодашванда: синый, модел: sbb301; аниматсионный 3d; светодиадный диск) ороиш додани саҳна ба гунаи гул, кабӯтар, Машӣ ва Машёна (лозим аст бо мутахассиси лазер кор карда шавад);

Намоиши театронидашуда:

Суханронии Роҳбари давлат;

Бо истифода аз тахти Ҷамшед дар муддати 5 – 6 дақиқа намоиш додан аз таърихи пайдоиши Наврӯз дар таҳияи коргардони театр;

Аз тарафи «Тоҷикфилм» филми ҳуҷҷтаӣ ба унвони «Наврӯз тавъам бо тоҷикон аст» дар ҳаҷми 6 – 8 дақиқа дар экран гузошта шавад;

Ҳунармандони хушсалиқа дар симои шоирони бузурги классику муосир дар шумори 5 – 7 нафар ба саҳна баромада, дар васфи Наврӯз, баҳор, табиат шеърҳо қироат мекунанд;

Номераҳои консертӣ, ки бо якчанд забон қаблан аз ҷониби режиссёри эстрада интихоб гардида аст, мувофиқи ҷо ба ҷогузории режиссёр намоиш дода мешаванд;

Аз рӯи оҳанг ва матн балетмейстерон рақсҳои мувофиқ эҷод ва ё офаранд (бикӯшанд дар мувофиқа бо ҷашн бошанд, ба мисоли шукуфтани гул, аз хок рустани сабза, аз сиёҳӣ ба сафедӣ омадан, аз ҳалокат наҷот ёфтан ва ғ.);

Анҷоми намоиш:

Дар зери навои Суруди миллии наврӯзӣ аҳли иштирокчиён тибқи нишондоди режиссёр ба саҳна мебароянд;

Мо тоҷикон ихтироъкунандаву эҷодгар аз азал то ба имрӯз будаему ҳастем. Имрӯз қисмат ба миллати тоҷик давлати соҳибистиқлол ато кардааст. Тамоми имкониятҳоро дар даст дорем, то кишварро шукуфонтару фарҳангамонро ғанитар гардонем. Сиёсати ҳукумат ва давлат ҳам тақозо мекунад мо худштносу арҷгузори мероси ниёгону фарҳанги қадимаю ҷадиди худ бошем.

Зоҳири Сайфулло

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here